Сохтор ва принсипҳои кори Интернет

Related Articles

Сохтор ва принсипҳои кори Интернет

Мақсад: Баланд бардоштани дониши техники хонандагон оиди принсипи кори Интернет.

Нақша:

  1. Сохторӣ шабакаи Интернет
  2. Истифодабарандаи Интернет ба шабака тавассути компютерҳои ташкилотҳои махсус
  3. Таъминкунандагони шабакаи Интернет барои пайвастшави

Аз лиҳози сохторӣ шабакаи Интернет тибқи лоиҳаи телекоммуникатсионие, ки соли 1962 аз ҷониби Пол Баран пешниҳод шуда буд, ташкил ёфтааст. Ин лоиҳа нуқтаи марказии коммутатсионӣ-диспетчериро пешбинӣ накарда буд. Дар ибтидо, фикр мекарданд, ки бояд алоқа миёни ду шӯъбаи ин шабака комилан беэътимод бишавад. Иттилооте, ки барои интиқол пешбинӣ мешуд, ба пораҳо тақсим гардида, дар пакетҳо ҷо ба ҷо мешуд. Дар ҳар як пакет адреси қабулкунанда ва фиристанда зикр мегардид. Пакетҳо дар шабака ба самтҳои гуногун ирсол мегардиданд ва ҳангоми расидан ба суроға дар як ҷо ҷамъ шуда, дар шакли аввала барқарор мегардиданд.

Мисли дигар шабакаҳо Интернет аз компютерҳои гуногун, ки миёни худ бо хаттҳои алоқа пайванданд, иборат буда, дар ин компютерҳо барномаҳои таъминотӣ истифода мегардиданд.

Типи таъминоти барномаҳо аз рӯи идеологияе муайян мешавад, ки муштарӣ/хизмат ном дошта, заминаи тамоми хадамоти Интернетро ташкил мекунад. Ҳар як амалиёт дар шабакаи Интернет аз омил иборат мебошад: муштарӣ, хизмат, шабакаи Интернет, ки саволи муштариро ба хадамот медиҳаду посухи хадамотро ба муштарӣ мерасонад.

Зери мафҳуми муштарӣ барномаҳое дар назар дошта шудаанд, ки бо ёрии онҳо истифодакунандаи инфиродӣ ба ин ё он хизматрасонии (сервис) шабакаи Интернет муроҷиат мекунад. Калимаи хизматрасонӣ имрӯз чанд маъно дорад. Ин метавонад барномае бошад, ки ба муштариён маълумоти гуногун пешниҳод мекунад, компютере бошад, ки дар он ин барнома иҷро мешавад ва ё компютер ва барнома бо ҳам тавъам бошанд.

Истифодабарандаи Интернет ба шабака тавассути компютерҳои ташкилотҳои махсус, ки таъминкунандагони хизмати компютерӣ ва ё провайдер ном доранд, пайваст мешаванд.

Ба шабака имкон дорад ҳамчун компютери алоҳида ва ё ҳамчун шабакаи локалӣ пайваст шуд. Чунин шуморида мешавад, ки ба Интернет тамоми компютерҳои як шабакаи алоҳида пайваст шудаанд, ҳатто агар ба Интернет як компютери ин шабака пайваст шуда бошад.

Пайвастшавӣ метавонад доимӣ бошад ва ё муваққатӣ. Таъминкунандагони шабакаи Интернет барои пайвастшавии истифодабарандагон хатҳои зиёд ва хатҳои баландсуръати алоқа бо Интернетро доранд. Таъминкунандагони хурд бо таъминкунандагони калон пайвастанд. Онҳо дар навбати худ бо дигар таъминкунандаҳо алоқа доранд. Тамоми ташкилотҳо миёни ҳам бо хатҳои баландсуръати алоқа пайваст буда, қисми базавии шабака ё сутунмӯҳраи шабакаро ташкил медиҳанд.

Интернет табодули иттилоотро байни ду компютри дилхоҳе, ки ба шабака пайвастанд, ба амал мебарорад.

Мақсад: Маълумот додан дар бораи Хадамотҳои Интернет

Нақша:

  1. Хадамоти Teknet
  2. Хадамоти иттилоотии соҳаҳои васеъ
  3. Хадамоте, ки имкон медиҳад бо санадҳои гипертекстӣ ва гипермедиявӣ кор карда шавад

Хадамоти Teknetкомпютери истифодабарандаро ба терминали компютери дигаре, ки дар фосилаи дур воқеъ аст, мубаддал месозад. Ин хадамотро эмулятсияи терминалӣ меноманд. Дар амал он камтар истифода мешавад.

Хадамоти FTPFileTransferProtocolимкон медиҳанд, ки файлҳо қабул ва ё фиристода шаванд. Ин хадамот имрӯз ҳам барои қабули маҳсулоти барномаҳо ба таври густурда истифода мешавад.

WWWWorldWileWeb (Анкабути ҷаҳонӣ) хадамоте, ки имкон медиҳад бо санадҳои гипертекстӣ ва гипермедиявӣ кор карда шавад. Барои кор бо WWWпротоколи махсуси HTTP –Hiper Text Transfer Protocol (протоколи интиқоли гипертекст) истифода мешавад. Санадҳои гипертекстӣ бо ёрии забони махсуси HTML (забони аломатгузории матнҳо) сохта мешаванд. Санаде, ки бо ёрии ин забон сохта мешавад ва он барои истифодабаранда дастрас аст, Web-саҳифа номида мешавад.

Хадамоти Archieимкон медиҳад, ки файл аз рӯи номаш ёфта шавад. Аммо вақтҳои охир ин хадамот камтар истифода мешавад, зеро ки дар WWWсистемаҳои ҷустуҷӯие пайдо шудаанд, ки имкон медиҳанд ин кор бо роҳи бо роҳи осонтар сурат бигирад.

Gopherин системаи дастрасӣ ба иттилоот тавассути менюҳои гузошташуда мебошад. Вай пешнамунаи (прообраз) анкабути ҷаҳонӣ мебошад, ки дар ҳоли ҳозир мурда истодааст, чунки гузариш дар WWW хеле осон ва мувофиқ мебошад.

WAISWideAreaInformationService (Хадамоти иттилоотии соҳаҳои васеъ)-системаи ҷустуҷӯи иттилоот тибқи калимаи калидӣ аст.

IRCInternetchatRelay (Сӯҳбат тавассути Интернет).-ин система то андозае ба гурӯҳи ахбор монанд аст, аммо табодули иттилоот бетаваққуф сурат мегирад. Ба гурӯҳи истифодабарандагоне, ки ин ё он масъаларо муҳокима мекунанд, иттилоотро бо клавиатура ҳуруфчинӣ менамоед ва он ҳамон лаҳза дастраси дигар ширкаткунадагони сӯҳбат мегардад.

Самтҳои зиёди шавқовари истифодаи Интернет вуҷуд доранд, барои мисол гуфтугӯҳои телефонӣ, қабули мавҷҳои телевизионӣ ва радиоӣ.

Фаҳмост, ки чунин имконоти васеи мукотиба аз назари ташкилотҳои тиҷоратӣ дур намонд. Бинобар ин, дере нагузашта, имконоти хадамотии шабакаи Интернет барои баргузории амалиётҳои гуногуни тиҷоратӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru
307
Нет комментариев. Ваш будет первым!