Таърихи пайдоиши шабакаҳои компютерӣ
Related Articles
Нақша
- .Маълумоти мухтасар оиди шабакаҳои компютерӣ 2.1.Таърихи пайдоиши Интернет
1.1. Маълумоти мухтасар оиди шабакаҳои компютериӣ
СССР (Собиқ Иттифоқи Шуравӣ) соли 1957 аввалин мушаки заминро ба кайхон сар дод, ки он барои пайдоиши интернет ибтидо гузошт. Пас аз ин ходиса дар вазорати мудофиаи ИМА Агентии тадкикотии Нақшахои Перспективи- ARPA ташкил карда шуд. Соли 1962 ARPA дар назди худ вазифа гузошт, ки барои пайваст намудани компютерҳои аз ҳамдигар дар масофаи дур ҷойгирбуда, компонентҳои нав ва таъминоти программавии ба онхо мувофиқро созад. Дар натиҷа шабакаи компютерии ARPANET пайдо шуд. Бо ёрии ин шабака информатсия аз як компютер ба компютери дигар на ба таври бефосила балки қисм ба қисм равон ва қабул карда мешуд. Вале пас аз 10 сол намудҳои гуногуни алоқаи байни компютерҳо (қабул ва равонкунии файлҳо ба кор андохтани программаҳо почтаи электронӣ ва ғайра) ба вуxуд омаданд.
Миқдори одамоне, ки ба шабакаи интернет роҳ доранд тахминан ҳар руз афзуда истодааст. Дар кори ҳаррӯзаамон мо калимаи Интернет (Internet) –ро мешунавем ва мехоҳем бо вай кор кунем.
Интернет ин шабакаи махсуси ҷустуҷӯӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли иттилоот мебошад. Интернет – ин тасвири информатсияии ҳаёти мо мебошад, ки дар он: илм ва санъат, тоxирӣ ва сиёсат, хониш ва кор, истироҳат ва фароғат, вохӯрӣ бо одамон, хизматрасонӣ ва ғайраро иxро намудан мумкин аст.
Инчунин Шумо метавонед, ки аз почтаи электронӣ (E-mail) истифода баред, яъне дар муддати чанд сония ё дақиқа бо шахси дигаре гуфтугузории хатти намоед
Баъди он ки шабакаи компютерӣ (netwoқks) ба вуxуд омад, шахси истифодакунанадаи КФ ҳам меҳнати худро ба дигарон баён карда, аз дигарон низ истифода бурда метавонад. Шабакаи компютерӣ ин пайвасти якчанд компютерҳо мебошад. Онҳо метавонанд бо ёрии сим пайваст бошанд ва инчунин метвонанд бо ёрии мавҷҳои радиогӣ ба шуъоҳои инфрасурх пайваст шаванд.
Ҳамин тавр, якчанд намудҳои шабакаҳо ҷой доранд:
- Шабакаи локалии ҳисобкунӣ (LAN) – ин система якчанд компютерҳои як бино ё якчанд биноҳоро пайваст мекунад.
- Шабакаи минтақавии ҳисобкунӣ (WAN) – якчанд шабакаҳои локалиро пайваст мекунад. Агар мавқеи минтақа бузург бошад, онро шабакаи глобалӣ низ меноманд.
Интернет – ин шабакаи бузург буда, шабакаи шабакаҳоро ташкил мекунад.
Ин маънои онро дарад, ки Интернет алоқаи даҳҳо ҳазор шабакаи компютерӣ (хусусӣ, тиҷоратӣ, академикӣ ва ҳукуматӣ)-ро зиёда аз сад мамлакати ҷаҳонро таъмин месозад.
Вақте, ки мо ба ҷаҳони Интернет ворид мешавем, информатсияи миллионҳо компютерҳоро соҳиб мегардем. Барои ба вуxудоии шабака ҳиссаи ширкати Қand Coқpoқation ва якчанд мактабҳои олии ИМА хеле зиёд аст.
Шабакаи аввалин, ки номи ARPANET-ро дошт, ки чор суперкомпютерро пайваст мекард, ки дар мавзеи ИМА ҷойгиранд.
Суперкомпютер – ин компютери имконияти калони ҳисобкунидошта мебошад. Суперкомпютери машҳур ин CRAY (ИМА) мебошад. Истифодабарии чунин мошинҳо имконият медиҳад, ки ҳисобкуниҳои мураккабро барои пешгӯии боду ҳаво, ҳисоби характеристикаи яроқи ядроӣ ва ғайраро иҷро кунем.
Таърихи пайдоиши Интернет
Ҳанӯз 20 сол қабл Вазорати мудофиаи ИМА шабакаеро сохт, ки ба Интернет асос гузошт ва он ARPAnet ном дошта, бо мақсади дастгирии тадқиқотҳои илмии соҳаҳои саноати ҳарбӣ, аз ҷумла тадқиқи усулҳои сохтани шабакаҳои қисман осебдида тобовар ва дар шароити ҳассос ба таври мураттаб фаъолияткунанда сохта шуда буд. Принсипи асосӣ аз он иборат буд, ки ҳар гуна компютер метавонист бо компютери дигар пайваст шавад.
Интиқол додани маълумот ба воситаи шабака дар асоси протоколи Интернет (IP) созмон дода мешуд. Протоколи IP маҷмӯъи қоидаҳо оид ба кор бош абака мебошад. Шабака тавре ба нақша гирифта ва сохта мешуд, ки аз истифодабарандагон ягон ахбор дар бораи сохтори мушаххаси шабака талаб карда намешуд.
Тахминан 10 сол баъди ба вуҷуд омадани ARPAnet Шабакаҳои Мухтори Ҳисоббарорӣ, ба монанди Etheқnet ва ғайраҳо ба амал омад. Дар аксари стансияҳои ШЛҲ, Системаи оп ератсионии ҒNIX гузошта шуда буд, ки имконияти бо протоколи Интернет (IP) фаъолият кардан дошт.
Ташкилотҳое пайдо шуданд, ки бо истифода аз протоколи IP шабакаи мустақили худашонро месохтанд. Акнун зарурати пайваст кардани ШЛҲ бо ARPAnet ба миён омад.
Яке аз чунин шабакаҳои мустақил шабакаи NSFNET буд. Онро Бунёди Милии Илмии ИМА (NSF) сохта буд.
Дар охири солҳои 80 NSҒ панҷ маркази азимтарини компютериро созмон дода, онҳоро барои истифодабарӣ дар муассисаҳои илмӣ дастрас гардонд. Аммо кӯшиши барои ташкили алоқа истифода бурдани ARPAnet ба девори бюрократии соҳаи низомӣ рӯ ба рӯ шуда ба нокомӣ дучор гашт. Дар натиҷа NSҒ дар заминаи IP технологияҳо шабакаи худашро бунёд кард. Марказҳо бо хати махсуси телефонӣ ба ҳам пайваст буданд, ки имконияти гузарондани 56 Kӣps доштанд.
Якҷоя истифодабарии компютерҳо истифодабарии бисёр чизҳои дигарро, ки ба компютери азамат дахл надоштанд, имконият медод. Гурухи ахбор дар шабака зиёд мешу два дар ниҳояти кор шабака ва хатҳои телефонии пайвасткунандаро пур кард.
Соли 1987 қарордод дар бораи истифодабарӣ ва рушди шабака ба ширкати Meқit’Netwoқk Inc дода шуд. Ширкати мазкур якҷоя бо ширкатҳои IӢM ва MCI бо шабакаи таълимии Мичиган машғул буд. Шабакаи ҷисман кӯҳнашуда бо хатҳои телефонии нисбатан наву зудфаъолият (тахминан 20 маротиба пурқувват) иваз карда шуд. Компютерҳои идоракунанда ҳам нав карда шуд.
Талаботи истифодабарандагони Интернет рӯз ба рӯз зиёд шудан мегирифт. Аксари мактабҳои олии ИМА, Аврупои Ғарбӣ аллакай бо Интернет пайваст буданд ва кӯшиш мекарданд, ки мактабҳои миёнаро ҳам ба ин шабака пайванданд. Истифодабарандагони шабакаи Интернет бартариҳои онро ба хубӣ дарк карда буданд. Ҳамаи ҳамин чизҳо ба бебозгашт Рушд кардани шабака ва рушди технологияҳо ва системаҳо оварда расонд.