Замимаҳои консолӣ

Related Articles

  1. Инструксияҳои write ва writeln
  2. Инструксияҳои read ва readln
  3. Тартиб додани замимаҳои консолb

Хулоса ва мустаҳкамкунии дарс

Адабиёт

1. Зелковиц М., Шоу А., Гэннон Дж. Принципы разработки программного

обеспечения / Пер. с англ. — М.: Мир, 1982. — 386 с., ил.

2. Фокс Дж. Программное обеспечение и его разработка / Пер. с англ. — М.: Мир,

1985. – 368 с., ил.

3. Фаронов В.В. Система программирование Delphi. – СПб.: БВХ Петербург, 2003.

– 912 с.: ил.

4. gluk.webhost.ru/delphi.html

  1. Инструксияҳои write ва writeln

Пеш аз оне, ки чи хел барои тартиб додани замимаҳои консолb шуруъ кунем, инструксияие, ки барориши информатсияро дар экран ва дохилкунии маълумотро бо клавиатура таъмин мекунад, дида бароем.

Инструксияи write барои ба экрани монитор баровардани қимати таѓирёбанда пешбини шудааст. Баъди калимаи write дар қавс руйхати таѓирёбандаҳо дода мешаванд, ки қиматҳои онҳо бояд бароварда шаванд. Ѓайр аз номи таѓирёбандаҳо дар руйхат матнро ҳам дар «нухунаки яккарата -‘’», ки ин хабардиҳиро мефаҳмонад, дохил кардан мумкин аст.

Мисол:

write(Summa);

write(‘Натиҷаи ҳисобкунb’);

write(‘Решаҳои муодила. xl=’, xl, ‘ х2=’, х2);

Баъди номи таѓирёбанда ба воситаи «ду нуқта» формати майдони барориши қимати таѓирёбандаро ҷойгир кардан мумкин аст.

Барои таѓирёбандаи типи Integer формат – ин адади бутун мебошад, ки он паҳмии майдони бароришро медиҳад (миқдори мавқеъ дар экран).

Мисол, инструксияи

write(d:5);

нишон медиҳад, ки барои барориши қимати таѓирёбандаи d 5 мавқеъ истифода бурда мешавад.

Барои таѓирёбандаи типи Real формати он ба худ ду адади бутунеро, ки ба воситаи «ду нуқта (:)» ҷудо шудааст мегирад. Адади якум паҳмии майдони бароришро муайян мекунад. Адади дувум бошад миқдори рақамҳои қисми касрии ададро.

Мисол, бигузор таѓирёбандаҳои x1 ва х2 -и типи real мувофиқан қиматҳои 13.25 ва -0.3401 -ро дошта бошанд, онгоҳ дар натиҷаи иҷроиши инструксияи

write(‘xl=’,x1:5:2,’ х2=’, х2:12)

дар экран қиматҳои зерин бароварда мешавад:

x1=13.25 х2=-3.40100Е-01.

Инструксияи writeln аз инструксияи write фақат дар он фарқ дорад, ки баъди барориши хабардиҳb ё ин ки қимати таѓирёбанда курсор ба аввала сатри оянда гузаронида мешавад. Мисол, агар қимати таѓирёбандаи x1 адади -3.561ва таѓирёбандаи х2 адади 10.345 бошад, онгоҳ дар натиҷаи иҷроиши инструксияи

writein(‘Қимати решаҳои муодила:’);

writeln(‘x1=’,x:7:3);

writein(‘х2=’, х:7:3);

дар экран бароварда мешавад:

‘Қимати решаҳои муодила:

xl=-3.5610

х2= 10.345

2. Инструксияҳои read ва readln

Инструксияи read барои дохил кардани қимати таѓирёбанда (маълумоти аввала) ба воситаи клавиатура пешбини шудааст.

Дар намуди умуми инструксия чунин аст:

read (Таѓирёбандаи 1, Таѓирёбандаи 2, … Таѓирёбандаи N)

дар ин ҷо;

номи таѓирёбанда – номи таѓирёбандае, ки қимати он бояд дар вақти иҷроиши программа ба воситаи клавиатура дохил карда шуда бошад.

Мисол оид ба навишти инструксияи read меорем:

read(a); read(Narh,Mik);

Барои иҷроиши инструксияи read ба вуҷуд меояд:

1. Программа корашро ба итмом расонида интизор мешавад то он даме, ки аз клавиатура маълумоти зарурb дохил ва клавиши «Enter» пахш карда шавад.

2. Баъди пахши клавиши «Enter» қимати дохилкардашуда ба таѓирёбанда бахшида мешавад, ки номи он дар инструксия дода шудааст.

Мисол, дар натиҷаи иҷроиши инструксияи

read(Temperat);

ва дохили сатри 21 ба воситаи клавиатура, қимати таѓирёбандаи Temperat адади 21 мегирад.

Як инструксияи read имконият медиҳад, якчанд қимати таѓирёбандаро ба худ гирад. Барои ҳамин ададҳои дохилкардашуда бояд дар як сатр нивишта шуда бо фисилаи холиги ҷудо карда шавад.Мисол, агар типи таѓирёбандаҳои а, b ва с — real бошад, онгоҳ дар натиҷаи иҷроиши инструксияи read(a,b,c); ва дохил сатри зерин ба воситаи клавиатура:

4.5 23 0.17

таѓирёбандаҳо қиматҳои зеринро мегиранд:

а = 4,5; b = 23,0; с = 0,17.

Агар дар сатр ададҳои зиёд навишта шавад нисбати таѓирёбандаҳои дар инструксияи read додашуда, онгоҳ қисми боқимондаи сатр бо инструксияи ояндаи read бахшида мешавад.Мисол, дар натиҷаи иҷроиши инструксияи

read(А, В); read©;

ва дохили сатри 10 25 18 ба воситаи клавиатура, таѓирёбандаҳо қиматҳои зеринро мегирад:

А=10, B = 25. Инструксияи read ©; қимати 18.

Мисоли дигарро оид ба истифодабарии инструксияи readln дида мебароем.

Дар натиҷаи инструксияи

readln(А, В); read©;

ва дохили сатри 10 25 18 ба воситаи клавиатура, таѓирёбандаҳо қиматҳои зеринро мегиранд:

А=10, B = 25.

Таѓирёбандаи с дорои қимат нашуда, программа интизори қимати навбатии барои с мешавад. Аз ин ҷо фарқияти истифодабарии readln ва read –ро мушоҳида кардан мумкин аст.

Пеш аз ҳар як инструксияи read ё ин ки readln инструксияи write ро истифода бурдан мумкин аст. Ин инструксияро барои он истифода мебаранд, ки истифодабаранда ҳангоми кор донад программа аз он кадом маълумотҳоро интизор аст. Мисол, қисми программаи ҳисобкунии арзиши харидро меорем, ки намуди зеринро дорад:

writeln(‘Маълумотҳои авваларо дохид кунед.’);

write(‘Нархи маҳсулот:’);

readln(Narh);

write(‘Миқдори маҳсулот дар як сменаи корb:’);

readln(Mik);

write(‘Кам кардани нарх ҳангоми харид (скидка):’);

readln(Skidka);

3. Тартиб додани замимаҳои консолb

Замимаҳои консолb ин тавр тартиб дода мешавад. Аввал бояд аз менюи File фармони New | Other Application – ро баъд аз «вкладкаи (қабати)» New –и окнои диалогии NewItems, Console Application интихоб намоем. Дар натиҷаи ин амалиёт дар экран окнои Project2.dpr кушода мешавад, ки дар он шаблони асосии проседураҳои замамаҳои консолb ҷойгир аст.

Изображение

Изображение

program suma; ҳ$APPTYPE CONSOLE}

var

i,n,s:integer;

begin

writeln(‘Muodila’);

writeln(‘Resha’);

readln(n);

s:=0;

for i:= 1 to n do

begin

s:=s+i;

end;

writeln(s);

readln;

end.

uses

SysUtils;

begin

ҳ TODO -oUser -cConsole Main: Insert code here }

end.

Хулоса ва мустаҳкамкунии дарс

Гарчанде, ки мо оиди программасозb дар Windows сухан меронем, мо бояд оид ба замимаҳои консолb донем. Консол — ин дида баромадани монитор ва клавиатура ҳамчун таҷҳизоти ягона. Замимаи консолb – ин программае мебошад, ки барои кор дар системаи операсионии MS-DOS (ё ин ки дар окнои DOS), пешбини шудааст. Барои он таҷҳизоти дохил ин клавиатура ва таҷҳизоти хориҷ – монитор, ки коркунанда дар режими инъикоси информатсияи символb (ҳарфҳо, рақамҳо ва нишонаҳои махсус) мебошад.

287
Нет комментариев. Ваш будет первым!