Кодгузории иттилоот (информатсия) дар компютер

Related Articles

Системаи ҳисобкунӣ.

Тавре ки алакай медонем, компютер метавонад, информатсияи дилхоҳро кор карда барояд. Информатсия метавонад ададӣ, матнӣ, графикӣ, тасвирӣ, садоӣ ва ғайра бошад. Аз тарафи дигар, компютер бо кодҳои дуи (ҳаштӣ, ва 16- ӣ) кор карда метавонад. Пас саволе ба миён меояд, ки информатсияи гуногун аз тарафи компютер чӣ тавр коркард мешавад?

Гап дар сари он аст, ки дар компютер ҳар гуна информатсия бо ёрии ададҳо кодгузорӣ карда мешавад. Компютер ҳангоми кор танҳо бо коди информатсия сару кор дорад. Мо дар хаёти муқаррарии ҳаррӯзаамон аз системаи ҳисоббарорие истифода мебарем, ки онро системаи даҳӣ мегӯянд. Ҳаргуна адад дар ин система ба воситаи даҳ рақам – 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ифода карда мешавад. Донистани қонуну қоидаҳои иҷрои амалҳо дар ин система кифоя аст, ҳар гуна масъалаи хаётии дар наздамон гузошташударо ҳал намоем. Мо бо ин система чунон одат кардаем, ки ҳатто дар бораи вуҷуд доштани дигар системаҳои ҳисоббарорӣ фикр ҳам намекунем. Дар асл дар ҳаёт системаҳои ҳисоббарории зиёде мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аслан протсессори компютер информатсияеро кор карда баромада метавонад, ки он бо ёрии сигналҳои электрикӣ ифода карда шуда бошад. Аз нуқтаи назари физикавӣ, ба протсессор хеле қулай аст, ки информатсияи қабулнамудаашро бо ёрии ду вазъ (ҳолат) кодгузорӣ намояд:

а) шиддати сигнали электрикӣ мавҷуд аст;

б) шиддати сигнали электрикӣ мавҷуд нест.

Агар мо мавҷуд будани шиддати сигнали электрикиро ба воситаи рақами 1 ва мавҷуд набудани онро ба воситаи рақами 0 ишорат кунем, он гоҳ маълум мегардад, ки протсессор ҳар гуна информатсияро бо ёрии танҳо ду рақам (1 ва 0) кодгузорӣ мекардааст. Системаи ҳисоббарориеро, ки танҳо рақамҳои 0 ва 1-ро истифода мебарад, системаи дуӣ мегӯянд.

Инсоният ба системаи даҳии ҳисоббарорӣ яку якбора наомадааст. Олимон бар он ақидаанд, ки асоси гузаштан ба системаи даҳиро даҳ ангушти дастони инсон ташкил намудаанд. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Лекин биёед лаҳзае тасаввур кунем, ки мо дар ихтиёрамон танҳо рақамҳои 0 ва 1-ро дорем. Оё мо метавонем, ки ҳамаи ададҳоро бо ёрии ин ду рақам ифода намоем? Албатта метавонем. Масалан, мувофиқати якчанд ададҳои аввалаи бутуни мусбати системаи даҳӣ ва дуӣ чунин аст:

Тарзи аз як системаи ҳисоббарорӣ ба дигар система гузаштанро, дар мисоли адади даҳии 13, ки дар системаи дуӣ ҳамчун 1101 тасвир карда мешавад, нишон медиҳем:

(13)10=10+3=1·101+3·10=(1101)2=1·23+1·22+0·21+1·2=8+4+0+1=(13)10

Дар ин мисол. тасвири адади додашуда ба разрядҳо ҷудо карда шудааст- 13 ду разряд дорад, 1101 – чорто.

Протсессори Рentium, ки дар он барои интиқоли ин-форматсия 32 сим хизмат мерасонад, якуякбора метавонад адади дуии 32-разрядаро кор карда барояд. Азбаски протссссори Intel-80286 аз 16 сим иборат аст, ин протсессор аз Рentium дида ададҳоро ду маротиба сусттар интиқол медиҳад.

Бояд қайд кард, ки разрядҳои дуиро бит ва маҷмӯи 8-битро байт ном мебаранд. Барои ченкунии ҳаҷми информатсияи дар хотираи компютер маҳфузбуда бошад, аз ченакҳои калонтар – килобайт (Кбайт), мегабайт, (Мбайт), гигабайт (Гбайт) ва ғайра истифода мебаранд. Масалан, дискети 3,5 дюймагӣ 1 457 664 байт информатсияро ғунҷонида метавонад, ки онро пас аз яклухткунӣ 1,4 Мбайт мегӯянд. Агар ба ҳисоб гирем, ки як символи матнӣ ба воситаи як байт ифода карда мешавад, он гоҳ гуфта метавонем, ки дар чунин диск тақрибан 1,5 миллион символ ё тақрибан 100 саҳифа китоб меғунҷад. Мутаассифона имрӯз ин миқдор информатсия хеле кам шумурда мешавад. Агар ин ададро ба информатсияи шакли овоздошта табдил диҳем, он гоҳ дар дискет хамагӣ 17 сония стерео овози сифатнокро ғуннҷонидан мумкин асту халос. Расми рангаи формати А4 (варақи чопкунии андозааш 210 ё 297 мм) аз 20 Мбайт зиёдтар ҳаҷмро талаб менамояд. Албатта дар ин мавридҳо на аз дискетҳо, балки аз компактдискҳо истифода мебаранд, ки гуннҷоиши онҳо аз 600 Мбайт зиёдтар аст.

Дар диски сахти компютер (винчестер) информатсияи гуногун – барномаҳо матни хуҷҷатҳо, тасвирҳои графикӣ, видеоклипҳо. суруду мусиқиҳо ва ғаираҳо маҳфузанд, ки ҳамаи онҳо маҳз бо ёрии ҳамон ду вазъи мантикӣ – ҳаст ё нест, 1 ё 0, фурӯзон ё хомӯш ва ғаираҳо кодгузорӣ карда мешаванд.

Адабиётҳо

  1. М.Муллоxонов, К. Туҷлиев, Ш. Шодмонов. Информатика ва технологияхои информатсиони. Нашриёти “Нури маърифат”. Хуҷанд –2003.
  2. Комилов Ф. С., Тоиров Ш.М. Информатика (бо заб. тоҷики) Душанбе-2002.
  3. Ф.С. Комилов., Д.С. Шарапов Информатикаи татбиқӣ. Душанбе 2009.
  4. Қурбонов К.Ю., Ҷамолиддинов Н., Исломов Ғ.Ҳ., Исмоилов А.А.,
  5. Бадалова Б.А., Мирзоев Б. Васоити таълимӣ оиди омӯзиши компютерҳои фардии IBM PC (Қисми 1), Душанбе, 2001.
  6. Наврӯзов С.Т., Мақсудов Х.Т. Дастурамал барои омӯзиши компютерҳои фардӣ, Душанбе, 1994..
  1. Шокиров Ф., Шамсиев А., Самеев М.- Асосҳои технологияҳои иттилоотии муосир ш. Хуҷанд 2005
  2. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru
574
Нет комментариев. Ваш будет первым!