Ада Августина Лавлейс

Related Articles

Ада Августина Лавлейс

(Муаллиф Александр Лейзерович, тарҷумаи Оймаҳмади Пирматзод )

Чи хеле ки мо медонем дар таърихи 10-уми декабр дар ҷаҳон бисёр дигаргуниҳо рух додааст, дар қатори ин ҳама 10-уми декабрро «Рӯзи Барномасозон» низ медонанд. Чунки маҳз ҳамин рӯз, яъне 10-уми декабри соли 1815 ягона ҷавонзане, ки бо маҳорати хеш ба олами технология навгонии дигаре ворид кард, Ада Августина Лавлейс ба дунё омадааст. Вақте Ада ду моҳа буд падару модараш аз ҳамдигар ҷудо мешаванд, аз ҳамон вақт инҷониб ӯ падарашро намебинад ва дар домани модари бузургаш ба воя мерасад. Байрон дар васфи духтараки хурди худ дар достони «Зиёрати Гаролда Чайлд» якчанд мисраъҳои таъсирбахше эҷод кардааст. Ва дар ҷое чунин гуфтааст: «умедворам, ки Худованд, барои ӯ чи чизе лозим аст карамоташ мекунад, набалки завқи шоирӣ». Барои шавқманд кардани духтари хурди худ модар тамоми кӯшишҳояшро ба харҷ медод. Ада бошад дар доираи илми математика маълумоти бештаре ба даст меовард. Соли 1834 дар ҳаёти духтари ҷавон дигаргуние рух дод. Ӯ бо яке аз математик ва ихтироъкорони мошинаи бо ном «аналитикӣ» Чарлз Беббиҷ вохурд. Ин дар ҳаёти Ада саҳфаи наверо боз кард.

Мошинаи Беббиҷ ба тозагӣ сохтори механикӣ дошт ва он бо муҳаррик ҳаракат мекард, аммо он дар худ як қатор андешаҳо оид ба сохтор ва хусиятҳои МЭҲ-ҳои хозиразамонро таҷассум мекард. Он бо суроѓаҳо ва бастаҳои рамзии худ, ки маълумотҳо дар онҳо ба воситаи перфокартаҳо ворид карда мешуд, кор мекард. Бо вуҷуди меҳнати тақрибан чилсола мошинаи ӯ аз камбудиҳои зиёд иборат буд ва ба техникаи замонавӣ ниёз дошт. Дар мукаммал кардани аввалин мошинаи электронии ҳисобарор бисёре аз ақидаҳои олим Беббиҷ амали нашуданд, чунки барои рӯйи кор омадани ин идеяҳо садсолаҳо лозим буд. Маълум буд, ки одамони он замона ба кори кардаи Беббиҷ аҷобатангез ва соддалавҳона муносибат мекарданд. Ҳамсари математики бузурги англис, ки Ада дар зери роҳбарии ӯ фанни математикаро аз худ мекард, ба Беббиҷ чунин нигошта буд: «Ҳоло бошад як қисми донишомӯзон бо чунин як ҳиссиёти аҷиб ва монанди оне, ки одами ваҳши аз дидани худ дар оина ва овози силоҳ метарсад, дар ҳайрат мондаанд, аммо хонуми Байрон бар замми ҳамин қадар ҷавон буданаш, тавонист кори мошинаро сарфаҳм равад ва ба ихтироъкори он баҳои баланд диҳад.» Беббиҷ Адаро на ҳамчун шунавандагони фаъоли худ, балки ӯро яке аз ёрдамчиёни бовариноки худ медонист. Ӯ бо духтар робитаи зич пайдо кард ва ӯро мисли духтари худ, ки қариб ҳамсоли Хонуми Байрон буду аз дунё гузашта буд, ҳурмату эҳтиром мекард. Соли 1835 Ада бо яке аз заминдорони Кинг оила барпо мекунад ва баъдтар номи ӯ ҳамчун Лавлейс дар таърих мемонад. Шавҳари Лавлейс ҳангоми омӯзиши ӯ ягон муқобилият нишон намедод, баръакс ӯро нисбати илм ҳавасмандтар мегардонд. Таваллуд шудани фарзандон Адаро аз омӯзиши математика дур кард, аммо дар аввали солҳои 1841 ӯ ба Беббиҷ чунин менависад: « Ман бовари дорам, ки дониши ман метавонад дар муддати қариб се-чор сол ё бештар аз ин тамоми мақсад ва нақшаҳои шуморо амали созад.»

Бо хоҳиши Чарлз Беббиҷ Ада Лавлейс ба тарҷумаи очерки муттахасиси қисми ҳарбии итолявӣ Луи Федерико Менабреа машѓул мешавад. Менабреа соли 1840 яке аз шунавандагони мақолаи Беббиҷ дар бораи сохтори МЭҲ дар шаҳри Турин буд ва ӯ тавониста буд, ки дар бораи механизми кори ин мошина ба таври пурра дар очерки худ маълумот диҳад. Ӯ чунин фикр дошт: «Худи ҷараёни ҳисоббарорӣ бо ёрии формулаҳои математикӣ, ки дар перфокартаҳо ва матнҳои мантиқи сабт ёфтаанд сурат мегирад, ки онҳо дар дастгоҳи бофандагии Жаккар истифода мешаванд.Ҳамаи корҳои фикрӣ ба воситаи навиштани формулаҳое, ки ҳисоб карданашон мувофиқ аст, тавлиди мошинаҳои якхела бо аломати ҳисобкуни, ки мунтазам ин ҳисобкуниҳо бояд рӯйи кор оянд, анҷом дода мешавад».

Хонум Лавлейс на танҳо очеркро тарҷума кард, балки онро комилан тафсир карда фарохтар гардонд ва он қариб ду баробари матни асл шуд. Ҳамаи иловаҳои худро ӯ бо Беббиҷ муҳокима кард. Маълум шуд, ки шавқи Беббиҷ аз кори кардаи шогирди худ хело зиёд гардид ва дар ҳамон лаҳза чунин нигошта буд: «Чи қадаре, ки ман ақидаҳои туро мутолиа мекунам, ҳамон қадар ба гумонҳои ту зарар мерасонам. Ман аз ақидаҳои бисёр ҳам фалсафие, ки ту нисбати мошинаи аналитикии ман дори нияти даст кашидан надорам».

Китоби Менабреа бо шарҳиёти ташаббускор ва барномасози ҷавон Ада Августа Лавлейс соли 1843 дар ҷаҳон машҳур шуд. Ҳангоми ба муқовабандӣ супурдани ин китоб Беббиҷ навишта буд: «Маҷмӯи ин корҳо (Менабреа ва Лавлейс) ба он касоне пешниҳод мегардад, ки қобилияти пайгири кардани мулоҳизаҳои онҳоро доранд ва ба он касоне тавсия дода мешавад, ки тамоми намуди таҷзияҳои математикиро бо ёрии мошина кор карда метавонанд».

Дар тафсироти худ ҳангоми тарҷума Лавлейс махсус барои мошинаи Беббиҷ аввалин шуда дар ҷаҳон се барномаи ҳисоббарориро сохт. Аз ҳама соддатарин ва пурратараш ин навиштани барномаи ҳалли ду тири алгебравии номаълум буд. Барои ҷудо кардани чунин барномаҳо мафҳумҳоро ба дохили ячейкаҳои фаъол дароварданд ва ақидаи пайдарпай таѓйирёбии ин мафҳумҳо низ истифода гардида буданд. Аз ин ақидаҳо то дастгоҳи хотиравӣ як қадам роҳ монда буд, ки яке аз асоситарин амалиётҳои тамоми забонҳои барномасозӣ ин ба кор омода кардани мошина буд. Барномаи дигар барои ҳисоб кардани функсияҳои мунтазам такроршаванда ва даврии тригонометрӣ тартиб дода шуда буд, ки барои ин пайдарпайи (процедура) Лавлейс мафҳуми циклро (яке яке аз асоситарин пайдарпайии сохтори барномасозӣ аст) дохил кард. Дар барномаи сеюм бошад барои ҳисоб кардани ададҳои Бернулли, аллакай сиклҳои даврӣ истифода шуда буданд. Дар тафсироти худ Лавлей қайд карда буд, ки бо мошинаи ҳисоббарор натанҳо ҳисоби ададҳоро иҷро кардан мумкин, балки бо дигар объектҳо низ кор кардан лозим аст ва ҳатто ин гуна мошинаҳоро метавон ба яке аз ҳисобкунакҳои пуриқтидортарин табдил дод.

Баъди анҷоми тарҷума ва таҳлил Ада ба Беббиҷ пешниҳод кард, ки шахсан ӯ ба истифодаи мошинаи аналитикӣ мароқи бештаре дорад ва мехоҳад бо шавқмандон дар ин бора машварат кунад, то ки Беббиҷ аз кори асосии худ даст накашад. Аммо вақти истифодаи ин мошина фаро нарасида буд, истифодабарандагон ба дарсҳои хонуми Лавлейс намеомаданд ва ниҳоят соли 1842 ҳукумати Британияи Кабир барои кори Беббиҷ маблаѓ ҷудо карданро манъ кард. Беббиҷ барои ба душвори дарёфтани маблаѓҳои лозимӣ омода буд. Ногоҳ Беббиҷ бо дусташ Лавлейс системаи наверо бо номи «илми математикаи ҳақиқӣ»фикр карда бароварданд, ки ин ба онҳо боварии ѓолибияти бузургеро дода буд. Ин «система» хуб кор накард, он натанҳо ноумедӣ овард, балки боиси аз даст додани маблаѓи зиёде низ шуд. Аз ҳама матонати бузургро Лавлейс аз даст надода пинҳонӣ аз шавҳари худ ва Беббиҷ «бози кардан»-ро содиқона идома дод ва кӯшиш мекард то ин системаро хуб такмил диҳад. Барои ин ӯ қариб тамоми маблаѓҳояшро сарф кард. Аз ҳамон вақт сар карда аввали солҳои 50-ум саломатии хонум Ада ногаҳон ба бад шудан оѓоз кард. Соли 1852 Адаи 37- сола аз олам чашм пушид ва ӯро дар паҳлӯи падар ба хок супорида дахмаи рӯи қабри ӯро бо насаби Байронов оро доданд.

Номи Ада Лавлейс дар байни солҳои 1930 дар алоқаманди бо корҳои кардаи математики англис Алана Тюринга аз нав зинда гардид, ки ин ягона олиме буд, ки мафҳуми алгоритми мантиқиро ба илм дохил кард ва ҳамчун яке аз дувумин созандагони МЭҲ шуморида мешуд.

Дар охири солҳои 1970 дар вазорати мудофиаи ИМА тадқиқотҳои гуногуни илмӣ оид ба тартиб додани забонҳои барномасозӣ, ки бояд бехатарии тамоми зинаҳои ҳарбиро таъмин мекард, гузаронида шуданд. Барои раҳо ёфтан аз ин мушкили ягона забони барномасозие лозим буд, ки ҳимоя ва услубиёти асосиро тадбиқ карда тавонад. Кулли ин се нақшаи кашидашуда диққати мутахасисони мамлакатҳои гуногуни руйи дунёро ба худ ҷалб кард. Моҳи майи соли 1979 яке аз ѓолибони конкурси коркарди забонҳои барномасозӣ мақолаеро бо номи «Забони Ада», таҳти роҳбарии яке аз франсузҳо Жанна Ишбиа ба олимон шиносонид. Дар қатори ин забони дигари барномасозӣ, ки ба номи Блез Паскал таалуқ дошт рӯйи кор омад, ки ин олим соли 1642 дар синни 19 солаги онро тайёр карда буд ва номҳои «Паскалина» ё «Чархи Паскал» ном бурда мешуд. Бо пайдоиш ва васеъ шудани компютерҳои фардӣ забони Ада маънии худро аз даст дод, аммо то ҳол барои тайёр кардани барномаҳо ҳамчун забони баландпоя истифода мешавад.

Хушбахтона, дар иёлотҳои Алабама ва Оклахома ду шаҳрак ба номи Ада гузошта шудааст. Инчунин дар йёлоти Оклахома як омӯзишгоҳ бо номи ӯ амал мекунад. Бо ин корҳои бузурги хеш Ада Августина Лавлейс тавонист номи падарро боз ҳам зиндатар гардонад.

476
Нет комментариев. Ваш будет первым!