Қоидаҳои имлои бандаки “s”

Бандаки “s”, ки дар замони ҳозира барои шахси сеюми танҳо дар охири феълҳо истифода мешавад, як қатор қоидаҳои худро дорад:

1.Дар охири феълҳои “do” ва “gо” дар шакли “es” ҳамроҳ мешавад. Мисолҳо:

Madina goes to the market. — Мадина ба бозор меравад.

Shabnam does her work very well. — Шабнам кори худро хеле хуб иҷро мекунад.

2.Агар дар охири феъл овозҳои ҳамсадои беҷаранг, хусусан, овозҳои ҳамсадои “k”, “р”, “t” қарор дошта бошанд, бандаки “s” ҳамроҳ мешавад ва “с” талаффуз карда мешавад. Лекин агар дар охири феълҳо овозҳои ҳамсадои ҷарангдор ва садонокҳо қарор дошта бошанд, бандаки “s” ҳамроҳ карда шуда, “з” хонда мешавад.

Мисолҳо:

Work — works — кор мекунад.

Help — helps — ёри мерасонад.

Cut — cuts — мебуррад.

Cleans — cleans — тоза мекунад.

Swim — swims — оббозӣ мекунад.

3.Агар дар охири феълҳо овозҳои ҳамсадои шавшувдори “s”, “ch”, “sh”, “x” қарор дошта бошанд, бандаки “s” дар шакли “es” меояд ва [из] хонда мешавад.

Мисолҳо:

kiss — kisses — мебусад.

wishes — wishes — орзу мекунад.

catch — catches — меқапад.

fix — fixes — таъмир мекунад.

4.Агар дар охири феълҳо садоноки “у” қарор дошта бошад ва ҳарфи пеш аз охирин ҳамсадо бошад, аввал садоноки “у” ба садоноки “i” иваз карда мешавад ва баъд бандаки “es” ҳамроҳ карда мешавад.

study — studies — таҳсил мекунад.

Хулоса, қоидаҳои ҳамроҳ кардани бандаки “s” дар охири феълҳо ва талаффузи он ба қоидаҳои ҳамроҳшавии бандаки “s” дар охири исмҳо ва тарзҳои талаффузи он монанд мебошанд. Барои осонии кор мавзӯи “ҷамъбандии исмҳо”-ро ба хотир оред.

251
Нет комментариев. Ваш будет первым!