Системаи амалиётии Windows

Related Articles

Системаи амалиётӣ (СА)

Системаи амалиётӣ ин барномае мебошад, ки аз тарафи истифодабаранда дар компютер таҷҳизонида мешавад. Ин барнома кампютерро идора мекунад, барномаҳоро ба кор медарорад, бехатарии маълумотҳоро таъмин месозад.

Инчунин дигар хизматрасониҳоро иҷро мекунад. Ҳар як барнома аз хизматрасонии СА истифода мебарад. Ва бо он СА, ки дар компютер таҷҳизонида шудааст кор мекунад. Истифодабаранда мувофиқи хоҳиш ҳамон СА–ро истифода мебарад, ки ба вай мақул аст.

Ҳоло аз ҳама бисёр дар компютерҳо СА Windows-ро, ки ширкати Microsoft сохтааст, истифода мебаранд. Ин СА яке аз машҳуртарин дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Системаи амалиётии Windows

Windows муҳити графикие мебошад, ки ҳар як ахбори дохилшуда ҳамчун ҳар як обьекти муайяни графикӣ қабул карда мешавад. Таҷҳизоти асосӣ барои кор дар ин СА муш ба ҳисоб меравад.

Масъалаи асосӣ дар ин СА кушодани папкаҳо барномаҳо ва коркарди ҳуҷҷатҳо мебошад. Windows имконият медиҳад, ки якчанд вазифаҳоро параллел ҳаракат кунем.

Баромадани аввалин навъӣ Windows хеле тӯл кашида буд ва якчанд маротиба намоиши он ба дигар вақт гузаронида шуд. Дар ниҳоят вақте, ки корпоратсияи Microsoft дар намоишгоҳи Combexмоҳи ноябри соли 1985 дар Лас-Вегас конфронс ташкил менамояд, навъӣ аввалини СА Windows 1.0. пешниҳод мешавад.

Соли 1987 навъӣ Windows 2.0. мебарояд, ки нисбати навъӣ ибтидоии он Windows 1.0 як қатор имкониятҳои иловагиро соҳиб шуда буд.

Моҳи 22- майи соли 1990 навъӣ Windows 3.0. пешниҳод шуд.

Моҳи июли соли 1993 Windows NT (3,51) ҳамчуни СА сатҳи баланд бароварда мешавад.

Моҳи 24-августи соли 1995 СА Windows 95 бароварда шуд. Баромадани Windows 95 ба як ҳодисаи марказии соли 1995 табдил меёбад. Воситаҳои ахбороти умумӣ, рӯзномаву маҷҷаллаҳо ва тамоми ширкатҳои компютерӣ чунин навъоварии соҳаҳои информатикаро пешниҳод мегирифтанд.

Корпоратсияи Microsoft 25-июни соли 1998 СА Windows 98-ро пешниҳод менамояд. Система ҳам барои компютер ва ҳам барои ташкил намудани шабакаи локалӣ имкониятҳои кифоя дорад. ғайр аз, дар системаи мазкур ба истифодабарандагони имконияти пайваст намудани компютерҳо ба шабакаи глобалии Internet пешниҳод шудааст.

Пас аз ин,17-феврали соли 2000-ум СА Windows 2000 мебарояд.

Дар ниҳоят 25-октябри соли 2001 аз тарафи корпоратсияи Microsoft навъи охирини Windows XP пешниҳод мешавад, ки ҳоло яке аз системаҳои амалиётии паҳншудатарин мебошад. Дар Windows XP тамоми норасоиҳои системаҳои гузашта то ҳадди имкон ислоҳ шуда, як қатор имкониятҳои нави лова шудаанд.

Равзанаҳои Windows

Ҳар он коре, ки дар «Windows» иҷро мекунанд, дар равзанаҳои он иҷро карда мешавад. Равзана ин росткунҷае мебошад, ки сарвалҳа дорад ва дар ин сарлавҳа номи барнома ҷой мегирад.

Ҳамин тариқ равзана, папка, ҳуҷҷат ва программа он мафҳумҳоеро ташкил медиҳад, ки истифодабарандаи компютер дар вақти кор бо системаи «Windows» доимо бо онҳо сару кор дорад.

• Равзана- барои идора намудани дигар обьектҳои Windows хизмат мерасонад;

• Папка-барои нигоҳ доштани зерпапкаҳо, ҳуҷҷатҳо программаҳо истифода бурда мешавад;

• Ҳуҷҷат- барои нигоҳ доштани информатсияҳои табиати гуногундошта ба монанди матнҳо, расмҳо, таблитсаҳои электронӣ ва ғайраҳо истифода бурда мешавад.

Программа-барои сохтани ҳуҷҷатҳо истифода бурда мешавад. Вале қайд кардан лозим аст, ки дар системаи «Windows» программаҳое мавҷуданд, ки бо ёрии онҳо ҳуҷҷатҳо сохта намешаванд.

Ҳангоми интихоб ва кушодани нишонаи папка дар экран чоркунҷае намудор мегардад, ки онро равзанаи ин папка меноманд. Чунин равзанаҳо дар вақти кушодани папкаҳо ва ҳуҷҷатҳои дилхоҳ пайдо мешавад.

Дар равзанаи папка дидан мумкин аст, ки дар дохили он кадом зерпапкаҳо, ҳуҷҷатҳо ва программаҳо ҷойгир шудаанд. Ҳамаи равзанаҳои папкаҳо қариб аз элементҳои якхела иборатанд.

Мизи кори Windows

Элементҳои асосии мизи кори «Windows» аз нишонаҳои зерин иборатанд:

• «Мой компьютер»;

• «Мои документы»;

• «Корзина»;

• «Сетевое окружения»

Истифодабаранда метавонад бо хоҳиши худ нишонаи дилхоҳро дар мизи корӣ ҷой диҳад.

«Мой компьютер» – Бо кушодани нишонаи «Мой компютер» истифодабаранда бо нишонаи папкаҳо, барномаҳо ва рӯйхати номҳои таҷҳизотҳо рӯ ба рӯ мешавад. Масалан, дискҳои С,D,E,F,CD-ROM, Диск 3,5(A:), папкаи «Панель управления» ва ғайра. («яъне аз дискҳо программаҳои лозими кофта ёфта шуда ба кор дароварда шавад»).

Дар папкаи «Панель управления» нишонаҳои таҷҳизотҳо:

принтер, сканер, клавиатура, муш ва ғайра ҷойгир шудаанд.

Истифодабаранда метавонад, ки ба ин папка даромада таҷҳизотҳои номбурдаро ҷӯр карда, онро ба кор омода созад. («яъне барои пайваст намудани ҳамаи қисмҳои асосӣ ва иловагии компютер хизмат мерасонад»)

«Мои документы» –Бо ёрии ин папка истифодабаранда метавонад ба руйхати папкаву файлҳои дар компютер сабтшуда шинос шавад ва онҳоро кушояд.

«Корзина»-Ин як қисми винчестер мебошад, ки дар он муваққатан файлҳое, ки аз хотираи компютер нест карда мешавад, нигоҳ медоранд. Ин файлу папкаҳо дар вақтҳои зарурӣ ба ҷои пештарааш бозгардонда мешавад. Ё ин ки пурра аз хотираи компютер нест карда мешавад.

«Сетевое окружение»-Барои даромадан ба шабакаҳои локалие, ки байни компютерҳо пайваст мебошанд. Вақте, ки ин нишонаро мекушоем, рӯйхати номҳои компютерҳое, ки байни ҳам пайвастанд, дар экран бароварда мешавад.

Менюҳои асосии Windows

Дар қисми поёнии мизи корӣ сатри тасмашакле мавҷуд аст, ки дар он тугмаи «Пуск» (оЃоз) ҷойгир шудааст. Ин сатрро сатри панели масъалаҳо (teskbar-тескбы-панел задач) меноманд. Дар панели масъалаҳо ҳамчунин нишонаи соат, баландгӯяк, нишонаи гузариш аз алифбои русӣба лотинӣ ва баръакси он ва ғайра ҷойгиранд.

Тавре, ки қайд карда шуд, дар панели масъалаҳои мизи корӣ тугмаи «Пуск» маҷуд аст. Ҳангоми аз пахш кардани тугмаи чапи мушак дар экран пайдарпайии нишонаҳои номдоре пайдо мешавад, ки онро менюи асосии системаи «Windows» меноманд.

Менюи асосии «Windows», ки бо пахши тугмачаи «Пуск» ба экран мебарояд, аз фармонҳои зерин иборат аст.

Изображение

«Выключить компьютер…» «Компютер хомуш карда шавад»- Бо ёрии ин фармон истифодабаранда кори худро бо компютер қать мегардонад. Яъне хомуш кардани компютер ва баромадан аз он;

«Завершение сеанса…» «Анҷоми давр» – Ин фармон барои қать гардонидани кори истифодабарандае, ки бо коди худ корро дар компютер сар кардааст;

«Выпольнить…» – Бо ёрии ин фармон истифодабаранда метавонад барномаҳои даркориро ба кор дарорад. Вақте, ки ин фармонро фаъол мегардонем, равзанае пешниҳод мешавад, ки номи барномаи ба иҷроиш додашавандаро мепурсад.

Изображение

Мо метавонем «Excel» навишта тугмачаи «ОК»– ро пахш кунем барномаи «Excel» ба кор оЃоз мекунад.

«Справка»-«Маълумотнома»- Ин фармон дар бораи тарзи кор бо системаи амалиётии «Windows» ба истифодабаранда маълумот медиҳад.

«Найти» «Ҷӯстӯҷӯ»- Бо ёрии ин фармон файл папкаҳо ва таҷҳизотҳои дар компютер Буда дарёфт карда мешаванд;

«Настройка» «Мувофиқкунони»- Бо ёрии ин фармон таҷҳизотҳое, ки дар компютер пайваст карда шудаанд, ҷӯр карда мешаванд. Монанди принтер, сканер ва дигар таҷҳизотҳо;

«Документы» «Ҳуҷҷатҳо»- Ин фармон рӯйхати номҳои якчанд файлҳоеро, ки бори охирин кушода шудаанд, пешниҳод мекунад;

«Программы» «Программаҳо»- Ин фармон рӯйхати номҳои барномаҳо «Windows»-ро пешниҳод мекунад. Мисол Word, Excel, Access ва ғайра.

Сохтани «Папка» дар мизи кори Windows

«Папка» ин як ҷои нигоҳдории кулли файлҳо мебошад. Агар шумораи файлҳо зиёд шавад, хубтар мешавад, ки як папка сохта ва ҳамаи онҳоро дар дохили он нигоҳ дорем. Барои он, ки дар вақти ҷӯчтӯҷӯи файлҳои даркорӣ дастрас кардани онҳо қулай шавад. Номҳои «папка»-ро ба навъи файлҳо монанд интихоб намудан лозим аст. Масалан, агар мо хоҳем, ки файлҳои мусиқии мо дар даруни як «папка»-и алоҳида бошад, хубтар мешавад, ки номи онро мусиқӣ монем. Агар файлҳо бозиҳо бошад номи «папка»-ро бозиҳо ва ғайра.

Тарзи сохтани «Папка»

Ба ҷои дилхоҳи холигии мизи кории «Windows» нишондиҳандаи мушро гузошта тугмачаи рости онро пахш мекунем.

Аз равзанаи пешниҳодшуда фармони «Создать»-ро ва аз равзанаи навбатӣ «Папку»-ро интихоб карда тугмачаи чапи мушро пахш мекунем. Дар мизи кори «Windows» «Папка» бо номи «Новая папка»- пешниҳод мешавад.

Дар болои номи ин «Папка»- нишондиҳандаи мушро гузошта тугмаи чапи онро як бор пахш мекунем. Дар натиҷа номи «Папка» бо ранги кабуд ҷудо карда мешавад.

Номи навро интихоб карда бо ёрии «Клавиатура» менависем.

Анҷомдиҳии кори системаи Windows

Пас аз аз бо системаи «Windows» ба охир расонидани ҳама гунна амалиётҳои лозимӣ, компютер бояд хомуш карда шавад. Асосан ду тарзи анҷомдиҳии кори системаи «Windows» ҷой дорад

  1. Аз клавиатура тугмаҳои Alt ва F4 якҷоя пахш намудан.
  2. Бо воситаи тугмаи Пуск ба менюи асосии Windows ворид гашта ва дар он сатри «Выключить компьютер» интихоб намудан.

Дар ҳарду ҳолат ҳам дар экран равзанаи махсусе пайдо мешавад.

Изображение

Агар компютерро мувақатан аз кор боз доштан хоҳем тугмачаи «Ждущий режим» «Лаҳзаи интизори»-ро пахш мекунем.

Агар компютерро хомуш кардани бошем тугмачаи «Выключение» «Хомуш кардан» -ро пахш мекунем.

Агар компютерро хомуш карда аз нав ба кор омода кардани шавем, он гоҳ тугмачаи «Перезагрузка» «Аз нав ба кор омодасози»-ро пахш мекунем.

1.85K
Нет комментариев. Ваш будет первым!