КОМПЮТЕРҲОИ ФАРДӢ (ПК-PC)
Компютерҳои аввалин дар шакли таҷҳизотҳои хеле бузург истеҳсол карда мешуданд. Барои ҷо ба ҷо гузоштани қисмҳои онҳо толорҳои васеъ лозим буд. Масалан, компютери ENIAC (1946) 30т вазн, 30м дарозӣ ва 1,5млн доллар арзиш дошт. Барои хизматрасонии ин компютер даҳҳо нафар муҳандисону техникҳо заҳмат мекашиданд. Албатта чунин мӯъҷиза танҳо дастраси корхонаҳои бузург ва тавоно буда метавонист.
Ширкатҳои истеҳсолкунандаи компютер ва дигар таҷҳизоти электронӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки барои ба даст овардани бозор маҳсулоташонро ҳарчӣ арзонтар ба фурӯш гузоранд. Барои амалӣ гардонидани ин мақсад онҳо аз дастовардҳои навтарини технологӣ истифода бурда, ҳаҷми компютерҳоро хурд мекарданд.
Қадами аввалин дар хурдгардонии ҳаҷми компютерҳо ба ихтирои транзистор (1948) вобастагӣ дорад. Транзисторҳо дар компютер лампаҳои электрониро иваз намуда, ҳаҷм ва нархи онҳоро тағйир дода тавонистанд. Масалан, соли 1965 ширкати Digital Equipment мини-компютери PDP-8 (Пи-ди-пи 8)-ро истеҳсол намуд, ки ҳаҷми он ба яхдон баробар буда, нархаш 20 ҳазор доллар буд.
Соли 1958 Ҷек Килби усули дар як тахтаи (пластинаи) нимноқилӣ ҳосил намудани якчанд транзисторҳоро кор карда баромад. Соли 1959 бошад, Роберт Нойс – асосгузори ширкати Intel (Интел), усули мукаммалтареро эҷод намуд, ки тибқи он дар як тахтача ҳам транзисторҳо ва ҳам пайвастагиҳои байни онҳоро ҳосил намудан мумкин буд. Нақшаҳои электронии ҳосилшударо «схемаҳои интегралӣ» ё чипҳо мегуфтанд.
Соли 1970 корманди ширкати Intel Маршиан Эдвард Хофф нақшаи интегралиеро ҳосил намуд, ки он аз рӯи вазифаҳояш ба протсессори марказии компютерҳои калон монанд буд. Ин нақша микропротсессори Intel-4004 буд, ки он 4 бит иттилоотро кор карда баромада метавонист. Соли 1973 ин ширкат микропротсессори 8-битаи Intel-8008 ва соли 1974 Intel-8080-ро истеҳсол намуд. Соли 1975 бошад, ширкати MITS дар асоси микропротсессори Intel-8080 аввалин микро-компютери Алтаир-88000 сохт, ки ҳаҷми он ба телевизор баробар буда, нархаш 500 доллар буд. Ин компютерро аввалин компютери фардӣ ҳисобидан мумкин аст.
Албатта имкониятҳои Алтаир-8800 хеле ночиз буданд. Ҳаҷми хотираи фаврии он ҳамагӣ 256 байтро ташкил медод. Вай сафҳакалид ва экран надошт. Лекин пайдоиши онро дар тамоми ҷаҳон бо қаноатмандӣ пешвоз гирифтанд. Танҳо дар зарфи якчанд моҳи аввал даҳҳо ҳазор компютер фурӯхта шуд. Харидорон компютерро бо қисмҳои иловагӣ – сафҳакалид, монитор, блоки хотираи васеъкардашуда ва ғайра пурра мегардониданд. Худи ҳамон сол (1975) асосгузорони ширкати Microsoft (Майкрософт) Пол Аллен ва Билл Гейтс барои Алтаир-8800 тафсиркунандаи (интерпретатори) забони BASIC (Бейсик)-ро сохтанд, ки вай робитаи байни корбар ва компютерро хеле осон гардонида тавонист.
Эзоҳ: Тафсиркунанда – барномаи системавӣ буда, барои тафтиши синтаксиси барномаи дар забони алгоритмӣ сохташуда ва иҷрои дастурҳои (операторҳои) он хизмат мерасонад.
Аз комёбиҳои ширкати MITS илҳом гирифта, ширкатҳои дигар низ ба истеҳсоли компютерҳои фардӣ шурӯъ карданд. Акнун компютери фардӣ дар дастаи пурра (блоки системавӣ, сафҳакалид, монитор) истеҳсол мешуд. Талабот ба он хеле зиёд буд. Дар як сол садҳо ҳазор компютер фурӯхта мешуд.
Барои компютерҳои фардӣ барномаҳои тиҷоратии соҳавӣ низ сохта шуданд. Масалан, соли 1978 виростори матнии WordStar (Вордстар) ва протсессори ҷадвалии VisiCalc (Визикалк) пайдо шуданд. Акнун аксар корхонаву ташкилотҳо масъалаҳои худро на дар мошинҳои бузургу миёна, балки маҳз дар компютерҳои фардӣ иҷро менамуданд.
Компютерҳои IBM PC. Фавқулодда зиёд паҳн гаштани компютерҳои фардӣ талаботро ба компютерҳои бузург ва миёна коҳиш дод. Ширкати IBM (International Business Machines Corporation), ки пешбари истеҳсоли компютерҳои бузург ба ҳисоб мерафт, аз ин ҳодиса ба ташвиш афтод. Ин ширкат низ соли 1979 қарор дод, ки ба истеҳсоли компютерҳои фардӣ шурӯъ намояд. Вале он ба аҳамияти беандоза бузург доштани бозори ин соҳа баҳои сазовор дода натавониста, истеҳсоли компютерҳои фардиро ҳамчун як амалиёти хурди ширкат ба нақша гирифт. Барои зиёд сарф накардани маблағ ширкат иҷозат дод, ки сохтани компютерро на аз «сифр», балки дар заминаи дастовардҳои ширкатҳои дигар амалӣ гардонад.
Ба сифати протсессори марказии компютер микропротсессори навтарини 16-разрядаи Intel-8088 истифода шуд. Интихоби ин микропротсессор имконият дод, ки ғунҷоиши хотира ба 1Мбайт (220 байт) расонида шавад. Компютерҳои фардии пешин танҳо бо ҳаҷми хотираи то 64 Кбайт (1Кбайт = 210 байт) кор карда метавонистанд. Сохтани нармафзори компютер ба дӯши ширкати Microsoft (Майкрософт) бор карда шуд. Дар он сахтафзори аз тарафи ширкатҳои дигар истеҳсолшуда низ истифода бурда мешуданд.
Сахтафзори компютери фардӣ гуфта, маҷмӯи воситаҳои техникии ба ҳам алоқаманди онро меноманд, ки онҳо вазифаҳои дохилкунӣ, коркард, нигаҳдорӣ ва хориҷкунии иттилоотро ба уҳда доранд.
Ҳамин тариқ, соли 1981 микрокомпютери нав бо номи IBM PC (Ай-Би-ЭМ Пи-Си) ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шуд. PC мухтасари калимаҳои англисии Personal Computer буда, тарҷумааш компютери фардӣ аст. Пас аз ду соли пайдоиш IBM PC дар бозори ҷаҳонии компютерҳои фардӣ ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҳоло он стандарти компютерҳои фардӣ ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 90% компютерҳои фардии дар ҷаҳон истеҳсолшавандаро IBM PC ва компютерҳои ба он монанд ташкил медиҳанд.
Компютери IBM PC аз қисмҳои асосии зерин иборат аст:
блоки системавӣ, экран, сафҳакалид, принтер, муш.
Вобастагӣ ва алоқамандии ин қисмҳо дар нақшаи зерин оварда шудааст:
Тавре аз нақша дида мешавад IBM PC ҳамчун таҷҳизоти ягона сохта нашуда, балки аз қисмҳои алоҳидаи мустақил иборат аст. Ин усул имконият медиҳад, ки қисми алоҳидаи компютер дар вақти дилхоҳ такмил ёфта, ҳатто бо таҷҳизоти нав иваз карда шавад. Усули пайвастани қисмҳои компютерро ширкати IBM махфӣ надошта, балки дастраси озоди ҳамагон гардонид. Сабки кушодасохт (принсипи архитектураи кушода ё ошкор) дар радифи шӯҳратёр гаштани ширкати IBM, онро абадан аз яккаҳукмронӣ дар истеҳсоли ин навъи компютер маҳрум сохт. Имрӯз бо номи IBM PC дар тамоми гӯшаву канори олам (махсусан мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ) аз ҷониби ширкатҳои гуногун компютерҳои фардӣ истеҳсол карда мешавад.
Аз сабки кушодасохти IBM PC беш аз ҳама истифодабарандагон бурд карда, имконият пайдо намуданд, ки компютерҳои шаклан ва иқтидоран гуногунро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд. IBM PC дар ду намуд – рӯимизӣ ва ҳамроҳ истеҳсол карда мешавад.
Блоки системавии IBM PC
Гарчанде дар назари аввал блоки системавӣ қисми аз ҳама камаҳамият намояд ҳам, вале дар асл маҳз ҳамин қисм қисми асоситарини компютери фардӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин қисм тамоми таҷҳизоти марказии компютер маҳфуз аст:
- схемаҳои электроние, ки кори компютерро таъмин ва идора мекунанд – микропротсессор, хотираи фаврӣ, платаи асосӣ, нозирони (controller) сахтафзорҳо ва ғайра;
- блоки таъминоти барқ. Ин блок ҷараёни барқи аз шабака ба компютер воридшавандаро ба ҷараёни доимии шиддати паст табдил медиҳад ва онро ба нақшаҳои интегралии компютер мегузаронад;
- дискдонҳои дискҳои чандир (floppy discs – дискетҳо) – барои сабт ва хондани иттилоот тавассути дискетҳо (то соли 2000-ум барандагони асосии иттилоот дар компютер ба ҳисоб мерафтанд);
- дискдонҳои дискҳои ҳаҷман калони магнитӣ (hard discs – винчестер) – барои сабт ва хондани иттилоот тавассути винчестер.
Ба блоки системавии компютери IBM PC таҷҳизоти гуногуни дохилкунӣ ва хориҷкунии иттилоотро пайваст ва илова намудан мумкин аст, ки онҳо имкониятҳои функсионалиашро васеъ мегардонанд. Қисми зиёди сахтафзорҳо ба блоки системавӣ аз берун пайваст карда мешаванд ва номашон низ мувофиқан таҷҳизоти беруна аст:
- монитор – барои дар экран хориҷкунии иттилооти матнӣ ва графикӣ;
- сафҳакалид – барои дохилкунии иттилоот ва дастуру фармонҳо;
- муш – манипулятор барои ба таври фаврӣ дохил намудани фармонҳо ва идораи барномаҳо;
- ҷойстик – манипулятор барои идораи бозиҳои компютерӣ;
- чопгар – барои дар коғаз хориҷкунии иттилооти матнӣ ва графикӣ;
- модем – барои мубодилаи иттилоотии байни компютерҳо бо ёрии шабакаи телефонӣ;
- флеш-корт.
Ба блоки системавӣ баъзе таҷҳизотро аз дохил низ илова намудан мумкин аст. Чунин таҷҳизот мувофиқан таҷҳизоти дохилӣ ном доранд:
- модем ё факс-модем – барои мубодилаи иттилоотии байни компютерҳо бо воситаи шабакаи телефонӣ;
- дискдонҳо барои компакт-дискҳо (СD-ROM, DVD-RW) – барои корбарӣ (хондану навиштан) бо CD ва DVD, тамошои клипҳо ва шунидани суруду мусиқӣ;
- стример – барои нигоҳдории иттилоот дар фиттаи магнитӣ;
- кортҳои садоӣ – барои сабт ва шунидани садо.
Қайд кардан зарур аст, ки стримерҳо, дискдонҳои CD-ROM ва ғайра ба мисли модемҳо ва факс-модемҳо дар шакли таҷҳизоти беруна ҳам истеҳсол карда мешаванд.
Нозир (controller) – схемаи электрониест, ки кори сахтафзорҳои компютерро идора менамояд. Ҳар як таҷҳизот усули махсуси ба нозири худ пайваст шуданро дорад:
- дискдонҳои дискетҳо, сафҳакалид, муш ва монитор ба нозирони стандартии компютер пайваст мешаванд;
- кортҳои садоӣ ва баъзе факс-модемҳо бо нозирони худ дар шакли як платаи ягона сохта мешаванд;
- таҷҳизоти боқимонда бо нозирони худ, ки дар блоки системавӣ ҷойгиранд, ба воситаи сим пайваст мешаванд.
Блоки системавии компютер дар шаклҳои гуногун – рӯимизӣ, манора, моноблок ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Бо он хеле эҳтиёткор будан лозим аст. Онро бояд ҷое гузошт, ки аз зарбу латхӯрӣ ва ҷунбишҳои ноҷо эмин бошад. Блоки системавиро дар наздикии афзорҳои гармидиҳанда (газдон, дарзмол, чойҷӯш ва ғайра) ва ҷойҳои намиашон баланд нигоҳ доштан мумкин нест. Ба болои блоки системавӣ гузоштани ҳар гуна ашё манъ аст. Симҳои пайвандгари таҷҳизоти гуногунро бо блоки системавӣ дар мавриди хомӯш будани компютер ҷудо ё васл кардан ба мақсад мувофиқ аст. Дар ҳуҷрае, ки компютер гузошта шудааст сигор кашидан мамнӯъ буда, моҳе як маротиба блоки системавиро кушода чангу ифлосиҳои дар он ғуншударо бо ёрии чангкашак тоза намудан лозим аст.
Компютерҳои ҳамсони IBM PC ва ба он бегона. Кушодасохтии IBM PC имкон дод, ки микрокомпютерҳои ҳамсони (монанди) он дар тамоми олам бо ҳамин ном истеҳсол карда шавад. Ширкатҳои истеҳсолкунанда байни ҳамдигар рақобат карда, сохт ва иқтидори компютерро пайваста такмил ва нархи онро кам мекарданд. Ҳатто корбарони одии IBM РС низ имконият пайдо намуданд, ки микрокомпютери худро мустақилона такмил диҳанд: қисмҳои алоҳидаи онро навсозӣ кунанд ва имкониятҳои функсионалиашро васеъ гардонанд.
Ягона микрокомпютери бо IBM PC бегона (ғайримонанд), ки нисбатан маъруф гаштааст, компютери Макинтоши (Macintosh) ширкати Apple мебошад.
Ин микрокомпютер, ки дар асоси платформаи дигар – системаи амалиётии махсуси Mac OS (ҳоло – Mac OS X) сохта шудааст, то ҳол мавриди истифода қарор дорад. Компютери Макинтошро ҳамчун нуқтаи кории комили шабакавӣ ва компютери пойгоҳии корхона истифода бурдан мумкин аст. Барои ин навъи компютерҳо таъминоти барномавии системавӣ ва татбиқии зиёде омода гаштааст, ки онҳо бо форматҳои барномаҳои татбиқии маъмул ва паҳнгаштаи компютерҳои фардӣ, аз қабили MS Word, Adobe Photoshop ва ғайра мутобиқат мекунанд. Аз компютерҳои Macintosh бештар дар соҳаҳои графиксозӣ ва полиграфӣ истифода мебаранд.
Компютерҳои кисагӣ намуди дигари микрокомпютерҳо (органайзерҳои электронӣ ё палмтопҳо) ба ҳисоб мераванд. Барои бо тарзи ягона ном бурдани ин навъи компютерҳо аз мафҳуми PDA (Personal Digital Assistant) – «котиби рақамии фардӣ» истифода мебаранд. Компютерҳои кисагӣ таҷҳизоте мебошанд, ки то 200г вазн дошта, дар кафи дасти инсон баҳузур меғунҷанд. Идоракунии PDA чун қоида бо ёрии экрани начандон калони он сурат мегирад. Ба экран зери таъсири ангуштони даст ё қалами махсус (стилус) фармонҳоро ворид намуда, компютерро барои иҷрои ин ё он амал водор кардан мумкин аст. Ба ғайр аз баъзе амсилаҳои PDA, дигар дар кулли боқимондаи онҳо имконияти истифода бурдани сафҳакалиди алоҳида ва монипулятори муш вуҷуд надорад.
Дар компютерҳои кисагӣ микропротсессори бениҳоят сарфакор ва хотираи нисбатан хурд ҷойгир карда мешавад. Бинобар он имкониятҳои ҳисоббарории онҳо бо микрокомпютерҳои рӯимизӣ ва портативӣ ҳеҷ гоҳ баробар шуда наметавонад. Новобаста ба ин, онҳо тамоми ҷузъҳои компютери фардиро доро мебошанд: микропротсессор, хотираи фаврӣ, хотираи беруна, монитор, системаи амалиётӣ, барномаҳои зиддивирусӣ, таъминоти барномавии амалӣ ва ҳатто барномаҳои бозиҳои гуногун.
Қисми зиёди компютерҳои кисагӣ вазифаи телефони мобайлӣ (ҳамроҳ, коммуникатор)-ро низ иҷро мекунанд. Ин гуна компютерҳо бо модули иртиботӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, ки тавассути он натанҳо барқарор намудани алоқаи телефонӣ, балки дар ҳолати мавҷуд будани алоқаи мобайлии форматҳои мувофиқи GSM/GPRS (Global System for Mobile Communications/General Packet Radio Service – низоми иртиботи саросарии объектҳои сайёр/бастаи робитаи радиоии таъйиноти умумӣ) ва CDMA (Code Division Multiple Access – дастрасии чандистгоҳии бо рамзҳо фарқкунанда), имконияти аз нуқтаи дилхоҳ бо шабакаи Интернет пайваст шудан муҳайё гаштааст.
Компютерҳои шабакавӣ (Netbook – нетбук)
Дар нимаи дуюми солҳои 90-уми асри ХХ, ҳангоми рушду равнақи шабакаҳои саросарии компютерӣ, намуди нави микрокомпютерҳои фардии портативӣ тавлид ёфтанд, ки онҳоро компютерҳои шабакавӣ ё нетбук (Netbook) ном мебурдагӣ шуданд. Ин навъи компютерҳо асосан барои кор бо шабакаҳои компютерӣ пешбинӣ шудаанд.
Барои компютерҳои шабакавӣ талабот ба хотираи дискӣ ва дискдон он қадар муҳим нест. Системаи амалиётӣ, барномаҳо ва дигар иттилоотро худи компютер аз шабака ба таври худкор кофта, ёфта мегирад. Азбаски нархи компютерҳои шабакавӣ нисбат ба дигар намуди компютерҳои фардӣ хеле арзон аст, бинобар он оҳиста-оҳиста онҳо дар коргоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва ғайра мақоми худро мустаҳкам намуда истодаанд.
Планшет. Ин намуд микрокомпютерҳо аз рӯи иқтидор дар байни нетбукҳо ва компютерҳои кисагӣ қарор доранд. Планшет аз телефони мобайлӣ ҳаҷман калонтар аст, вале тарзи истифодаи он, дохилкунии иттилоот ва дастурҳо дар ҳарду маврид қариб якхелаанд.
Сафҳакалид ва дигар тугмаҳои системавиро бо таъсири ангушт ё қалами махсус дар экран пайдо ва иҷро намудан мумкин аст. Норасоии ягонаи ин компютерҳо дар номусоид будани сафҳакалиди электрониашон маънидод карда мешавад.
Планшет аз ҷиҳати нарх, вазн, ҳаҷм ва масоҳат нисбат ба дигар намуд микрокомпютерҳои фардӣ барои ҳамроҳ гирифтан ва истифода бурдан хеле мусоид ва муфид ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, вақтҳои охир аз тарафи ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ истеҳсоли компютерҳои планшетӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар назар аст, ки вақтҳои наздиктарин планшет ба яке аз ҷузъҳои асосии ҷузвдони донишҷӯёну хонандагон табдил меёбад.