ДАСТГОҲҲОИ САБТИ ИТТИЛООТ
Дискҳо барои компютерҳои фардӣ вазифаи хотираи беруниро иҷро менамоянд. Онҳо барои сабт намудан, аз як компютер ба дигар компютер нусхабардорӣ кардан ва барои дуру дароз ё муваққатан нигоҳ доштани иттилоот хизмат мерасонанд. Винчестер, диски магнитӣ-нурӣ, компактдиск, дискет ва ғайра ба гуруҳи дискҳои компютерӣ дохил мешаванд.
Иттилоот тавассути дастгоҳи сабт (дискдон) дар диск сабт шуда ё аз он хонда мешавад. Одатан дискдонҳои дискет, компактдиск ва винчестер дар блоки системавӣ ҷойгиранд. Дискет ва компактдискро ба дискдон озодона гузошта, гирифтан мумкин аст. Вале азбаски винчестер дар дохили блоки системавӣ васл шудааст, ин амалро бо он гузаронидан ғайриимкон аст.
Дискетҳоро вобаста аз диаметрашон ба ду намуд – 5,25 дюймагӣ (133мм) ва 3,5 дюймагӣ (89мм) ҷудо мекунанд. Дискетҳои 5,25 дюймагӣ ҳоло тамоман истифода намешаванд. Доираи истифодаи дискетҳои 3,5 дюймагӣ низ хеле танг гаштааст. Ҳаҷми дискет аз навъи он ва зичии сабт – DD (Double Density – зичии дучанда), HD (Hight Density – зичии баланд) вобаста аст:
Дискетҳо бо қабати магнитӣ пӯшонида шудаанд. Агар дар фиттаи магнитӣ иттилоот дар пайроҳаи махсус сар то сари фитта сабт гардад, он гоҳ дар дискет вай дар якчанд пайроҳа дар шакли давраҳои консентрикӣ сабт мегардад. Ҳар як пайроҳа ба секторҳо тақсим карда шудааст. Ин имконият медиҳад, ки иттилоот дар диск бо порсияҳо (қисм ба қисм) нигоҳ дошта шавад. Ҳар як пайроҳа ва ҳар як сектори он рақами тартибии худро дорад.
Дискетҳоро барандагони дигари иттилоот – Zip ва Jaz-дискҳо (Zip&Jaz Iomega discs) иваз кардаанд. Онҳо то солҳои 2000-ум ҳамчун дискҳои зудамал ва калонҳаҷм (100 Мбайт — Zip, 1 Гбайт — Jaz) шинохта мешуданд ва сахтафзори асосии интиқоли иттилоот ба ҳисоб мерафтанд. Бо пайдоиши CD ва флэшкортҳо доираи истифодабарандагони ин навъ дискҳо низ коста шуд.
Агар бо ёрии дискет иттилоотро такроран якчанд маротиба сабт кардан ва аз он хондан мумкин бошад, пас бо CD-ROM (Сompact Disk – Read Only Memory) ин амалро иҷро кардан мумкин нест. СD-ROM танҳо барои хондани иттилооти дар CD маҳфузбуда пешбинӣ шудааст. Азбаски иттилоот аз CD-ROM бо ёрии нур (лазер) хонда мешавад, бинобар он ин дискро диски оптикӣ (нурӣ) низ мегӯянд. Ғунҷоиши ин дискҳо бениҳоят калон аст. Онҳо 640Мбайт ва аз он ҳам зиёдтар иттилоотро ғунҷонида метавонанд. Ҳоло аксар барномаҳо, хусусан барномаҳои комплексӣ, бозиҳои компютерӣ, энсиклопедияҳо ва ғайра бо ёрии компактдискҳо паҳн карда мешаванд. Агар компютер дорои кортҳои садоӣ ва тасвирӣ бошад, он гоҳ бо ёрии аудиокомпактдиск мусиқиро шунидан ва бо истифодаи видеокомпактдиск видеофилмро тамошо кардан мумкин аст.
Винчестер – диски магнитии ҳаҷман хеле калон буда, барои нигоҳ доштани иттилоот ва хондани он истифода бурда мешавад. Винчестерро диски асосии (HDD – Hard disk) компютер ҳам мегӯянд. Дар он одатан системаҳои амалиётӣ, бастаи барномаҳои офисӣ, трансляторҳои забонҳои барномарезӣ ва ғайра нигоҳ дошта мешаванд. Аз ҳамаи таҷҳизоти нигоҳдорандаи иттилоот, ба ғайр аз хотираи фаврӣ, винчестер имконияти зудтари дастрас намудани иттилоотро таъмин менамояд. Одатан ин нишондиҳандаи винчестер ба 7-20 миллисония (мс) баробар аст. Суръати сабт ва хондани иттилоот низ дар винчестер бисёр баланд (то 5Мбайт/с) аст.
Диски винчестерро соли 1973 ширкати IBM сохтааст. Номи аввалаи он 30/30 буд. Азбаски ин рақамҳо бо нишондодҳои қутри (калибри) силоҳи худкори машҳури ширкати Winchester мувофиқат мекард, бинобар он вайро Винчестер ном мебурдагӣ шуданд.
Компютер метавонад якчанд винчестер дошта бошад. Ин имконият зудкории компютерро якчанд маротиба зиёд мегардонад. Винчестерҳо аз ҳамдигар бо нишондодҳои зеринашон фарқ мекунанд:
- ғунҷоиш – миқдори иттилооти ҳифзшаванда;
- зудкорӣ – вақти дастрасии иттилоот ва суръати хондану сабти он;
- интерфейс – намуди нозире, ки диск бо он пайваст аст (асосан IDE/EIDE ва гунаҳои гуногуни SCSI: IDE – Integrated Device Electronics, EIDE – Extended IDE, SCSI – Small Computer System Interface).
Ҳаҷми винчестерҳои аввалин ба 5Мбайт баробар буд. Қисми зиёди винчестерҳои компютерҳои муосир аз 800Мбайт сар карда то 640Гбайт ғунҷоиш доранд. Имрӯз винчестерҳои то 500Мбайт ҳаҷмдошта куҳнашуда ба ҳисоб рафта, винчестерҳои 160-320Гбайт ба ҷумлаи молҳои серистеъмол дохил шудаанд.
Винчестерҳои ҳозира метавонанд дар зарфи 1-2мс иттилоотро дастраси корбар гардонанд. Дискҳои боз ҳам зудкортар ин вақтро то ба 0,3-0,5мс табдил додаанд. Суръати хондану сабти иттилоот натанҳо аз худи диск, балки аз интихобҳои нозир (контроллер), намуди шина, зудкории микропротсессор ва ғайра низ вобаста аст. Суръати миёнаи сабту хондани винчестерҳои ҳозира ба 40-50Мбайт/с баробар аст.
Стример – таҷҳизотест, ки барои дар фиттаҳои магнитӣ (magnetic tapes) нигоҳ доштани иттилоот хизмат мерасонад.
Стримерҳоро бештар барои нигоҳ доштани нусхаҳои эҳтиётии иттилооти дар винчестер маҳфузбуда истифода мебаранд. Иттилоот дар кассетаи (катриҷи) магнитӣ сабт карда мешавад. Стримерҳо дар истифода хеле одӣ буда имконияти аз ҳама арзонтарини нигоҳдории иттилоотро доранд. Онҳо аз ҳамдигар бо ҳаҷм (аз 20Мбайт то 40Гбайт дар як кассета), навъ, интерфейс, суръати сабт ва хондан (аз 100Кбайт/с то 5Мбайт/с), эътимоднокии сабт ва ғайра фарқ мекунанд. Стримерҳо дар ду шакл – дохилӣ ва берунӣ истеҳсол карда мешаванд.
Дискҳои магнитӣ-нурӣ ба мисли стримерҳо барои нигаҳдории нусхаҳои эҳтиётии иттилооти гоҳ-гоҳ истифодашаванда хизмат мерасонанд. Онҳо дар истифода нисбат ба кассетаҳои магнитӣ беҳтаранд. Корбарӣ бо онҳо ба мисли винчестер аст. Гарчанде суръати кории ин дискҳо аз винчестер сусттар бошад ҳам, вале онҳоро аз дискдонҳояшон озодона гирифтан ва ба он гузоштан мумкин аст. Дискҳои магнитӣ-нурӣ иқтидори ғунҷонидани аз 230Мбайт то 4,6Гбайт ва ҳатто аз он ҳам зиёдтари иттилоотро доранд.
Флэшкорт ба маҷмӯи хотираҳои электронии дархуди (компакт, зич) аз барқ новобаста мансуб буда, барои нигаҳдории иттилооти рақамӣ пешбинӣ шудааст. Онро корти хотира низ ном мебаранд. Кортҳои хотиравии муосир дар заминаи технологияи флэшхотира (flash memory) – технологияи нимноқолӣ сохта шудаанд. Гарчанде ғояи сохтани корти хотира ҳанӯз соли 1984 аз тарафи муҳандисони ширкати Toshiba пешниҳод шуда бошад ҳам, онҳо аввалин чунин кортро танҳо соли 1988 сохта тавонистанд. Мафҳуми «флэш» бо ҳодисаи фотодурахш (flash) алоқаманд аст.
Принсипи кори корти хотира бо принсипи кори хотираи фаврии компютер бисёр ҳам монанд аст. Вай таҷҳизоти хурд, зич, арзон, мустаҳкам, устувор, зудкор, бо ғуҷоиши васеъ, аз барқ новобаста, азнавсабтшаванда ва нигаҳдорандаи иттилоот мебошад. Бо он тамоми амалҳои маъмули корбарӣ бо дискҳоро иҷро кардан мумкин аст. Камбудии ягонаи флэшхотираҳо дар он аст, ки муҳлати истифодаи онҳо маҳдуд (10-20 сол) аст. Ин намуди хотираҳо дар шаклҳои гуногун ва ҳаҷмҳои ҳархела истеҳсол мешаванд.
Кортҳои хотира имрӯз дар таҷҳизоти гуногуни электронӣ, аз қабили дастгоҳҳои аккосии рақамӣ, телефонҳои ҳамроҳ, ноутбукҳо, аудионавозҳои рақамии портативӣ ва ғайра ҳамчун ҷузъи ҳатмӣ насб карда мешаванд. Вақтҳои охир флэшкортҳо барои интиқоли иттилоот аз як компютери фардӣ ба дигар компютер ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Бо пайдоиши онҳо барандагони пешини иттилоот – дискетҳо ва стримерҳо қариб аз истифода мондаанд. Мавқеъи CD низ рӯз аз рӯз танг шуда истодааст. Тибқи пешдид барои ҳифзи иттилоот дар компютерҳои фардӣ технологияи флэшхотира бояд ҷойгузини технологияи винчестерӣ гардад.