Таҳриргари матнии MS Word

Related Articles

Microsoft Word ин барномае мебошад, ки барои навиштан, таҳрир кардан ва хондани матнҳо пешбинӣ шудааст.
Microsoft Word ба гурӯҳи дастаи барномаҳои Microsoft Office дохил мешавад.
Роҳҳои ба кор омода кардани таҳриргари матнии Word:

  1. Пахш кардани тугмачаи «Пуск»- и панели масъалаҳо. Интихоби зерменюи «Программы» ва «Microsoft Word»;
  2. Бо ёрии нишонаи Microsoft Word, ки дар мизи кори Windows сохташудагӣ бошад, ба кор медароранд;
    Роҳҳои баромадан аз таҳриргари матнии Word:
    Бо ёрии менюи Файл ва фармони «Выход»;
    Пахш кардани тугмачаи пӯшидани равзанаи Word ;
    Бо ёрии пахши якҷояи тугмачаҳои ALT+F4;
    Бо ёрии ин программа амалиётҳои зеринро иҷро намудан мумкин аст:
  3. Дохилкунии матнӣ ҳуҷҷатҳо ба воситаи клавиатура.
  4. Истифодабарии ҳуруфҳои андозаашон таЃирёбандаи гуногун.
  5. Дар матни ҳуҷҷатҳо истифодабарии таблитсаҳо ва графику расмҳои гуногун.
  6. Ба матни ҳуҷҷат илова намудани обьектҳои ба воситаи дигар программаҳои сохташуда.
  7. Сабт намудани матни ҳуҷҷати дохилкардашуда.
  8. Нусхабардории матни ҳуҷҷат ва бо дигар ном сабт намудани он.
  9. Дар қоЃаз чоп намудани матни ҳуҷҷатҳо.
    Пас аз он, ки бо яке аз роҳҳои дар боло қайд кардашуда барномаи Word ба кор омода сохтем равзанаи он кушода мешавад.
    Равзанаи программаи Microsoft Word аз 4 қисми асосӣ иборат аст.
  10. Менюи системавӣ ва сатри сарлавҳа. Дар тарафи чапи сарлавҳа менюи системавӣ ва номи программа яъне Microsoft Word навишта шудааст. Дар қисми рости сарлавҳа бошад тугмаҳои -ѓункунӣ, – васеъкунӣ, – пӯшидан ҷойгир аст.
  11. Сатри менюҳо. Файл (Файл), Правка (Таҳрир), Вид (Намуд), Вставка (Гузориш), Формат (Шаклбандӣ), Сервис (Хизматрасонӣ), Таблитца (Ҷадвал), Окно (Равзана), Справка (Маълумотнома) иборат аст.
  12. Панели таҷҳизотҳои стандартӣ (Стандартная)
  13. Панели таҷҳизотҳои форматиронӣ (Форматирование)

Тарзи навиштани матнҳо дар майдони кории MS Word

Матнро аз рӯи қоида дар меъёри «Обычный» дохил кардан лозим аст. Аммо меъёри «Разметка страницы» барои истифодабаранда қулай аст. Дар ин меъёри «курсор» ба намуди хати рости вертикалӣ бо ранги сиёҳ, дар қисми болоии чапи майдон ҷойгир аст.
Байни калимаҳо бо ёрии тугмачаи фосила «Пробел» ҷой гузошта мешавад. Аз рӯи қоида бояд ин тугмача як бор пахш карда шавад. Барои чидани ҳарфи калон тугмачаи «Shift»-ро пахш карда истода, ҳарфи даркориро пахш кардан лозим аст. Агар лозим шавад, ки калима пурра бо ҳарфи калон навишта шавад, тугмачаи «Caps Lock»- ро як маротиба пахш кардан лозим аст. Пахши такрорӣ ба ҳолати аввала бар мегардонад.
Барои нест кардани рамзи пеш аз курсор буда тугмачаи « Backspace» ва барои нест кардани рамзи пас аз курсор буда тугмачаи «Delete»-ро пахш кардан лозим аст.
Барои гузаштан аз шрифти русӣ ба шрифти англисӣ тугмачаҳои «Alt+Shift» ё ин ки «Ctrl+Shift»-ро пахш кардан лозим аст.
Бо пахши тугмачаи «Enter» аз ҷои дилхоҳи сатр ба сатри нав гузаштан мумкин аст Пахши тугмачаи «Tab» дар аввали сатр абзатс пайдо мекунад, яъне курсорро ба якчанд мавқеъ ба тарафи рост мекӯчонад.
Дар вақти хато навиштани калимаҳои русӣ ё англисӣ дар зери калима хатти мавҷдорӣ сурх кашида мешавад. Барои ислоҳ кардан нишондиҳандаи мушакро ба болои калимаи хато гузошта, тугмачаи тарафи рости онро пахш мекунем. Дар натиҷа вариантҳои дурусти калима пешниҳод мешавад. Калимаи даркориро интихоб карда мушакро пахш кунем, калима ислоҳ мешавад. Агар дар байни калимаҳо аз якто зиёд ҷойи холӣ гузошта шуда бошад, дар зери калимаҳо хати мавҷи сабз кашида мешавад.
Аз панели таҷҳизотҳои стандартӣ ҳарфи «Ж»-ро пахш кунем, ранги калима сиёҳи баланд «полужирный» мешавад. Ҳарфи «К» -ро пахш кунем, калима курсив «курсивный» мешавад, ҳарфи «Ч»-и дар тагаш хатдорро пахш кунем, дар поёни калима хат «подчеркнутый» мекашад. Файлҳо ду намуд мешаванд; Файлҳои маълумоти ва барномави
Файлҳои барномави файлҳое ки дар забонҳои барномасози сохта шудаанд.
Файлҳои маълумоти файлҳое, ки дар онҳо маълумотҳои ададиву матни нигоҳ дошта мешавад.

Check Also

Программаи системавии Сабад (Корзина – Recycle Bin) – объекти махсуси системаи оператсионии Windows ба шумор …

2.99K
Нет комментариев. Ваш будет первым!