Зарфи замон дар забони англисӣ
Baқтe, ки сухан дар бораи замонҳои феъл меравад, наметавон аз зарфи замон сарфи назар намуд. Зеро маҳз зарфҳои замон вақти иҷро шудани амалро муайян мекунанд. Зарфҳои замонро дар забони англисӣ “Time adverbials” меноманд. Зарфҳои замони ҳозира ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: зарфҳои замони муайян ва зарфҳои замони номуайян.
Загрузка…
Зарфҳои замони муайян, ки дар замони ҳозира истифода мешаванд, инҳоянд: today -имрӯз, in the morning — саҳарӣ, in the afternoon — рӯзона, in the evening — бегоҳӣ, this year -имсол, this month — ҳамин моҳ, this week- ҳамин ҳафта ва ғайра. Зарфҳои дар боло зикршуда одатан дар охири ҷумла истифода мешаванд Мисолҳо:
I brush my teeth in the morning. — Ман дандонҳоямро саҳарӣ мешӯям.
We have six classes today. — Mo имрӯз шаш дарс дорем.
She watches TV in the evening. — Ӯ бегоҳӣ телевизор тамошо мекунад.
Her mother comes this week. — Модари ӯ ҳамин ҳафта меояд.
Зарфҳои замони номуайян аз инҳо иборатанд:
- every day — ҳap руз,
- always — ҳамеша, доим,
- often-зуд-зуд,
- some-times — гоҳ-гоҳ, баъзан,
- seldom — гоҳ-гоҳ, аҳёнан,
- usually — одатан.
Аз зарфҳои замони номуайян зарфи “еуегу day” метавонад, ки ҳам дар аввал ва ҳам дар охири ҷумла қарор дошта бошад. Зарфи “sometimes” одатан дар аввали ҷумла меояд. Зарфҳои боқимонда бошанд, асосан пеш аз феъл меоянд.
Мисолҳо:
Every day she comes to me. — Ӯ ҳap руз ба назди ман меояд.
I always help my friends. — Ман ҳамеша ба рафиқонам ёрӣ медиҳам.
Мисолҳои дигар:
They often visit that supper market.
Sometimes we swim in the river.
It seldom sleeps under the sofa.
We ussually read Tajik books.