Кодгузории матнҳо ва тасвирҳо

Related Articles

Кодгузории матнҳо бо ёрии барномаи махсуси таблитсаҳои кодӣ анҷом дода мешаванд. Мувофиқи ин таблитсаҳо ба ҳар як символи алифбоҳои лотинӣ ва русӣ як адади 8-битаи дуи мувофиқ гузошта мешавад, ки онро код ё рақами символ мегӯянд. Ҳангоми пахши ягон тугмаи клавиатура барномаи махсус ба протсессор рақами он тугмаро равон мекунад. Протсессор ба таблитсаи кодӣ муроҷиат намуда, муайян менамояд, ки рақами ҳосилшуда ба коди кадом символ мувофиқ аст. Баъд коди символ бо ёрии барнома ба видеокарта равон карда мешавад. Видеокарта бошад, тасвири нуқтавии символро ҳосил намуда, онро дар экрани монитор нишон медиҳад.

Ҳамин тариқ, мувофиқати байни тугмаҳои клавиатура ва тасвири экрании онҳо, танҳо ва танҳо ба таври барномавӣ амалӣ гардонида мешавад. Барномаҳое, ки ин мувофиқатгузориро таъмин менамояд драйвери клавиатура ва экран ном дорад.

Драйвер – ин барномаи ёрирасони миёнарави байни таҷҳизот ва дигар барномаҳо мебошад.

Масалан, мувофики стандарти кодгузории АNSI (Аmerican National Standart Institute) Институти стандартҳои миллии Америка) барои системаи оператсионии Windows коди ҳарфи калони русии «Ф» ба адади 212 мувофиқат мекунад. ҳангоми дар клавиатура пахш намудани тугмаи «Ф», драйвери клавиатура рақами он. яъне адади 212-ро ба протсессор равон мекунад. Протсессор мувофиқи таблитсаи кодӣ, муайян месозад, ки он кодӣ харфи «Ф» аст ва онро дар шакли адади дуии 11010100 ба видеокарта мефиристад. Видеокарта бо ёрии драйвери монитор шакли зоҳирии ҳарфи «Ф»-ро сохта, онро ба монитор мефиристад ва монитор дар навбати худ тасвири ҳарфро ба экран мебарорад.

Кодгузории тасвирҳо.Яке аз усулҳои аз ҳама маълуми кодгузории тасвирҳо аз он иборат аст, ки тасвирро бо ёрии ягон ҷадвали турии андозаи ячейкаҳояш хеле хурд мепӯшонанд. Агар расм дар тасвири сиёҳу сафед бошад, он гоҳ ячейкаҳои ранги сафеддошта бо ёрии 0 ва ячейкаҳои ранги сиёҳдошта бо ёрии 1 ишорат карда мешаванд. Барои тасвирҳои ранга бошад, кодгузорӣ бо ёрии нуқтаҳои рангашон гуногун таъмин карда мешавад. Дар ин маврид ҳар як нуқтаи тасвир дар хотираи компютер на бо ёрии як бит, балки якчанд битҳо ифода карда мешавад. Тасвирҳое, ки бо ин усулҳо кодгузорӣ карда шудаанд, картаҳои битӣ, растрҳо ё тасвирҳои растрӣ ном доранд. Барномаи махсусе, ки ин усули кодгузории тасвирҳоро медонад, ин тасвирҳоро ба экран мебарорад ва дар қоғаз чоп менамояд. Тасвирҳои растрӣ як камбудии хеле ҷиддӣ доранд. Онҳоро калон ё хурд кардан бисёр ҳам душвор аст. Ҳангоми интихоби масштаби хурд, якчанд нуқтаҳои ҳамсояи тасвир ҳамҷоя шуда, деталҳои хурди тасвир аз назар нонамоён мемонанд. Дар вақти интихоби масштаби калон бошад, андозаи ҳар як нуқта якчанд маротиба меафзояд ва тасвир намуди зинашаклро мегирад.

Барои аз ин камбудиҳо озод шудан, ҳоло ба ҷои кодгузории намуди растрӣ, аз кодгузории намуди векторӣ истифода мебаранд. Мувофиқи кодгузории векторӣ он элементҳои расм, ки сохти шаклҳои геометрӣ ва хатҳои каҷу ростро доранд, дар хотираи компютер дар намуди формулаҳои математикӣ ва абстрактсияҳои геометрӣ – давра, квадрат, эллипс ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешаванд. Масалан, давраи радиусаш 10 воҳид ва координатаҳои марказаш х=1 ва у=1 росткунҷаи тарафҳояш 5 ва 8 воҳидӣ ва координатаҳои марказаш х=4 ва у=12 аз қабили чунин мисолҳоянд.

Ҳамин тавр, андоза каҷӣ ва ҷои ишғолнамудаи элементҳои расм дар хотира дар намуди коэффисентҳои ададӣ нигоҳ дошта мешаванд. Бо шарофати ин усул, калону хурдкунии андозаи тасвири расмҳо ва нусхаҳои онҳо хеле осон гаштаанд. Кифоя аст, ки дар ин маврид қимати параметрҳои элементҳои графикӣ ба коэффитсиенти масштабӣ зарб карда шавад. Аз тарзи кодгузории векторӣ истифода бурдан, ҳатто фикр ҳам кардан лозим намеояд, ки мо нишонаи миниатурии расм ё транспаранти думетраи онро сохтанием. Дар ҳар ду ҳолат ҳам ба таври эътимодбахш боварӣ дошта метавон, ки тасвирҳои табдилдодашуда ҳамаи сифатҳои тасвири асосиро доранд. Яке аз намунаҳои кодгузории векторӣ формати РоstScript ба шумор меравад. Ин формат дар системаи амалиётии Windows ҳангоми кодгузории ҳуруфҳои миқёсӣба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Адабиётҳо

  1. М.Муллоxонов, К. Туҷлиев, Ш. Шодмонов. Информатика ва технологияхои информатсиони. Нашриёти “Нури маърифат”. Хуҷанд –2003.
  2. Комилов Ф. С., Тоиров Ш.М. Информатика (бо заб. тоҷики) Душанбе-2002.
  3. Ф.С. Комилов., Д.С. Шарапов Информатикаи татбиқӣ. Душанбе 2009.
  4. Қурбонов К.Ю., Ҷамолиддинов Н., Исломов Ғ.Ҳ., Исмоилов А.А.,
  5. Бадалова Б.А., Мирзоев Б. Васоити таълимӣ оиди омӯзиши компютерҳои фардии IBM PC (Қисми 1), Душанбе, 2001.
  6. Наврӯзов С.Т., Мақсудов Х.Т. Дастурамал барои омӯзиши компютерҳои фардӣ, Душанбе, 1994..
  1. Шокиров Ф., Шамсиев А., Самеев М.- Асосҳои технологияҳои иттилоотии муосир ш. Хуҷанд 2005
  2. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru
336
Нет комментариев. Ваш будет первым!