Истифодаи якҷояи феълҳои асосӣ ва шакли номуайяни феъл

Шакли номуайяни феъл дар забони англисӣ “infinitive” ном дорад. Он ба саволи “чӣ кор кардан” ҷавоб медиҳад. Асосан шакли номуайяни феъл бо ҳиссачаи “to” истифода мешавад.

Загрузка…

Мо дар дарсҳои гузаштаамон шакли номуайяни феълро бо феълҳои модалӣ кор фармуда будем. Он ҷо мо дида будем, ки, пас аз феълҳои модалӣ шакли номуайяни феъл бе ҳисачаи “to” меояд.

I can read. — Ман хонда метавонам.

You must work. — Ту бояд кор кунӣ.

Пас аз феълҳои асосӣ бошад, шакли номуайяни феъл бо ҳиссачаи “to” истифода мешавад.

I like to read. — Ту кор кардан мехоҳӣ.

You want to work. — Ман хонданро дуст медорам.

Мисолҳои дигар:

I like to tell you an interesting story.

She wants to help you.

I hate to get up early in the morning.

Ҳамаи он мисолҳое, ки мо то ин дам дар замони ҳозира истифода кардем, дар шакли тасдиқ қapop доштанд. Акнун дар замони ҳозира ҷумлаҳои инкориро аз назар мегузаронем. Барои ба даст овардани шакли инкории ҷумлаҳо дар замони ҳозира мо аз феъли ёридиҳандаи “do” истифода мекунем. Ин ҷо ҳамчунин ҳиссачаи инкории “not” кор фармуда мешавад.

Аз феъли ёридиҳандаи “do” ва ҳиссачаи инкории “not” ибораҳои инкории “do not” ва “does not” ҳосил мешаванд, ки мухтасаран “don’t” ва “doesn’t” навишта мешаванд. Акнун диққат кунед, ки кай мо аз ибораи “don’t” ва кай аз ибораи “doesn’t” истифода мекунем.

I don’t go to school. — Ман ба мактаб намеравам.

You don’t help me. — Ту ба ман ёрӣ намедиҳӣ.

Не doesn’t play with us. — Ӯ бо мо бозӣ намекунад.

She doesn’t wash my shirt. — Ӯ куртаи маро намешуяд.

Мисолҳои дигар:

Munira doesn’t clean her room.

Tolib and Anvar don’t study well.

His father doesn’t fix our car.

Their dog doesn’t bark at night.

The boys don’t paint the wall.

The baby doesn’t like tea, he likes milk.


Чӣ тавре ки аз мисолҳои болои аён аст, бо шахси сеюми танҳо (he, she, it) ибораи “doesn’t” ва бо дигар шахсҳо ибораи “don’t” истифода бурда мешавад. Бори дигар ёдовар мешавем, ки асосан шакли инкории ҷумлаҳо дар замони ҳозира ба воситаи феъли ёридиҳандаи “to do” ва ҳиссачаи инкории “not” сохта мешавад. Лекин ҳолатҳое ҳам дучор меоянд, ки бе феъли ёридиҳандаи “to do” ва ҳиссачаи инкории “not” ҷумлаҳои инкории замони ҳозира сохта мешаванд. Ҳолати зикршуда он вақт рӯй медиҳад, ки агар дар ҷумла аз зарфи номуайяни “never” ва аз ҷонишини манфии “nobody” истифода шуда бошад. Зарфи номуайяни “never” ба тоҷикӣ “ҳеч гоҳ”, “ҳаргиз” ва ҷонишини манфии “nobody” бошад, “ҳеҷ кас”, “ҳеч кӣ”, “касе” тарҷума мешавад.

Мисолҳо:

I never forget my friend Faridun. — Ман ҳеч roҳ рафикам Фаридунро фаромуш намекунам.

They never help us. — Онҳо ҳеҷ вақт ба мо ёрӣ намекунанд.

Shabnam never plays with her sister. — Шабнам ҳаргиз бо хоҳари худ бозӣ намекунад.

Nobody knows this man. — Ҳеҷ кас ин мардро намедонад.

Агар ҷумлаҳои англисии болоро бо тарҷумаҳои тоҷикиашон муқоиса кунем, аён мегардад, ки дар ҷумлаҳои инкории тоҷикӣ ҳам ҷонишинҳои манфии “ҳеҷ кас”, “ҳеҷ кӣ”, “касе” ва ҳам зарфҳои номуайяни “ҳеҷ вақт”, “ҳеҷ гоҳ”, “ҳаргиз” ва бар зами онҳо боз ҳиссачаи инкории “на” кор фармуда мешавад. Лек дар ҷумлаи инкории англисӣ дар чунин маврид ҳиссачаи инкорӣ истифода намешавад.

Мисолҳои дигар:

Sobir never goes to work in time.

They never change their habit.

Nobody likes him in the yard.

Nobody gives them money and food.

Шакли саволии ҷумлаҳо дар замони ҳозира, аниқтараш дар замони ҳозира-оянда ба воситаи феъли ёридиҳандаи “to do” дар шакли “do” ва “does” сохта мешавад.

Do you go to the market? — Ту ба бозор меравӣ?

Yes, I go to the market. — Ҳa, ман ба бозор меравам.

Yes, I do. — Ҳa.

Ба ҷумлаи саволии мазкур мо ҳам ҷавоби пурра ва ҳам ҷавоби мухтасар додем. Ба саволҳои минбаъда бошад, ҷавобҳои мухтасар хоҳем дод.

Do you help me? Yes, I do.

Ту ба ман ёри мерасонӣ? Ҳa.

Do they come early? No, they don’t.

Онҳо барваҳт меоянд? He.

Мисолҳои дигар:

Does Parvina like an ice cream? Yes, she does.

Do Sobir and Anvar work with you? No, they don’t.

Do the boys swim in the river? No, they don’t.

Do you change your plans? No, I don’t.

Does his cat fight with a dog? Yes, it does.

Does your sister bake a sweet cake? No, she doesn’t.

Do we watch that interesting film? Yes, you do.

Do they go to the park or to the cinema? They go to the park.

Does she help her mother or her sister? She helps her mother.

Инак мо бо чандин ҷумлаҳои саволӣ ошно гардидем ва онҳо асосан саволҳои умумӣ ва алтернативӣ буданд. Акнун бо тарзи сохта шудани саволҳои махсус дар замони ҳозира-оянда, “The present indefinite tense” шинос мешавем. Дар саволҳои умумию алтернативӣ дар аввали ҷумла “do” ва “does” қарор доштанд. Дар саволҳои махсус бошад, дар аввали ҷумла калимаҳои махсуси саволӣ меистанд. Ҳоло якчанд намуди саволҳои махсусро аз назар мегузаронем.


  1. Калимаи саволии “what” — чӣ? чиро?

What do you do? We watch TV. — Шумо чӣ кор мекунед? Мо телевизор тамошо мекунем.

What does she clean? She cleans the window. — Ӯ чиро тоза мекунад? Ӯ тирезаро тоза мекунад.


  1. “What”- чӣ хел? чӣ гуна? кадом?

What child do they like? They like a quiet child. — Онҳо чӣ хел кудакро дуст медоранд? Онҳо кудаки оромро дуст медоранд.


  1. “Where” — ба куҷо?

Where does Sabrina go? She joes to the theatre.

Сабрина ба куҷо меравад? — Ӯ ба театр меравад.

Where do you send this letter? I send this letter to Moscow.

Ту ин мактубро ба куҷо мефиристӣ? Ман ин мактубро ба Маскав мефиристам.


  1. “Where” — дар куҷо?

Where do your sons study? They study at school.

Писарони шумо дар куҷо таҳсил мекунанд? Онҳо дар мактаби миёна таҳсил мекунанд.


  1. “Whose”- аз они кӣ? аз они киро?

Whose dog do you feed? I feed my sister’s dog.

Ту саги киро хурок медиҳӣ? Ман саги хоҳарамро хурок медиҳам.

Whose shop does the auditor audit? The auditor audits my shop.

Мағозаи киро муфаттиш тафтиш мекунад? Муфаттиш мағозаи маро тафтиш мекунад.


  1. “When” — кай?

When does your mother_come? She comes at 7 o’clock.

Модари ту кай меояд? Ӯ дар соати ҳафт меояд.

When do we go to the cinema? We go to the cinema in the evening.

Mo кай ба кино меравем? Мо бегоҳӣ ба кино меравем.


  1. “Whom” — киро?

Whom do you hate? I hate you.

Ту киро бад мебинӣ? Ман туро бад мебинам.

Whom does she wait for? She waits for her mother.

Ӯ киро интизор аст? Ӯ модарашро интизор аст.


  1. “Why” — барои чӣ? чаро?

Why do you steal things? Because I nave no money.

Барои чӣ ту чизҳоро медуздӣ? Барои он ки ман пул надорам.

Why does Latofat go to the market? Because she wants to buy greenness.

Барои чӣ Латофат ба бозор меравад? Барои он ки ӯ мехоҳад кабудӣ харад.

495
Нет комментариев. Ваш будет первым!