БАРНОМАҲОИ ВИРУСӢ ВА ЗИДДИВИРУСӢ
Вирусҳо барномаҳои ҳаҷман начандон калони зараррасон ва махсус тартибдодашудае мебошанд, ки ба раванди муътадили кори компютер дахолат намуда, ноаён (махфӣ ва ногаҳон) ба таркиби диску парвандаҳои системавии он дохил мешаванд ва барномаву санадҳоро қисман ё пурра несту хароб месозанд.
Соли 1986 аввалин вирус бо номи Brain «ихтироъ» шуд. Вай ба воситаи диск аз як компютери фардӣ ба дигар компютер гузашта, онҳоро «сироят» мекард. Дар натиҷа амали сироятёбӣ аз ин вируси компютерӣ характери оммавӣ гирифт.
Вирус – барномаи ҳаҷман хурде мебошад, ки ноаён ба таркиби объектҳои системавӣ ва татбиқии компютер ворид мешавад ва онҳоро қисман ё пурра хароб месозад.
Ҳоло қариб ҳар рӯз то 300 намуди нави вирусҳо, ки дараҷаҳои гуногуни сироятӣ доранд, пайдо мешаванд ва ба воситаи барандагони гуногуни иттилоот ва роҳҳои мухталиф ба муҳити компютерӣ паҳн карда мешаванд. Вирусҳои компютерӣ мисоли равшани таҳдиди ғаразноки амнияти иттилоотӣ мебошанд. Вирусҳои компютерӣ сарҳадҳои давлатиро намеписанданд. Онҳо дар байни якчанд соат ба тамоми ҷаҳон паҳн шуда метавонанд. Зарари вирусҳо табиати гуногун дорад. Натиҷаи фаъолияти онҳо – аз пайдо шудани ҳар гуна навиштаҷоти ногаҳонию бегона дар экрани монитор сар карда, то дуздӣ ва нобудсозии иттилоот мебошад. Зарари молиявии аз вирусҳо танҳо дар соли 2003 расида, тақрибан 12 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Яке аз сабабҳои «диверсияҳои» иттилоотии имрӯза, ҳарчӣ бештар истифода бурдани шабакаи компютерии Интернет мебошад. Ин пеш аз ҳама ба васеъшавии спектри хизматрасонӣ ва созишҳои электронӣ, ки асосан тавассути Интернет амалӣ гардонида мешаванд, вобаста аст. Ҳангоми кор бо почтаи электронӣ, барномаҳои ройгон, бозиҳои компютерӣ ва ғайра вирусҳои компютерӣ метавонанд озодона ворид гарданд.
Яке аз хосиятҳои асосии вирусҳои компютерӣ аз он иборат аст, ки онҳо ҳангоми сирояткунӣ ҳар дафъа нусхаашонро афзун мегардонанд ва ноаён ба таркиби парвандаву дискҳои компютер, хусусан ба сектори боркунандаи диски системавӣ ворид мегарданд. Маҳз бо сабаби хосияти худафзуншавии ин барномаҳо ба онҳо вирус ном гузоштаанд.
Агар вирус аллакай ба хотираи компютер роҳ ёфта бошад, вай метавонад дар лаҳзаи дилхоҳи барояш созгор фаъол гардад ва компютерро ба иҷрои ҳар гуна амалиёти барои истифодабаранда номаълум маҷбур созад.
Фаъолшавии вирус метавонад бо омилҳои гуногун – вақти муайяни ягон рӯз, рӯзи муайяни ҳафта, ҳангоми ба кор омода сохтани барномаҳо, кушодани парвандаҳо ва ғайра алоқаманд бошад.
Ҳангоми оғози кори барномаи сироятёфта вирус зуд идоракуниро ба ихтиёри худ мегирад. Баъд ба ҷустуҷӯӣ барномаву объектҳои нав шурӯъ намуда, бо роҳи афзоиш додани нусхаҳои худ ба сирояткунии онҳо камар мебандад. Пас аз он вирус идоракуниро аз нав ба барномаи аввала медиҳад, ки он гӯё кори худро ба таври муқаррарӣ давом дода истодааст. Истифодабаранда бошад, аз таҳдиди пешомад бехабар мемонад.
Оқибатҳои амалиёти сироятии вирусҳо хеле гуногуну рангин аст. Онҳоро аз рӯи дараҷаи зарарашон ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:
- вирусҳои бехатар – ба раванди кори компютер таъсири ҷиддӣ нарасонида, аз ҳисоби зудафзуншавиашон қисми озоди хотираро ишғол менамоян ва суръати кори компютерро суст мегардонанд;
- вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон паст – ба раванди кори компютер ва мазмуни санадҳо таъсир нарасонида, бо дарҷи ҳар гуна иттилооти нолозим (садопахшкунӣ, тағйирдиҳии вазифаи тугмаҳои сафҳакалид, хомӯшкунии компютер ва ғайра) корбарро аз ҳолати устуворӣ мебароранд;
- вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон миёна – ба бозистӣ ва нодуруст кор кардани компютеру барномаҳо оварда, иттилооти маҳфузро қисман хароб месозанд. Аксари онҳо парвандаҳои навъи .com-ро барбод медиҳанд;
- вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон баланд – ба зуд аз кормонӣ ва нобудшавии барномаву додаҳо, тағйирёбӣ ё гумшавии парвандаву ҷузвдонҳо оварда мерасонанд. Дар чунин мавридҳо зарур аст, ки дискҳои компютер аз нав форматбандӣ карда шаванд.
Мувофиқи дараҷаи сироят ва аз рӯи мавқеи ҷойгиршавӣ вирусҳоро ба навъҳои парвандаӣ, боркунанда, макровирусӣ ва шабакавӣ тақсим мекунанд:
- вируси парвандаӣ бо ягон роҳ ба парвандаҳои навъи иҷроишии .exe ё .com дохил шуда, ҳангоми оғози кори онҳо фаъол мегардад. Дар лаҳзаи даъвати парвандаи нав зуд ба таркиби он дохил шуда, ба сирояткунӣ шурӯъ менамояд. Тарзи ҳифз аз ин вирусҳо – профилактикаи компютер, истифода набурдан ё санҷидани дискҳои шубҳанок бо ёрии барномаҳои зиддивирусӣ мебошад;
- вируси боркунанда нусхаҳои худро дар сектори омодасози диски системавӣ зиёд менамояд. Ҳангоми оғози кори СА ин вирус ба хотираи фаврии компютер дохил шуда, ба мисли вируси парвандаӣ рафтор мекунад. Ҳифзи профилактикӣ – истифода набурдани CD-и системавӣ мебошад;
- макровирус сирояткунандаи парвандаҳое мебошад, ки бо ёрии барномаҳои MS Office сохта шудаанд. Вай ҳамчун макрофармон (макрос) ба таркиби санад ворид шуда, раванди корро бо он душвор мегардонад. Пас аз кушодани санади сироятёфта вирус дар хотираи компютер «сайр» карда, дигар санадҳои фаъолро низ сироят мекунад. Хатари сироят танҳо пас аз бастани парвандаи санад аз байн меравад. Ҳифзи профилактикӣ – танҳо нест кардани онҳо мебошад;
- вируси шабакавӣ ба воситаи шабакаҳои компютерӣ паҳн гардида, метавонад ҳамаи компютерҳои бо онҳо пайвастро сироят кунад. Ин навъи вирус бештар ба воситаи почтаи электронӣ ва шабакаи Интернет паҳн карда мешавад. Масалан, 05.05.2000 миллионҳо истифодабарандаи Интернет иттилооти дорои сарлавҳаи ҷолиб – «I LOVE YOU»-ро дастрас намуданд, ки он аз як парвандаи вирусдор иборат буд. Ин парванда пас аз фаъолшавӣ қисми иловагии номи тамоми парвандаҳои компютерро дигаргун сохта, системаи парвандаии онро хароб менамуд. Ҳифзи профилактикӣ – эҳтиёткор будан аст.
Барномаҳои зиддивирусӣ. Барои аз вирусҳои компютерӣ тоза нигоҳ доштани парвандаву санадҳо барномаҳои зиддивирусӣ сохта шудаанд. Ин барномаҳо вирусҳоро ёфта, навъшонро муайян карда, диску парвандаҳои сироятёфтаро «табобат» мекунанд. Барои кам намудани эҳтимолияти фалаҷшавии диску парвандаҳои компютер дар қатори дигар чорабиниҳои профилактикӣ бояд ба таври системавӣ аз барномаҳои зиддивирусӣ истифода бурд.
Барномаи зиддивирусӣ – барои аз вирусҳо «табобат» кардани объектҳои компютерӣ пешбинӣ шудааст.
Азбаски зиддивирусҳо ҳам ба мисли вирусҳо хеле зиёду гуногунанд, бинобар он, онҳоро аз рӯи вазифа ва тарзи ҷустуҷӯю табобати санадҳо ба намудҳо ҷудо мекунанд:
- полифагҳо – машҳуртарин барномаҳои зиддивирусӣ ба ҳисоб мераванд. Масалан, барномаи Antivirus Toolkit Pro полифаг аст. Вазифаи полифагҳо аз тафтиши сектори боркунандаи диски системавӣ, санҷидани хотираи фаврӣ, ҷузвдону парвандаҳо, ҷустуҷӯи вирусҳои маълум ва нав иборат аст. Барои ҷустуҷӯи вирусҳои маълум вай усули ҷустуҷӯ аз рӯи ниқобро истифода мебарад. Ниқоби вирус рамзи барномавии он аст. Агар зиддивирус ҳангоми тафтиш дар таркиби парванда рамзи ягон вирусро дарёбад, он гоҳ онро ҳамчун парвандаи сироятёфта ба қайд мегирад. Барои ҷустуҷӯи вирусҳои наву номаълум бошад, зиддивирус дар парвандаи тафтишшаванда алгоритми «сканиронии эвристикӣ», яъне таҳлили пайдарпайи фармонҳоро истифода мебарад. Агар дар парванда фармонҳои шубҳанок вохӯранд, он гоҳ полифаг онро ҳамчун парвандаи сироятёфта ба қайд мегирад. Полифагҳо тамоми тафтиши парвандаҳоро дар оғози кори онҳо анҷом медиҳанд;
- усули кори нозирон (ревизорҳо), масалан, зиддивируси Adinf, аз баҳисобгирии суммаи назоратии иттилооти парвандаҳои диск иборат аст. Суммаи назоратӣ дар пойгоҳи додаҳои зиддивирусӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми оғози кори компютер нозир додаҳои пойгоҳи зиддивирусиро бо қимати аслии иттилооти парвандаҳои диск муқоиса мекунад. Агар миқдори иттилооти ягон парвандаи дар пойгоҳ маҳфузбуда бо қимати аслии он мувофиқат накунад, он гоҳ нозир ин парвандаро ҳамчун парвандаи тағйирдодашуда ё сироятёфта ба қайд мегирад;
- муҳосирачиён (блокировшикҳо) – барномаҳои зиддивирусие мебошанд, ки вазъи хатарнокро дар диск пай бурда, барои пешгирӣ аз паҳншавии он чораҳо меандешанд ва оид ба хатари вирусӣ ба истифодабаранда маълумот медиҳанд. Масалан, яке аз хатарҳои маъмули вирусӣ – сабт дар сектори боркунандаи диск ба ҳисоб меравад. Ин гуна хатар метавонад ҳангоми аз диски сироятнок ба компютер насб намудани системаи амалиётии нав таҳдид намояд. Бо ёрии барномаи BIOS Setup системаро ончунон танзим намудан мумкин аст, ки ба сектори боркунандаи диски он сабти ҳар гуна иттилооти нолозим ғайриимкон гардад.