Асосҳои кор бо барномаҳои зидди вирусӣ

Related Articles

Маълумоти мухтассар дар бораи вирусҳои компютерӣ. Роҳҳоиҳимояи компютер аз вирус

«Вирусҳо» программаҳои махсус тартибдодашудаи зараррасони ҳаҷман начандон калоне мебошанд, ки ба раванди муқаррарии кори компютер дахолат намуда, ноаён (махфӣ, ногаҳон) ба таркиби диску файлҳои системавии компютер дохил мешаванд ва программаю ҳуҷҷатҳоро қисман ё пурра несту хароб месозанд. Соли 1986 пас аз «ихтирои» вируси Brain, ки ба воситаи дискетҳо аз компютерӣ ба таври «оммавӣ» паҳн шудан гирифтанд. Қариб ҳар сол намудҳои нави вирусҳо, ки дараҷаҳои гуногуни сирояткунӣ доранд, ихтироъ карда мешаванд ва ба воситаи барандагони гуногуни информатсия бо роҳҳои мухталиф ба компютерҳо паҳн карда мешаванд. Имрӯз миқдори зиёди вирусҳо маълум ва мавҷуданд. Проблемаи вирусҳои компютерӣ яке аз проблемаҳои рақами якуми асри нав гаштааст.

Яке аз хосиятҳои асосии вирусҳои компютерӣ аз он иборат аст, ки онҳо ҳангоми сирояткунӣ ҳар давфъа нусхаашонро афзун менамоянд ва ба таври махфӣ ба дохили (таркиби) файлҳои дискҳои компютерҳо ва махсусан ба секторҳои боркунандаи (системавӣ) дискҳояшон ворид мегарданд. Маҳз бо сабаби хосияти худафзуншавии ин программаҳо ба онҳо «вирус» ном гузошта шудааст.

Агар вирус аллакай дар хотираи компютер мавҷуд бошад, вай метавонад дар лаҳзаи дилхоҳи барояш қулай фаъол гардад ва компютерро ба иҷрои ҳар гуна амалиёти барои истифрдабарандагон номаълум маҷбур созад. Фаъолшавии вирусҳо метавонад бо ҳодисаҳои гуногун, аз қабили вақти муайяни ягон рӯз, рӯзи муайяни ҳафта, ба кор омодасозии программаҳо, кушодани ҳуҷҷатҳо ва ғайра алоқаманд карда шуда бошад.

Ҳангоми ба кор омода сохтани программаи сироятёфта, аввал вирус зуд идоракуниро ба ихтиёри худ мегардад. Баъд вай программаю объектҳои диггаро кофта меёбад ва ба сирояткунии онҳо шурӯъ менамояд. Пас аз он вирус идоракуниро аз нав ба программае медиҳад, ки худ дар он ҷой гирифтааст. Ин программа бошад, ба таври муқаррарӣ кори худро давом дода мегирад ва истифодабарадаи компютер дар аввал пай мебарад, ки бо программаи сироятёфта кор карда истодааст. Оқибатҳои амалиёти (сирояти) вирусҳо хеле гуногуну рангинанд.

Аз рӯйи дараҷаи зараррасониашон вирусҳоро ба намудҳои зерин ҷудо менамоянд:

Вирусҳои бехатар. Чунин ба раванди кори компютер таъсир нарасонида, танҳо аз ҳисоби зудафзуншавиашон қисми озоди хотираи дискро ишѓол менамоянд, ки ин ба сустшавии суръати кори компютер оварда мерасонад.

Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон паст. Ин вирусҳо низ ба раванди асосии кори компютер таъсир намерасонанд. Онҳо ба экран ҳар гуна маълумотҳои нолозим ва расму графикҳои гуногунро бароварда ба асаби истифодабарандаи компютер мерасанд. Баъзеашон садою мусиқӣ мебароранд, баъзеашон функсияи тугмаҳои клавиатураро таѓйир медиҳанд ва баъзеашон компютерро хомӯш мекунанд, вале онҳо информатсияи ҳуҷҷату программаҳоро хароб намесозанд.

Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон миёна. Ин намуди вирусҳо сабабгори бозистӣ ва кори нодурусти компютер ва программаҳо шуда метавонанд. Онҳо махсусан информатсияи дар дискҳо маҳфузбударо қисман хароб месозанд. Аксарияташон файлҳои қисми иловагии номашон com-бударо, ки дарозиашон 64000 байт аст, вайрон мекунанд.

Вирусҳои дараҷаи хатарнокиашон баланд. Фаъолшавии чунин вирусҳо ба зуд-зуд аз кор баромадан ва нест шудани программаю додашудаҳо, таѓйирёбӣ ё нестшавии файлу папкаҳо ва ғайра оварда мерасонад. Дар чунин ҳолатҳо винчестер ё дигар дискҳои компютерро аз нав ҳолатҳо винчестер ё дигар дискҳои компютерро аз нав формат кардан лозим меояд.

Аз рӯйи намуди объектҳои сирояткунанда, муҳит ва мавқеи ҷойгиршавӣ вирусҳоро ба вирусҳои файли, боркунанда, макровирусҳо ва шабакавӣ ҷудо мекунанд.

Вирусҳои файлӣ. Ин гурӯҳи вирусҳо бороҳҳои гуногун ба файлҳои иҷрошаванда (ехе ё com) дохил мешаванд ва ҳангоми ба кор андохтани онҳо фаъол мегарданд. Баъди шурӯи кори программаи «сироятшуда» вирус ба хотираи фаврӣ мегузарад ва то итмом кори компютер дигар файлҳоро сироят кардан мегирад. Муҳофизати профилактики вирусҳои файлӣ аз он иборат аст, ки аз истифодаи дискетҳои шубҳанок ё бо программаҳои зиддивирусӣ (антивирусӣ) тафтишнашуда даст кашидан лозим аст.

Вирусҳои боркунанда. Ин намуди вирусҳо нусхаҳои худро дар сектори боркунандаи (омодасозандаи кор) диски системавӣ зиёд менамоянд. Ҳангоми аз диски вирусдор ба кор омода сохтани системаи оператсионӣ, вирусҳо ба хотираи фаврии компютер дохил мешаванд ва ба мисли вирусҳои файлӣ рафтор мекунанд. Муҳофизати профилактикӣ аз вирусҳои боркунанда аз истифода набурдани дискетҳои системавӣ иборат аст.

Макро-вирусҳо. Ин намуди вирусҳо файлҳои ҳуҷҷатҳои протсессори матнии MS Word ва китобҳои ҷадвали электронии Ms Excel-ро сироят мекунанд. Онҳо ҳамчун макрокомандаҳо (макросҳо) дар таркиби ҳуҷҷат ҷой мегиранд ва раванди корро бо он душвор мегардонанд. Баъди кушодани ҳуҷҷати сироятёфта, вирусҳо дар хотираи компютер «саёҳат» менамоянд ва дигар ҳуҷҷатҳои кушодашударо низ сироят мекунанд. Хатари сироят танҳо пас аз бастани ҳуҷҷат бартарафёфта ҳисобида мешавад. Муҳофизати профилактикӣ аз макро-вирусҳо танҳо нест кардани онҳост.

Вирусҳои шабакавӣ. Ин намуди вирусҳо ба воситаи шабакаҳои компютерӣ паҳн шуда, метавонанд ҳамаи компютерҳои бо онҳо пайвастро сироят кунанд. Чунин вирусҳо бештар ба воситаи почтаи электронӣ ва шабакаи ҷаҳонии Интернет паҳн карда мешаванд. Масалан, 5 майи соли 2000 миллионҳо истифодабарандагони Интернет маълумоти дорои сарлавҳаи диққатҷалбкунандаи I LOVE YOU-ро гирифтанд, ки он аз як файли вирусдор иборат буд. Ин файл баъди фаъолшавиаш қисми иловагии номи ҳамаи файлҳои компютерро дигаргун месохт ва тамоми системаи файлии онро вайрон менамуд. Бинобарон ҳангоми кор бо Интернет ва почтаи электронӣ, ягона муҳофизати профилактикӣ эҳтиёткор будан аст.

Программаҳои антивирусӣ

Барои аз вирусҳои компютерӣ муҳофизат намудани программаю ҳуҷҷатҳо программаҳои махсуси антивирусӣ сохта шудаанд, ки онҳо вирусҳоро ёфта, намудашонро муайян намуда, диску файлҳои сироятёфтаро «табобат» менамоянд. Барои кам намудани эҳтимолияти фалаҷшавии диску файлҳои компютер, дар қатори дигар чорабиниҳои профилактикӣ бояд ба таври системавӣ аз программаҳои антивирусӣ истифода бурд. Азбаски антивирусҳо ҳам ба мисли вирусҳо хеле зиёду гуногунанд, бинобарон онҳоро аз рӯйи принсипи ҷустуҷӯю табобати ҳуҷҷатҳо ва вазифаҳояшон ба намудҳо ҷудо мекунанд.

Полифагҳо. Машҳуртарин программаҳои антивирусиро антивирусҳои полифагӣ мегӯянд. Масалан, программаи Antivirus Toolkit Pro аз ҷумлаи чунин антивирусҳо ба шумор меравад. Вазифаи полифагҳо аз тафтиши секторҳои боркунандаи дискҳои системавӣ, санҷидани хотираи фаврӣ, папкаю файлҳо, ҷустуҷӯйи вирусҳои пешакӣ маълум ва нави иборат аст. Барои ҷучстуҷӯйи вирусҳои маълум ин антивирус усули кофтуков аз рӯйи «маска»-ро истифода мебарад. Маскаи вирус коди программавии он аст. Агар антивирус ҳангоми тафтиш дар таркиби файли тафтишшаванда коди ягон вирусро дарёбад, он гоҳ онро ҳамчун файли сироятшуда қабул мекунад. Барои ҷучстуҷӯйи вирусҳои наву номаълум бошад, антивирус дар файли тафтишшаванда алгоритм «сканировании эвристикӣ», яъне таҳлили пайдарпайи фармонҳоро истифода мебарад. Агар дар файл фармонҳои « шубҳанок» дучор оянд, он гоҳ полифаг файли додашударо ҳамчун файли сироятёфта ба ҳисоб мегирад. Полифагҳо тамоми тафтиши файлҳоро ҳангоми бакоромодасозии онҳо анҷом медиҳанд.

Ревизорҳо (назорачиҳо). Усули кори ревизорҳо (масалан, антивируси Adinf) аз баҳисобгирии суммаи назоратии информатсияи файлҳои диск иборат мебошад. Суммаи назоратӣ дар хазинаи додашудаҳои антивирусӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми оѓози кори компютер ревизор додашудаҳои хазинаи антивирусиро бо қимати аслии информатсияи файлҳои диск муқоиса мекунад. Агар миқдори информатсияи ягон файли дар хазина маҳфузбуда бо қимати аслии он мувофиқат накунад, он гоҳ ревизор ин файлро ҳамчун файли таѓйирдодашуда ё сироятёфта ба ҳисоб мегирад.

Блокировшикҳо (муҳосирачиён)– программаҳои антивирусие мебошад, ки вазъи хатарнокро дар диск зуд пай мебаранд, барои пешгирӣ аз паҳншавии он чораҳо меҷӯянд ва оиди хатари вирусӣ ба истифодабаранда маълумот медиҳанд. Масалан, яке аз вазъиятҳои зуд-зуд дучорояндаи хатари вирусӣ – сабт дар сектори боркунандаи диск ба ҳисоб меравад. Ин гуна хатар метавонад ҳангоми ба компютер муқаррар намудани системаи оператсионии нав дучор ояд, агар диске, ки аз он нусхаи система ба диски системавии компютер рӯйбардор карда мешавад, вируснок бошад. Вале ба воситаи программаи BIOS Setup системаи BIOS-ро чунон танзим намудан мумкин аст, ки ба сектори боркунандаи диск сабти ҳар гуна информатсияи нолозим ғайриимкон гардида, компютер аз вирусҳо муҳофизат карда шавад.

Вирус – ин барномаи компютери буда дар охири файлҳои фармонӣ, драйверҳо ё ба сатҳи диски таъминотии(ВООТ)равона карда мешаванд.

Ҳангоми ба кор сар кардан дар аввал барномаҳо ё драйверҳои гирифтори вирус ба кор даромада баъд аз он худи барномаҳои асосӣ ба кор сар мекунад.

Таъсироти вирусҳо чунинанд:

Кори компютерро бениҳоят суст мекунанд;

Дар экран пайдо кардани ҳаргуна матнҳои бегона;

Нест гардидани маълумотҳо аз экран;

Дар сатҳи диск пайдо гардидани маълумотҳои файлии вайрона ё файлҳои матнӣ ва дигарҳо.

Бори аввал термини калимаи «вирусҳои компютери »-ро корманди донишгоҳи Лехайск(ИМА) соли 1984 Ф.Коэн дар конференсияи байналхалқӣ оиди бехатарии маълумотҳо истифода бурда буд.

Вирусҳо аз рӯи таъиноташон ба якчанд гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:

Безарар –ин намуди вирусҳо ба кори компютер таъсир намерасонад, балки фақат дар сатҳи диск ҷой холигиро банд карда онро бо маълумотҳо, графикаҳо садоҳо ва ғайраҳо банд мекунад.

Хатарнок – ин намуди вирус ба кори компютер таъсир расонида тез-тез реҷаи кори онро вайрон месозад.

Ашшадӣ – ин намуди вирус аз ҳама хатарнок буда натанҳо кори коммпютерро вайрон месозад балки барномаҳоро нест мекунад, маълумотҳои дар компютер ё диск бударо тоза карда нобуд месозад.

Вирусҳо ба воситаи барномаҳои шабакаҳои компютерӣ ё тавсути матнҳои аз дискҳо гирифта шуда ба компютер дохил мешавад.

333
Нет комментариев. Ваш будет первым!