Кор бо ҷадвалҳо

Related Articles

Нақша:

    1. Амалиёти асосии коркарди ҷадвалҳо.
    2. Форматиронии ҷадвалҳо.
    3. Кор бо диаграммаҳо.

Маълумотҳои ба намуди ҷадвал овардашуда ҳамеша бо айёнияти худ фарқ мекунад. Ҷадвалҳо яке аз қисмҳои марказии ҳуҷҷатнигории илмӣ ва ҳисоботӣ мебошанд, ки дар тулии солҳо самаранокии худро гумм накарданд. Ҳоло ҷадвалҳо на танҳо дар соҳаи ҳуҷҷатнигорӣ, балки дар Web-саҳифаҳо низ бомувафақият истифода шуда истодаанд.

Ҷадвалҳо дар барномаи Word аз катакчаҳо иборат мебошанд, ки дар бурриши сатру сутунҳо ҷойгир мешаванд. Катакчаҳои ҷадвалро бо рақамҳо, матнҳо ё объектҳои графикии гуногун пурра намудан мумкин аст. Барои ҳар як катакча параметрҳои форматиронии хос муайян шуда метавонанд. Катакчаҳо одатан бо хатҳои горизонталӣ ва вертикалӣ аз ҳамдигар ҷудо карда шудаанд. Чунин хатҳо метавонанд, ранг намуд ва ғафсии гуногун дошта бошанд. Инчунин, имконияти муттаҳид намудани ду ё зиёда катакчаҳо ё ба катакчаҳо тақсим намудани як катакча низ мавҷуд аст.

Дар протсессори матнии Word чунин амалиётҳои

асосии коркарди ҷадвалҳо пешбинӣ шудааст:

  • Тартибдиҳи ва хориҷнамоии ҷадвалҳо;
  • Илова намудани миқдори муайяни сатрҳо;
  • Илова намудани миқдори муайяни сутунҳо;
  • Хориҷнамоии катакчаҳо, сатрҳо ва сутунҳои ҷудошуда;
  • Муттаҳиднамои катакчаҳо;
  • Тақсим намудани катакчаҳо;
  • Ҷойивазкунии дар ҷадвал;
  • Дохилкунӣ ва хориҷкунии маълумотҳо дар ҷадвал;
  • Тағйирдиҳии ҷадвал;
  • Форматиронии ҷадвал;
  • Батартиборӣ ва рақамгузории катакчаҳои ҷадвал;
  • Иҷроиши масъалаҳои махсус, ба монанди ҳисобкуниҳои математикӣ ва тартибдиҳии диаграммаҳо.

Истифодабарии чунин воситаҳои протсессори матнии Word тартибдиҳии дилхоҳ ҷадвалҳои структураи мураккабдоштаро имконпазир мегардонад. Дар барномаи Word аксарияти чунин воситаҳо тавассути менюи Ҷадвал (Таблицы) дастрас мешаванд.

ТАРТИБДИҲИИ ҶАДВАЛ

Дар протсессори матнии Word ду тарзи тартибдиҳии ҷадвалҳо пешбинӣ шудаанд:

  • дар ҳуҷҷат тартиб додани ҷадвали холӣ ва бо маълумотҳо пурра намудани катакчаҳои он;
  • ба ҷадвал табдил додани абзатсҳо ё қисмҳои матнии қаблан дохилкардашуда.

Дар навбати худ чунин тарзҳои тартибдиҳии ҷадвалҳоро бо якчанд роҳҳо иҷро намудан мумкин аст.

Се воситаи асосии тартибдиҳии ҷадвалҳои

холиро фарқ мекунанд;

  • пахши тугмаи илова намудани ҷадвал- Изображение(Добавить таблицу) дар лавҳаи тугмачаҳои Стандартӣ;
  • равзанаи муоширатии Гузоштани ҷадвал (Вставка таблицы, ТаблицаВставитьТаблица);
  • воситаи кашидани ҷадвалҳо ва сарҳадҳо (Таблицы и границы, ТаблицаНарисовать таблицу).

Изображение

Тугмачаҳои Илова намудани ҷадвал барои тартибдиҳии ҷадвалҳои оддитарини на он қадар калон (4х5)-ҷадвалҳои базавӣ, пешбинӣ шудааст. Ҷадвалҳои базавиро дар оянда тавассути илованамоии сатру сутунҳо мукаммал намудан мумкин аст.

ФОРМАТИРОНИИ ҶАДВАЛҲО

Форматирони ҷадвалҳо бо мақсади баланд бардоштани айният ва намуди зебои зоҳирии ҷадвал пешбинӣ шудааст. Форматиронии ҷадвалҳо бо якчанд роҳҳо иҷро шуда метавонанд:

  • тавассути равзанаи муоширати автоформати ҷадвал «Автоформат таблицы, Таблицаавтоформат»;
  • тавассути равзанаи муоширатии «Границы и заливка»(фармони ФорматГраницы и Заливка…Граница);
  • ба таври «дастӣ» тавассути тугмачаҳои лавҳаи Форматтиронӣ ва Расмкашӣ.

КОР БО ДИАГРАММАҲО

Диаграммаҳо дар қатори ҷадвалҳо яке аз воситаҳои беҳтарини ба таври аёнӣ инъикос намудани маълумотҳо мебошанд ва дар аксарияти ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ истифода бурда мешаванд. Протсессори матнии Word воситаи Microsoft Graph-ро дар бар мегирад, ки маҳз барои тартибдиҳии диаграммаҳо пешбинӣ шудааст. Бояд қайд намоем, ки барои аксарияти истифодабарандагон тартибдиҳии диаграммаҳо асосан тавассути протсессори ҷадвалии Microsoft Excel ба анъана даромадааст. Бо вуҷуди он имкониятҳои барномаи Word-ро низ дар ин самт самаранок истифода бурдан мумкин аст.

Диаграммаро дар протсессори матнии Word

бо ду роҳ тартиб додан мумкин аст:

  • тартибдиҳии диаграммаи базавӣ ва мукаммал намудани он;
  • тартибдиҳии диаграмма дар асоси маълумотҳои мавҷуда.

Роҳи якум бо тартиддиҳии диаграммаи базавӣ оғоз меёбад. Фармони «ВставкаОбъект…Диаграмма Microsoft Grahp» чунин диаграммаро мегузорад:

Изображение

Намунаи диаграмма дар Word

Маълумотҳои ҷадвали электрониро тағйир дода, намуди диаграммаро ба таври дилхоҳ тағйир додан мумкин аст.

Барои бо роҳи дигар тағйир додани диаграммаҳо дар аввал, маълумотҳои заруриро ба ҷадвал дохил менамоянд. Сипас ин маълумотҳоро ҷудо карда, бо фармони «ВсавкаОбъект…Диаграмма Microsoft Grahp» диаграммаро мегузоранд. Масалан, диаграммаи ҷадвали зеринро месозем:

ABCDE
123636575
2011114723

Албатта, Ҷадвал ва диаграмма хусусияти намунавӣ дошта, ба таври оддӣ тартиб дода шудаанд. Дар ҳолати зарурӣ намуд ва моҳияти диаграммаро мувофиқи талаботҳои ҷорӣ мукаммал намудан мумкин аст.

379
Нет комментариев. Ваш будет первым!