Серверҳои файлӣ

Серверҳои файлӣ

Мақсад: Маълумот додан дар бораи тарзи ташкил намудани шабакаҳои компютерӣ

Нақша:

  1. Маълумот дар бораи Сервер
  2. Серверҳои файлӣ
  3. Намудҳои гуногуни серверҳо

Сервер ин компютер аст, ки ресурсҳои худро (дискҳо, принтерҳо, каталогҳо файлҳо ва ғайра) ба дигар истифодабарандагони шабака пешниҳод менамояд.

Сервери файли стансияи кориро иҷро мекунад.

Дар замони ҳозира ин одатан компютери фардии зудамал дар базаи протсессори Pentium таҳти басомади (зуди) 500 МГц ва зиёдтар бо ҳаҷми дастгохи хотиравии фаврӣ (ОЗУ) 128 МБт ва зиёдтар мебошад. Бештар вакт сервери файли танҳо ин функсияҳои номбаршударо иҷро мекунад. Аммо баъзан вақт ШҲМ файл серверро ба сифати стансияи корӣ истифода мебарад. Дар сервери файлӣ бояд системаи амалиёти шабакавӣ ва ҳамчунин таъминоти барномавии шабакавӣ бояд истад.

Ба таъминоти барномавии шабакавӣ протоколҳои хизмати шабакавӣ ва ҳамчунин воситаи мудирияткунии (администратсиякуни) сервер мансуб аст.

Серверҳои файлӣ метавонанд дастрасии истифодабарандагонро ба қисмҳои гуногуни системаи файли назорат намояд. Ин одатан ҳангоми иҷозат додани истифодабар барои пайвасткунии ягон системаи файлӣ ба стансияи корӣ барои истифодаи минбаъда ҳамчун диски локалӣ, амалӣ карда мешавад.

Бо мураккабтар шудани функсияҳои ба серверҳо боршуда ва авзудани шумораи клиентҳо специализатсияи калони серверҳо рӯй медиҳад. Намудҳои гуногуни серверҳо мавҷуд аст.

Контроллёри аввалини домен, сервере, ки дар он базаи буҷетӣ истифодабарандагон нигоҳ дошта мешавад ва ҳимояи сиёсат дастгирӣ карда мешавад.

Контроллёри дуюми домен, сервере, ки дар он нусхаи эҳтиётии базаи буҷаи истифодабарандагон ва сиёсати ҳимоя нигоҳ дошта мешавад.

Сервери универсалӣ барои иҷрои масъалаҳои на чандон мураккаби коркарди маълумот дар шабакаи локалӣ пешбинӣ шудааст.

Сервери додахо (база данных) барои хазинаи маълумотҳо барои иҷрои коркарди пурсишҳои ба хазинаи маълумот равонашуда.

PROXY– сервер– пайвасткунандаи шабакаи локалӣ ба шабакаи Интернет

Web-сервер барои кор бо web- маълумот таъинщуда.

-Сервери файлӣ, таъминкунии кори тақсимоти ресурсҳо, файлҳо таъминоти барномавӣ.

-Сервер- замина барои иҷрои равандҳои амалӣ таъминшуда.

Аз як тараф бо клиентҳо муносибат карда аз дигар тараф бо хазинаи маълумотҳо кор карда маълумотҳои ҳатмиро барои коркард ҷамъоварӣ мекунад.

Сервери дастрасии масофавӣ,(удаленный доступ) таъминкунии кормандони хонаи агентҳои савдо, хизматчиёни филиалҳо, шахсони дар командировка буда ва ғайра.

Сервери телефонӣ, барои ташкили хизмати телефон дар шабакаи локалӣ пешбинӣ шудааст. Ин сервер функсияи почтаи фаврӣ, ба тарзи автоматӣ тақсимкунии зангҳои телефонӣ, баҳисобгирии арзишии гуфтугуи телефонӣ, интерфейси шабакаи телефонии беруниро иҷро мекунад. Якҷоя бо сервери телефонӣ метавонад расм ва паёми алоқаи факсиро бифиристад.

Сервери почтавӣ хизмати ҷавоб ба саволҳои бо почтаи электронӣ фиристодаро пешниҳод менамояд.

Сервери дастрасткунӣ имконият медиҳад, ки ресурсҳои истифодабар ҳангоми дар шабакаи худаш набудан, дастчамъона истифода шавад. (масалан истифодабарандагоне, ки дар командировкаанду мехоҳанд бо шабакаҳои худ кор кунанд).

Сервери терминалӣ муттаҳидсозандаи гуруҳи терминалҳо, соддакунии гузориш ҳангоми ҷойивазкунии онҳо.

Сервери комуникатсионӣ вазифаи сервери терминалиро иҷро карда ҳамчунин малумотҳоро равона мекунад.

Видеосервер дар аксариятҳо ба коркарди тасвирҳо равона шуда, истифодабарандагонро ба маводҳои видеои таъмин мекунад махсулнокии баланд дошта хотираи васеъ дорад.

-Факс-сервер интиқол ва кабули паёмро дар алоқаи стандартии факси таъмин мекунад.

Сервери ҳифзи маълумот бо гуруҳи васеъи воситаи таъмини бехатарии маълумот вобаста аст.

Мақсад: Омӯзонидани тарзҳо ва усулҳои истифодабарии почтаи электронӣ. Баланд бардоштани дониши техники хонандагон оиди истифодабарии Почтаи электронӣ.

Нақша

  1. Почтаи электрони ва таъиноти он.
  2. Тиҷорати электронӣ.

Почтаи электронӣ (email)-методи интиқоли иттилоот тавассути почтаи электронӣ мебошад. Принсипи кор бо почтаи электронӣ бо кор бо мактубҳои (корреспонденсия) маъмулӣ монанд мебошад. Таъминкунандаи хизмати интернетӣ (провайдерҳо) ба муштарӣ куттии почтаи электронӣ мекушоянд, ки ба он мактубҳои ирсолшуда меафтан. Ба ин қуттии электронӣ тибқи адреси почта ба истилоҳ email парол гузошта мешавад. Дар асл, ба истифодабаранда имкон дода мешавад ҳаҷми муайяни иттилоотро дар компютери провайдер ҳифз кунад. Азбаски ҳаҷми дискҳои провайдер бемаҳдуд нестанд, барои иттилоот дар қуттиҳои почта аз рӯи ҳаҷму мӯҳлат ва ё барои ҳифзи почта маблағ муайян мешавад. Ҳангоми табодули иттилооти почта шарт нест, ки фиристанда ва гиранда ҳамзамон дар хатти алоқа бошанд. Иттилотти фиристодашуда ба қуттии почта меафтад ва онҳоро дар вақти мувофиқ барои худ гирифта метавонанд.

Гурӯҳи ахбори UZENETNEWS-ин тахтаи электронии эълонҳо мебошад, ки дар заминаи иттилооти хеле зиёд вуҷуд дорад. Гурӯҳи ахборро имрӯз бештар телеконференсия меноманд. Тафовути он аз почтаи электронӣ ин аст, ки иттилоот дар гурӯҳи ахбор барои истифодаи умум дастрас мебошад. Барои осон шудани мубоҳисаҳо гурӯҳҳои гуногун ташкил шудаанд, ки ширкаткунандагон он иттилоотро доир ба мавзӯи муайян мефиристанду қабул мекунанд.

Тиҷорати электронӣ-ин консепсияи умумиест, ки тамоми шаклҳои амалиётҳои хизматрасонӣ бо роҳи электронӣ тавассути истифодаи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ сурат мегирад. Чунин амалиётҳо дар миёни ширкатҳо ва супоришдиҳандагони онҳо ё миёни ширкатҳо дар муассисаҳои давлатӣ ба роҳ монда мешаванд.

Тиҷорати электронӣ фаъолияти хеле густурдаро дар бар мегирад;

-маркетинг, савдо ва мусоидат барои фурӯш;

-савдои пешакӣ, қарордодҳои пешакӣ;

маблағгузорӣ ва суғуртакунӣ;

-амалиётҳои тиҷоратӣ, фармоиш, қабулкунӣ, пардохти маблағ;

-хизматрасонӣ ва нигоҳдории маҳсулот; коркарди муштараки маҳсулот;

-тақсими маҳсулоти муштарак;

-истифодаи хизматти умумӣ ва ҷузъӣ;

-маъмурияти тиҷорат (консессияҳо, иҷозатномаҳо, андоз, гумрук ва ғ);

нақлиёт, техникаи интиқол ва таъминот;

-фурӯши автоматии маҳсулоти электронӣ, ҳисоботи бухгалтерӣ, ҳалли масъалаҳои баҳснок.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Издательство «НТ Пресс», 129085, Москва, Звёздный 6-р, д.21.1
  2. Лесничная И.Г Информатика ва технологияи компютерӣ
  3. Жеретинцева Н.Н. Курси лексия оиди шабакаҳои компютерӣ
  4. Кульгин М. Технологияи шабакаҳои интернетӣ .
  5. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru
368
Нет комментариев. Ваш будет первым!