Таърихи пайдоиш ва тараққиёти техникаи ҳисоббарор

Related Articles

Таърихи пайдоиш ва тараққиёти техникаи ҳисоббарор

Нақша:

1.Техникаи ҳисоббарор ва таърихи он.

2. Наслхои МЭҲ.

Воситаҳои ҳисобкунӣ таърихи якчанд ҳазорсола дорад. Масалан дар Хитой ва Япония ҳазор сол пеш аз солшумории мо асбобҳои ҳисоб шакли шададро дошт, ки дар чорчӯбаи махсус мустаҳакам карда шуда буданд ва онҳоро қалқул меномиданд, шакли такмил ёфтани қалқул ин счёти ҳозира мебошад.

Якумин бор мошинаи ба таври механикӣ коркунандаро олими франсуз Блез Паскал соли 1642 ихтироъ карда ва соли 1645 онро сохт, ки онро Паскалина меноманд.

Соли 1673 математик ва философии Немис Лейбнис мошинаи ба таври механикие сохта баромад, ки ба воситаи он амалҳои љамъ, таҳр, зарб ва тақсимро иљро карда мешуд.

Соли 1821 Чарлз Бейбич профессор-математики донишгоҳи Кембриљ мошинаи ба таври механикие сохта баромад, ки нисбат ба мошинаҳои пештар ихтирошуда хело хубтар буд. Беббиљ усули идоракуни бо программа дар хотир нигоҳ доштани программаю доимиҳоро пешниҳод кард, ки ин асоси кори мошинаҳои ҳозиразамон аст.

Якумин мошинаи электрони ENIAC-ро меҳисобиданд, ки онро дар ИМА соли 1945 сохта шуда буд.

Якумин мошинае, ки ҳамаи кампанентҳои МЭҲ-и ҳозиразамонро дошт мошинаи EDSAC буд, ки соли 1949 дар Англия сохта шуда буд.

Бо роҳбари Академик С. А. Лебедев соли 1947 дар Киев ба сохтани мошинаҳои хурди электронӣ сар карда шуд ва ин мошинҳо соли 1951 ба кор сар кард.

Ҳамин тариқ аввали солҳои 1950-ум ҳам дар мамлакати мо ва ҳам дар хориља давраи бо суръат тарақи ёфтани техникаи ҳисоб сар шуд.

Мошинаҳои электронии ҳисобро вобаста ба сураъти кор ҳаљми ишѓолкарда, сохт, соҳаи татбиқ, тариқи истифода, эътимоднокии кор ва таъминоти математикиашон шартан ба панљ насл људо мекунанд.

НАСЛХОИ КОМПЮТЕР

Дар давраи на он қадар тӯлонӣ пайдоиш ва тараққиёти техникаҳои ҳисоббарорро ба 5 давра (насл) људо намудан мумкин аст. Насли якӯми машинаҳои ҳисоббарор ба солҳои 1942-1956 мувофиқ меояд. Насли дуюми он ба солҳои 1956-1963, насли сеюм – 1963-1971, насли чорӯм – 1971- 1981 ва насли панљӯм аз соли 1981 то имрӯз рост меояд.

М О Ш И Н А Ҳ О И Н А С Л И 1-У М

Мошинаҳои насли якум гуфта мошинаҳоеро меноманд, ки дар сохтани онҳо лампаҳои радис истифода бурда шудааст. Хотираи нигохдории ин мошинаҳо хурд ва сохти дохилкунӣ-хориљкуниашон бисёр душвор буда суръти корашон 100 амал дар як сония иљро карда мешуд. Программа дар ин мошинаҳо дар забони коди мошини навишта мешуд. Усули кори ин мошинаҳо чунин буд, ки то фармони пешина пурра иљро нашавад фармони оянда ба кор сар намекард. Қайд кардан зарур аст, мошинаҳои насли якум ҳаљман хеле калон буда ва барои љойгиркунии онҳо залҳои калон лозим мешуданд.

М О Ш И Н А Ҳ О И Н А С Л И 2-Ю У М

Аввали солҳои 60-ум ба сохтани МЭҲ-и насли дуюм элементҳои нав нимноқилҳо истифода бурда шуд ва дар асоси онҳо транзисторҳо сохта шуданд. Ба љои лампаҳои электрикӣ транзисторҳоро истифода бурданд. Транзисторҳо имконият дод, ки ҳаљми мошинаҳо хурд шавад, сураъти корашон 10 000 амал дар як сония расид муҳлати беист кор кардани мошина зиёд шавад, ҳаљми хотираи зуд амалкунанда то 64 килобайт расид. Просесори маркази ва сохти дохилкунию хориљкунӣ дар як вақт паралел кор мекардагӣ шуданд илова бар ин диски магнитӣ ва экран ба вуљуд омад.

М О Ш И Н А Ҳ О И Н А С Л И 3 – Ю М

Мошинаҳои электронии насли сеюм бо он муайян карда мешавад, ки дар технологияи саноати схемаҳои интегралӣ пайдо шуд ва ин схемаҳо дар техникаи электронӣ васеъ истифода бурда шуд. Татбиқи схемаҳои интегралӣ асосан истифодаи қувваи электрикиро кам ва ҳаљми мошинаро хурд намуд суръати корашон то 10 милион амал дар як сония расид.

М О Ш И Н А Ҳ О И Н А С Л И 4-У М

Таркиби асосии МЭҲ-и насли 4-ум аз схемаҳои интеграли калон ва схемаҳои интеграли ниҳоят калон ташкил шудаанд. Дар натиља ҳаљми мошинаҳо тез хурд шуд сураъти кори мошинаҳо тақрибан ба як миллиард амал дар як сония расид. Ҳаљми хотираи зудамалкунада бо мегабайт чен мекардаги шуданд сохти нигохдори пайдо шуд, ки хотираи нигохдориаш аз 100-ҳо мегабайт иборат буд.

М О Ш И Н А Ҳ О И Н А С Л И 5 -У М

Дар солҳои 80-ум маълум шуд, ки истифодабарии МЭҲ имконият медиҳад, ки ҳосилнокии меҳнат баланд ва равиши истеҳсол автоматӣ карда шавад ҳамчунин ба одам имкон медиҳад, ки аз иљро кардани бисёр корҳои куҳнаю дилгиркунанда озод бошад. Техникаи электронии ҳисоб, ки дар давраи ҳозира ба вуљуд оварда шуда имконияти нигоҳ доштану ҳосил намудани донишро дорад ва дар асоси онҳо роботҳои «боақл» ташкил карда мешавад, ки номи МЭҲ-и насли панљумро дорад.

831
Нет комментариев. Ваш будет первым!