Мафҳуми файл ва каталог
Related Articles
Воҳиди нигоҳдории иттилоот.
Мафҳуми файл ва каталог
Барои нигоҳдории иттилоот якчанд талаботҳо пешниҳод мешаванд:
- Имконияти нигоҳ доштани ҳаҷми калони қиматҳо.
- Иттилоот бояд баъд аз анҷоми кори раванд барои нигоҳдорӣ сабт карда шавад.
- Ба иттилоот дар як вақт бояд якчанд равандҳо дастрас шуда тавонанд.
Воҳидҳои иттилоот бит ва байт мебошад. Воҳиди хурдарини иттилоот бит ном дорад.
Бит (bit – bnary digit – рақами дуӣ) воҳиди хурдтарини баҳисобгирии иттилоот буда, қимати он ба 0 ё 1 баробар аст.
Пайдарпайии 8 битро байт (bуte) мегӯянд. Дар як байт метавонад, яке аз 256 символи гуногунро кодгузорӣ кард.
Ба ғайр аз бит ва байт боз воҳидҳои дигари иттилоот низ ба монанди Килобайт, Мегобайт, Гигобайт, Теробайт вуҷуд доранд.
Файл чист.
Файлҳо асоси системаи файлии Windows мебошанд. Ҳамаи маълумотҳои дар компютер нигоҳдошташуда дар намуди файл ташкил карда шудааст. Аз нуқтаи назари истифодабаранда, файл – ин пайдарпайии байтҳои бо номи умумӣ гурӯҳбандикардашуда мебошад. Ҳамаи маълумотҳои дар диск навишташуда, ки метавонем бо ном ба ӯ муроҷиат намоем, файл номида мешавад. Маълумотҳои дар диск буда (диски сахт, дискета, диски магнитию оптикӣ, компакт дискҳо ва ғ.) дар шакли файлҳо нигоҳ дошта мешаванд.
Файл – ин соҳаи номгузорикардашуда дар диск ё дигар барандаи маълумот мебошад. Дар файлҳо барномаҳои матнӣ, ҳуҷатҳо, барномаҳои тайёри иҷро мешуда ва дигар маълумотҳо нигоҳ дошта мешавад. Яъне файл метавонад матн, тасвир ё барнома бошад.
Аз ин ҷиҳат номи файлро аз барандаи маълумот ёфта, хонда, тағйир дода, чоп намуда ва монанди инҳоро анҷом додан мумкин аст.
Номгузории файлҳо
Барои он ки системаи амалиёт ва дигар барномаҳо ба файл муроҷиат намоянд, файлҳо бояд нишона (ишорат) дошта бошанд. Ин нишона (ишорат) одатан номи файл номида мешавад. Дарозии номи файл аз СО (системаи оператсионӣ) вобаста мебошад, ва метавонад аз 8 аломат дар (MS DOS) то 255-аломат дар (Windows, Linux) бошад. СО-и метавонанд рамзҳои калон ва хурдро фарқ намоянд. Масалан, барои MS DOS файлҳои Topic ва topic як маъно дошта барои Unix файлҳои гуногунро ифода менамоянд.
Номи файл дар DOS ва Windows 3.1. Дар системаи оператсионии DOS ва инчунин дар Windows 3.1 нишонаи (ишорат) файл аз ду қисм иборат аст: номи асосӣ ва иловагӣ.
Қисми асосии номи файл аз қисми иловагии он бо аломати нуқта ҷудо карда мешавад. Қисми иловагии номи файл дар бораи намуди ахбори дар файл маҳфузбуда маълумот медиҳад.
Номҳои асосӣ ва иловагии файл бо ёрии ҳарфҳои хурд ё калони алифбои лотинӣ, рақамҳо ва аломатҳои зерин сохта мешаванд:
- & @! % ( ) { } $
Номи асосии файл аз 8 аломат ва номи иловагии он аз 3 аломат бояд зиёд набошад. Дар (MS DOS).Мисол.
сommand. com
paper. doc
номи асосӣ иловагӣ
Номи асосии файл аз номи шахсӣ (асосӣ), ки мо худамон интихоб менамоем ва номи васеъкардашуда(иловагӣ)-и он, ки барнома ба он медиҳад, бо ёрии он, ки файл сохта мешавад иборат мебошад. Номи иловагии файл одатан аз се (3) аломат зиёд набуда ва аз номи асосии файл бо аломати нуқта ҷудо карда мешавад. Номи иловагии файл намуди файлро муайян менамояд. Номи файл метавонад то 255 аломатро дошта бошад (дар СО (Windows, Linux). Номи асосӣ ва иловагии файл метавонад ба худ ҳарфҳои калон ва хурди русӣ, лотинӣ, рақам, мавқеъгузорӣ ва ҳамаи аломатҳоро ба ғайр аз аломатҳои /ч:*. “ <>/. дошта бошад. Якчанд номҳои паҳнгаштаи иловагии файлҳо инҳо мебошанд.
- txt – файли матнии барноми сохташудаи Блокнот;
- doc – файли матнии барноми сохташудаи Word;
- xls – ҷадвали электронии сохташудаи Excel;
- gif, tif, jpg, bmp – файлҳое, ки расм ва суратҳоро дар бар гирифтаанд;
- mid, mp3, wav, ra – файлҳое, ки овозро дар бар гирифтаанд;
- avi, vob – файлҳое, ки видеоро дар бар гирифтаанд;
- exe, com – файлҳои иҷрошаванда, яъне фалҳое, ки барномаҳоро дар бар гирифтаанд.
Баъзе номҳои иловагии файлҳо ҳамчун стандарти ҷаҳонӣ қабул шудаанд:
- Агар номи иловагии файл ТХТ бошад, он гоҳ ин намуд файл ягон маълумоти матниро дар бар гирифтааст.
- Агар номи иловагии файл.СОМ ё.ЕХЕ бошад, он гоҳ ин намуд файл барномаеро дар бар гирифтааст, ки онро бевосита иҷро кардан мумкин аст.
- Агар номи иловагии файл.ВАТ бошад, он гоҳ ин хел файл фармонҳои системаи амалиётии MS DOS–ро дар бар гирифтааст ва онро файли командавӣ ё фармонӣ меноманд.
- Агар номи иловагии файл.ВАS бошад, он гоҳ ин хел файл матни барномае-ро дар бар гирифтааст, ки он дар забони алгоритмии Бейсик тартиб дода шудааст.
- Агар номи иловагии файл.РАS бошад, он гоҳ ин хел файл матни барномае–ро дар бар гирифтааст, ки он дар забони алгоритмии Паскал тартиб дода шудааст.
- Агар номи иловагии файл.АSМ бошад, он гоҳ ин хел файл матни барномаеро дар бар гирифтааст, ки он дар забони алгоритмии Асемблер тартиб дода шудааст.
- Агар номи иловагии файл. С бошад, он гоҳ ин хел файл матни барномаеро дар бар гирифтааст, ки он дар забони алгоритмии Си тартиб дода шудааст.
Агар номи иловагии файл ВАК бошад, он гоҳ ин хел файл нусхаи эҳтиётии дигар файл ба ҳисоб меравад. Масалан, фармонҳои Link.txt ва Link.bak аз ҳамдигар бо номи иловагиашон фарқ мекунанд. Бинобар он ҳам файли Link.bak нусхаи эҳтиётии файли Link.txt шумурда мешавад.
Файлҳо ба ғайр аз номи асосӣ ва иловагиашон боз тавсифоти зеринро соҳибанд:
- Ҳаҷми файл. Ҳаҷми файлҳо бо миқдори байтҳо чен карда мешаванд.
- Таърихи сохта шудани файл
- Вақти сохташудани файл.
Одатан, тавсифоти файлҳо бо ҳамроҳии номҳои асосӣ ва иловагиашон дар диск ба қайд гирифта мешаванд.
Сохтори файл
Се сохтори асосии файлро ҷудо намудан мумкин аст:
- Пайдарпайии байтҳо – СО танҳо байтҳоро мебинад ва ба моҳияти таркибии файл бетараф аст. Афзалияти асосии чунин система, ин истифодабарии қавӣ мебошад. Дар Windows ва Unix истифода мешавад.
- Пайдарпайии сабтҳо – сабтҳои дарозиашон доимӣ (масалан, перфоката) буда, пайдарпай хонда мешаванд. Ҳоло бошад истифода намешаванд.
- Дарахти сабтҳо – ҳар як сабт калид дорад ва аз рӯи он хонда мешавад. Афзалияти асосии чунин система, ин суръати баланди ҷустуҷуй мебошад. То ҳол дар мейнфреймҳо истифода шуда истодааст.
Намудҳои файлҳо
- Регулярӣ – иттилооти истифодабарандаро дар бар мегиранд. Дар Windows ва Unix истифода мешаванд.
- Каталогҳо – файлҳои системавӣ, ки дастгирии структураи системаи файлиро таъмин менамоянд. Дар Windows ва Unix истифода мешаванд.
- Рамзӣ – барои моделронии дохилкунӣ – хориҷкунӣ. Танҳо дар Unix истифода мешаванд.
- Блокӣ – барои моделронии дискҳо. Танҳо дар Unix истифода мешаванд.
Намудҳои асосии файлҳои регулярӣ:
Файлҳои регуляриро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд-матнӣ ва дуӣ.
- ASCII-Файлҳо – аз сатрҳои матн иборат мебошанд.
Файли матнӣ барои хондани одам интихоб шудааст. Онҳо аз сатри рамзхо иборат буда, ичунин ҳар як сатр бо аломати махсус “бозгашти навард” (CR) ва “сатри нав” (LF) иборат мебошанд. Ҳангоми таҳрирнамоӣ ва дидани файлҳои матнӣ ин аломатҳои махсус чи хеле ки қоида ҳаст дида намешаванд. Дар файлҳои матнӣ матни барнома, файлҳои фармонии DOS ва ғ. нигоҳ дошта мешавад.
Хулоса. Файли матнӣ дорои фақат аломатҳои бо коди то 127 (яъне ҳарфҳои русси ва аломатҳои псевдографикиро дар бар намегирифтагӣ) файли ASCII номида мешавад.
- Файлҳои дуӣ – Файлҳои боқимонда (ASCII набуда). Одатан сохтори дохилӣ доранд.
Намудҳои асосии файлҳои дуӣ:
Файлҳои иҷрошаванда. Ҳар як барнома (ба ғайр аз системаи амалиёт, ки ҳангоми ба кор андохтани компютер ба кор медарояд) дар такиби худ файл, ки ин барномаро ба кор меандозад, дорад. Ин гуна файл, файли иҷрошаванда номида мешавад.
Файлҳои иҷронашаванда. Системаи файлӣ аз дискҳо, ҷузъгирҳо ва файлҳо, ки бо сохтори табақавӣ ташкил карда шудааст, иборат мебошад.
Кай вақте ки мо ҳуҷҷатҳои матнӣ ё ягон намуд ҳуҷҷатҳои дигар месозем, он дар диски сахт ё дигар барандаи маълумот дар намуди файли алоҳида нигоҳ дошта мешавад.
Маълумотҳои дар диски сахтбуда дар файл нигоҳ дошта мешаванд. Файлҳо метавонанд сурат, мусиқӣ, ҳуҷҷатҳои матнӣ, тасвири видиоӣ, инчунин барномаҳоро, ки мо дар компютерамон сар медиҳем, дар бар гиранд.
Файлҳо намудҳои гуногун дошта метавонанд.
Ҷадвали 1.1. Пасвандҳо ва намудҳои файлҳо
Пасвандҳо | Намуд | Тасвир | Барнома |
TXT | Матнӣ | Барномаи ASCII | Ҳамагуна таҳриргари матнӣ |
HTM.HTML | Матнӣ | Барномаи HTML | Таҳриргари матнӣ ё барномаи дидани Интернет |
DOC | Дуӣ | Барномаи Microsoft Word | Microsoft Word |
XLS | Дуӣ | Барномаи Microsoft Excel | Microsoft Excel |
BMP | Дуӣ | Тасвир дар андозаи BMP | Paint ва бештари таҳриргарҳои графики |
WAV | Дуӣ | Файли овозӣ | “Звукозапис” ва бештари мултимедиабозиҳо |
EXE | Дуӣ | Файли иҷрошаванда | (худ барнома мебошад) |
Адабиётҳо
- М.Муллоxонов, К. Туҷлиев, Ш. Шодмонов. Информатика ва технологияхои информатсиони. Нашриёти “Нури маърифат”. Хуҷанд –2003.
- Комилов Ф. С., Тоиров Ш.М. Информатика (бо заб. тоҷики) Душанбе-2002.
- Ф.С. Комилов., Д.С. Шарапов Информатикаи татбиқӣ. Душанбе 2009.
- Қурбонов К.Ю., Ҷамолиддинов Н., Исломов Ғ.Ҳ., Исмоилов А.А.,
- Бадалова Б.А., Мирзоев Б. Васоити таълимӣ оиди омӯзиши компютерҳои фардии IBM PC (Қисми 1), Душанбе, 2001.
- Наврӯзов С.Т., Мақсудов Х.Т. Дастурамал барои омӯзиши компютерҳои фардӣ, Душанбе, 1994..
- Шокиров Ф., Шамсиев А., Самеев М.- Асосҳои технологияҳои иттилоотии муосир ш. Хуҷанд 2005
Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru