Феълҳои таркибӣ дар забони англисӣ

Дар забони англисӣ дар баробари феълҳои мустақил феълҳои таркибӣ низ вучуд доранд. Дар забони тоҷикӣ феълҳои давидан, қапидан, хӯрдан, нӯшидан, сохтан, пухтанро метавон ба феълҳои мустақил нисбат дод. Лек феълҳои ёрӣ додан, давом додан, ёд гирифтан, одат кардан, қасд кардан, сурат гирифтан, либос кашидан, шона карданро ба гуруҳи феълҳои таркибӣ нисбат медиҳанд. Зеро онҳо аз ду қисм иборат ҳастанд. Ҳоло феълҳои таркибии забони англисиро аз назар мегузаронем.

to have breakfast — наҳорӣ кардан

to have dinner — хуроки пешин хӯрдан

to have suррег-хуроки шом хӯрдан

to have a rest — истироҳат кардан

to have a good time — ваҳтро хуш гузаронидан

to be angry — хашмгин шудан, хафа шудан

to be hungry — гурусна будан, гурусна шудан

to look at — нигоҳ кардан

to look for — ҷустуҷу кардан, кофтан

to wait for — интизор шудан

Дар боло мо даҳ феъли таркибиро мисол овардем ва ҳамаи он феълҳо бо ҳиссачаи “to” омадаанд, зеро мо онҳоро дар шакли номуайян овардем. Ҳангоми дар замони ҳозира истифода кардани феълҳо ҳиссачаи “to” дар мавридҳои лозимӣ пеш аз он феълҳо наомаданаш ҳам мумкин аст. Ҳангоме, ки феълҳои таркибӣ дар замони ҳозира истифода мешаванд бандаки “s” дар қисми якуми феъли таркибӣ ҳамроҳ мешавад. Мисолҳо:

Looks for — ҷустуҷӯ мекунад.

I have breakfast at seven o’clock. — Ман дар соати 7 наҳорӣ мехӯрам.

Не has supper — Ӯ хӯроки шом мехурад.

Munira has a rest in the garden. — Мунира дар боғ истироҳат мекунад.


Дар феълҳои таркибие, ки бо феъли “to be” сохта шудаанд, вобаста ба шахсу шумора “to be” ба “am”, “is”, “are” табдил меёбад.

Мисолҳо:

I am angry because I haven’t any friends in my new neighbour-hood.

Ман хафа ҳастам, барои он, ки дар маҳаллаи навам ягон рафиқ надорам.

She is married and has two sons. — Ӯ оиладор аст ва ду писар дорад.


Ҳангоми истифодаи феълҳои таркибии “look at” ва “wait for” ҳам бандаки “s” дар охири қисмати якуми он феълҳо ҳамроҳ карда мешавад.

She looks at that picture. — Ӯ ба он сурат менигарад.

I look at those boys. — Ман ба он бачаҳо менигарам.

Ozoda waits for her sister. Озода хоҳарашро интизор аст.

Инак, мо якчанд феълҳои таркибиро дар замони ҳозира истифода намудем ва дар оянда инчунин кӯшиш мекунем, ки дар қатори феълҳои мустақил аз феълҳои таркибӣ низ истифода кунем.

Маълумоти бештар дар мавзӯҳои зерин >>

Сиғаи амрии феъл

Феълҳои модалӣ дар забони англисӣ

599
Нет комментариев. Ваш будет первым!