МЕНЮИ РАВЗАНАИ ПРОГРАММАИ «РОҲБАЛАД»

Related Articles

Тавре ки пештар қайд намудем, дар сатри дуюми равзанаи Роҳбалад (Расми 25) менюи он ҷойгир шудааст. Менюи программа аз якчанд бандҳо иборат аст, ки ҳар кадоми он ба иҷро намудани амалиёти гурӯҳи муайян вобаста карда шудааст. Бандҳои менюи программаро бо яке аз тарзҳои зерин интихоб намудан мумкин аст:

  1. Нишондиҳандаи мушро ба банди лозимӣ гузошта, тугмаи чапи онро пахш кардан. Масалан, агар нишондиҳандаи мушро ба банди Файл гузошта тугмаи чапи онро пахш кунем, он гоҳ зерменюи ин банд пайдо мешавад. Дар зерменю командаҳои ба ин банд тааллуқдошта нишон дода мешаванд.
  2. Дар клавиатура якҷоя пахш намудани тугмаи Alt ва тугмаи ҳарфе, ки номи банди меню бо он сар мешавад. Масалан, агар тугмаҳои Alt ва Ф -ро якҷоя пахш кунем, он гоҳ банди Файл интихоб карда мешавад. Пахши якҷояи тугмаҳои Alt ва П бошад, банди Правка (Таҳрир)-ро фаъол мегардонад.

Банди Файл. Қайд кардан лозим аст, ки зерменюҳои бандҳои менюи программа, вобаста аз нишонаҳои интихобкардашуда, метавонанд миқдори сатрҳои гуногунро дар бар гирифта бошанд. Миқдори сатрҳо бошад, ба имкониятҳои амалиётгузаронии зерменю таъсири муайян мерасонад. Чунин вобастагиро дар мисоли банди Файли менюи программа бараъло дидан мумкин аст (Расми 28 –а,b,c):

  1. зерменюи банди Файли меню ҳангоми фаъол набудани нишонаи ягон объекти равзанаи папка;
  2. зерменюи банди Файли меню ҳангоми фаъол будани нишонаи ягон ҳуҷҷати папка;
  3. зерменюи банди Файли меню ҳангоми фаъол будани нишонаи ягон зерпапкаи папка.

Ҳангоми фаъол гардонидани сатри Открыть (Кушодан)-и банди Файл:

  1. агар нишонаи ягон папка интихоб карда шуда бошад, он гоҳ он кушода мешавад;
  2. агар нишонаи ягон ҳуҷҷат интихоб карда шуда бошад, он гоҳ он барои таҳрир кардан тайёр карда мешавад.

Ҳангоми фаъол гардонидани сатри Удалить (Нест кардан) объектҳои интихобкардашуда ба Корзина (Сабад) партофта мешаванд. Агар ин сатр дар якҷоягӣ бо пахши тугмаи Shift фаъол гардонида шавад, он гоҳ объектҳои интихобкардашуда умуман аз диск хориҷ карда мешаванд.

Сатри Переименовать (Аз нав ном гузоштан)-ро фаъол гардонида, мо имконияти иваз кардани номи нишонаҳоро пайдо менамоем. Дар ҳолати фаъол гардонидани сатри

а b c

Изображение
Изображение
Изображение

Расми 28. Интихоби банди Файл дар се мавриди гуногун

Создать ярлык (Ярлик сохта шавад) бошад, барои ҳар як нишонаи объектҳои интихобкардашуда, ярлики онҳоро сохтан мумкин аст. Сатри Свойства (Хосиятҳо)-ро фаъол гардонида, мо имконият пайдо менамоем, ки бо хосиятҳои мавҷудаи объекти интихобкардашуда шинос шавем ва дар мавридҳои зарурӣ ба онҳо тағйирот ворид намоем.

Изображение

Расми 29. Дар банди Файл зербанди Создать (Сохтан)

интихоб карда шудааст

Ҳангоми интихоб кардани сатри Создать (Сохтан)-и меню зерменюи он пайдо мешавад (Расми 29). Бо ёрии ин зерменю дар дохили папкаи интихобкардашуда зерпапка, ярлики объектҳо ё ҳуҷҷати дилхоҳро сохтан мумкин аст.

ИзображениеДар ҳолати фаъол гардонидани сатри Отправить (Равон кардан) зерменюи ба он вобаста пайдо мегардад (Расми 30). Агар дар зерменюи пайдогардида командаи Диск 3,5 (А) фаъол гардонида шавад, он гоҳ объекти интихобкардашуда ба дискет сабт карда мешавад. Ҳангоми фаъол гардонидани командаи Моидокументы бошад, объекти интихобкардашуда ба папкаи Мои документы (Ҳуҷҷатҳои ман) равон карда мешавад. Айнан ҳамин тавр, командаҳои боқимондаи сатри Отправить (Равон кардан) барои ба ин ё он макон равон кардани объектҳои интихобкардашудаи папка хизмат мерасонанд.

Банди Правка. Яке аз бандҳои дигари асосии менюи программаи Расми 30. Зербанди

Роҳбалад банди Правка (Таҳрир) ба Отправить (Равон кардан)

чунин маъно дорад, ки ҳоло танҳо он амалиётеро амалӣ гардонидан

Расми 31. Банди Правка

(Таҳрир) дар менюи

Роҳбалад

Изображениедар банди Файли меню ҳисоб меравад. Ба ин банди меню зерменюи дар расми 31 овардашуда мувофиқ меояд. Аз ин расм дида мешавад, ки ранги баъзе аз сатрҳои зерменю сиёҳи баланд буда, ранги

қисми дигарашон тираранг аст. Ин

мумкин аст, ки онҳо дар сатрҳои рангашон сиёҳи баланд нишон дода шудаанд. Дар сатрҳои тираранг амалиёте нишон дода шудаанд, ки онҳо барои объекти интихобкардашуда имконияти иҷро шудан надоранд. Бо ёрии командаи Выделить все (Ҳамааш ҷудо карда шавад) мо метавонем якбора ҳамаи объектҳои дохили папкаро интихоб намоем. Бо ёрии командаи Обратитьвыделение (Инкори ҷудокунӣ) бошад, амали ҷудокунии объектҳои интихобкардашударо бекор намудан мумкин аст.

Дар ҳолати фаъол гардонидани сатри Вырезать

(Буридан) объектҳои интихобкардашуда ба буфер

равона карда шуда, дар мавриди фаъол гардонидани сатри Копировать (Нусхабардорӣ кардан) бошад, танҳо нусхаи ин объектҳо ба буфер равон карда мешаванд.

Дар вақти фаъол гардонидани командаи Вставить (Гузоштан) информатсияи дар дохили буфер маҳфузбуда ба объекти интихобкардашуда ҷойгир карда мешавад. Масалан, агар мо дар равзанаи Роҳбалад ягон папкаро интихоб кунем ва баъд банди Правка ва командаи Вставитьро фаъол гардонем, он гоҳ объекти дар буфербуда ба дохили папкаи интихобкардашуда ҷойгир карда мешавад.

ЭЗОҲ:

Буфер гуфта як қисми хотираи фаврии компютерро мегӯянд, ки он барои муваққатан нигоҳ доштани информатсия хизмат мерасонад.

ИзображениеКомандаи Отменить (Бекор кардан) барои бекоркунии амалиёти дар қадами пештара иҷрокардашуда хизмат мерасонад. Ин команда вақте фаъол аст, ки агар пеш аз ин бо объект ягон амалиёт иҷро карда шуда бошад.

Командаи Вставить ярлык

(Ярлик гузошта шавад) дар папкаи интихобкардашуда ярлики объекти дар буфер маҳфузбударо месозад.

Банди Вид. Ҳангоми дар менюи Расми 32. Банди Вид дар

Роҳбалад интихоб намудани банди менюи РоҳбаладВид (Намуд), дар экран зерменюи он пайдо мешавад, ки дар расми 32 оварда шудааст. Тавре ки пештар баён намудем, ҳангоми дар қисми чапи майдони кории равзанаи Роҳбалад интихоб намудани нишонаи ягон папка, нишонаҳои объектҳои дохили он дар қисми рости майдони кории равзана намудор мешаванд. Бо ёрии имкониятҳои банди Вид нишонаҳои объектҳои дохили папкаро бо чор усул инъикос кардан мумкин аст:

  • дар шакли Нишонаҳои ҳаҷман калон (Крупные значки);
  • дар шакли Нишонаҳои ҳаҷман хурд (Мелкие значки);
  • дар шакли Рӯйхати нишонаҳо (Список);
  • дар шакли Таблитсаи нишонаҳо (Таблица).
Изображение

Расми 33. Роҳбалад: Папкаи Windows дар намуди Таблитса

294
Нет комментариев. Ваш будет первым!