Протоколҳо ва IP-адресҳо

Related Articles

Мақсад: Додани маълумот дар бораи Протаколҳо ва IP-адресҳо ба хонандагон.

Нақша:

  1. Протокол дар шабакаи Интернет
  2. Протоколи IP
  3. Сохтани адреси почтаҳо дар Интернет

Омӯзиши принсипҳои иттилоот дар шабака бо ду мафҳум: адрес ва протокол ҳамроҳ мебошанд.

Адреси уникалии худро ҳар як компютере, ки ба шабака пайваст аст, доро мебошад.

Протокол –қоидаҳое мебошанд, ки компютер барои кор дар шабакаи Интернет муқаррар шудаанд. Дар як Протокол нишон додани тамоми қоидаҳои ҳамкории муштараки компютерҳоро нишон додан номумкин аст. Бинобар ин, протоколҳои шабакавӣ тавассути Принсипи бисёрсатҳа сохта мешавад. Дар сатҳи поёнӣ протоколи асосӣ истифода мешавад-IP-Internet Protocol (Протоколи Internet) ва TCP Transmission Control Protocol (Протоколи интиқоли барномаҳо).

Протоколи IPхатсайри (машрутизатсия) ба адрес расондани пакетҳои шабакаро таъмин мекунад. ПротоколиTCP протоколи сатҳи олӣ мебошад, ки барои интиқоли TCP протоколи боэътимод барои расондани иттилооти калонҳаҷм масъул буда, нуқсро бартараф менамояд. TCР протокол иттилооти дароз ба чанд пакет тақсим намуда, ҳар кадоми онро аввал ба TCP-конверт, баъдан ба IP-конверт дохил мекунад. Ҳар як TCР-конверт ба таври муайян нишона карда мешавад., то ки баъди тақисмшавӣ иттилоотро боз ҷамъ карда шавад.

Протоколи TCР ва IP бо ҳам пайвастагии зич доранд, бинобар ин, онҳоро аксаран муттаҳид мекунанд. Ин кор ба он хотир сурат мегирад, ки дар Интернет Протоколи TCР базавӣ ҳисоб мешавад.

Барои муайян кардани компютер дар Интернет системаи адресҳое, ки IP-адрес ном доранд, истифода мешавад. Адресҳои компютерӣ дар Интернет аз чор адади бо нуқтаҳо ҷудошуда иборат мебошанд. Ҳеҷ кадоми ин ададҳо аз 256 боло намебошанд. Масалан, 194, 85, 26, 130. Адресҳои ададӣ аз ҷониби компютерҳо барои алоқа миёни мошинҳо истифода бурда мешавад, аммо онҳо азёд кардану истифодаи одамон қулай нестанд. Ба ҳамин хотир дар Интернет системаи номҳои доменҳо (Domain Name System-DNS) нигоҳ дошта мешавад. Ин чунин маъно дорад, ки дар ҳар як компютер дар қатори IP-адрес номи уникалӣ дода мешавад.

Масалан, ба адреси дар боло зикршуда номи домении dep-86.hers.rssi мувофиқат мекунад. Компютерҳо ҳангоми фиристодан адресҳои рақамиро истифода мекунанд. Сарфи назар аз он ки маркази идораи Интернет вуҷуд надорад, ташкилотҳое мавҷуданд, ки ба санҷиш ва додани адресҳо машғул мебошанд.

Дар асоси системаи номҳои доменӣ Принсипи иерархия вуҷуд дорад. Ном аз чанд унсур сохта мешавад, ки миёни онҳо нуқта гузошта мешавад. Ном аз рост ба чап хонда мешавад. Ҳамин тавр, дар мисоли зикркардаи мо унсури калонтарин домени ruмебошад, ки ба он домени rssiтобеъ аст Домениrssiдар навбати худ домени hers ва ғ.ро зери итоати худ дорад.

Системаи номи доменҳо характери возеҳи минтақавӣ дорад. Маъмулан, унсури охирин (аз ҳама калонтарин) дар рӯйхат коди дусимволаи кишварҳо мебошад. Масалан, ru– Русия; ua-Украина; suсобиқ Иттиҳоди шӯравӣuk-Британияи кабир,caКанада,usИёлоти муттаҳидаи Амрпико;deОлмон; jpҶопон.

Азбаски Интернет дар заминаи шабакаҳои ИМА сохта шудааст, коди ин кишвар навишта намешавад. Ба ҷои он гурӯҳҳои зерин зикр мегарданд.

netшабакаҳои захиравӣ;

eduташкилотҳои маърифатӣ;

comташкилотҳои тиҷоратӣ;

milташкилотҳои ҳарбӣ;

cov ташкилотҳои давлатӣ;

org–ва дигар ташкилотҳо.

Маъмулан, номи домени сатҳи дуюм ба номи ширкат ва ё ташкилот мувофиқ меояд ё дар он моҳияти сервер қайд мегардад. Масалан,wwwMicrosoft.com. Ин ҷо ба сифати домени сатҳи дуюм номи ширкати Microsoft нишон дода шудааст. Чунин схемаи номсозӣ ҳифзи онҳоро осон мекунад. Гузашта аз ин, баъзан имкон медиҳад, ки номи сервери зарурӣ ёфта шавад. Масалан, аз рӯи номи мушобеҳ мешаад, ки ба Web-сервери IBM :www.ibm.com ворид шуд.

Ҳангоми кор дар Интернет на танҳо номи доменҳо, балки нишонаҳои уникалии ресурси URL (Uniform Resourse Lokator) низ истифода мешаванд. URL-адреси дилхоҳ ресурсе дар Интернет мебошад, ки он нишон медиҳад, ки бо ёрии кадом протокол ба он муроҷиат карда шавад. Ба ибораи дигар, дар феҳраст ба ғайр аз адрес маълумоте вуҷуд доранд, ки он нишон медиҳад, ки бояд кадом барнома ба сервер ворид карда шавад ва ё ба кадом файл муроҷиат шавад. Масалан:

http; //- нишондод ба саҳифаи гипертекст;

ftp//- нишондод барои дастрасӣ тавассутиftp;

file//нишондод ба файл;

gorher//-нишондод ба ресурсиgorher;

Дар поён чанд мисоле меоварем, ки онҳо иқтибосҳои пурра ба саҳифаҳои гипертескстии як қатор тиашкилотҳо доранд:

http;//www.microsoft.com-ширкати Microsoft;

http;//www.rea.ruRЭAба номи Г.В. Плеханов;

http;//gni.mos.ruнозироти андози шаҳри Маскав;

http;//www.rbc.ruРосбизнесконсалтинг;

http;//hitehouse.govИМА, Кохи сафед;

Ҳамаи номҳое, ки ин ҷо зикр шудаанд, шакли мухтасаршудаи WWW буда, аз характери гипертекстии мавод гувоҳӣ медиҳанд. Бинобар ин, ҳангоми ворид кардани ин номҳо шарт нест, ки протоколи HTTP зикр гардад. Он бе ин ҳам дар назар дошта шудааст. Масалан, www.rea.ru.

Аксаран, адрес бо символҳое, ки баъди номи домени калонсатҳ навишта мешавад, тавассути хатти каср «/» пурра мегарданд. Ин ҷузъиёти адреси ресурс дар Интернет мебошад. Маъмулан, ин номи феҳраст дар сервери зикршуда мебошад ва эҳтимолан носми файли мушаххас аст. Масалан адреси www.microsoft.com/ru ба феҳрасти ru дар Web-сервери ширкати Microsoft ишора мекунад.

Сохтани адреси почтаҳо дар Интернет хусусиятҳои худро доранд. Чунон ки қаблан зикр гардид, адреси почтаи электрониро e-mail меноманд. Вай дар худ номи мушаххаси истифодабаранда, ишораи @ ва чанд сегменти дигарро дорад, ки онҳо ҳамчун нуқтаҳо дар WWW –саҳифаҳо ҷудо гардидаанд. Масалан, адреси хадамоти ёрии техникии яке аз провайдерҳои машҳури Маскав чунин аст: support@mtu.ru.

Дар ин ҳол ба сифати ном калимаи support истифода шудааст, вале мавқеи қуттии почта сервери mtu.ru мебошад. Маъмулан, истифодабарандагон қуттиҳои почтаро дар он провайдерҳое месозанд, ки мехоҳанд тавассути он ба Интернет пайваст шаванд. Чун қоида, як қуттии почта ройгон дода мешавад, аммо бояд барои ҳар як қуттиии дигари почта маблағ пардохт шавад. Номи қуттӣ ва пароли дастрасӣ ба онро истифодабаранда мустақилона муайян мекунад. Тавсия мешавад, ки номҳои асил (оригиналӣ) интихоб шаванд, аммо ин номҳо бояд чандон дароз набошанд. Баъзан барои сохтани ном провайдер тавсияҳои худро медиҳанд.

Серверҳое вуҷуд доранд, ки дар онҳо қуттии почтаро метавон ройгон кушод. Чунин сервери хеле машҳур www.hotmail.com мебошад. Аксарият ба иловаи қуттиҳои мавҷудаи худ дар ин сервер боз қуттиҳои нави почта мекушоянд. Доштани чанд қуттии почта бисёр вақт муфид мебошад, зеро онҳоро бо мақсадҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст. Фаромӯш накунед, ки агар почтаи худро дар ҷои нобоб монед, имкон дорад, ки дар миёни реклама нопадид шавед. Дар чунин ҳолат беҳтарин роҳ ин аст, ки почтаи «эҳтиётӣ»-и худро низ бимонед.

Мақсад: Маълумот додан дарбораи Навигатсия дар Интернет.

Нақша:

  1. Маълумот дар бораи «Анкабути ҷаҳонӣ» WWW.
  2. WWW дар заминаи технология
  3. Гузариш аз як сайт ба сайти дигар

WWW (World Wide Web) танҳо як қисми хизмате аст, ки Интернет дар ихтиёр дорад. Ба ғайр аз WWW бо ёрии Интернет метавон аз почтаи электронӣ, хизмати FTP, конференсияҳои телевизионӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ истифода бурд. Се WWW-ро асосан «анкабути ҷаҳонӣ» тарҷума мекунанд.

WWW-машҳуртарин сервис дар базаи Интернет мебошад. Ин обрӯро WWW асосан тавассути пешниҳоди осони иттилоот ба даст меорад, зеро дигар сервисҳо бо он ҳатто комилан қиёснашавандаанд.

WWW дар заминаи технологияе сохта шудааст, ки асоси онро фавкматн (гипертекст) ташкил мекунад, яъне матн бо пайвандҳо. Ин технология асосан дар Лабораторияи физикии ҳиссаҳои элементарӣ (CERN) дар Женева сохта шудааст. Ин кор имкон дод, ки мо дигар на дар бораи фазои гипертекстӣ, балки дар бораи фазои гипермедиявӣ сухан меронем, зеро теъдоди зиёди графика. мусиқӣ ва ғ. Низ ба он ҳамроҳ шудааст. Сайтҳо аз рӯи технологияи нав сохта мешаванд. Масалан, Flash, ки он умуман текст (матн) надорад.

Гузариш аз як сайт ба сайти дигар, аз як саҳифа ба саҳифаи дигар бо ёрии гипериқтибосҳо сурат мегиранд.

Барои адресатсия ба WWW URL (Uniform Resourse Lokator) истифода мешавад. Дар шакли умумӣ URL ҳамчун протокол; //адреси сервер (host domain) /порт/ /роҳ/ номи файл навишта мешавад. Барои мисол биёед адреси зеринро бубинем. http //www.rea.ru/index.htm .

Дар ин ҷо:

http-протоколро муайян мекунад, яъне роҳи интиқоли санадро. HTTP (Hiper Text Transfer Protocol-протоколи интиқоли гипертекст) протоколест, ки барои кор бо санадҳои гипертекстӣ хизмат мекунад. Маҳз бо ёрии HTTP ба мо файлҳо тибқи пурсишҳо пешниҳод мешаванд.

www. rea.ru-адреси сервер, ки дар он www марказ (узел) мебошад, ки дар он сайт ҷойгир шудааст, rea.ва ru номи доменҳои сатҳи якӯм ва дуюм мебошанд.

new-феҳраст (роҳ) барои файли мавриди назар мебошад.

index.htm-номи файл буда, htm типи он мебошад.

Рақами паспорт дар ин маврид истифода намешавад. Чунин шуморида мешавад, ки маълумотҳо дар порти стандартӣ барои протоколи мазкур воқеанд.

Аксаран барои дохил шудан ба адреси браузер кофист, ки шумо танҳо адреси серверро дохил кунед. Протоколи http ба таври иловагӣ по умолчанию дохил карда мешавад. Ҳамчунин по умолчанию файли index.аз феҳраст кушода мешавад.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru
421
Нет комментариев. Ваш будет первым!