Ҳифзи иттилооти компутерӣ бо барномаи чорабиниҳои зиддивирусӣ

Related Articles

Нақша:

  1. Таъсири вирусҳои файлӣ ва ссенариявӣ дар системаҳои компутерӣ.
  2. Вирусҳои оғозбахш ва акровирусҳо.
  3. Чорабиниҳои зиддивирусӣ.
  4. Мафҳуми Firewall дар шабакаҳои компутерӣ.
  5. Барномаизиддивирусии Norton Antivirus (NAV)

Мувофиқи назарияи таҳаввулот, яке аз аввалин организмҳои биологӣ, ки дар сайёраи мо пайдо шудаанд вирусҳо мебошанд. Барномаҳои компютерӣ, ки мустақилона паҳн мешаванд, афзоиш менамоянд ва ба системаҳои ҳисоббарор зарар мерасонанд, низ дар ибтидои тараққиёти технологияҳои иттилоотӣ пайдо шуда, вирус номида шудаанд. Умуман, ба он саволе, ки вирусҳо кай, барои чӣ ва аз тарафи кадом шахс аввалин маротиба навишта шудаанд, љавоби саҳеҳ ва аниқро ёфтан душвор аст. Аз ибтидои пайдоиши технологияҳои иттилоотӣ миллионҳо истифодабарандагон ба компютер сарукор доранд ва албатта дар ин қатор барноманависони касбии зиёде низ дучор мешаванд. Бо баробари ин, таърих ҳодисаҳоеро сабт намудааст, ки расман бо «шарофати» онҳо, бо ин ё он тарз мафҳуми ба ҳар як навомӯзи фаъоли имрӯза маълуми – вируси компютерӣ пайдо шудааст.

Ҳоло муҳориба бар зидди вирусҳо хеле босуръат рафта истодааст. Аз рӯи маълумотҳои тахминии мутахассисон, зуддии пайдоиши вируси нав соли 1999 – дар як соат як вирусро ташкил медод, соли 2000 – як вирус дар 3 дақиқа ва соли 2001бошад, ҳар 30 сония як вирус навишта мешуд. Аз чунин суръати пайдоиши вирусҳо вазъияти љориро тасаввур намудан мушкил нест.

Вирусҳои файлӣ

Дар вирусҳои файлӣ коди зарарнок ба дохили файлҳои иљрошаванда навишта мешавад ва бо ҳамроҳии ин файл ба кор медарояд. Дар навбати аввал, вируснависон амали ба дохили файл навиштани вирусро худ иљро менамоянд. Дар оянда, вируси фаъолгашта нусхаи худро ба дигар файлҳои иљрошаванда (.EXE, .COM), китобхонаҳои протседурахо (.DLL) ва ғ. менависад.

Асосан паҳншавии вирусҳои файлӣ якљоя бо файлҳои барномаҳо ва китобхонаҳои протседураҳо амалӣ мегардад. Бинобар он, барои аз чунин вирусҳо ҳифз намудани компютер қабл аз истифодабарии дилхоҳ файли барандаи магнитии нав онро бо барномаи зиддивирусӣ санљидан лозим аст.

Алгоритми кори вируси файлӣ

Одатан, ҳар як вирус пас аз ба кор даромадан амалиётҳои гуногунро иљро менамояд. Ҳоло, ба таври умумӣ амалиётҳои асосии вирусҳоро меорем, ки пас аз гирифтани идоракунӣ иљро менамоянд.

Вируси резидентӣ дар хотираи фаврии компютер нусхаи худро љустуљӯ намуда, дар ҳолати дарёфт нашудани он ба хотира нусхаи худро менависад (сироят мекунад).

Вируси ғайрирезидентӣ файлҳои сироятнашударо дар бастаи љорӣ ё дар бастаҳое, ки бо фармони PATH муайян шудаанд, љустуљӯ менамояд, дарахти бастаҳои дискҳоро ошкор мекунад ва пас, файлҳои дарёфтшударо сироят мекунад.

Ғайр аз ин, вирусҳо функсияҳои иловагиро (агар дошта бошанд) низ иљро менамоянд – амалиётҳои зараровар, эффектҳои графикию овозӣ ва ғ. Функсияҳои иловагии вируси резидентӣ, мумкин аст, пас аз гузаштани якчанд муддат – баъди фаъол гардидани он иљро гардад, ки вобаста аз вақти љорӣ, конфигуратсияи система, хусусияти вирус ва дигар шартҳо мебошад. Дар ин вақт, ҳангоми амалиёти худ, вирус ҳолати соатҳои системавиро коркард менамояд, ҳисобкунакҳои худро ба кор медарорад ва ғ. Дар охир идоракунӣ ба барномаи асосӣ (агар бошад) баргардонида мешавад. Дар навбати худ агар вирус – паразитӣ бошад, он;

  • файли барномаро сиҳат намуда иљро менамояд ва пас боз сироят мекунад;
  • ё ин, ки барномаро то ҳолати аввалааш барқарор менамояд (масалан, барои EXE-барнома суроғаи ҳақиқии ибтидоии он ҳисоб карда мешавад, барои COM-барнома якчанд байтҳои аввалин барқарор мешаванд ва ғ.).

Тарзи барқарор намудани барнома аз намуди сирояткунии файл вобаста мебошад. Масалан, агар вирус дар ибтидои файл љойгир бошад, пас он коди барномаро ба якчанд байт, ки ба андозаи вирус баробар аст, мекӯчонад. Инчунин, дар ҳолати мазкур вирус метавонад қисми коди охири барномаро ба ибтидои он љойгир намояд ё файлро дар диск барқарор намуда, баъд иљро намояд. Агар вирус ба охири файл љойгир шуда бошад, пас дар ин ҳолат, он маълумотҳои доир ба барнома дар худ доштаашро (дарозии файл, байтҳои аввалини COM-файл ё EXE-файл ва ғ.) истифода мебарад. Агар вирус ба мобайни файл љойгир шуда бошад, пас барои барқароркунии файл алгоритмҳои мушаххас истифода мешаванд.

Вирусҳои оғозбахш

Номи вирусҳои оғозбахш (Загрузочные вирусы) мувофиқи тарзи дохилшавии онҳо ба компютер гузошта шудааст. Онҳо коди барномавӣ мебошанд, ки дар сектори оғозбахши барандаи магнитӣ љойгир мешаванд.

Маълум аст, ки ҳар як диск дорои сектори оғозбахш мебошад. Агар диск системавӣ бошад, пас дар сектори оғозбахши он коди барномае ҳаст, ки ба хотира навишта шудани системаи оператсионӣ ва ба кор даромадани онро таъмин менамояд. Вирусҳо дар сектори оғозбахш ба таври махсус љойгир мешаванд, ки ҳангоми аз диск ба кор даровардани системаи оператсионӣ аввал вирус ва баъд, системаи оператсионӣ ба кор медарояд. Пас аз ин, вирус нусхаи худро ба тамоми барандаҳои магнитии дастрас буда, ки дар онҳо амали сабтнамоӣ иљозат дода шудааст менависад. Ҳамин тавр, афзоиши вируси оғозбахш амалӣ мегардад.

Барои манъ кардани дохилшавии чунин вирусҳо имконияти аз барандаҳои локалӣ ба кор даромадани системаи оператсиониро дар BIOS манъ намудан мумкин аст. Бо чунин амали оддӣ компютерро аз вирусҳои оғозбахш ҳифз намудан мумкин аст ва бинобар он, дар муддати маҳдуд чунин вирусҳо қариб пурра маҳв шуданд. Ҳоло, эҳтимолияти дучоршавӣ бо чунин вирусҳо на он қадар калон мебошад.

Макровирусҳо

Макровирусҳо асосан, пас аз пайдоиши имкониятҳои нави барномаҳое, ки забони барноманависии Visual Basic for Application (VBA)-ро дастгирӣ менамуданд, ба вуљуд омаданд. Масалан, соли 1995 ширкати Microsoft барои протсессори машҳури худ – Microsoft Word технологияи макрофармонҳоро тавассути ба барнома насб намудани забони барноманависии VBA амалӣ намуд. Вируснависон фавран ин имкониятро барои мақсадҳои ғаразноки худ истифода мебаранд ва солҳои 1995 – 2000 ба давраи макровирусҳо табдил меёбад.

Ҳангоми ба кор даромадани макровирус сироятшавии қолибҳо (шаблон), ки дар асоси онҳо дар протсессори матнӣ ҳуљљатҳо тартиб дода мешаванд, ба вуљуд меояд. Масалан, бо сироятшавии қолиби Normal.dot ҳамаи ҳуљљатҳои протсессори матнӣ, ки дар компютери додашуда тартиб дода ё ислоҳ карда шудаанд, сироят мешаванд.

Ҳоло, давраи макровирусҳо гузашта истодааст, лекин бо вуљуди он чунин вирусҳо хеле зиёданд. Барои аз чунин вирусҳо ҳифз намудани компютер якчанд тарзҳои асосии пешгирии сироятшавиро қайд намудан мумкин аст:

  • истифодабарии протсессори матнии Microsoft Word 2010 ё ақаллан Microsoft Word 2003-2007;
  • истифодабарии қолиби худ;
  • дар оинаи «Параметры» («Сервис => Параметры») фаъол гардонидани қисми «Запрос на сохранение шаблона Normal.dot»;
  • мунтазам мукаммал намудани барномаи зиддивирусӣ ва ба мављудияти вирус санљидани компютер.

Вирусҳои ссенариявӣ

Вирусҳои ссенариявӣ асосан пас аз пайдоиши серверҳои ссенариявии Windows Scripting Host (WSH) пайдо шуданд. Чунин восита аз соли 1998 инљониб ба системаҳои оператсионии Windows 98/Ме/2000 насб карда шудааст. Он бо мақсади идоранамоии масофавии компютерҳои назоратшаванда, ҳамчун воситаи ёрирасон барои маъмурони шабакаҳо пешбинӣ шуда буд.

Масалан, вируси ссенариявӣ, ки нақшаи (ссенарияи) кори сервери WSH-ро дар бар дорад метавонад, тавассути Web-саҳифа ё почтаи электронӣ ба компютер ворид гардад. Мувофиқи фармонҳои ссенария сервер коди зараррасонро тартиб дода, ба таври автоматикӣ ба кор даромадани онро ҳангоми оғози кори компютер таъмин менамояд.

Барои пешгирӣ намудани компютер аз сироятшавӣ бо чунин вирусҳо, як қатор чораҳоро андешидан лозим аст. Ба ин қатор дохил мешаванд:

  • истифодабарии барномаҳои зиддивирусии навтарин;
  • омоданамоии барномаи Internet Explorer ба маҳдуд намудани кори ссенарияҳои фаъол;
  • хеле эҳтиёкорона муносибат намудан бо мактубҳои бегонаи почтаи электронӣ ва ғ.

Вирусҳои почта ва хазандаҳои шабакавӣ

Ҳоло, мутаасифона вирусҳои хеле зиёде пайдо шудаанд, ки бо осонӣ ба компютер дохил шуда метавонанд. Барои чунин вирусҳо ба шабака пайваст будани компютер кифоя аст. Пас аз сироятшавӣ компютери мазкур барои дигар компютерҳои шабакаи глобалӣ манбаи сироятшавӣ мегардад.

Гарчанде, воситаҳои зиддивирусӣ низ тараққӣ карда истодаанд, ба ҳимояи пурраи компютер кафолати қатъӣ дода намешавад. Принсипи кори вирусҳои мазкур ба баъзе хусусиятҳои амалиётҳои автоматикии системаҳои оператсионии серверӣ ва мизољӣ асос ёфтааст. Барои то ҳадди имкон хурд намудани эҳтимолияти пайдошавии чунин вирусҳо риояи якчанд қоидаҳои бехатарӣ мақсаднок аст.

  • Ба минимум расонидани кори ссенарияҳои фаъол ва элементҳои ActiveX.
  • Љорӣ намудани рељаи қатъии мубодила тавассути почтаи электронӣ.
  • Барои кор бо почтаи электронӣ бештар истифода намудани имкониятҳои системаҳои почтавии Web-Mail.
  • Бо Интернет танҳо дар ҳолати фаъол будани брандмауэр (файерволл) кор кардан лозим аст.
  • Бо Интернет танҳо дар ҳолати фаъол будани ҳимояи зиддивирусӣ кор кардан лозим аст.
  • Мунтазам мукаммал намудани барномаи Internet Explorer ё дигар Web-намоишгар.

Қайд менамоем, ки мукаммал намудани барномаи мазкур то ду ҳафта баъд аз баромадани навъи мукаммалшуда нисбатан бехавф буда, пас аз ин муддат, ҳуљумҳои вирусӣ оғоз мешаванд. Чунин ҳолатро шарҳ додан мумкин аст.

Яъне, нуқсонҳои системаи оператсиониро мутахассисони соҳаи амнияти иттилоотӣ ошкор менамоянд ва маълумотҳои ҳосилнамудаашонро ба ширкатҳо-истеҳсолкунандагони ин система ирсол менамоянд. Одатан, пас аз баромадани навъи мукаммалшудаи маҳсулоти барномавӣ маълумотҳо оиди нуқсонҳои ислоҳшудаи он ба доираи васеъи хоҳишмандон дастрас шуда метавонанд. Дар ҳамин давра – вақте, ки вируснависон аз нуқсонҳои системаи мушаххас огоҳ гардида, истифодабарандгон ҳоло барномаҳои худро мукаммал накардаанд, эҳтимолияти муваффақияти ҳуљумҳои вирусӣ хеле калон мешавад.

Троян чист?

Троян гуфта, ҳоло барномаеро дар назар доранд, ки одатан худро ҳамчун барномаи безарар ва хеле муҳим вонамуд месозад. Чӣ тавре, ки пай бурдан мумкин аст, дар асл худи калимаи «троян» аз ибораи «аспи Троянӣ»-и ривоятҳои Юнони қадим сарчашма гирифтааст. Ҳоло бошад, калимаи мазкур бештар бо калимаи «вирус» алоқаманд аст. Вирусҳои троянӣ – барномаҳое мебошанд, ки як қатор амалиётҳои ноаён, вале зарароварро дар компютер иљро менамоянд. Масалан, онҳо метавонанд бе иљозат маълумотҳои як компютерро барои дигар компютер дастрасшаванда намоянд (BackDoor). Инчунин троянҳо метавонанд худ маълумотҳои лозимиро аз компютери љабрдида ба суроғаи муайян ирсол намоянд (Trojan.PSW).

Умуман, вирусҳои троянӣ пас аз воридшавӣ ба компютер амалиётҳои гуногунро иљро намуда метавонанд. Мисолҳои амалиётҳои нисбатан безарар – ҳаракатдиҳии лонаи CD-ROM, ҳаракатдиҳии нишондиҳандаи мушак, баровардани ахборотҳои гуногун ва ғ. шуда метавонанд. Лекин, онҳо асосан амалиётҳои манфиро иљро менамоянд, ба монандӣ – вайрон кардан ё нобуд намудани маълумотҳои файл, тағйирдиҳии файл, форматиронии диск ва ғ.

Троянҳо ба компютер бо роҳҳои гуногун ворид шуда метавонанд. Лекин, сабаби асосии бо вирусҳои троянӣ сироятнок шудани компютер – ин беаҳамиятӣ мебошад, яъне, риоя нашудани бехатарии зиддивирусӣ аз тарафи истифодабарандаи МЭҲ. Аз ҳама роҳи машҳуртарини бо троянҳо сироятнок шудани компютер – ин бо маълумотҳои аз шабакаи Интернет ба компютер воридшаванда ворид шудани он мебошад.

Агар ба компютер вирусҳои троянӣ ворид шуда бошанд, зоҳиран аз рӯи кори компютер онро ошкор намудан хеле душвор аст. Бинобар он, мунтазам истифода бурдани барномаҳои зиддивирусӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Баъзе истифодабарандагон мумкин аст саволе диҳанд, ки оё мављудияти троянҳоро аз рӯи маълумотҳои реестр ошкор намудан мумкин аст? Љавобан қисмҳои мувофиқи реестрро меорем:

HKEY_CURRENT_USER\Software\Microsoft\Windows\CurrentVersion\Run
HKEY_LOCAL_MACHINE\Software\Microsoft\Windows\CurrentVersion\Run
HKEY_LOCAL_MACHINE\Software\Microsoft\Windows\CurrentVersion\Run Services HKEY_USERS\.DEFAULT\Software\Microsoft\Windows\CurrentVersion\Run

Илова бар ин, дар файлҳои намуди «*.ini» низ мављудияти троянҳоро ошкор намудан мумкин аст. Масалан, дар файли Win.ini, сатрҳои – «run =» ва «load =».

Агар, вирусҳои трояниро дарёфт намуда бошед, дар аксарияти мавридҳо онҳоро бевосита ба мисли файли оддӣ тоза кардан имконнопазир аст. Бояд пеш аз ҳама маълумотро дар реестр ё файле, ки ба он ишора менамояд тоза намуда, компютерро такроран ба кор дароред. Баъд аз ин, одатан хориљ намудани онҳо имконпазир мегардад.

Чорабиниҳои зиддивирусӣ

Ҳоло, воситаи зиддивирусӣ, ки ба ҳимояи компютер кафолати мутлақ дода метавонад мављуд намебошад. Барои пурра ҳимоя намудани компютер бояд, ки вирусҳо умуман навишта нашаванд ё компютер умуман кор накунад. Чӣ тавре, ки маълум аст, вирус – ин барномаи зараррасоне мебошад, ки худ аз худ дар қаъри компютер пайдо намешавад, балки аз тарафи барноманависони сатҳҳои гуногун навишта мешавад. Вирусҳои компютерӣ бешубҳа ба қатори барномаҳои зараррасони машҳуртарин дохил мебошанд, зеро қариб ҳар як шахс новобаста аз ихтисоси худ мављудияти онҳоро медонад. Аз дигар барномаҳои зарарарасон вирусҳои компютерӣ бо ду хусусияти худ фарқ мекунанд:

  1. Ба таври ноаён ба компютер ворид мешаванд.
  2. Имконияти ҳосилнамоии нусхаи худро доранд, ки одатан афзоиш номида мешавад.

Дар љаҳон ҳар рӯз садҳо вирусҳои нав навишта мешаванд. Вирусҳои дар ҳақиқат хавфнок ё вирусҳои сатҳи нав дар фосилаи якчанд моҳҳо пайдо мешаванд.

Пас аз ба компютер ворид шудани вирус чунин ҳодисаҳоро мушоҳида намудан мумкин аст:

  • калон шудани ҳаљми файлҳои диски сахт;
  • хурд шудани ҳаљми хотираи фаврӣ ва суръати пасти кори компютер;
  • тағйирёбии миқдори файлҳо ва атрибутҳои онҳо;
  • вайроншавӣ ё умуман нобуд шудани маълумотҳои дар диски сахт нигоҳдошташаванда;
  • пайдо шудани ахборотҳо ва овозҳои барои барномаҳо бегона;
  • нодуруст иљро шудани амалиётҳо дар барнома;
  • кор накардани компютер.

Барои таъмини ҳимояи мукаммали компютер аз таъсири вирусҳо, чунин самтҳои чорабиниҳои зиддивирусиро қайд намудан мумкин аст:

  • ҳимояи қиматҳо;
  • профилактикаи зиддивирусӣ;
  • бартараф намудани ҳуљумҳои вирусӣ.

Ҳимояи қиматҳо – ин маљмӯи чорабиниҳое мебошанд, ки барои пешгирии нобудшавии қиматҳо, новобаста аз сабаби он гузаронида мешаванд. Намуди асосии он – нусхагирии захиравии қиматҳо мебошад, ки новобаста аз натиљаҳои таъсири вирус қиматҳоро аз нобудшавӣ нигоҳ медорад. Пас аз ҳуљуми вирусӣ ва қабл аз барқарорнамоии қиматҳо боварӣ ҳосил намудан лозим аст, ки нусхаи захиравӣ бо вирусҳо сироят нашудааст. Ҳимояи қиматҳо – яке аз воситаҳои самараноктарини амалиёти зиддивирусӣ буда, барои ҳамаи ҳолатҳо тавсия мешавад. Яке аз хатогиҳои паҳншудаи истифодабарандагони камтаљриба – надоштани нусхаҳои захиравии қиматҳо ва боварии мутлақ ба барномаҳои зиддивирусӣ мебошад.

Профилактикаи зидивирусӣ – ин маљмӯи чорабиниҳои ташкилотӣ мебошад. Чорабиниҳои мазкур барои то ҳадди имкон хурд намудани эҳтимолияти воридшавии вирус ба компютер, ва дар ҳолати воридшавӣ – бартараф намудани эҳтимолияти фаъолгардонии он пешбинӣ шудаанд. Барои ҳар як намуди вирус чорабиниҳои мушаххас андешидан лозим аст.

Бояд қайд намоем, ки профилкатикаи зиддивирусии мутлақ – ин бартараф намудани тамоми алоқаҳои компютер бо љаҳони беруна мебошад. Он, имконияти пайвастшавӣ ба Интернет ва насбнамоии барномаҳои навро инкор менамояд. Албатта, чунин реља ба рељаи фаъолияти компютерҳои ҳозира тамоман мувофиқ намебошад.

Умуман, дилхоҳ файли иљрошавандаи бегона ба бехатарии компютер таҳдид карда метавонад. Дараљаи хавфнокии файл аз манбаъҳои пайдоиши он вобастагии калон дорад:

  • Тамоми маводҳои тавассути почтаи электронӣ ва Web-саҳифаҳои бегона дастрасшуда эҳтимолияти ҳуљуми вирусиро хеле баланд мебардоранд.
  • Истифодабарии ғункунандаҳои компютерии тасодуфан дастрасшуда, низ хавфнок аст.
  • Тавассути шабакаи Интернет барномаҳои зиёдро дастрас намудан мумкин аст ва дар аксарияти ҳолатҳо ин барномаҳоро муаллифон пешниҳод намудаанд. Ҳангоми дастрас намудани барномаҳои мазкур ҳар як истифодабаранда бояд дар хотир дошта бошад, ки ӯ ба шахси тамоман бегона боварӣ карда истодааст. Лекин, дар ҳолати устувор ва ба ҳамагон маълум будани Web-саҳифаҳои мазкур эҳтимолияти ҳавфи таъсироти вирусӣ камтар мегардад.
  • Барномаҳои тавассути Web-саҳифаҳои расмӣ паҳншаванда низ нисбатан бехавф мебошанд, зеро одатан барномаҳои чунин саҳифаҳо аз коркарди зиддивирусии ибтидоӣ гузаштаанд.
  • Маводҳои барномавӣ, ки аз намояндагони ширкатҳо-истеҳсолкунандагон ба таври расмӣ дастрас шудаанд, амалан бехавф мебошанд. Зеро дар дигар ҳолатҳо ба обрӯю эътибори ширкат хавфи љиддӣ таҳдид менамояд.

Firewall чист?

Firewall барои тамоми онҳое, ки шабакаи Интернетро истифода мебаранд зарур мебошад. Набудани чунин восита Web-серфинг (сайру гашт дар Интернет-саҳифаҳо)-ро барои компютери шумо хатарнок мегардонад.

Firewall – ин барномае, ки компютери шуморо аз ҳама гуна хатарҳои дар шабака пайдошаванда ҳимоя менамояд. Аксарияти чунин хатарҳо асосан бо вируснависон ва хакерҳои аз љихати ахлоқӣ заифшуда алоқаманд мебошанд, ки кори мӯътадили истифодабарандагони шабакаро халадор месозанд. Сабаб дар он аст, ки системаҳои оператсионӣ то ҳол мутлақо мукаммал нашудаанд ва хакерҳо љойҳои номукаммали системаи оператсиониро ғаразнок истифода мебаранд. Тавассути чунин љойҳои номукаммали системаи оператсионӣ вирусҳо ва троянҳо ба компютер ворид шуда, амалиётҳои зараровари худро – рабудани файлҳои муҳим, вайрон намудани системаи оператсионӣ, тоза кардани диски сахт ва ғ. иљро намуда метавонанд.

Бар зидди чунин амалиётҳо барномаҳо-файерволлҳо – firewalls мављуд мебошанд. Firewall – калимаи англисӣ буда, маънояш девори оташин мебошад. Барномаи Firewall компютери шуморо аз воридшавии вирусҳо, троянҳо ва дигар барномаҳои зараррасон нигоҳ медорад. Файерволлҳо инчунин, як қатор функсияҳои иловагиро дар бар мегиранд, ки имкониятҳои қулайи кор бо Интернетро медиҳанд, ба монанди – манъи эълонҳо ва оинаҳои кушодашавандаи иловагӣ, кэширонии DNS ва ғ.

Масалан, барномаҳо-файерволлҳои Norton Internet Security ва Outpost Firewall мисоли чунин барномаҳо мебошанд.

Қайд менамоем, ки аз навъи Windows ХР оғоз намуда системаи оператсионии Windows бо файерволи хоси насбшуда муљаҳҳаз мебошад, ки БрандмауэриИнтернет номида мешавад. Бо вуљуди он, истифодабарии Norton Internet Security ё Outpost Firewall тавсия мешавад.

Барномаҳои зиддивирусӣ

Барномаи зиддивирусии Касперский (KAV)

Яке аз барномаҳои зиддивирусии машҳури русӣ мебошад, ки асосан дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн гаштааст. Дар миқёси байналхалқӣ низ он ба баҳои баланд соҳиб гаштааст. Базаи вирусии барномаи мазкурро тавассути шабакаи Интернет ҳар рӯз мукаммал намудан мумкин аст.

Умуман, барномаи мазкур афзалиятҳои зиёд дорад ва тамоми талаботҳои стандартии барои барномаҳои зиддивирусӣ пешбинишударо қонеъ гардонида метавонад. Норасоии асосии барнома – суръати пасти кори он мебошад.

Барномаи зиддивирусии Dr.Web

Тақрибан 8-10 сол муқаддам, дар давраи MS DOS барномаи зиддивирусии Dr.Web аз лабораторияи Игор Данилов байни чунин барномаҳои русӣ бешубҳа љои аввалро ишғол менамуд. Лекин, аз сабаби саривақт мутобиқ шуда натавонистан ба Windows, якчанд сол барномаи мазкур шӯҳрати худро каму беш аз даст дода буд. Солҳои охир бошад, асосан аз сабаби баланд шудани нархҳои барномаҳои зиддивирусӣ, барномаи Dr.Web љои якуми худро такроран ишғол намуда истодааст.

Яке аз афзалиятҳои асосии барнома – ин суръати баланди кори он мебошад. Ғайр аз ин, Dr.Web яке аз аввалинҳо шуда ба Windows ХР мутобиқ шудааст. Базаи вирусии барномаи мазкурро тавассути шабакаи Интернет ҳар рӯз мукаммал намудан мумкин аст.

Барномаи зиддивирусии Norton Antivirus (NAV)

Барномаи мазкур маҳсулоти ширкати Symantec буда, мувофиқи ақидаҳои мутахассисон дорои намуди зоҳирӣ ва структураи мантиқии беҳтарин мебошад. Базаи вирусии он нисбатан калон аст.

Ба қатори норасоиҳои барнома паст будани суръати кори он ва љои калони ишғолшудаи хотираи фаврӣ дохил мешаванд.

Сирркалима (рамзи ошноӣ, «пароль») ва эҳтиёт намудани он

Барои онҳое, ки тавассути модем ба шабакаи глобалӣ пайваст мешаванд, масъалаи рабуда шудани сирркалимаи шабакаро дастраскунанда актуалӣ аст. Мавзӯи мазкур танҳо барои чунин истифодабарандагон пешбинӣ шудааст ва онҳое, ки ба шабака тавассути шабакаи локалӣ ё хати алоҳида дастрас мешаванд, ин масъала на он қадар актуалӣ мебошад, гарчанде баъзе маслиҳатҳо барои онҳо низ лозим шуда метавонанд.

Адабиётҳои истифодашуда:

  1. А.О. Цуканова, С.Б. Смирнов «Экономика защиты информации» Учебное пособие – СПБ ГУИТМО, 2007 – 259 с.
  2. Е.В. Бережная, В.И. Бережной «Математические методы моделирования экономических систем» Учебное пособие – М.: 2003,, 386 с.
  3. В. Жельников. Криптография от папируса до компьютера. – М., ABF, 1996.
  4. Ульман Д. «Введение в системы базы данных» Москва: Лори 2000с. 374с.
  5. Дейт К. «Введение в системы базы данных» Киев, диалектика 1998г., 784с.
544
Нет комментариев. Ваш будет первым!