Чобаҷогузории коркарди ҳуҷҷатҳои махфӣ дар корхонаҳо

Related Articles

Накша:

1. Ҳуҷҷатҳои асосии корхона барои таъминоти бехатарии иттилоот

2. Устави корхона барои ҳимояи сирри тиҷоратӣ

Барои таъмин намудани бехатарии сарчашмаҳои информатсионӣ, ҳуҷҷатҳои корхона, ки бо давлат ва аҳли коллективи кормандон дар асоси ҳуқуқ бояд аҳамияти ҷиддӣ дод.

Ба ҳуҷҷатҳои асосӣ дохил мешаванд:

  1. Қонуну қоидаҳои корхона, ки таъмини бехатарии ҳимояи информатисияро мустаҳкам менамояд;
    1. Шартномаҳои меҳнатӣ бо кормандони корхона нисбати бехатарии информатисияҳо ва сирри тиҷоратӣ;
    1. Қоидаҳои дохилии меҳнатии кормандон;
    1. Вазифаҳои роҳбарият, мутахассисон ва ҳайати коркунони корхона;

Ин ҳуҷҷатҳо барои ҳифзи бехатарии корхона нақши асосиро

мебозад.

Дар устави корхонаҳо бояд чунин иловагиҳоро ҳамроҳ намуд:

  • Ташкилот ё корхона ҳуқуқ дорад, ки ҳайат ҳаҷм ва дурустии ҳимояро муайян кунад; аз кормандони худ таъминоти бехатариро талаб кунад;
  • Бояд, ки сирру асрори тиҷоратиро махфӣ нигоҳ дорад;
  • Ҳайат ва ҳаҷми информатисияро, ки сирри тиҷоратии махфиро дорост бояд, ки муайян намуда, назорат кунад;
  • Ҳуқуқ дорад, ки информатсияи сирри тиҷоратӣ доштаро пешниҳод нанамояд;
  • Роҳбар ҳуқуқ дорад, ки вазифаҳои бо дифои информатсия вобаста бударо ба кормандон пешниҳод намояд.

Дохилкунии чунин иловагиҳо ба маъмурият ҳуқуқ медиҳад:

1. Барои ҳимояи сирри тиҷоратӣ сохтори ташкилотиро тартиб диҳанд;

2. Ҳуҷҷатҳои нормативиро, ки ҷо ба ҷогии маълумотҳои махфиро

муайян мекунад, кор карда бароянд;

  • Ба ҳама гунна шартномаҳо талаботҳои бехатарии сирри тиҷоратиро

ҳамроҳ намуда, ба назар гиранд;

  • Ҳимояи манфиати корхонаро дар назди давлат ва органҳои судӣ талаб намояд;
  • Информатсияҳоеро доро бошад, ки баҳри фоида ва бехатарии иқтисодии корхона ва коллективи корхона кор фармуда шавад;

Ба ғайр аз ин корхона бояд «Номгӯи маълумотҳоро, ки сирри тиҷоратиро тартиб медиҳад»и коркард кунад. Ин номгӯйро бояд махсус комиссияҳое, ки дорои мутахассисони баландихтисоси ҳар гуна самтҳои корхона буда, назорат кунанд.

Ба ҳайати комиссия бояд роҳбарони хизматии дифои информатсия дохил карда шуда бошанд. Комиссия бо фармони роҳбари корхона таъин карда мешавад.

Дар ин фармон инчунин механизми умумӣ ва мӯҳлати коркарди номгӯй муайян карда мешавад. Коркарди номгӯй инчунин ба компютерҳои экспертии корхона, ки қимматнокии ҳуҷҷаиҳоро экспертиза мекунад, агар ба он талабот бошад.

Якум марҳилаи кори комиссия дар асоси таҳлили ҳамаи самтҳои корхона ва ҳайати корхона, ки дар он информатсияҳо давр зада меистанд, бо ҳар воситаҳо ва бо ҳар гунна намудҳо, бо баҳисобгирии тараққиёти корхона ва муносибати он бо ҳамкорон (партнер) характери иловагии информатсияро муайян мекунад. Ҳамаи ин информатсияҳо аз рӯи нишонаҳояшон классификатсия карда мешаванд.

Дар дуюм марҳила кадоме аз информатсияи ба дастовардашуда махфӣ буданашро ва ба сири тиҷоратӣ дохил шуданашро муайян мекунад.

Корманд бояд он маълумоти махфие, ки дар натиҷаи кор кардан, бохабар шудааст, бояд махфӣ нигоҳ дорад. Дар ҳолати вайрони кардани қоидаи дифои информатсия аз рӯи қоидаҳои дохилӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Корхона бояд дастурамали ӯҳдадориҳои кормандонро коркард кунад, ки он ҳуҷҷатҳои зарурии ҳуқуқӣ-ташкилотӣ ба ҳисоб меравад. Чунин ҳуҷҷат бояд чунин қисмҳоро доро бошад:

  1. Ҳолати умумӣ
  2. Уҳдадориҳои кормандон
  3. Ҳуқуқ

Ӯҳдадориҳои кормандонро роҳбарият тасдиқ мекунад.

Дар охир корхона бояд «Забонхат оиди аз ҷои кор холӣ шудан» -ро коркард кунад. Ҳолатҳое мешаванд, ки корманд корхонаро тарк мекунад ва чунин лаҳзаҳоро бояд дар вақти ба кор қабул кардани корманд ба назар гирифт, то ин ки информатсияҳои махфии корхона баъд аз кор рафтани корманд ба ҳар куҷо паҳн нагардадАдабиётхо:

  1. Асосҳои технологияҳои иттилоотии муосир Шокиров Ф., Шамсиев А., Самеев М. Хуҷанд; 2005
  2. Акулов О.А. Информатика: базовый курс: учеб. для студентов вузов, бакалавров, магистров. – 4-е изд., стер. – Москва: Омега-Л, 2007.-560с.
  3. Анин Б.А. Защита компьютерной информации. – СПб.: БХВ-Петербург. 2000.- 384с.
  4. Завгородний В.И. Комплексная защита информации в компьютерных системах: учебное пособие. М.: Логос; ПБОЮЛ Н.А.Егоров, 2001. – 376 с.
  5. Ловцов Д.А. Контроль и защита информации в АСУ; в 2 кн. Кн.1. Вопросы теории и применения. М.: ВА им. Ф.Э. Дзержинского, 1991. 587 с.
  6. Постатейный Комментарий к Уголовному кодексу РФ 1996 г. (под ред. Наумова А.В.).
  7. Соболь Б.В., Галин А.Б., Панов Ю.В., Рашидова Е.В., Садовой Н.Н. Информатика: Учебник. – Ростов н/Д: Феникс, 2005. – 448 с.
  8. Торокин А.А. Основы инженерно-технической защиты информации
292
Нет комментариев. Ваш будет первым!