ФЕЪЛИ «ТО BE» ВА ТАСРИФИ ОН ДАР ЗАМОНИ ҲОЗИРА

Феъли «to be» дар забони тоҷикӣ «будан» тарҷума мешавад. Пеш аз он ки феъли мазкурро дар забони англисӣ дар замони ҳозира тасриф кунем, бояд донем, ки маънии калимаи «тасриф” чист?

Тасриф гуфта, дар забони модарии мо аз руи шахсу шумора тағйир ёфтани асосҳо ва шаклҳои замонии феълҳоро меноманд.


Феъли «to be» барои шахсҳои якум, дуюм ва сеюм дар шумораҳои танҳо ва ҷамъ ба тарҳҳои зерин тасриф мешавад:

Шумораи танҳоШумораи ҷамъ
I am [эм] -Ман мебошам.We are — Мо мебошем.
Yоu are [а:]- Ту мебошӣ.You are — Шумо мебошед.
He is [и: з] -Вай мебошад.

She is — Вай мебошад.

It is — Вай мебошад.

They are — Онҳо мебошанд.

Ба мисолҳо таваҷҷӯҳ кунед:

I am a worker -Ман коргар мебошам.

You are a woker — Ту коргар мебошӣ.

Не is a woker — Вай коргар мебошад.

She is a woker — Вай коргар мебошад.

We are workers- Мо коргар мебошем.

You are workers — Шумо коргар мебошед.

They are workers — Онҳо коргар мебошанд.

Дар мисолҳои боло ҳангоми тасрифи феъли “to be” шумо пеш аз калимаи «worker» ҳарфи «а»-ро дида истодаед. Бояд зикр намуд, ки он артикли номуайянӣ мебошад. Артикли «а» хоси исмҳо буда, пеш аз исми номуайянӣ танҳо гузошта мешавад. Артикли мазкур на [эй], балки [э] талаффуз мешавад. Одатан он якҷоя бо исм талаффуз мегардад. Мисол:

A worker [э ву: кэ]


Чӣ тавре ки мебинед, пеш аз исмҳои ҷамъ артикли мазкур дида намешавад. Хотиррасон мекунем, ки сонитар мо дарсеро пурра ба артиклҳои муайянӣ ва номуайянӣ бахшида, дар бораи онҳо ба шумо маълумоти ҳаматарафа хоҳем дод.


Чизи дигаре, ки шумо дар мисолҳои боло мушоҳида намудед, мувофиҳати мубтадо ва хабар аз рӯи шахсу шумора мебошад. Ҳамаи он ҷонишинҳои шахсие, ки мо истифода бурдем, дар он ҷумлаҳо ба вазифаи мубтадо омадаанд. Исми «коргар» бошад, ба вазифаи хабар омадааст. Дар ҷумлаи “I am a worker” ҷонишини шахсии»I» дар шумораи танҳо омадааст. Аз ин рӯ, исми « “worker” ҳам дар шумораи танҳо қарор дорад. Да ҷумлаи «We are workers’» ҷонишини шахсии «We» дар шумораи ҷамъ қарор дорад. Пас исми “worker” низ дар шумораи ҷамъ яъне дар шакли «workers» омадааст. Тарҷумаи тоҷикии ҷумлаҳои зикршуда чунин аст:

Ман коргар мебошам.

Мо коргар мебошем.

Азбаски забони модарии мо аз лиҳози сарфу наҳв яке аз забонҳои бойтарини дунё ба шумор меравад, феъли англисии «to be» метавонад дар забони тоҷикӣ «будан, ҳаст, аст” тарҷума шавад ва ҳамчунин феъли мазкурро мо метавонем бо бандакҳои хабарии забони модариамон ифода намоем.


Мисолҳои зеринро ба тарҷумаи тоҷикиашон дида мебароем:

I am a teacher.

  1. Ман омузгор мебошам.
  2. Ман омузгор кастам.
  3. Ман омузгорам.

Не is a teacher

  1. Вай омузгор мебошад.
  2. Вай омузгор аст.

We are teachers.

  1. Мо омузгор мебошем.
  2. Мо омузгор растем.
  3. Мо омузгорем.

Боз якчанд мисоли дигар:

I am a driver — Ман ронанда ҳастам.

She is an actress — Вай ҳунарпеша аст.

They are doctors — Онҳо духтур ҳастанд.


Дар мисолҳои боло, дар ҷумлаи дуюм пеш аз калимаи «actress» шумо артикли «аn»-ро мебинед. Агар исм бо ҳарфи садонок шурӯъ шавад артикли номуайянии «а» дар шакли «аn» меояд.

Ҳамаи он мисолҳое, ки мо то ин лаҳза бо феъли «to be» истифода намудем, дар шакли тасдиқӣ вуҷуд доштанд. Пас шакли инкории он ҷумлаҳо чӣ гуна ба амал меояд? Барои ба даст овардани шакли инкории ҷумлаҳо пас аз шаклҳои феъли «to be» дар замони ҳозира, яъне пас аз «am», «is», «are» ҳиссачаи инкории «not» илова мешавад.

Таваҷҷӯҳ кунед:

I am not a student — Ман донишҷӯ нестам.

You are not a doctor — Ту духтур нестӣ.

They are not workers — Онҳо коргар нестанд.


Дар забони англисӣ ҳам дар навишт ва ҳам дар талаффузи калимаву ибораҳо шаклҳои пурра ва мухтасар истифода мешаванд.

Ба навишти пурра ва мухтасари ибораҳои зерин нигаред:

I am not- I’m not.

You are not — You aren’t.

He is not- He isnt.

Дар ибораи якум шакли феъли «to be», яъне «am» мухтасар шудааст. Дар ибораҳои дуюму сеюм ҳиссачаи инкории «not» мухтасар шудааст. Ба ҷои ҳарфи ихтисоршуда аз боло аломати вергул гузошта мешавад. Шакли пурра ва мухтасари калимаву ибораҳо ҳангоми навиштан истифода мешаванд, лекин ҳангоми гуфтугӯӣ бисёртар аз шаклҳои мухтасари калимаву ибораҳо истифода мекунанд. Дар баробари шаклҳои тасдиқию инкорӣ шакли саволии ҷумлаҳо низ вуҷуд дорад. Саволҳо метавонанд умумӣ, алтернативӣ ва махсус бошанд.


Саволхои умумӣ

Саволҳои умумӣ чунин саволҳоянд, ки ба онҳо мо «ҳа» ва ё «не» гуфта ҷавоб медиҳем. Саволхои умумӣ чӣ тавр сохта мешаванд? Мо аввал як мисол дар шакли тасдиқӣ меорем:

I am a doctor.

Барои он ки шакли саволии ҷумлаи мазкур ба даст ояд, ҷонишини шахсии «I» ва шакли феъли «to be», яъне «am» ҷойҳояшонро иваз мекунанд:

Am I a doctor?

Ман духтур ҳастам?

Ҷавоби тасдиқии саволи боло дар шаклҳои пурра ва мухтасар чунин аст:

Yes, I am a doctor – Ҳа, ман духтур ҳастам.

Yes, I am – Ҳа.

Ҷавоби инкории он бошад, дар шаклҳои пурра ва мухтасар чунин аст:

No, I am not a doctor — Не ман духтур нестам.

No, I am not – He.

Мисолҳои дигар:

Is she a worker?Yes, she is.No, she isn’t.
Are you a driver?Yes, you are.No, you aren’t.
Are we doctors?Yes, we are.No, we aren’t.

Ҷонишинҳои шахсии якум ва дуюм дар шумораҳои танҳову ҷамъ ҳангоми саволу ҷавоб метавонанд якдигарро иваз кунанд. Ё худ ҷонишинҳои шахсии “I”, “you”, “we” метавонанд зимни саволу ҷавоб якдигарро иваз кунанд. Ин ҷойивазкунӣ аз он вобаста аст, ки соҳиби савол кист ва ба он савол кӣ ҷавоб мегӯяд.

Таваҷҷӯҳ кунед:

Am I a student? Yes, I am.

Дар мисоли боло мо савол дода, боз ба он савол худамон посух дода истодаем. Лекин одатан ба саволи як шахс шахси дигар ҷавоб мегӯяд. Аз ин рӯ, тарзи зерини саволу ҷавоб низ вуҷуд дорад:

Am I a teacher? Yes, you are.

Are you a driver? Yes, I am.

Are you doctors? No, we are not.

Чунин тарзи ҷойивазкунии ҷонишинҳо ба ҷонишинҳои шахсии «he» «she» ва «they» дахл надорад:

Is she a doctor? Yes, she is.

Are they drivers? No, they aren’t.

Ҳангоми ҷавоб гуфтан ба саволҳо пас аз калимаҳои «yes» ва «nо» аломати вергул гузошта мешавад.


Саволҳои алтернативӣ

Саволи алтернативӣ аз ду қисмат иборат буда, қисматҳои он бо ҳамдигар ба воситаи пайвандаки ҷудоии «оr» [о:] пайваст мегарданд. Пайвандаки «or» дар забони модарии мо «ё» тарҷума мешавад. Мисол:

Am I a driver or a doctor?

Ман ронанда ҳастам ё духтур?

You are a driver.

Ту ронанда ҳастӣ?

Is she an actress or a teacher?

She is an actress.

Are they workers or farmers?

They are farmers.

Ба саволи алтернативӣ мо ”ҳа» ва «не» гуфта посух намедиҳем, балки ба таври мушаххас ба он ҷавоб мегардонем.


Саволхои махсус

Барои сохтани саволҳои махсус пеш аз шаклҳои феъли «to be» калимаҳои махсуси саволи гузошта мешаванд. Яке аз чунин калимаҳои махсус калимаи саволии «what» [вот] мебошад. Калимаи мазкур ба тоҷикӣ «чӣ?», «чӣ хел?» тарҷума мешавад. Дар саволҳое, ки мо ҳоло дида мебароем, калимаи «what» чӣ гуна касбро доро будани инсонро мефаҳмонад.

What is she?Вай кист? (Вай чикора аст?)
She is a teacher.Вай омузгор аст.

Мисолҳои дигар:

What are they? — They are farmers.

What am I? — You are a doctor.

What are you? — I am a driver.


Mo дар мисолҳои дар боло овардаамон ҳангоми тасрифи феъли «to be» ҷумлаҳои тасдиқӣ, инкорӣ ва саволиро аз назар гузаронидем. Феъли «to be» дар ҳамаи он мисолҳо асосан аз касбу кор хабар дод. Боз чигуна мавридҳои истифодаи ин феъл мавҷуданд? Феъли «to be» ҳамчунин барои ифодаи номи инсон истифода мешавад:

I am Lola.

He is Nasim.

You are Mirzo.

She is Sabrina.

We are Rustam and Akram.

They are Tom and Pete.

I am not Anvar. I am Daler.

She is not Sitora. She is Adiba.

Am I Karim? — Yes, you are.

Is she Lena? — No, she isn’t. She is Olya.

Are they Lola and Daler? Yes, they are.

Am I Tom or Pete? You are Pete.

Is he Anvar or Amir? He is Anvar.


Ҳангоми пурсидани исми одамон аз калимаи саволии «who» [ҳу:]- кӣ истифода карда мешавад.

Who are you? I am Mirzo.

Ту кисти? Ман Мирзо ҳастам.

Мисолҳои дигар:

Who is she? — She is Munira.

Who are they? — They are Madina and Lola.

Who are you? We are Olim and Vera.

863
0
Abdurahmon 1 год назад #

Салом акаҷон ин маълумотҳо аз кадом адабиётҳо сарчашма гирифтаанд.Илтимос номи як 4 ё 5 ташона нависта диҳед