Маълумоти мухтассар дар бораи системаҳои амалиётӣ
Related Articles
Нақша:
1.Маълумоти мухтассар дар бораи системаҳои амалиётӣ.
2. Системаи амалиётии Windows.
Системаи амалиётӣ ин маљмӯи воситаҳои барномавии махсус мебошад, ки барои идоракунии дохилкунӣ, оғоз ва иљроиши дигар барномаҳои истифодабарандагон, инчунин банақшагирӣ ва идоракунии кори компютер ва қисмҳои вай хизмат мекунад. Он қисмати барномаҳое, ки бо воситаҳои таљҳизотӣ ҳамкории бевосита мекунад ва бояд доимо дар хотираи компютер нигоҳ дошта шавад, ядрои системаи амалиётӣ ном дорад. Системаи амалиётиро миёнарави байни истифодабарандаи компютер ва компютер низ меноманд.
СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИ WINDOWS
Бо пахш намудани тугмаи Power-(Повер) дар блоки системавии компютер дар эран манзарае пайдо мешавад, ки онро мизи кории (рабочий стол) система меноманд. Мизи корӣ одатан аз расмҳои предметҳои гуногун иборат аст, ки дар поёни ҳар яки онҳо номҳояшон навишта шудааст.
НИШОНАИ МОЙ КОМПЮТЕР
Нишонае, ки дар он расми компютер тасвир шудааст номаш мой компютер мебошад. Программаи мой компютер барои ба системаи умумӣ пайваст намудани ҳамаи қисмҳои асосӣ ва иловагии компютер хизмат мерасонад ва инчунин осонтар аст, ки аз дискҳо программаҳои лозимӣ кофта ёфта шуда, ба кор дароварда шавад. Чунон ки маълум аст, файлҳо ва каталогҳо дар дискҳо љойгир карда мешаванд ва онҳоро дар Windows ҳуљљат ва папка ном мебаранд. Дар MS DOS номи файл ва каталогҳо аз 8 аломат зиёд шуда наметавонист вале дар Windows номи файлу папкаҳо то 255 аломатро дар бар мегирад.
Н И Ш О Н А И К А Р З И НА
Карзина барои нигоҳ доштани папка ва ҳуљљатҳое хизмат мерасонад, ки онҳо барои истифодабарӣ мувақатан лозим нестанд. Дар ҳолати зарурӣ карзинаро кушода аз он файл ё папка-ро интихоб намуда тугмаи рости муш-ро пахш менамоем аз менюи контексти сатри восстановить-ро интихоб намуда тугмаи чапи мушро пахш менамоем.
НИШОНАИ INTERNET EXPLORER
Дар ҳолати пайваст будани компютер ба Интернет бо амали ПускПрограммыInternet Explorer барномаи воқеънигори Internet Explorer ба кор медарояд. Бо ёрии ин барнома метавонем амалҳои дидани иттиллоот ва кофтукови одамҳо, муассисаҳо ва иттилооти лозимиро дар Интернет иљро кард, яъне барои истифода аз захираҳои иттилоотҳои Интернет имконият пайдо мекунем. Барои кушодани веб-саҳифаҳо (саҳифа дар Интернет) суроғаи ӯро дар сатри суроғавии Internet Explorer метавонад навишт ё ки аз рӯйхати «Избранное» лозимиро интихоб кард.
Дар қисми поёнии мизи корӣ сатри тасмашакле љойгир аст, ки онро сатри панели масълаҳо (панел задач) меноманд. Дар тарафи чапи он тугмаи ПУСК љойгир шудааст ва дар тарафи рости он тугмае љойгир аст, ки аз рељаи алифбои русӣ (RU) ба лотинӣ (EN) ва баръкс хизмат мерасонад. Ба воситаи клавятура бошад тугмаҳои Alt ва Shift ё Ctrl ва Shift хизмат мерасонад.
Сатри ПРОГРАММЫ (барномаҳо)
Ҳангоми интихоб намудани ин сатр дар экран руйхати программаҳое пайдо мешаванд, ки дар системаи WINDOWS ба қайд гирифта шудаанд. Барои ба кор даровардани программаҳо номи онҳо аз руйхати интихоб кардашуда тугмаи чапи муш-ро пахш карда шавад.
ДОКУМЕНТЫ(ҳуљљатҳо) дар мавриди интихоб намудани ин сатр аз маљмуи ҳуљљатҳои дар хотираи компютер буда, ба экран танҳо 15 ҳуљљате пешниҳод карда мешавад, ки истифодабарандагони компютер дар вақтҳои охирин бо онҳо кор кардаанд. Агар аз руйхати пешниҳод-кардашуда ягон ҳуљљат интихоб карда шавад он гоҳ программае ба кор медарояд, ки ин ҳуљљат ба воситаи он сохта шудааст.
НАСТРОЙКА (мувофиқ кунонӣ)
пас аз интихоби ин сатр дар экран зер менюи зерин пайдо мешавад, ки ба воситаи он истифодабарандаи МЭҲ ба завқи худ мувофиқ менамояд.
ПАНЕЛЬ УПРАВЛЕНИЯ
(панели идоракунӣ) Ҳангоми интихоби ин сатр равзанае кушода мешавад, ки дар дохили он нишонаҳои гуногун љойгир шудаанд. Ба воситаи онҳо ин ё он қисми компютерро ба система пайваст ва ё аз он људо кардан мумкин аст.
НАЙТИ(кофтуков). Аз баски дар дискҳои магнитӣ микдори хеле зиёди информатсияҳои гуногун сабт карда мешаванд, ин сатри меню барои ба осони ва зуд кофта ёфтани папка, ҳуљљат ё программаҳо пешбинӣ карда шудааст.