Ороиши варакхои кори. Интихоби шрифт
Related Articles
Тип, андоза ва ичроиши матнро бо рохи чудокунии ячейкахои мувофик ва кушодани менюи «Формат» тагйир додан мумкин аст. Сони фармони «Ячейки» -ро дар менюи «Формат» интихоб мекунанд. Баъд аз ин дар экран равзанаи гуфтугуие пайдо мешавад, ки дар он шрифтхои гуногун нишон дода шуда, аз руйхати пешниходшаванда шрифти дилхохро интихоб кардан мумкин аст. хангоми интихоби шрифт намунаи онро дар равзанаи «Пример» аз назар гузаронидан мумкин аст.
Стилхо
Дар катори интихоби навъи шрифт ва андозаи он инчунин стили шрифтро интихоб намудан мумкин аст: курсив, полужирный ва ё с подчёркиванием. Ин стилхо танхо хангоми чудо кардани маълумоти нихоят мухим истифода мешаванд.
Рангхо ва Накшхо
Дар Excel якчанд майдонро дар чадвал бо ёрии ранг ва накшхо чудо кардан мумкин аст, то ин ки онхо диккатчалбкунанда намоянд. Чунин чудокуниро тавре истифода бурдан лозим аст, ки мушохидаи чадвал мушкил нашавад. Дар диалоги «Формат ячеек» номгуи «Вид» –ро интихоб намоед. Аз ин чудокуни эхтиёткорона истифода бурдан лозим аст, то ин ки чадвал саршор нашавад. Номгуро дар диалог интихоб намоед. Дар ин чо барои чудокунии ячейкахо ранги рангуборро бо ёрии рангдон (палитра) интихоб намоед.
Форматиронии ададхо
Агар лозим бошад, ки навиштхо ба хуччати кулай табдил ёбанд, форматиронии ададхоро дар ячейкахо ичро намудан лозим аст. Аз хама осон ячейкахое форматирони мешаванд, ки ба онхо маблагхои пули ворид карда мешаванд. Барои ин зарур аст, ки ячейкахои форматиронишаванда чудо карда шаванд. Сони менюи «Формат ячейки» ва дар диалоги пайдошуда вкладкаи «Число» интихоб мешаванд. Аз сутуни тарафи чап сатри «Денежный» интихоб мешавад. Дар тарафи рост якчанд вариантхои имконпазири форматхои ададхо пайдо мешаванд.
Формати адад бо шакли колаби раками муайян мегардад, ки ду намуд дорад: барои дуруст дарк намудани вазифахои онхо, вариантхои форматиронии ададро дида мебароем. Дар сутуни якум колабхои форматхо хамчун майдони «Коды формата» гирифта шудаанд. Дар сутуни дуюм шумо мебинед, ки адад дар ин колаб чигуна шакл мегирад.
Формат Натича
#.###,## 13
0.000,00 0.013,00
#.##,00 13,00
Агар ба сифати колаби адади сифр истифода шавад, пас он дар хама чо, ки онро раками киматнок иваз мекунад, нигох дошта мешавад. Аломати ракам (он хамчун панчарача тасвир ёфтааст) дар чойхое ширкат надорад, ки дар ончо ракамхои киматнок нестанд. Бехтар мебуд ракамхое истифода шаванд, ки баъди вергули дахи истодаанд, дар дигар холатхо бошад, панчарача (#) истифода мешавад. Агар шумо бо ададхое сарукор доред, ки дар онхо баъди вергул зиёда аз ду разряди гайринули мавчуд аст, пас яклухткуни ба тарафи камшави ва зиёдшави ба амал меояд. Айнан хамин тавр Excel ададхои касриро яклухт менамояд, яъне бе разряд баъди вергул. Аммо, танхо хамон ададхое яклухт карда мешаванд, ки ба экран мебароянд. Дар хисобукитоб киматхои аник истифода мешаванд. Дар майдони дода шудани «Коды формата» суммахоро интихоб намудан мумкин аст, ки манфианд: дар баробари минуси одди онхоро бо ранги сурх баровардан мумкин аст, ки аксар вакт дар ороиши хуччатхои хисобдори истифода мешаванд.
Санчиши имло
Дар чуздони Excel барномаи санчиши имло мавчуд аст, ки дар ячейкахои варакаи кори, диаграммахо ва ё майдонхои кори чойгир аст. Барои он ки онро ба кор дарорем, ячейкахо ва майдонхои матниеро, ки санчиши имлоиашон зарур аст, чудо намоем. Агар тамоми матнро санчидан зарур бошад, ячейкаеро интихоб намоед, ки аз он сар карда Excel бояд хатогихоро чустучу намояд. Минбаъд фармони «Сервис – Орфография» интихоб карда мешавад. Сони Excel ба санчиши имлоии матн шуруъ менамояд. Санчиши имлоиро бо ёрии тугмаи F7 сар кардан мумкин аст. Агар барнома хатоиро ошкор намояд ва ё калимаи санчидашавандаро дар лугат наёбад, дар экран гуфтугуи «Проверка Орфографии» пайдо мешавад.