Нишондиҳандаҳои бозоргирӣ ва пардохтпазирии бонкҳои тиҷоратӣ

Нақша:

1. Мафҳум ва омилҳои муайянкунандаи бозоргирӣ, эътимодият ва пардохтпазирӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ.

2. Идоракунии бозоргирӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ.

Мафҳум ва омилҳои муайянкунандаи бозоргирӣ, эътимодият ва пардохтпазирӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ.

Бозоргирӣ — яке аз хулосаи ҷамъбастшудаи сифатии таснифи фаъолияти бонк аст, ки эътимодиятро ба он ифода мекунад.

Бозоргирии бонкӣ – ин қобилияти дар мӯҳлат ва безерар иҷроиши ӯҳдадориҳо назди амонатгузор ва қарздиҳанда буда, мафҳуми асоси дар фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Бозоргширӣ дар асоси эътимодӣ ва устувории бонкҳои тиҷоратӣ муайян шуда, шароит барои пардохтпазирӣ ташкил мекунад.

Мафҳуми “бозоргирӣ” фурӯш ва табдилдиҳии маводҳои арзишӣ ва дигар дороиҳо ба воситаҳои пулӣ аст. Мафҳуми “пардохтпазирӣ” ин қобилияти бонк дар вақташ ва пурра иҷро намудани ӯҳдадориҳои пулӣ, ки аз амалиётҳои савдо, қарзӣ ва дигар амалиётҳои хислати пулӣ дошта бармеояд, мебошад. ҳамин тариқ, бозоргирӣ ҳамчун шарти муҳим ва зарурии пардохтпазирӣ ва эътимодии бонк баромад мекунад.

Рушд ва мураккабии низоми бонкӣ ва молиявӣ моҳияти иқтисодии мафҳуми “бозоргирӣ” –ро тағйир дод ва дар ин асос бозоргирии бонк бо бозоргирии бозор зич алоқаманд гардид. Агар бозор гуногун, рақобатпазир, устувор бошад, мафҳуми “бозоргирии бонк” васеътар мегардад. Дар замони муосир барои низоми бонкии рушд намуда бозоргирии бонк ҳамчун қобилияти дар вақташ бо ҳаҷми умумӣ ва бо хароҷотҳои минималӣ иҷроиши ӯҳдадориҳо назди қарздиҳандагон ва қонеъ гардонидани талаботи қарзгирандагон ба воситаи пулӣ мебошад.

Бозоргирии бонк бо баробарии тавозуни қисми дороӣ ва ғайрифаъол ва бо муайян намудани сатҳи мувофиқоии мӯҳлати ҷойгаркунии дороиҳо ва пассивҳои ҷалбшуда муайян карда мешавад. Алоқамандии бозоргирӣ, пардохтпазирӣ ва эътимодӣ дар схемаи 2 нишон дода шудааст.

Сарчашмаи воситаҳо барои иҷроиши ӯҳдадориҳо пули нақдии бонк, қарзҳои байнибонкӣ аст.

+ҳдадориҳои бонк аз ӯҳдадориҳои ҳақиқӣ ва эҳтимолӣ иборат аст:

1. ӯҳдадориҳои ҳақиқӣ дар тавозуни бонк дар намуди амонатҳои дархостӣ, амонатҳои мӯҳлатнок, ҷалби захираҳои байнибонкӣ, маблағҳои қарздиҳ андагон ба назар гирифта мешавад;

2. ӯҳдадориҳои эҳтимолӣ. Ба ӯҳдадориҳои эҳтимолӣ амалиётҳои пассивии (кафолат ва замонати додаи бонк) паситавозунии бонк (берун аз тавозун), паситавозуни амалиётҳои активии бонк (маблағҳои қарзҳои истифоданашуда) дохил мешавад.

ҷой доштани намудҳои дар боло зикр гардидаи бозоргирии бонкҳо омилҳои бисёри тартиби дохилӣ ва беруниро, ки сифати фаъолияти бонкро муайян мекунад, ифода менамояд. Ба омилҳои тартиби дохилӣ дохил мешавад:

1. базаи сармояи устувории бонкӣ;

2. сифати дороиҳо (активҳо) ва амонатҳо;

3. менеҷменти соҳибмаълумот;

4. нуфузи аввалиндараҷаи бонкӣ.

Базаи сармояи устувории бонкӣ андозаи сармояи худиро ҳамчун сарчашмаи асосии муҳофизаткунандаи таваккалияти хавфҳои дороӣ ифода мекунад. Сармояи худиро асосан фонди оинномавӣ ва дигар фондҳо, ки барои таъмини устувории бонк пешбини шудааст, ташкил мекунад.

Сифати дороиҳо дар асоси чор меъёр муайян мешавад:

• бозргирӣ;

• даромаднокӣ;

• таваккалияти хавф;

• диверсификатсиякадашуда (васеъ намудани соҳаи фаъолия).

Бозоргирии дороиҳо – ин қобилияти дороиҳо дар натиҷаи амал ё фурӯш ба пули нақдӣ табдил гардиданро ифода мекунад. Дороиҳои бонк, ки дар намуди пулӣ мебошад барои иҷроиши вазифаи пардохт пешбини шудааст. Ба ҷиҳати бозоргирӣ дороиҳои бонк чунин гурӯбанди карда шудааст:

1. дороиҳои бозргирӣ аввалиндараҷа;

а) воситаҳои пулии бонкие, ки дар хазина ё дар суратҳисоби муросилотӣ ҷойгиранд;

б) қоғазҳои қиматноки давлатие, ки дар сандуқи бонк ҷойгиранд ва дар шароити кифоя набудани пули нақдӣ ё иҷроиши ӯҳдадориҳо метавонад ба фурӯш гузоранд;

2. дуюмин гурӯҳи дороиҳои бозоргирро қарзҳои кӯтоҳмуддат ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, қарзҳои байнибонкӣ, қоғазҳои қиматноки тиҷоратии ҷамъияти саҳҳомӣ ташкил мекунад;

3. сеюмин гурӯҳи дороиҳо – маблағгузории кӯтоҳмуддати бонкӣ ба қоғазҳои қиматнок аст;

4. ба гурӯҳи чоруми дороиҳои бонкӣ дороиҳои ғайрибозоргирӣ, дар намуди қарзҳои мӯҳлатгузашта, бино ва иншоотҳо дохил карда шудааст.

Ба ҳолати бозоргирии дороиҳои бонк инчунин омилҳои берунӣ низ таъсир мерасонад, ки ба онҳо муҳиту вазъияти сиёсиву иқтисодӣ давлат, рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бозори байнибонкӣ, самаранокии вазифаҳои назоратии Бонки миллии Тоҷикистон дохил мешавад.

Асосан пардохтпазирии бонк дар асоси кифоягии сармоя нисбат ба хавфи дороиҳо муайян карда мешавад. Меъёри пардохтпазирӣ ҳамчун кифоягии маблағ дар санаи муайян дар суратҳисоб муқаррар гардида, барои иҷроиши пардохтҳо, аз фоидаи бонк амали карда мешавад.

829
Нет комментариев. Ваш будет первым!