Воситаҳои хусусии бонк
Захираҳои карзии дар натичаи амалиёти пассиви ба вучудомадаи бонк, дар тарафи пассиви тавозуни (баланси) он дарч мегарданд. Захираҳои бонк аз инҳо иборатанд: воситаҳои хусусии бонк, воситаҳои карзй ва воситаҳоичалбшуда. Дар мачмуъ бонк ин захираҳоро ба воситаи амалиёти активии худ истифода намуда, даромад ба даст меоварад. Амалиёти активи ва пассивии бонк бо хамдигар алокамандии зич доранд. Амалиёти активии бонк ба таркиб ва хусусияти тарафи пассиви тавозуни (баланси) бонк вобастааст, зеро аз таркиби пассиви тавозуни он имконияти гузаронидани амалиёти активи вобастагии зиёд дорад ва бонк сиёсати карзии худро мутобики он тартиб медихад ва амали мегардонад.
Сарчашмаи асосии бунёди захираҳои бонки амонат ва пасандози муштариёни бонк ба шумор меравад. Аммо барои ин ки муштариён ба бонк бовари дошта бошанд, бонк бояд дорои воситаҳои хусуси бошад ва муштариён донанд, ки дар вактҳои зарури талаботашонро бонк конеъ карда метавонад.
Ба воситаҳои хусусии бонк инҳо дохил мешаванд: фондиоинномави, фонди захира, фондҳои дигар, ки аз хисобифоидаи бонк ташкил мегарданд ва фоидаи дар давоми селхануз таксимнашуда.
Фонди (сармояи) оинномавии бонк — пойгохи асосии фаъолияти бонк аст. Бобаста ба шакли таъсиси бонк, сармояи оинномавии он бо якчанд рох ташкил карда мешавад. Агар бонк хамчун чамъияти саҳоми созмон дода шавад, сармояи оинномавии он баробари маблаги сахмияҳои баровардашуда буда, сахмияҳо ба таври озод фурухта мешаванд (агар бонк хамчун чамъияти саҳомии озод созмон дода шуда бошад) ва сахмияҳо байни сахмдорон мувофики маблаги сахми хар яки онҳо таксим карда мешаванд (агар бонк хамчун чамъияти саҳоми бо фаъолияти махдуд таъсис дода шуда бошад).
Дар Чумхурии Тоҷикистон, мутобики Конуни Чумхурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонки» бонкҳо дар шакли чамъияти саҳомии махдуд бе хукуки баровардани сахмияҳои беном таъсис дода мешаванд. Ба чамъияти саҳомии номахдуд табдил додани бонк ба шарте мумкин аст, ки агар бонк аз лахзаи барои ичрои амалиёти бонки гирифтани ичозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар тули як соли таквими пайваста безиён фаъолият намояд ва меъёрҳою дигар коидаю андозаҳои хатмии мукарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистонро риоя созад.
Новобаста ба шакли ташкилию хукукии таъсис додани бонк, сармояи оинномавии он пурра аз хисоби шахсони хукукию вокеие, ки бонкро созмон медиханд, ташкил карда мешавад. Ташкили сармояи оинномавии бонк аз хисоби карзи бонки ба кулли манъ карда шудааст ва номумкин аст. Инчунин ба ин максад маблагҳои бучетиро низ истифода кардан мумкин нест.
Вобаста ба шакли созмондихии бонк сармояи оинномавии он зиёд мешавад. Бонки тичоратие, ки чун чамъияти саҳоми созмон дода шудааст, барои зиёд намудани сармояи оинномавиаш метавонад сахмияҳои иловаги нашр намуда, ба шахсони хукуки ва вокеи фурушад.
Барои бонкҳои навтаъсисшаванда, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон меъёри хадди акалли сармояи оинномави дар рузи бакайдгирии онҳо муайян карда мешавад.
Бонкҳое, ки бо иштироки сармояи ҳоричи таъсис дода мешаванд, сармояи оинномавиашон кисман бо асъори ҳоричи ташкил карда мешавад. Шарт, коида ва хиссаи сармояи ҳоричи дар таъсиси бонкҳои тичоратиро Бонки миллии Тоҷикистон бо розигии Хукумати Чумхурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Фонда захираи бонки тичорати барои чуброни зарар аз амалиёти активи, додани фоизҳо ва дивиденд аз руи сахмияҳои имтиёзнок дар ҳолатҳои нокифоя будани даромад ва дигар максадҳо истифода мегарданд. Ин фонд аз хисоби фоидаи солонаи бонк баъд аз пардохти андоз ташкил карда мешавад.
Гайр аз ин фонд, бонкҳои тичорати аз фоидаи худ боз фондҳо барои таъминоти ичтимои ва тараккиёти истехсолот ташкил мекунанд.
Кисми асосии воситаҳои хусусии бонки тичорати ин фонди бима (сугурта) аст. Ин фонд асосан барои химояи манфиати муштариён, сари вакт баргардонидани амонат ва пасандозҳо ташкил карда мешавад.
Вазифаи асосии воситаҳои хусусии бонки тичорати таъмини ухдадориҳои бонк дар назди муштариён аст. Дар тачрибаи кори бонки воситаҳои хусуси накши воситаҳои захиравиро ичро карда, пардохтпазирии бонкро таъмин менамоянд.