Таърихи тараққиёти воситаҳои техникаи ҳисоббарор

Related Articles

Компютер – пеш аз ҳама як намуди мошин аст. Он бо дигар мошинҳои дар рӯзгор, хонаю мактаб, нақлиёту истеҳсолот ва дигар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт истифодашаванда хеле монанд аст. Масалан, компютер низ чун дигар мошинҳо бо ёрии шабакаи барқӣ ё аккумулятор кор мекунад. Компютер низ аз якчанд қисмҳои ба ҳам алоқаманд иборат буда, барои иҷро намудани ягон мақсади муайян хизмат мерасонад. Маҳз дар чунин шакл тасвиркунии компютер он­ро ба автомобил, телевизор, дарзмол, мошини сартарошӣ ё плитаи хӯрокпазӣ хеле монанд месозад. Ва­ле дар баробари монандӣ компютер боз хосиятҳои маҳсусро низ соҳиб аст, ки онҳо онро аз дигар мошинҳо ба куллӣ фарқ мекунонанд.

Хосияти аз ҳама асосии компютер ин суръати беандоза баланди ҳисоббарории он мебошад. Худи мафҳуми компютер низ маҳз бо ҳамин хосияти он алокаманд аст: соmputer – ҳисоббарор. Тасаввур кунед, ки компютерҳои аввалин дар як сония метавонистанд садҳо ҳазор ададҳоро ба ҳам ҷамъ созанд. Компютерҳои ҳозиразамон бошанд, метавонанд дар як сония милли­ард ва аз он низ зиёдтар ададҳоро ҷамъ намоянд. Аслан, вақте ки сухан дар бораи зудкории компютер меравад, ҳатто аз калимаи сония истифода ҳам намебаранд. Дар чунин мавридҳо аз калимаҳои микросония ё наносония истифода мебаранд: 1сония=1миллион микросония=1миллиард наносония.

Компютерҳо дар баробари хеле зудкор буданашон, боз таҷҳизоти беандоза боэътимод ба шумор мераванд. Масалан, шахсе, ки бо ёрии қаламу қоғаз баъзе ҳисобкуниҳрро анҷом доданӣ аст, метавонад дар давоми як соат як ё якчанд хатогӣ содир намояд. Пас аз якчанд соати корӣ бошад, ӯ аз хастагӣ метавонад ба миқдори зиёдтари хатогӣ роҳ диҳад. Фарқи компютер аз инсон дар он аст, ки компютер ҳисоббарориҳоро зудтар ва аниқтар иҷро менамояд ва якчанд соат ё ҳатто рӯзҳо бе танаффус кор карда, аз хастагӣ шикоят наменамояд.

Дигар арзиши хеле муҳими компютерҳо аз он иборат аст, ки онҳо имконияти қабул кардан, нигоҳ, доштан ва истифода бурдани маълумот фармонҳоро доранд. Ин хосияти компютерҳо онҳоро ба мошинҳои беҳамто ва бе мислу монанд табдил медиҳад. Хосияти асоси ва муҳимтарини компютер дар он аст, ки он мошини оддӣ набуда, балки мошини электронӣ аст. Маҳз аз ҳамин сабаб ҳам, онро мошини электронии ҳисоббарор (МЭҲ) мегӯянд. Компютерҳо ҳамаи вазифаҳояшонро бо ёрии барномаҳо ба таври автоматӣ, яъне бе иштироки одам иҷро менамоянд. Идоракунии аксарият мошинҳои ғайри МЭҲ, бошад, асосан ба ӯҳдаи инсон гузошта шудааст.

Компютери фардӣ

Компютерҳои насли якум (солҳои 40-50) таҷҳизоти хеле калон буданд. Барои ҷо ба ҷо гузоштани қисмҳои онҳо толорҳои васеъ лозим буд. Масалан, яке аз аввалин МЭҲ ки ENIAC (Эниак) ном дошт ва соли 1946 сохта шуда, 30 тонна вазн, зиёда аз 30 метр дарозӣ ва 1,5 миллион доллар нарх дошт. Ба­рои хизматрасонии ин компютер даҳҳо нафар муҳандисону техникҳо заҳмат мекашиданд. Албатта чунин мӯъҷиза танҳо дастраси корхонаҳои калон ва бой буд.

Фирмаҳое, ки ба истеҳсоли компютерҳо ва дигар таҷҳизоти электронӣ сару кор доштанд, барои ба даст овардани бозори харидорон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки маҳсулоташонро зудтар истеҳсол намоянд ва арзонтар фӯрушанд. Барои амалӣ гаштани ин мақсади ниҳоии онҳо дастовардҳои технологии замонавӣ мусоидат менамуданд.

Қадами аввалин дар хурдгардонии ҳаҷми компютерҳо ба ихтирои транзисторҳо (1948) вобастагӣ дорад. Транзисторҳо дар компютерҳо лампаҳои электрониро иваз намуда, ҳаҷм ва нархи онҳоро тағйир доданд. Масалан, соли 1965 фирмам Digital Еquipment. (Дичитал экюпмент) мини-компютери РDР-8 (Пи-ди-пи 8)-ро истеҳсол памуд, ки ҳаҷми он баробари яхдон буда, нархаш 20 хазор долларро ташкил менамуд.

Соли 1958 Ҷек Килби усули дар як пластинаи нимноқилӣ ҳосил намудани якчанд транзистрҳоро кор карда баромад. Соли 1959 бошад, Роберт Нойс – асосгузори фирмаи Intel (Интел), усули мукаммалтареро фикр кард, ки мувофиқи он дар як пластина ҳам транзисторҳо ва ҳам пайвастагиҳои байни онҳоро сохтан мумкин буд. Схемаҳои электронии хосилшударо схемаҳои интегралӣ ё чипҳо мегуфтанд.

Соли 1970 корманди фирмаи Intel Маршиан Эдвард Хофф схемаи интегралиеро ҳосил намуд, ки он аз рӯи функсияҳояш ба протсессори марказии компютерҳои калон монанд буд. Ҳамин тариқ, аввалин микропротсессори Intel -4004 пайдо шуд, ки он якбора 4 бит информатсияро кор карда баромада метавонист. Вале баъдтар, со­ли 1973 фирмаи Intel микропротсессори 8-битаи Intel -8008 ва соли 1974 варианти мукаммалтари он Intel -8080-ро истеҳсол намуд. Соли 1975 аз тарафи фирмаи MITS дар асоси микропротсессори Intel-8080 аввалин микрокомпютери Алтаир-88000 сохта шуд, ки нархи он 500 доллар буд. Компютери Алтаир-8800-ро аввалин компютери фардй номидан мумкин аст, ки хачми он ба телевизор баробар буд.

Албатта имкониятҳои Алтаир-8800 хеле кам буд. Ҳаҷми хотираи фаврии он ҳамагӣ 256 байтро ташкил менамуд. Ин компютер клавиатура ва экран надошт. Компютерро бо қисмҳои иловагӣ – кла­виатура, монитор, блоки хотираи васеъкардашуда ва ғайраҳо пурра мегардониданд. Худи ҳамон сол (1975) асосгузорони фирмаи Microsoft (Майкрософт) Пол Аллен ва Билл Гейтс барои Алтаир-8800 интерпретатори забони ВАS1С (Бейсик)-ро сохтанд, ки диалоги байни истифодабаранда ва компютерро хеле осон гардонид.

ЭЗОХ Интерпретатор – барномаи системавӣ буда, барои санҷиши синтаксисии барномаҳои дар забони алгоритмӣ навишташуда ва пай дар пай иҷро намудани командаи (операторҳои) вай хизмат мерасонад.

Муваффақиятҳои фирмаи МITS-ро дида бисёр фирмаҳои дигар низ ба истеҳсоли компютерҳои фардӣ шурӯъ намуданд. Акнун компютерҳои фардӣ дар ком­плекти пурра (блоки системавӣ, клавиатура, монитор ва муш) фурӯхта мешуданд. Талабот ба онҳо хеле зиёд буд. Дар як сол садҳо ҳазор компютерҳо фурӯхта мешуданд. Барои ин компютерҳо барномаеҳои тиҷоратӣ (соҳавии шартномавӣ) низ пайдо шуданд. Масалан, соли 1978 барои таҳриркунии матнҳо барномаи Wordstar (Вордстар) ва соли 1979 протсессори таблитсавии ViciСа1с (Визикалк) сохта шуданд, ки онҳо аз қабили чунин программаҳоянд. Акнун аксарияти корхонаҳо ва ташкилотҳо ҳисоббарориҳои худро на дар мошинаҳои калон ё миёна (макро-МЭҲ), балки маҳз дар компютерҳои фардӣ (микро-МЭҲ) иҷро менамуданд.

Компютерҳои IBM PC

Дар охирҳои солҳои 70-ум ба таври хеле васеъ паҳншавии компютерҳои фардӣ сабаби коҳишёбии талабот ба компютерҳои калон ва мини-МЭҲ гашт. Фирмаи 1ВМ (International Вasiniss Масhines Соrporation), ки компанияи пешбари истеҳсолкунандаи компютерҳои калон ба шумор мерафт, аз ин ҳодиса ба ташвиш афтод. Ин фирма соли 1979 қарор дод, ки ба истеҳсоли компютерҳои фардӣ шуруъ намояд.

Вале роҳбарони фирма ба аҳамияти беандоза бузург доштани бозори ин соҳа баҳои сазовор надода, истеҳсоли компютерҳои фардиро ҳамчун як таҷрибаи хурд, аз қабили сохтани ягон детали нав, ба нақша гирифтанд. Барои он ки ба таҷриба маблағи зиёд сарф нашавад, фирма ба гурӯҳи масъули лоиҳа озодии гӯшношунидро фароҳам овард.

Пеш аз ҳама, ба сифати микропротсессори асосии компютер микропротсессори навтарини 16-разрядаи Intel-8088 интихоб карда шуд. Истифода бурдани ин микропротсессор имконият дод, ки бо хотираи 1 мега­байт (220 байт) кор карда шавад. Ҳамаи компютерҳои фардии пештара бошанд, танҳо то 64 килобайт (1 кило­байт = 210 байт) ҳаҷми хотира кор карда метавонистанду халос. Дар компютер қисмҳои иловагии аз тарафи фирмаҳои дигар истеҳсолкардашуда истифода бурда шуд. Таъминоти барномавии компютер ба души фирмаи начандон калони он вақт Microsoft (Майкрософт) гузошта шуд.

Моҳи августи соли 1981 компютери нав бо номи IBM PC (Ай-Би-ЭМ Пи-Си) ба чаҳониён муаррифӣ карда шуд ва он дар байни истифодабарандагон ба зуди маҳбуб гашт. РС абвиатураи калимаҳои англисии Ptrsonal Сomputer мебошад, ки тарҷумааш компютери персоналӣ ё фардӣ аст. Пас аз як-ду соли пайдоиши IВМ РС дар бозори чаҳонии компютерҳои фардӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, ҷойи компютерҳои 8-битаро танг намуд. Дар асл IВМ РС имрӯз дар ҷаҳон стандарти компютерҳои фардӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло компютерҳои ба IВМ РС монанд, ки дар тамоми дунё истеҳсол карда мешаванд, зиёда аз 90% ҳамаи компютерҳои фардиро ташкил медиҳанд.

Адабиётҳо

  1. М.Муллоxонов, К. Туҷлиев, Ш. Шодмонов. Информатика ва технологияхои информатсиони. Нашриёти “Нури маърифат”. Хуҷанд –2003.
  2. Комилов Ф. С., Тоиров Ш.М. Информатика (бо заб. тоҷики) Душанбе-2002.
  3. Ф.С. Комилов., Д.С. Шарапов Информатикаи татбиқӣ. Душанбе 2009.
  4. Қурбонов К.Ю., Ҷамолиддинов Н., Исломов Ғ.Ҳ., Исмоилов А.А.,
  5. Бадалова Б.А., Мирзоев Б. Васоити таълимӣ оиди омӯзиши компютерҳои фардии IBM PC (Қисми 1), Душанбе, 2001.
  6. Наврӯзов С.Т., Мақсудов Х.Т. Дастурамал барои омӯзиши компютерҳои фардӣ, Душанбе, 1994..
  1. Шокиров Ф., Шамсиев А., Самеев М.- Асосҳои технологияҳои иттилоотии муосир ш. Хуҷанд 2005
  2. Системаи ҷустӯҷуии глобалӣ: www.yandex.ru, www.google.ru
350
Нет комментариев. Ваш будет первым!