Сохтани ҷадвалҳо (таблитсаҳо)

Related Articles

Барои сохтани ҷадвалҳо чунин рафтор мекунем:

Ба менюи «Таблица» даромада фармони «Вставить» ва баъд «Таблица»-ро пахш мекунем. Равзанае пешниҳод мешавад.

Изображение

Дар сатри «Число столбцов» сиқдори сутунҳо ва дар сатри «Число строк» миқдори сатрҳоро интихоб мекунем.

Барои сатр сохтан ба сатри «Число строк» даромада шумораи сатрҳоро муайян мекунем. Масалан, мо мехоҳем, ки 10-то сатр созем. Барои рақами 10-гузоштан тугмачаи ба самти боло нишондодашударо пахш мекунем. Шумораи сатрҳо зиёд шудан мегирад. Агар тугмачаи поёнро пахш кунем шумораи сатрҳо кам мешавад. Вақте, ки шумораи сатру сутунҳоро муайян кардемтугмачаи «ОК»-ро пахш мекунем.

Ному насаб

Таърих

Риёзиёт

Информатика

Кимиё

Ва дар натиҷа таблица сохта мешавад.

Барои нест кардани ҷадвалҳо, сатрҳо ва сутуну катакчаҳо чунин амал мекунем:

Изображение

Сатр, сутун ё ин ки катакчаи нодаркорро қайд карда ба менюи «Таблица» даромада фармони «Удалить»-ро пахш мекунем. Равзанае пешниҳод мешавад. Аз равзанаи пешниҳодшуда сатр, сутун ё ин, ки ҷадвалро интихоб карда, тугмачаи чапи мушакро пахш мекунем.

Агар хоҳем, ки сатри нав илова кунем чунин корро иҷро мекунем. Агар курсорро дар охири сатри охирони ҷадвали сохташуда гузошта тугмачаи «Enter»-ро пахш кунем сатри нав дар ҷадвал илова мешавад. Агар сутуни нав лозим бошад аз менюи «Таблица» фармони «Вставить», «Столбцы слева» ё ин ки « Столбцы справа»-ро истифода мебарем.

Аз равзана «Таблицы и границы» қаламро интихоб карда, мушакро пахш мекунем. Дар натиҷа нишондиҳандаи муш ба қалам иваз мешавад. Нӯги қаламро дар сарҳади дилхоҳи сатр ё сутун гузошта тугмачаи чапи мушро пахш карда истода ба поён, боло, чап, рост бо қадри даркорӣ мекашем.

Дар ҷадвали сохташуда самти ҷойгиршавии калимаҳои таърих ва риёзиёт дар намуди вертикалӣ пешниҳод шудааст. Мо чунин самти ҷойгирии калимаҳоро аз менюи «Формат» бо фармони «Направление текста…» интихоб намудем.

Гузоштани рақами саҳифаҳо

Барои гузоштани рақами саҳифаҳо ба менюи «Вставка» даромада фармони «Номера страниц…»-ро пахш мекунем.

Изображение

Аз равзанаи пайдошуда гузоштани рақами саҳифаро муайян мекунем.Яъне сатре, ки дар болои он «Положение:» навишта шудааст даромада, аз қисми бо ё ин ки аз қисми поён гузоштани рақами саҳифаро интихоб мекунем. Баъд ба сатре, ки дар болои он «Выравнивание:» навишта шудааст, медароем. Аз ин сатр мавқеи ҷойгиршавии рақами саҳифаро интихоб мекунем. Яъне, рақам а миёна ё ин ки аз тарафи чапу рости варақ гузошта мешавад.

Агар хоҳем, ки рақами саҳифа аз саҳифаи аввал ё ин ки аз саҳифаи дуюм сар шавад, чунин корро иҷро мекунем. Аз равзанаи «Номера страниц» тугмачаи «Формат:»-ро пахш мекунем, равзанаи дигар пешниҳод мешавад.

Изображение

Аз ин равзана ба сатре, ки дар рости он калимаи «начать:» навишта шудааст медороем ва аз кадом саҳифа рақам гузоштанро муайян мекунем. Баъд аз ҳарду равзана тугмачаи «ОК» -ро пахш мекунем.

Фармони «Параметры страницы»

Ба ҳар як истифодабарандаи таҳриргари матнии Word лозим меояд, ки баъди матни худро пурра дар саҳифаҳо навиштан андозаҳои онро гузорад. Барои иҷрои ин кор аз хизматрасони фармони «Параметры страницы» истифода мебаранд.

Яъне, баъд аз он, ки матнро пурра навиштем, ба менюи Файл даромада, фармони «Параметры страницы»-ро пахш мекунем.

Изображение

Дар ин равзана андозаҳои саҳифаҳои навишташуда ба таври автоматӣ пешниҳод мешавад. Дар ин равзана андозаи чор тарафи варақ, чапу рост ва болову поёнии варақҳо пешниҳод мешавад.

Агар хоҳем, ки андозаҳоро дигаргун кунем, чунин рафтор мекунем.

Нишондиҳандаи мушро ба болои тугмачаи ақрабак ба боло, ки дар рости калимаи «Верхнее:» аст гузошта тугмачаи чапи мушро пахш кунем, рақами 2 зиёд шудан мегирад. Агар тугмачаи ақрабак ба поёнро пахш кунем, рақами 2 кам шудан мегирад. Чӣ қадаре, ки рақамро зиёд кунем ҳамон қадар ҷой аз болои варақ мегузорад. Агар кам кунем, ҳамон қадар кам ҷой мегузорад. Бо ҳамин тарз аз тарафи чапу рости варақ ҷой гузоштан мумкин аст.

Инчунин аз ҳамин равзана намуди чоп кардани варақро метавонем муайян кунем. Яъне дар намуди китобӣ ё албомӣ.

Чи хеле, ки дар равзана дида мешавад, ду ҳарфи калон «А», ки дар қисми поёнии яктоаш «Книжная» ва дар дигараш «Альбомная» нивишта шудааст. Агар нишондиҳандаи мушро ба болои ҳарфи «А»-е, ки дар поёнии он «Книжная» навишта шудааст гузошта пахш кунем, варақ дар намуди китобӣ ва агар ба болои «Альбомная» гузошта пахш кунем, албомӣ чоп мешавад.

Ба чоп додани файл

Баъд аз оне, ки мо файлро дар барномаи Word месозем, ба мо зарур меояд, ки файли сохтаамонро ба рӯи қоЃаз ба чоп диҳем. Барои ичрои ин кор аввал таҷҳизоти чопкуниро ба кор омода месозем ва пас аз он бо фармони «Предварительный просмотр» варақҳоро як ба як аз назар мегузаронем. Баъд аз менюи файл фармони Печать-ро истифода барем равзанаи чопкунӣ пешниҳод мешавад.

Изображение

Аз ин равзана замимаи «Текущая»-ро интихоб карда тугмачаи ОК-ро пахш мекунем, саҳифаи кори чоп карда мешавад. Агар замимаи «Все»-ро пахш кунемҳамаи саҳифаҳои паси ҳам ба чоп дода мешавад. Агар хоҳем, ки саҳифаҳои даркориро ба чоп диҳем дар сатри «Номера» рақами саҳифахоро мегузорем ва тугмачаи ОК-ро пахш мекунем, саҳифаи интихобшуда чоп карда мешавад. Агар дар майдони барои саҳифаҳо ҷудошуда 5,7,9-20-ро нависем саҳифаи 5,7 ва аз саҳифаи 9 то саҳифаи 20 ба чоп равон карда мешавад. Агар хоҳем, ки якчанд нусхаи саҳифаҳоро чоп кунем, ба сатри «Число копия» даромада, шумораи нусхаҳоро зиёд мекунем.

472
Нет комментариев. Ваш будет первым!