Замони ҳозираи давомдор — The Present Continuous Tense
Замони мазкури феъл дар забони тоҷикӣ “замони ҳозираи давомдор” тарҷума мешавад. Ин замони феъл дар забони модарии мо аз сифати феълӣ ва феъли ёридиҳандаи “истодан” сохта мешавад.
Масалан:
Ман бозӣ карда истодаам.
Ту китоб хонда истодаӣ.
Вай об оварда истодааст.
Замони ҳозираи давомдор, яъне “The Present ContinuousTense” дар забони англисӣ аз шаклҳои феъли ёридиҳандаи “to be” дар замони ҳозира: “am”, “are”, “is” ва сифати феълии замони ҳозира ба амал меояд.
Таваҷҷуҳ кунед:
I am going to tne garden. — Ман ба боғ рафта истодаам.
You are playing very well. — Ту хеле хуб бозӣ карда истодаӣ.
Не is washing his face. — Ӯ рӯяшро шуста истодааст.
She is cleanning the room. — Ӯ хонаро тоза карда истодааст.
It is running on the roof. Вай дар рӯи бом давида истодааст.
Замони ҳозираи давомдор амалеро ифода мекунад, ки дар айни иҷрошавӣ аст. Ё худ он коре, ки мо дар борааш бо замони ҳозираи давомдор сухан меронем, ҳангоми сухан рондани мо иҷро шуда истодааст. Қоидаҳои истифодаи феъл дар ин замонро дар матлаби зерин мутолиа намоед.
Хотиррасон мекунем, ки боз як ҳолати ғайриоддии истифодаи замони ҳозираи давомдор дар забони англисӣ вуҷуд дорад. Ин ҳолат чунин аст, ки замони ҳозираи давомдор баъзан амалеро ифода мекунад, ки дар оянда иҷро хохад шуд. Чунин тарзи истифодаи замони ҳозираи давомдор он вақт сурат мегирад, ки дар бораи ягон чорабинии муайяне дар ояндаи наздик сухан равад.
Мисолҳо:
Latofat is having a party on Sunday. Латофат рузи якшанбе ташкили дорад.
I am arriving on 13 th Desember. Ман рӯзи 13 декабр расида меоям.
Чӣ хеле ки аз мисолҳои боло аён аст, он чорабиниҳо дар оянда вале дар вақти муайян иҷро хоханд шуд.
Акнун метавон хулоса намуд, ки замони ҳозираи давомдор се намуди амалро ифода мекунад:
- Амалеро, ки ҳозир иҷро шуда истодааст ва шояд ҳоло қатъ шавад.
- Амалеро, ки шояд кайҳо cap шуда бошад ва шояд муддати дароз давом кунад.
3.Амалеро, ки ҳоло шуруъ нашудааст ва дар ояндаи наздик бояд шуруъ шавад.
Дар замони ҳозираи давомдор шаклҳои феъли “to be”, яъне “am”, “is”, “are” дар шакли мухтасар низ истифода мешаванд.
I am = I’m;
You are=You’re;
He is=he’s;
She is = she’s;
We are=We’re
They are =They’re;
It is= it’s
Мисолҳо:
I’m working in the yard.
She’s helping her mother.
We are smoking
I in the garden.
It’s jumping from the roof.
They’re swimming in the river.