Программаи Microsoft Access

Related Articles

Барномаи Microsoft Access-ро асосан барои сохтани файлҳои маълумотӣ истифода мебаранд. Файлҳои маълумотӣ гуфта файлҳоеро мегӯянд, ки дар онҳо маълумотҳои гуногуни зиёде нигоҳ дошта мешавад. Масалан дар бораи донишҷӯён чунин маълумотҳоро дохил кардан мумкин аст: рақами тартибӣ, ному насаб, сол ва моҳи таваллуд, суроЃа, факулта, бахш, ихтисос, рақами дафтарчаи донишҷӯ ва ғайра.

Албатта чунин маълумотҳоро мо метавонем дар барномаҳои «Word» ва «Excel» низ ташкил диҳем. Аммо дар барномаи Access барои дохил кардани чунин маълумотҳо махсус обьектҳо сохта шудаанд, ки ин барои дарёфт ва коркарди онҳо қулай аст. Ин барнома ҳам монанди Word, Excel ва Power Point дар вақти шинондани барномаи Office дар компютер шинонда мешавад.

Роҳҳои ба кор даровардани барномаи Microsoft Access

Ин барнома ҳам монанди ҳамаи барномаҳои Office-ӣ бо роҳҳои гуногун ба кор дароварда мешавад:

1. Менюи Пуск, зерменюи Программы пас аз он Microsoft Access-ро интихоб карда тугмачаи чапи мушро пахш мекунем.

2. Аз мизи кори Windows нишонаи барномаи Microsoft Access-ро интихоб карда, тугмаи чапи мушро ду бор пахш мекунем. Дар ҳарду ҳолат ҳам равзанаи Microsoft Access дар рӯи мизи кори Windows пайдо мешавад.

  • Барномаи Access монанди дигар барномахои Office кариб, ки аз элементхои якхела иборатанд. Яъне дар сатри аввали равзана менюи системави
    Изображение

    ва номи барнома Microsoft Access навишта шудааст ва дар тарафи рости равзанаи барнома тугмаҳои

    Изображение

    ѓункунӣ ,

    Изображение

    васеъкунӣ,

    Изображение

    пӯшидан ҷойгир аст.

  • Дар сатри дуюми равзанаи барнома менюхои барнома чойгир аст.
Изображение
  • Менюхо аз зерменюхое иборат аст, ки хар кадом фармонхои худро борад.
  • Менюи «Файл» аз фармонхои зерин иборат аст: создать, открыть, внешние данные закрыть, сохранить, сохранить как…
  • Менюи «Правка» аз фаронхои зерин иборат аст: отменить, вырезать, копировать, буфер обмена Officе, вставить, удалить ….
  • Менюи «Вид» аз фармонхои зерин иборат аст: обьекты база данных, список, таблица, свойства, программа…
  • Менюи «Вставка» аз фармонхои зерин иборат аст: таблица, запрос, форма, отчет…
  • Менюи «Сервис» аз фармонхои зерин иборат аст: орфография, схема данных, защита, настройка, параметры…
  • Менюи «Окно» аз фармонхои зерин иборат аст: сверху вниз, слева направо каскадом, скрыть, отобразить…
  • Менюи «Справка» аз фармонхои зерин иборат аст: справка Microsoft office Access, показать помощника …
  • Интихоби менюхо бо ёрии тугмахои клавиатура:

Alt+Ф интихоби менюи Файл

Alt+П интихоби менюи Правка

Alt+В интихоби менюи Вид

Alt+А интихоби менюи Вставка

Alt+ Е интихоби менюи Сервис

Alt+О интихоби менюи Окно

Alt+ С интихоби менюи Справка

Дар сатри сеюми равзанаи барнома панели тачхизотхои база данных

Изображение

Вакте, ки барномаи Microsoft Access бо яке аз он тарзхое, ки дар боло

гуфта гузаштем ба кор даровадем равзанаи он кушода мешавад

Изображение
  • Дар тарафи рости равзана рӯйхати якчанд фармонҳо мебарояд, ки яке онҳо Новая база данных мебошад. Ин фармон интихоб мекунем равзанаи дигаре пешниҳод мешавад.
Изображение

Дар равзанаи пешниҳоб шуда номи файлро «Донишҷӯ» гузошта тугмаи Создать-ро пахш мекунем. Дар натиҷа равзанаи дигаре пешниҳод мешавад.

Изображение

Пеш аз он, ки хазинаи маълумот созем ба мо зарур меояд, ки сохтори онро тайёр кунем. Барои сохтани маълумотҳо мо чунин рафтор мекунем. Аз равзанаи пешниҳодшуда обьекти «Таблица»-ро фаъол мекунем. Ва аз қисми болоии обьектҳо меъёри «Конструктор»-ро пахш мекунем.

Изображение

Ва дар натиҷа равзана пешниҳод мешавад. Дар ин равзана се сутун «Имя поля», «Тип данных» ва «Описание» пешниҳод шудааст. Дар сутуни «Имя поля» номи майдонҳо дохил карда мешавад, дар сутуни «Тип даннных» навъи маълумотҳо муайян карда мешавад ва дар сутуни «Описание» дар бораи номи майдонҳо эзоҳ дода мешавад. Барои сохтани хазинаи маълумотҳо чунин рафтор мекунем. Дар сатри авали сутуни «Имя поля» даромада «Код Донишҷӯ» менависем. Баъд ба сутуни «Тип данных» даромада типии майдонро муайян мекунем. Барои типро интихоб кардан тугмачаи зеринро пахш мекунем. Типии майдонҳо пешниҳод мешавад. Аз руйхати типҳо типии «Счетчик»-ро интихоб карда тугмачаи чапи мушро пахш мекунем. Дар қисми поёнӣ он ду замима дорад. Яке «Общие» ва дигар «Подстановка» ном дорад. Тугмаи «Общие»-ро фаъол карда «Индексированное поле»-ро интихоб мекунем. Аз тарафи рости он тугмачаи зерин намудор мешавад, онро пахш мекунем. Аз ҳолатҳои пешниҳодшуда «Да(совпадения не допускаются)»-ро интихоб карда тугмаи чапи мушро пахш мекунем. Пас аз он ба номгузории майдони навбатӣ мегузарем. Дар сатри дуюми сутуни «Имя поля», ному насаб менависем. Ба сутуни типҳо даромада типии онро «Текстовый» интихоб мекунем. Аз қисми поёнии равзана дарозии майдонро муайян мекунем. Яъне ба сатри «Размер поля» медароем ва рақами 20 мегузорем..

Ба ҳамин тарз типии майдонҳои боқимондаро месозем. Дар охир яке аз ин майдонҳоро майдони калидӣ интихоб мекунем. Яъне курсорро ба аввали номи майдони якум гузошта аз панели таҷҳизотҳо расми калидро пахш мекунем. Ба сохтор «Таблица1» ном гузошта равзанаро бо ёрии фармони «Закрыть» мепӯшем. Бо ҳамин хазинаи маълумотҳои мо тайёр мешавад.

Типи майдонҳо

Дар Access 9 намуди типии майдонҳо мавҷуд аст:

  1. «Текстовый». Дар чунин майдонҳо ҳамаи рамзҳои гурӯҳи тугмачаҳои асосии клавиатураро дохил кардан мумкин аст. Дар ин тип на камтар аз 2 рамз ва на зиёда аз 255 рамз дохил карда мешавад.
  2. «Поле МЕМО» Дар чунин майдонҳо маълумотҳои матнӣ дохил карда мешавад. Тақрибан 65535 рамз дохил кардан мумкин аст.
  3. «Числовой». Дар чунин майдонҳо маълумотҳои ададӣ дохил карда мешавад. Масалан 1, 2, 3, ва ғайраро ҷой кардан мумкин аст.
  4. «Дата/время». Дар чунин майдонҳо санаи рӯз, моҳ ва солро дохил кардан мумкин аст. Истифодабаранда метавонад дар ин тип аз соли 100 то соли 9999-ро дохил кунад.
  5. «Денежный». Дар чунин майдонҳо ададҳои дар шакли пулӣ навишташуда ҷой дода мешавад. Инчунин ин типро барои ҳисобҳои математикӣ истифода мебаранд.
  6. «Счетчик». Чунин майдонҳо ба таври автоматӣ бо ададҳои натуралӣ пур карда мешавад. Онҳо рақами навиштро ифода мекунад.
  7. «Логический». Дар чунин майдонҳо як аз ду қимати мантиқӣ «Да ё Нет» ҷой дода мешавад.
  8. «Поле обьекта OLE». Дар чунин майдонҳо обьектҳои буруна ҷой дода мешавад. Масалан таблитсаи электронии MS Excel, ҳуҷҷатҳои барномаи Word, рамҳо, мусиқӣ ва ғайра. То 1 гигабайт обьектро дохил кардан мумкин аст.
  9. «Гиперссылка». Дар чунин майдонҳо муроҷиат ба Web саҳифаҳо ва обьектҳои дигар ҷой дода мешавад.

Дохилкунии маълумотҳо ба хазина

Баъд аз оне, ки сохтори хазинаи маълумот тайёр шуд ва онро ном гузошта сабт кардем, дар равзана нишон бо номи «Таблица1» пайдо мешавад.

Изображение

Бо муш ин номро интихоб карда тугмачаи «Открыть»-ро пахш мекунем. Дар натиҷа равзанае пайдо мешавад.

Изображение

Ба майдони «Ному насаб» даромада ному насаби донишҷӯро менависем. Бо ҳамин тарз майдонҳои сол ва рӯзи таваллуди донишҷӯ, суроЃа, факулта, бахши донишҷӯро дохил мекунем. Дар равзана майдонҳои навишти дуюм пайдо мешавад. Онро пур карда ба нивишти сеюм ва ғайраҳо мегузарем. Намунаи пурраи хазинаи маълумотҳои донишҷӯён дар ин намуд нишон дода шудааст.

Изображение

Сохтани обьекти форма

Формаҳо обьектҳое мебошанд, ки онро асосан барои пур кардани хазинаи маълумотҳо истифода мебаранд. Барои сохтани форма ва пур кардани хазинаи маълумотҳо бо маълумотҳо чунин рафтор мекунем. Аз равзана обьекти «Форм»-ро интихоб карда тугмачаи «Создать»-ро пахш мекунем.

Изображение

Аз қисми болоии равзана «Мастер форм»-ро интихоб карда, ва аз қисми поён «Таблица1»-ро интихоб карда тугмачаи «Ок»-ро пахш мекунем. Равзана пешниҳод мешавад.

Изображение
Изображение

Дар равзана номи майдонҳо пешниҳод шудааст. Агар тугмачаи -ро пахш кунем ҳамаи майдонҳо ба тарафи рост мегузарад.

Изображение

Бо пахши тугмаи «Далее» равзанаро пӯшонида равзанаи нав ҳосил мекунем.

Изображение

Дар он намуди берунии майдонҳо пешниҳод шудааст, ки аз онҳо якеашро интихоб карда тугмачаи «Далее»-ро пахш кунем, равзанаи дигар пайдо мешавад.

Изображение

Дар ин равзана намудҳои обьектҳои «Форм» пешниҳод шудааст. Мо метавонем аз рӯйхат намуди дилхоҳро интихоб кунем. Баъд тугмачаи «Далее»-ро пахш мекунем дар натиҷа равзанаи дигаре пайдо мешавад.

Изображение

Аз равзана тугмачаи «Готово»-ро пахш кунем равзанаи дигарро ҳосил мекунем.

Изображение

Чи тавре, ки айён аст, бо маълумот пур кардани ин форма оддӣ ва қулай аст. Ҳамаи маълумотҳои ба форма дохилшаванда якбора ба ҷадвали хазинаи мвълумотҳо дохил карда мешавад.

Сохтани обьекти «Отчеты»- Ҳисоботҳо

Барои сохтани ҳисоботҳо чунин рафтор мекунем:

  1. Аз рӯйхати обьектҳо калимаи «Отчеты»-ро интихоб карда фармони «Создать»-ро пахш мекунем.
Изображение
Изображение
  1. Аз равзана «Мастер отчетов» ва аз қисми поёнии он «Таблица1»-ро интихоб карда тугмаи «Ок»-ро пахш мекунем.
Изображение
  1. Аз равзана номҳои майдонҳои даркориро яктогӣ интихоб карда тугмачаи
    Изображение

    -ро пахш кунем равзанаи дигар ҳосил

Изображение

Тугмачаи «Далее»-ро пахш кунем равзанаи дигар пешниҳод мешавад.

Изображение
  1. Пас аз он аз равзана тугмачаи «Далее»-ро чор маротиба пахш мекунем. Дар охир тугмачаи «Готово»-ро пахш карда, натиҷаи ҳисоботро дар ҳамин намуд мегирем.
Изображение

Пас аз тайёр шудани ҳисобот онро дар меъёри «Конструктор» кушода таҳрир мекунем. Сарлавҳаи ҳисобот «Таблица1»-ро нест карда баҷояш «Руйхати донишҷӯёни факултаи шарқшиносӣ» -ро дохил мекунем. Баъд аз он номҳои майдонҳоро аз ҳамдигар ҷудо карда рост мекунем. Дар охир таҳрири кардашударо бо ёрии фармони «сохратнить» сабт мекунем.

Сохтани обьекти «Запросы»-Дархостҳо

Дар барномаи Access ва инчунин дигар барномаҳое, ки бо воситаи онҳо хазинаи маълумот сохта мешавад, дархостҳо яке аз обьекти асосӣ ба шумор меравад. Бо ёрии дархостҳо маълумотҳои зарурии хазина бо осонӣ дарёфт карда мешавад. Маълумотҳо аз хазина дар асоси шартҳои пешниҳодшуда ҷудо карда мешаванд.

Дархост дар асоси хазинаи маълумот пешикӣ сохта шуда тартиб дода мешавад. Барои сохтани дархост чунин амал мекунем. Аз руйхати обьектҳо «Запросы»-ро фаъол карда аз руйхати фармонҳо «Создать»-ро пахш мекунем равзанае пешниҳод мешавад.

Изображение

Дар он меъёри «Конструктор»-ро фаъол карда тумаи «Ок»-ро пахш мекунем равзанаи дигаре пайдо мешавад.

Изображение

Аз он «Таблица1»-ро интихоб карда тугмаи «Добавить»-ро пахш мекунем, дар қисми болоии майдон руйхати номҳои майдонҳо пешниҳод мешавад. Бо ёрии тугмаи «Закрыть» равзанаи фаъолро пӯшида ба интихоби майдонҳо мегузарем. Яъне дар сатр ва сутуне, ки калимаи «поле:» навишта шудааст, курсорро гузошта мушакро пахш кунем. Руйхати майдонҳо пешниҳод мешавад.

Изображение

Аз руйхат коди донишҷӯро интихоб мекунем. Боз ба сутуни навбати гузашта ному насаб ва бо ҳамин тарз номи майдонҳои заруриро интихоб мекунем. Баъд ба сатри «Условие отбора» ва сутуни ному насаб гурсорро гузошта Иброҳимов Х менависем. Баъди пешниҳоди шарт дархостро бо ёрии фармони «сохранить» сабт карда равзанаро мепӯшем. Ба равзанаи обьектҳо даромада номи «Запрос1»-ро фаъол карда онро бо ёрии фармони «открыть» мекушоем. Равзанаи дигаре пешниҳод мешавад, ки дар он маълумотҳо барои донишҷӯ бо ному насаби Иброҳимов Х ҷой гирифтааст. Яъне аз руи шарти пешниҳодшуда маълумот дар бораи ин шахс дарёфт карда шудааст.

Изображение
2.35K
Нет комментариев. Ваш будет первым!