ПРОГРАММАҲОИ СТАНДАРТИИ WINDOWS

Related Articles

ПРОГРАММАҲОИ СТАНДАРТИИ WINDOWS.

ТАҲРИРГАРИ МАТНИИ БЛОКНОТ

Программаҳои стандартӣ. Аслан аз системаҳои оператсионӣ талаб карда намешавад, ки онҳо дар таркиби худ воситаҳои иҷрои масъалаҳои мушаххаси амалиро дошта бошанд. Барои ҳалли чунин масъалаҳо таъминоти программавии амалӣ мавҷуд аст. Вазифаи асосии системаҳои оператсионӣ – таъмини алоқаи байни истифодабаранда, таҷҳизот ва программаҳо ба ҳисоб меравад. Новобаста ба ин, дар таркиби системаи оператсионии Windows маҷмӯи маҳдуди программаҳои амалӣ пешбинӣ карда шудаанд, ки онҳо дар ҳалли масъалаҳои оддӣ ва зуд-зуд вохӯранда ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Ин гуна программаҳоро замимаҳои стандартии Windows мегӯянд. Омӯзиши программаҳои стандартии Windows имконият медиҳад, ки азхудкунии воситаҳои программавии махсусгардонидашуда тезонида шавад. Ба программаҳои стандартии Windows таҳриргари матнии Блокнот, таҳриргари графикии Paint, протсессори матнии WordPad, программаи Калкулятор ва ғайра дохил мешаванд. Файлҳои ин программаҳо дар папкаи Windows маҳфуз буда, ба воситаи Менюи асосии система ё программаҳои

Компютери ман ва Роҳбалад ба кор дароварда мешаванд.

ИзображениеПрограммаи Блокнот. Программаи Блокнот – таҳриргари матнӣ ба ҳисоб рафта, барои азназаргузаронии файлҳои матнии типи .TXT, сохтани ҳуҷҷатҳои на чандон калон ва азхудкунии тугмаҳои клавиатура истифода бурда мешавад. Ин программаро бо ёрии командаи Менюи асосии система ба кор даровардан мумкин аст: ПускПрограммы

СтандартныеБлокнот

(ОғозПрограммаҳоСтандартӣБлокнот). Равзанаи блокнот дар расми 42 оварда шудааст.

Тарзи дохилкунии матн бо ёрии Блокнот хеле оддӣ аст.

Барои дохилкунии матни ягон ҳуҷҷат бештар аз блоки

Изображение

Расми 42. Равзанаи программаи Блокнот

ҳарфӣ-рақамии клавиатура истифода мебаранд. Ҳангоми ба канори рости равзанаи программа расидани матн, истифодабаранда бояд тугмаи Enter -ро пахш намояд. Агар ӯ хоҳад, ки матн ба таври автоматӣ аз сатр ба сатр гузаронида шавад, он гоҳ ӯ бояд аз командаи менюи равзана ПравкаПеренос по словам (ТаҳрирГузариш аз рӯи калимаҳо) истифода барад. Мавқеи дохилкунии символҳои матн дар сатр бо ёрии курсор (аломати ) муайян карда мешавад.

Блокнот имконият медиҳад, ки матни ҳуҷҷат ба воситаи танҳо яке аз намудҳои ҳуруфҳо дохил карда шавад. Интихоби ҳуруф, андоза ва тарзи зоҳиршавии ҳуруф (муқаррарӣ, курсив, ғафс ва ғафсу курсив) бо ёрии командаи менюи равзанаи он ПравкаШрифт

(ТаҳрирҲуруф) идора карда мешавад (Расми 43).

Изображение

Расми 43. Равзанаи робитавии ҳуруф

Ҳуҷҷати сохташударо бо ёрии командаи

ФайлСохранить как (ФайлСабткунӣ ҳамчун) дар хотира (винчестер ё дискет) нигоҳ доштан мумкин аст (Расми 44).

Агар ба файли ҳуҷҷат ном нагузоред, он гоҳ система ба он номи Безымянный.txt дода, онро дар папкаи Мои документы (Ҳуҷҷатҳои ман) нигоҳ медорад. Номи файл дар майдончаи Имя файла (Номи файл)-и равзанаи робитавии Сохранение (Нигоҳдорӣ) дохил карда мешавад. Пас аз дохилкунии номи файл бояд тугмаи командавии Сохранить (Сабткунӣ)-и равзана пахш карда шавад. Пас аз таҳрирҳои ояндаи файли ҳуҷҷат, барои нигоҳдории он кифоя аст, ки командаи ФайлСохранить (ФайлСабткунӣ) истифода бурда шавад. Барои таҳриркунии матни ҳуҷҷат, шумо бояд такроран ба мавзӯи клавиатура (синфи 8) муроҷиат намоед. Агар шумо ҳангоми таҳриркунии матн тугмаи функ-сионалии F5 –ро пахш намоед, он гоҳ дар матни ҳуҷҷататон ба таври автоматӣ таърихи рӯз ва вақти ҷорӣ илова карда мешавад. Барои кушодани файли ҳуҷҷат бошад, командаи ФайлОткрыть (ФайлКушода шавад)

Изображение

Расми 44. Равзанаи робитавии сабткунӣ

хизмат мерасонад.

ТАҲРИРГАРИ ГРАФИКИИ PAINT

ИзображениеТаҳриргарони графикӣ барои сохтан ва таҳрир намудани расму графикҳо пешбинӣ карда

шудаанд. Программаи Paint – яке аз таҳриргарони оддитарини графикӣ ба шумор

меравад. Гарчанде воситаҳои ин программа имкониятҳои васеи сохтани расмҳои дараҷаи касбиро надошта бошанд ҳам, вале омӯзиши он ҳамчун программаи стандартии Windows дар истифодабарии таҳриргарони пуриқтидори CorelDraw, Fotoshop ва

Изображение
Изображение

Панели асбобњо

Изображение

Сатри меню

Изображение

Сатри сарлавња

Изображение

Палитраи

танзимсози

асбобњо

Изображение

Палитраи

танзимсози

рангњо

Изображение

Майдони корї

ғайра беандоза калон мебошад.

Расми 47. Равзанаи таҳриргари графикии Paint

Командаи ПускПрограммыСтандартныеPaint (ОғозПрограммаҳоСтандартӣPaint) программаи Paint-ро ба кор медарорад. Равзанаи программаи Paint дар расми 47 оварда шудааст.

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки программаи Paint таҳриргари графикаи растрӣ мебошад. Дар Windows ба ғайр аз таҳриргарони графикаи растрӣ, боз таҳриргарони графикаи векторӣ амал мекунанд. Усулҳои кор бо ин таҳриргарон аз ҳамдигар тамоман фарқ доранд. Агар элементи хурдтарини тасвиркунии экранӣ дар таҳриргарони графикаи растрӣ нуқта (пиксел) ба ҳисоб равад, он гоҳ дар таҳриргарони графикаи векторӣ чунин элементро хатҳо (рост, каҷ) ташкил медиҳанд, ки онҳо ба воситаи функсияҳои математикӣ ифода карда мешаванд.

Дар равзанаи Paint ба ғайр аз сатри меню, боз панели асбобҳои он ва палитраҳои танзимсози асбобҳо ва рангҳо мавҷуданд. Тугмаҳои панели асбобҳои Paint барои ба кор даровардани асбобҳои графиксоз хизмат мерасонанд. Ба воситаи палитраи танзимсози асбобҳо параметрҳои асбобҳоро (ғафсии хат, усули рангпуркунии фигура ва ғайра) тағйир додан мумкин аст. Элементҳои палитраи рангӣ бошанд, барои интихоб намудани ранги асосии тасвир (пахшкунии тугмаи чапи муш) ва ранги заминаи расм (пахши тугмаи рости муш) хизмат мерасонанд.

Пеш аз оғози кор бо Paint бояд андозаи тақрибии расми мекашидагиро муайян созем. Андозаҳои расм бо ёрии майдончаҳои Ширина (Бар) ва Высота (Баландӣ)-и равзанаи робитавии Атрибуты (Атрибутҳо, Хосиятҳо) муайян карда мешавад, ки он ба воситаи командаи менюи равзанаи Paint РисунокАтрибуты (РасмАтрибутҳо) кушода мешавад. Аз байни воҳиди ченакҳои андоза – дюйм, см (сантиметр), нуқта (пиксел) мо бояд ҳангоми кор дар экран пиксел ва ҳангоми дар коғаз чоп намудани расм см-ро интихоб намоем.

Расмкашӣ дар майдони кории равзанаи Paint дар дохили андозаи интихобкардашудаи расми оянда амалӣ мегардад. Функсияҳои асбобҳои расмкашии Paint чунин аст:

Изображение– амалиёти кӯчонидан, нусхабардорӣ кардан ва нест намуданро ҷудокунии соҳаи ихтиёрӣ. Бо соҳаи ихтиёрии ҷудокардашуда иҷро кардан мумкин аст.

Изображение– ҷудокардашуда низ амалиёти кӯчонидан, нусҷудокунии соҳаи росткунҷавӣ. Бо соҳаи росткунҷавии хабардорӣ кардан ва нест намуданро иҷро кардан мумкин аст.

Изображение– менамхатпоккунак. Ранги асосиро ба ранги заминаи расм иваз ояд. Изображение– рангрезак. Контури сарбастаро бо ранги интихобкардашуда пур мекунад.

Изображение– истифодабурангинтихобкунак. рдашуда, яке аз рангҳоро ба ранги ҷорӣ табдил Аз маҷмӯи рангҳои дар расм медиҳад.

  • масштаб. Масштаби элементи расмро тағйир медиҳад. – мерқалам. Барои кашидани хатҳои (рост, каҷ) асонад. ихтиёрӣ хизмат
Изображение
Изображение
Изображение
Изображение
Изображение
Изображение
Изображение
Изображение
  • Мӯқаламҳо андмӯқалам. Принсипи кори мӯқалам ба қалам монанд аст. озаҳои гуногун доранд. – бурда мешрангпошак. Барои расмкашӣ бо усули пошидани ранг истифода авад.
  • бо ёрии ин асбоб дар расм матнҳо ҳамроҳ карда мешаванд. – хати рост. Барои кашидани хатҳои рост хизмат мерасонад.
  • мерасхати каҷ. Барои кашидани хатҳои каҷи суфта хизмат онад.
  • бурда мешавад. Агар ҳангоми кашидани росткунҷа тугмаи росткунҷа. Барои кашидани фигураҳои роскунҷавӣ истифода

Shift пахш карда шавад, он гоҳ квадрат ҳосил мешавад.

Изображение– мербисёркунҷа. Барои кашидани бисёркунҷаи ихтиёрӣ хизмат асонад.

Изображение– бурда мешавад. Агар ҳангоми кашидани эллипс тугмаи эллипс. Барои кашидани фигураҳои эллипсшакл истифода Shift

пахш карда шавад, он гоҳ давра ҳосил мешавад.

Изображение– суфтаанд.росткунҷаи ҳамворкунҷ. Росткунҷае мекашад, ки кунҷҳояш

ИзображениеТанзимкунии клавиатура. Аз мавзӯъҳои гузашта огоҳем, ки клавиатура ва муш воситаҳои асосии идоракунии система ва дохилкунии информатсия ба ҳисоб мераванд. Барои батанзимдарории кори клавиатура дар равзанаи Панели идоракунӣ (Расми 11) ба нишонаи Клавиатура бо ёрии муш ду маротиба таъсир мерасонем. Дар натиҷа равзанаи робитавии Свойства: Клавиатура (Хосиятҳои клавиатура) кушода мешавад (Расми 49). Равзанаи Хосиятҳои клавиатура аз ду тугмаи қабатӣ – Скорость (Суръат) ва Язык (Забон) иборат аст.

ИзображениеБа воситаи тугмаи қабатии Суръат суръати такроршавии автоматии символҳои клавиатура ва зудии лаппиши курсори экран ба танзим оварда мешаванд. Тугмаи қабатии Забон бошад, барои

интихобкунии комбинатсияҳои клавиатурии гузариши байни алифбои русӣ ва лотинӣ ва ҳамчунин ба клавиатура

ҳамроҳкунии Расми 49. Равзанаи танзимкунии алифбои нав хизмат Клавиатура мерасонад. Барои ба

система ҳамроҳкунии алифбои нав аз тугмаи командавии Добавить (Ҳамроҳ кардан) истифода мебаранд. Тугмаи командавии Удалить (Нест кардан), барои аз система хориҷкунии алифбои ҳамроҳкардашуда хизмат мерасонад.

ИзображениеИзображениеБарои дар Панели масъалаҳои Мизи корӣ пайдо шудани индикатори нишонаҳои алифбоҳо зарур аст, ки командаи Ввести индикатор (Индикатор дохил карда шавад)-ро фаъол гардонем. Пас аз дар Панели масъалаҳо пайдошавии индикатори гузариши алифбоҳо, равзанаи робитавии танзимкунии клавиатураро ба воситаи ин индикатор кушодан қулайтар мегардад. Танзимкунии

муш. Агар

параметрҳои

ба таври ноошкор додашудаи муш, рафтори он дар қолинча ва тарзи ҳаракати нишондиҳандааш дар экран моро қаноат нанамоянд, он гоҳ метавонем хосиятҳои мушро тағйир диҳем. Барои ин кифоя аст, ки дар равзанаи

Панели идоракунӣ ба Расми 50. Равзанаи хосиятҳои муш

нишонаи Мышь

(Муш) ба воситаи нишондиҳандаи муш ду маротиба таъсир расонем. Дар натиҷа равзанаи робитавии Свойства: Мышь (Хосиятҳои муш) кушода мешавад (Расми 50). Дар равзанаи Хосиятҳои муш чор тугмаи қабатӣ пешбинӣ шудааст: Кнопки мыши (Тугмаҳои муш), Указатели (Нишондиҳандаҳои муш), Перемещение (Ҷойивазкунии муш), Общие (Умумӣ).

Бо ёрии тугмаи қабатии Тугмаҳои муш воситаҳои муайянкунии тугмаи асосӣ – чап ё рост ва интихоби фосилаи байни пахшкуниҳои дукаратаи тугмаи асосӣ, пешбинӣ карда шудааст. Ба таври ноошкор тугмаи асосӣ тугмаи чапи муш ба ҳисоб меравад.

Тугмаи қабатии Нишондиҳандаҳои муш барои интихобкунии шаклҳои нишондиҳандаи муш дар экран хизмат мерасонад.

Дар тугмаи қабатии Ҷойивазкунии муш бошад, воситаи идоракунии ҳассосияти нишондиҳандаи муш нисбат ба ҳаракати муш дар қолинча, пешбинӣ карда шудааст. Барои тағйир додани суръати реаксияи нишондиҳандаи муш, тездаваки панели суръати ҷойивазкуниро ба тарафи рост (суръати баланд) ё чап (суръати паст) ҳаракат кунонидан лозим аст. Пас аз муайянкунии суръат, тугмаҳои командавии Ок ё Применить (Тадбиқ карда шавад)-ро пахш кардан зарур аст.

БА ТАНЗИМОРИИ ХОСИЯТҲОИ ЭКРАНИ МОНИТОР

ИзображениеҲангоми кор дар Windows истифодабарандаи компютер имконият дорад, ки шакли экран ва элементҳои онро мувофиқи таъби худ ба тартиб орад. Истифодабаранда метавонад, ки барои сатрҳои сарлавҳа ва менюи равзанаҳо, матнҳои ҷудокардашуда ва ғайра тобишҳои рангиро мувофиқи таъби худ интихоб намояд. Барои ороиш ва зебу зиннат додани Мизи кории система истифодабаранда дар ихтиёри худ воситаҳо ва имкониятҳои сершумор дорад.

Барои батанзимории хосиятҳои экран, дар Панели идоракунии Windows мо бояд нишонаи Экранро интихоб кунем ва равзанаи папкаи онро кушоем. Равзанаи робитавии Свойства: Экран (Хосиятҳои экран) дар расми 51 оварда шудааст. Батанзимории экран ба воситаи шаш тугмаи қабатии равзана – Фон (Замина), Заставка (Ороиш), Оформление (Батартиборӣ), Эффекты (Таъсирот), Web (Web), Настройка (Танзим) амалӣ гардонида мешавад.

Тугмаи қабатии Замина имконият медиҳад, ки ранг ва нақшу нигори заминаи Мизи корӣ интихоб карда шавад. Объекте, ки ба сифати заминаи Мизи корӣ истифода бурда мешавад, асосан аз папкаи С:\Windows гирифта мешавад. Агар объектҳои папкаи Windows қобили қабули истифодабаранда набошанд, он гоҳ ӯ тугмаи командавии

Изображение

Расми 51. Равзанаи хосиятҳои экран

Обзор-и равзанаро пахш намуда, расму нақшу нигорҳои ба худ мувофиқтарро дастрас намуда метавонад. Ҳангоми интихобкунии объекти заминавӣ, система бо ёрии тугмаҳои командавии Узор… (Нақшу нигор…), Расположить (Гузошта шавад) ва Применить (Тадбиқ карда шавад) ба истифодабаранда шароит муҳайё месозад, ки объект таҳрир ва сабт карда шуда, дар мобайн ё тамоми экран ҷойгир карда шавад.

Тугмаи қабатии Ороиш барои интихобкунии тасвири динамикии экран ва фосилаи вақти пайдошавии он хизмат менамояд, ки он ҳангоми бо компютер кор накардани истифодабаранда, ба таври автоматӣ ба кор медарояд. Дар вақти кори тасвири динамикии экран информатсияи аслии дар экранбуда нопадид мегардад. Ин информатсия вақте аз нав пайдо мешавад, ки агар истифодабаранда ягон тугмаи клавиатура ё мушро пахш намояд. Дар ин мавридҳо баъзан мегӯянд, ки экран ба реҷаи дамгирӣ гузаштааст. Дар ҳақиқат ҳам ҳангоми пайдошавии тасвири динамикии экран, монитор ба реҷаи сарфакунии энергия мегузарад.

Тугмаи қабатии Батартибории равзанаи Хосиятҳои экран барои танзими намуди зоҳирии элементҳои идоракунии Windows пешбинӣ карда шудааст. Бо ёрии воситаҳои танзимгари ин тугма пеш аз ҳама рангҳо ва ҳуруфҳо интихоб карда мешаванд.

Воситаҳои иловагии танзими ороишии Мизи корӣ дар тугмаи қабатии Таъсирот пешбинӣ карда шудаанд. Бо ёрии тугмаи қабатии Web-саҳифаҳои Итернетро дар Мизи корӣ ҷойгир кунонидан мумкин аст.

Тугмаи қабатии Танзими равзанаи Хосиятҳои экран барои ба танзимории параметрҳои ғунҷоишӣ ва рангии экран хизмат мерасонад. Миқдори рангҳои дар экран истифодашаванда бо ёрии рӯйхати Цветовая палитра (Палитраи рангӣ) ва ғунҷоиши нуқтаҳои экранӣ бо ёрии тездаваки Область экрана (Соҳаи экран) ба танзим оварда мешаванд. Қиматҳои ҳудудии ин параметрҳо аз хосиятҳои видеоадаптер ва монитор вобастаанд.

393
Нет комментариев. Ваш будет первым!