ҶАДВАЛИ ЭЛЕКТРОНӢ
Ҷадвал – маҷмӯи сатру сутунҳои ба ҳам алоқаманде мебошад, ки дар буришашон катакҳо ҳосил мешаванд. Вазифаи асосии ҷадвалҳо аз тасвиркунӣ ва коркарди ададҳо иборат аст. Масалан, ҷадвали зарби ададҳои натуралӣ мисоли равшани ин гуфта мебошад.
Бо мурури замон ҷадвалҳоро дар коркарди ҳам иттилооти ададӣ ва ҳам матнӣ истифода мебурдагӣ шуданд. Масалан, тақвими сол, журнали синфӣ, ҷадвали дарсӣ, номгӯи чорабиниҳо бо макону замони баргузориашон, феҳристи баҳои донишҷӯёну маоши кормандон ва ғайра мисоли ҳамин гуна ҷадвалҳо шуда метавонанд. Баъдтар, одамон имкониятҳои ҷадвалро васеъ намуда, дар он иттилооти дилхоҳ – адад, матн, формула, расм, график ва ғайраро ҷой медодагӣ шуданд.
Бо пайдоиши мошинҳои электронии ҳисоббарор усулҳои компютерии коркарди иттилооти ҷадвалӣ низ оғоз ёфт. Ҷадвалҳоеро, ки барои коркарди компютерӣ сохта мешуданд, ҷадвалҳои электронӣ ном мебурдагӣ шуданд. Ҷадвалҳои электрониро бо ёрии барномаҳое месохтанд, ки онҳо баъдтар протсессорҳои ҷадвалӣ ном гирифтанд.
Таърихи пайдоиши ҷадвалҳои электронӣ бо зуҳур кардани протсессори ҷадвалии VisiCalc оғоз ёфтааст. Барномаи VisiCalc соли 1978 аз тарафи Ден Бринклин ва Боб Френкстон барои компютерҳои фардии Apple II сохта шудааст. Ҳамон солҳо ин барномаро ширкатҳои гуногун дар худкорсозии раванди ҳисоббарориҳои молиявии худ истифода мебурданд.
Воситаҳои электронии ҳисоббарор. Яке аз мақсадҳои созандагони аввалин мошинҳои электронии ҳисоббарор ихтирои чунон таҷҳизоте буд, ки вай мебоист ҳисоббарориҳои якхеларо бо суръати баланд иҷро карда тавонад.
Ин мақсади онҳо ба зудӣ амалӣ гашт. Дар рӯзгори мо компютерҳое сохта шудаанд, ки метавонанд ҳисоббарориҳои мураккабтаринро бо ҳаҷми калони додаҳо ва суръати баланд иҷро намоянд. Барои ҳисоббарориҳои начандон душвор бошад, аз барнома-калкуляторҳо истифода мебаранд, ки онҳо аз рӯи намуди экранӣ ва вазифаҳояшон ба калкуляторҳои муқаррарӣ хеле монанданд. Калкуляторҳои электронӣ дар таркиби ҳама СА мавҷуданд. Масалан, КCalc дар Linux ва Calculator дар MS Windows аз қабили чунин барномаҳо ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз барои ҳалли масъалаҳои мухталиф дар қатори дигар воситаҳои ҳисоббарорӣ аз ҷадвалҳои электронӣ (ҶЭ) низ ба таври васеъ истифода мебаранд. Ин ҷадвалҳо дорои функсияҳои гуногун буда, барои ҳалли масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, иқтисодӣ, риёзӣ, оморӣ ва ғайра хеле мувофиқанд. Ҳоло онҳо дар фаъолияти иқтисодчиҳо, менеҷерҳо, риёзидонҳо, муҳандисон ва мутахассисони дигар соҳаҳо ба асбоби асоситарини ҳисоббарорӣ табдил ёфтаанд.
ҶЭ имкон медиҳад, ки ҳисоббарориҳои душвори такроршавандаву якхела бо истифодаи формулаҳои мувофиқ худкор гардонида шаванд. Яке аз барномаҳои маъмултарини синфи ҷадвалҳои электронӣ Microsoft Excel ба ҳисоб меравад. Камбудии ягонаи ин барнома ба мисли худи СА MS Windows аз он иборат аст, ки вай барномаи хусусӣ буда, озодона паҳн карда намешавад. Барномаи дигари хеле машҳур ва илова бар он бепулу озодасоси ширкати Sun Microsistems – OpenOffice Calc аст, ки он аз рӯи имкониятҳояш аз MS Excel ягон монданӣ надорад. Ҳарду барнома низ ҳисоббарориҳои ҷадвалиро хеле осон иҷро карда, иттилооти пойгоҳи додаҳоро ба танзим меоранд ва натиҷаҳои ҳосилшударо таҳлил карда, дар шакли диаграммаҳо инъикос карда метавонанд. Онҳо бо маҷмӯи васеи функсияҳои риёзиву молиявӣ муҷаҳҳаз буда, параметрҳои ҳисобкуниҳои мураккабро ба таври худкор интихоб карда метавонанд.
Барномаҳои KSpread (аз бастаи KOffice) ва Gnumeric низ ҷадвали электронианд. Ин барномаҳо дар муҳити СА Linux кор мекунанд. Барномаи KSpread-ро барои навомӯзон ва Gnumeric-ро барои истифодабарандагони соҳибмалака тавсия медиҳанд.
Ҷадвали электронӣ аз зумраи он маҳсулоти барномавӣ ба ҳисоб меравад, ки аз он ҳар як истифодабарандаи компютер баҳравар хоҳад шуд. Ҳамаи ҷадвалҳои электронӣ сохтори якхела ва тарзи истифодаи ба ҳам монанд доранд. ҶЭ ба истифодабаранда гунаи компютерии ҳисоббарориҳоро дар шакли ба ном китоби корӣ пешниҳод менамояд.
Китоб аз варақҳои кории номдор (ҷадвалҳо) иборат аст. Ҳар як варақ тавассути маҷмӯи катакҳо ташаккул меёбад, ки онҳо дар навбати худ, дар буриши сатру сутунҳои ҷадвал ҳосил мешаванд. Сутунҳо бо ёрии ҳарфҳои калони лотинӣ (A, B, …, Z, AA, …, AZ, …) ва сатрҳо бо ёрии ададҳо (1, 2, 3,…) рақамгузорӣ карда мешаванд. Ҳар як катак суроғаи хусусии худро дорад, ки бо ёрии номи сутуну рақами сатр сохта мешавад (масалан, A1 ё D55). Пеш аз он ки маълумот ба ягон катаки ҷадвал дохил карда шавад, онро бо пахши тугмаи чапи муш фаъол гардонидан лозим аст. Катаки фаъол (ҷудошуда) бо чорчӯбаи дар кунҷи поёнии росташ квадратчадор фаро гирифта мешавад.
Ҷадвали электронӣ – воситаи пуриқтидори тасвир, табдил, коркард ва ирсоли иттилоот дар катакҳо мебошад.
Додаҳои ҷадвалӣ бевосита дар катакҳо ё ба воситаи сатри формулаҳо (инъикосгари ному дарунмояи катаки фаъол) дохил карда мешавад. Дар қисми чапи сатри формулаҳо майдончаи инъикосгари номи катаки фаъол (дар расми болоӣ С2), дар мобайн тугмаҳои амрии – бекоркунӣ ва – тасдиқкунии фармон ва дар қисми рости сатр бошад, майдончаи дарунмояи катаки фаъол ҷойгиранд. Тасдиқкунии (ворид, таҳрир, ҳазф ва ғайра) фармонро бо пахши тугмаи Enter-и сафҳакалид ё пахши тугмаи чапи муш (гузаштан ба дигар катаки ҷадвал) низ амалӣ гардонидан мумкин аст.
Дар расмҳои зерин қисмати ҷадвалҳое оварда шудаанд, ки онҳо тавассути барномаҳои Gnumeric ва OpenOffice Calc сохта шудаанд.