ХОТИРАИ КОМПЮТЕР

Дар раванди кори компютер зарур аст, ки иттилоот (барномаи ҳалли масъала, додаҳо, натиҷаҳои мобайнӣ ва ниҳоии он) тавассути ягон воситаи техникӣ ҳифз карда шавад, то ки дар мавриди зарурӣ дастрас намудани он имконпазир бошад. Барои амалӣ сохтани ин мақсад воситаҳои гуногуни нигаҳдорандаи иттилоот хизмат мерасонанд, ки онҳоро хотираҳои компютер мегӯянд.

Иттилоот (аломат, тасвир, садо ва ғайра) аввал дар шакли пайдарпайии рақамҳои дуӣ рамзбандӣ гардида, баъд дар хотираи компютер нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми аз хотира хондани иттилоот бошад, баръакс вай аввал аз шакли дуӣ ба шакли маъмулӣ баргардон шуда, баъд дар экран намоиш дода мешавад.

Хотираи компютер гуфта, маҷмӯи сахтафзорҳоеро меноманд, ки онҳо барои нигаҳдории иттилоот пешбинӣ шудаанд.

Изображение

Дар раванди эҷоди технологияҳои ҳисоббарорӣ муҳандисон пайваста кӯшиш намудаанд, ки тарзи кори сахтафзорҳои ҳифзи иттилооти компютериро ба тарзи кори хотираи инсон наздик созанд. Маълум аст, ки инсон як қисми иттилооти дарёфтаашро дар хотираи доимии худ нигоҳ медорад. Хотираи доимии инсон майнаи сари он мебошад. Майнаро хотираи дохилии инсон низ гуфтан мумкин аст. Қисми дигари иттилоотро инсон метавонад дар барандагони моддии иттилоот (дафтари ёддошт, телефон, диск, флэшкорт, компютер, шабакаи интернетӣ ва ғайра) ҳифз намояд, ки онҳоро хотираҳои берунии инсон номидан мумкин аст. Гарчанде хотираи дохилии инсон хосиятҳои нодири ҳифзи иттилоотро соҳиб бошад ҳам, вале ҳаҷми ғунҷоиши он нисбат ба ҳаҷми ғунҷоиши хотираҳои берунааш хеле хурд аст.

Аз тарафи дигар, агар инсон барои дастрас намудани иттилооти дар хотираҳои беруниаш маҳфузбуда вақти зиёд сарф намояд, пас вай чунин амалро аз хотираи дохилиаш метавонад фавран иҷро кунад. Афзалияти хотираи беруна нисбат ба дохилӣ дар он аст, ки иттилооти дар он маҳфузбуда метавонад муддатҳои дуру дароз нигоҳ дошта шавад. Инчунин ин гуна иттилоот метавонад дастраси ҳамагон бошад.

Маҳз ҳамин тарзи кори хотираи инсон дар компютер низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Ном ва намудҳои хотираҳои компютерӣ дар нақшаи поёнӣ оварда шудаанд.

Амалҳои маъмултарини корбурд бо хотираҳои компютерӣ – хондан ва сабти иттилоот дар онҳо мебошад. Иҷрои ин амалҳо ба тарзи хондану сабт кардани мусиқӣ дар фиттаи магнитофон бисёр монанд аст. Ҳангоми хондани ҳиссаи иттилоот аз хотира нусхаи он ба протсессор интиқол ёфта, дар он ҷо кор карда баромада мешавад. Нусхаи асли иттилоот, ки дар ягон қисми хотира маҳфуз буд, бетағйир боқӣ мемонад. Ҳангоми сабти ҳиссаи иттилоот ба хотираи компютер бошад, вай таҳти ягон номи мушаххас (суроға) нигоҳ дошта мешавад. Агар иттилоотро таҳти як ном якчанд маротиба сабт кардан лозим бошад, он гоҳ вай ҳар дафъа танҳо ҷойгузини нусхаҳои пештараи худ мегардад. Иттилооти мавҷуда дар хотира то замоне нигоҳ дошта мешавад, ки агар ба ҷойи он иттилооти нав сабт карда нашавад.

Амали хондани иттилоот аз хотираи компютер – ин раванди гирифтани он аз соҳаи муайяни хотира ба суроғаи муқарраршуда мебошад. Амали сабти иттилоот ба хотираи компютер – ин раванди ҷойгиркунии он дар соҳаи муайяни хотира таҳти суроғаи мушаххас мебошад.

Амалҳои хондану сабти иттилоотро якҷоя муроҷиаткунӣ ё дастрасӣ ба хотираи компютер мегӯянд. Аслан ин ҷо манзур вақти дастрасӣ ё зудкории хотира мебошад.

Зудкории хотира гуфта ҳади вақтеро меноманд, ки дар он муддат ҳиссаи минималии иттилоот дар хотира навишта ё аз он хонда мешавад.

Воҳидҳои ченаки зудкории хотира (вақти дастрасӣ ба иттилоот) – миллисония, микросония ва наносония мебошад.

Агар амали зудкориро яке аз хосиятҳои хотира ҳисоб кунем, пас ҳаҷм ё ғунҷоишро метавон хосияти дигари он ҳисоб кард. Хосияти мазкур имкон медиҳад, ки ҳаҷми максималии иттилооти дар хотира ҷойгиршавандаро пешакӣ муайян намоем.

Ғунҷоиши хотираи компютер гуфта, миқдори максималии иттилооти дар он нигоҳдошташавандаро меноманд.

Воҳидҳои ченаки ғунҷоиши хотираи компютер байт, Кбайт, Мбайт, Гбайт, Тбайт ва ғайра мебошанд. Дар як байт ҳаҷми хотира қимати яке аз 256 аломат (28=256)-ро ғунҷонидан (рамзгузорӣ кардан) мумкин аст. Масалан, рамзи адади 5 ба 00000101 ва рамзи ҳарфи лотинии L ба 01001100 баробар аст.

Хотираи дохилӣ хотираи асосии компютер ба ҳисоб рафта, дар шакли микросхемаи интегралӣ (чип) сохта мешавад ва дар слоти махсуси платаи системавӣ насб мегардад. Хотираи дохилиро ба панҷ навъ ҷудо мекунанд: доимӣ, CMOS-хотира, фаврӣ, кэшхотира ва видеохотира.

Изображение

Хотираи доимӣ аз қувваи ҷараёни барқ вобаста нест. Дар он барномаҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки онҳо дурустии тарзи кори сахтафзорҳои марказии компютерро санҷиши тестӣ гузаронида, ба кори системаи амалиётӣ оғоз мебахшанд. Ин навъи барномаҳо танҳо барои хондан дастрас мебошанд. Тибқи ҳамин хосият хотираи доимиро ROM-хотира (Read only memory – хотира барои танҳо хондан) низ мегӯянд. Иттилооти дар хотираи доимӣ маҳфузбуда аз тарафи ширкати истеҳсолкунандаи компютери фардӣ ворид карда мешавад. Мундариҷаи ROM-ро БИОС (BIOS/Basic Input-Output System) – системаи пойгоҳии дохилкунӣ-хориҷкунӣ ташкил медиҳад. Барои тағйир додани параметрҳои конфигуратсияи компютер барномаи махсуси танзим – SETUP пешбинӣ шудааст, ки тавассути БИОС дастрас карда мешавад.

CMOS-хотира хотираи начандон калони нимдоимӣ буда, барои нигаҳдории интихобҳои конфигуратсияи компютер хизмат мерасонад. Вай аз рӯи технологияи СMOS (Complementary matal-oxide semiconductor) сохта шуда, қобилияти истеъмоли энергияи шиддати хеле пастро дорад. Азбаски он бо аккумулятори махсус муҷаҳҳаз гардонида шудааст, бинобар он иттилооти дар он маҳфузбуда ҳангоми хомӯшкунии компютер низ тағйир намеёбад. Аз аккумулятори ин хотира дар баробари дигар ҷузъҳои компютер соати компютерӣ низ баҳраманд аст.

Хотираи фаврии компютер зудкории бениҳоят баланд дошта, аз қувваи ҷараёни барқ вобаста мебошад. Маҳз ҳамин хотира бо микропротсессор бевосита ва доимо дар робита аст. Микропротсессор барномаву додаҳои заруриро аз он дастрас намуда, кор карда мебарояд ва натиҷаҳои ҳосилшударо аз нав ба он равон мекунад. Азбаски иттилооти ин хотира ҳангоми корбарӣ бо компютер доимо дастрас аст, аз ин рӯ онро RAM-хотира (RAM/Random access memory – хотираи ҳамеша дастрас) мегӯянд.

Барномаҳои татбиқӣ аз ҳаҷми хотираи фаврии компютер (RAM) вобастаанд. Ҳангоми хурд будани ҳаҷми RAM қисми зиёди онҳо ё умуман кор намекунанд ва ё хеле суст кор мекунанд. Барои дар муҳити системаи амалиётии Windows кор кардан бояд ҳаҷми RAM ақаллан ба 1Гбайт баробар бошад. Агар ҳаҷми он аз 1Гбайт зиёдтар бошад, он гоҳ ҳам дар муҳити СА Windows ва ҳам дар СА Linux бе мамониат кор кардан мумкин аст. Барои дар сервери шабакаи маҳаллӣ бо иттилооти графикӣ ё видеоӣ кор кардан ҳаҷми RAM-хотира бояд 4-16Гбайт лозим аст.

Хотираи фаврӣ гуфта навъи хотираи дохилиеро меноманд, ки дар он иттилооти айни замон корбарандаи микропротсессор нигоҳ дошта шудааст.

Барои аз хотираи фаврӣ боз ҳам тезтар дастрас намудани иттилоот дар баъзе компютерҳо хотираи махсуси бениҳоят зудамале истифода мешавад, ки онро кэшхотира (cache – махфигоҳ, анбор) мегӯянд.

Изображение

Кэшхотира дар байни микропротсессор ва хотираи фаврӣ ҷойгир шуда, нусхаи баъзе қитъаҳои RAM-ро дар худ нигоҳ медорад. Микропротсессор ҷустуҷӯи иттилоотро пеш хотираи фаврӣ аз кэшхотира оғоз менамояд ва бо ҳамин васила вақти дастрасӣ ба иттилоотро кӯтоҳ карда, маҳсулнокии компютерро вусъат мебахшад. Дар компютерҳои муосир ду гунаи кэшхотира мавриди истифода қарор дода шудааст: дохилӣ – насб дар таркиби микропротессор ва берунӣ – насб дар платаи системавӣ.

Намуди дигари хотираи компютер видеохотира мебошад. Ин хотира як қисми хотираи фаврии компютерро ташкил дода, барои нигаҳдории тасвири иттилооти экранӣ хизмат мерасонад. Вай дар шакли микросхемаи электронӣ истеҳсол шуда, асосан вазифаи таъминотчии тасвири иттилоот «аз RAM ба экран»-ро иҷро мекунад. Видеохотира одатан дар ҳайати видеонозир ҷой дода мешавад.

Хотираи берунии компютер барои ба муддати тӯлонӣ нигоҳ доштани иттилоот хизмат мерасонад. Анҷоми кори компютер барои ҳифзи иттилооти ин хотира хавф эҷод карда наметавонад. Ҳаҷми ин навъи хотира аз ҳаҷми хотираҳои дохилӣ метавонад якчанд маротиба зиёд бошад. Масалан, агар ҳаҷми хотираи фаврии компютерҳои муосири мобайлӣ 4Гбайтро ташкил диҳад, он гоҳ ҳаҷми хотираи берунии онҳо (HDD – винчестер) метавонад ба 640Гбайт (160 маротиба зиёд) баробар бошад. Аммо суръати дастрасӣ ба иттилооти хотираи берунӣ нисбат ба хотираи фаврӣ ҳамеша камтар аст.

Ба сифати хотираи берунӣ дискҳои навъи винчестер, нурӣ, флэшкорт, фиттаҳои магнитӣ ва ғайраро истифода бурдан мумкин аст. Барои компютер имконияти зиёд кардани ҳаҷми хотираи берунӣ ҳамеша вуҷуд дорад. Ин раванд ба он монанд аст, ки барои гузоштани китобҳои нав дар китобхона боз як рафи китобмонӣ илова карда мешавад.

822
Нет комментариев. Ваш будет первым!