ЗАРФҲО ВА ТАРЗИ СОХТА ШУДАНИ ОНҲО (забони англисӣ)

Главная / Для Учащихся (Студентов, Школьников и Учителей) / Забони англисӣ / ЗАРФҲО ВА ТАРЗИ СОХТА ШУДАНИ ОНҲО (забони англисӣ)

Зарф дар забони англисӣ “adverb” номида мешавад. Зарф аз рӯи вазифа ва мафҳуми худ то андозае ба сифат монандӣ дорад. Лек агар сифат аломати ашёро фаҳмонад, зарф ҳам аломати ашё, ҳам аломати амал ва ҳам аломати аломатро мефаҳмонад. Ҳоло бо зарфҳои забони англисӣ ва бо тарзи сохта шудани онҳо ошноӣ пайдо хоҳем кард. Яке аз роҳҳои асосии сохта шудани зарфҳои забони англисӣ бо роҳи суффиксҳо сохта шудани онҳо мебошад. Вазифаи мазкурро суффикси зарфсози “lу” иҷро менамояд. Суффикси “lу” дар охири сифатҳо омада, зарф месозад. Ҳоло дар зер якчанд сифатҳо ва зарфҳои аз он сохташударо мисол меорем:

Quick — тез, зуд | quickly — ба тезӣ

Slow — оҳиста | slowly- ба оҳистагӣ

kind – меҳрубон | kindly – меҳрубонона

easy — осон | easily — ба осонӣ

Акнун феълҳои модалӣ ва ибораҳои муродифи онҳоро бо зарфҳо истифода мебарем:

I can drive а саг quickly.

They can’t swim quickly they can swim slowly.

You may do this work partly.

We must ride a horse care­fully.

She has to run quickly.

I am able to do my hometask easily.

The people must live and work happily.

You have to spend your money carefully.

She is able to walk with children kindly.

663
Нет комментариев. Ваш будет первым!