Ҳифзи иттилоот

Related Articles

Ҳифзи иттилоот

Мақсад: Дар Internet Explorer имкони ҳифз кардани WEB-саҳифа WEB-бойгонӣ.

Нақша:

  1. Нусхабардорӣ (Правка-копировать) кардани маълумот.
  2. Ҳифзи «WEB-саҳифаи пурра»
  3. Тарзи сапт кардани маълумотҳои матни ва расмҳо дар компютер.

Дар навбати аввал метавон мӯҳтаворо бо роҳи маъмулӣ ҷудо ва нусхабардорӣ (Правка-копировать) кард. Баъдан иттилоотро (матн, расмҳо, ҷадвалҳо) ба равзанаитаҳрири (редактор) барномаи дигар гузошт, масалан WORD).

Сониян, метавон аз меню Файл-Сохранить как-ро истифода бурд. Дар Internet Explorer имкони ҳифз кардани

-WEB-саҳифа пурра;

-WEB-бойгонӣ;

– WEB-саҳифа, танҳо HTML

-Файли матнӣ вуҷуд дорад.

Ҳангоми ҳифзи «WEB-саҳифаи пурра» тамоми расмҳо ва унсурҳои графики дизайн дар папка бо ҳамон ном, ки дар файли HTML аст, ҳифз мешавад. Худи сохтори файли HTML каме тағйир меёбад. Агар ба шумо тасвирҳо (иллюстрация) лозим набошанд, пас беҳтар аст, ки онро дар режими «WEB-саҳифа танҳо HTML» ҳифз кунед. Ин ба таври чашмрас равандро метезонад.Аммо дар ин режим саҳифаҳоеро, дорои фрейм мебошанд, ҳифз кардан мумкин нест.

Барои ҳифзи расмҳо беҳтар ин аст, ки менюи контекстӣ истифода шавад. Расмро бо клавиши тарафи рости мушак пахш карда, пункти «Сохранить рисунок как»-ро интихоб намоед. Барои тағйир додани типи файли графикӣ тавсия дода намешавад.

Папкаи мунтахаб (избранное). Панели иқтибос (ссылка)

Мақсад: Маълумот дадан дар бораи папкаи мунтахаб ва панели иқтибоси

Нақша:

  1. Ҳифзи иқтибоси ресурсҳо
  2. Тарзи ба кор даровардани Панели иқтибос (Ссылка)

Дар ин папка ҳама иқтибосҳои ресурсҳо ҳифз мешаванд. Агар шумо мақсади ба ягон файл баргаштанро кунед, пас, ҳатман бояд онро бо ёрии пункти меню Избранное-Добавить в избранное дохил кунед. URL саҳифаи ҷориро, ки бо имзо таъмин шудааст, шумо метавонед тағйир диҳед ва он ба папкаи алоҳида илова мешавад. Дар оянда, шумо метавонед ба файли зарурӣ баргардед, барои ин онро аз пункти Избранное даъват мекунед. Агар иқтибосҳои шумо хеле зиёд шуда бошанд, онҳоро метавонед ба папкаҳо ҷудо кунед. Барои ин метавон аз пункти Избранное-Упорядочить избранное истифода бурд. Ҳамчунин бо ёрии тугмаи Добавить метавон иқтибосҳоро ба папкаҳои зарурӣ фиристод.

Панели иқтибос (Ссылка) –Ин панел бо ёрии пункти меню Вид-Панели инструментов –Ссылка ба кор дароварда мешавад. Вай барои ҷо ба ҷогузории осон ва қулайи иқтибосҳо дар веб-ресурсҳои зиёд воридшаванда хизмат мерасонад. Барои он ки саҳифа ба панели иқтибосҳо илова шавад, лозим аст, ки аломати саҳифаи интихобкардашуда аз сатри адресӣ ба ҳамин панел кашида шавад. Бо ёрии менюи контекстӣ имкон дорад иқтибос дигар хел номгузорӣ шавад.

Саҳифае, ки ярлиқи он дар иқтибосҳо ҳифз шудааст, бояд пахш карда шавад. Ҳамчунин аз папкаи Ссылка аз Избранное истифода кардан мумкин аст.

Мақсад: Шинос шудан ба маҷаллаҳо, таъғир додани маҷаллаҳо ва рамзгузори

Нақша:

  1. Тағйир додани танзими Маҷалла
  2. Мушкилоте ки дар вақти рамзгузори (кодмонӣ) пайдо мегардад

Қисмати зиёди иттилоот дар WEB-саҳифаҳои воридшуда дар хотира мемонанд ва чанд муддате дар диски локалӣ ҳифз мегарданд. Бинобар ин, бо ёрии Маҷалла шумо на танҳо папйвандҳоро мебинед, балки худи саҳифаҳоро дар off-line, яъне ҳангоми пайваст набудан шабака дида метавонед. Шумо дар тӯли ду ҳафтаи баъдӣ метавонед ба онҳо баргардед (по умолчанию). Тағйир додани танзими Маҷалла тавассути фармонҳои Сервис-Свойство обозревателя-вкладка Общие мумкин аст.

Мушкилоти рамзгузори (кодмонӣ) – Мушкилот ҳангоми нодуруст интихоб кардани кодмонии символҳо ба вуҷуд меояд. Мавҷуд набудани стандарти ягона барои ба миён омадани кодмонии зиёди алифбои русӣ сабаб шуд. Аз ҳама маъмултарин навъ кодмонии Windows-1251 ва КОИ-8 (КОИ-З барои забони русӣ, КОИ8-У барои забони украинӣ) мебошад.

Барои тағйир додани кодмонӣ бояд аз фармонҳои ВидВид кодировки истифода шавад. Баъдан кодмонии кириллӣ аз рӯйхат ва ё аз менюи иловагӣ интихоб шавад.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru
405
Нет комментариев. Ваш будет первым!