ҶОНИШИНҲОИ ШАХСИИ БАВОСИТА
Пеш аз он ки маълумотамонро дар бораи сиғаи амрии феълҳои забони англисӣ такмил диҳем, назаре ба ҷонишинҳои шахсии бавосита меафканем. Ҷонишинҳои шахсии бавоситаро дар забони англисӣ “Object pronouns” меноманд. Мо дар дарси ҳафтум ҷонишинҳои шахсиро аз назар гузаронида будем. ҳоло дар зер ҷонишинҳои шахсии бавоситаро бо тарҷума меорем.
mе — ба ман, манро (маро)
you — ба ту, туро
him- ба вай, вайро (ҷинси мардона)
her — ба вай, вайро (ҷинси занона)
it — ба вай, вайро (барои ҳайвоноту ашё)
us — ба мо, моро
you – ба шумо, шуморо
them — ба онҳо, онҳоро
Чӣ тавре ки мебинед, ҳар як ҷонишини шахсии бавоситаи дар боло овардаамон ду намуд тарҷумаи тоҷикии худро доранд.
Масалан, ҷонишини шахсии “mе” ҳам “манро” ва ҳам “ба ман” тарҷума мешавад.
Give me your реn. Ручкаатро ба ман деҳ.
Call me Shams. Маро Шамс гуӣ (Маро Шамс гуфта чеғ зан).
Ҷонишинҳои шахсии “you” — (ту, шумо), it — (вай.он) ва ҷонишинҳои шахсии ба воситаи “you” — (ба ту, туро, ба шумо, шуморо), it — (ба вай, вайро) як хел навишта мешаванд. Чӣ тавр дарк кардани онҳо аз маънии ҷумла вобастагӣ дорад. Мисолҳои зеринро муқоиса кунед:
You are my friend. — Ту рафиқи ман ҳастӣ.
I love you very much. — Ман туро хеле дӯст медорам.
Дар мисолҳои боло “you” дар ҷумлаи якум ҳамчун ҷонишини шахсӣ баромад карда, “ту” ё “шумо” фаҳмида мешавад, дар ҷумлаи дуюм чун ҷонишини шахсии бавосита баромад карда, “туро” ё “шуморо” фаҳмида мешавад, дар ҷумлаи сеюм низ чун ҷонишини шахсии бавосита баромад карда, “ба ту” ё “ба шумо” фаҳмида мешавад.
Акнун сиғаи амрии феълро бо ҷонишинҳои шахсии бавосита кор мефармоем:
Tell me about your family. — Ба ман дар бораи оилаат нақл кун.
Don’t worry them! — Онҳоро ташвиш надеҳ!
Take it with you. — Онро бо худат гир.
Don’t forget us. — Моро фаромӯш накунед.
Аз ҳамаи он мисолҳое, ки то ин дам оид ба сиғаи амрии феъл овардем, ба хубӣ эҳсос намудан мумкин аст, ки сиғаи амрии феъл ба шахси дуюми танҳову ҷамъ нигаронида мешавад. Лекин ҳолатҳое низ дучор меоянд, ки дар як ҷумла сиғаӣ амрии феъл ҳам ба шахси дуюм ва ҳам ба шахси якум нигаронида шудааст, ё ин ки сиғаи амрӣ дар як ҷумла ҳам ба шахси дуюм ва ҳам ба шахси якум нигаронида шудааст. Ҳолати зикршуда асосан дар он ҷумлаҳое ба чашм мерасад, ки дар он ҷумлаҳо феъли “let” истифода шуда бошад.
Феъли “let” ба забони тоҷикӣ “Иҷозат диҳед”, “Рухсат диҳед”, “Биёед”, “Бигузор” тарҷума мешавад. Ба ҷумлаи зерин диққат кунед:
Let us watch this film.
Ибораи “let us” ё дар шакли мухтасар “let’s” дар тарҷумаи таҳтуллафзӣ маънои “ба мо иҷозат диҳед” — ро доро буда, аз Лиҳози мантиқ бошад, мо онро метавонем “биёед” тарҷума кунем. Пас ҷумлаи болоро метавонем, ки ин тавр тарҷума кунем:
Биёед ин филмро тамошо кунем.
Дар ҷумлаи мазкур сиғаи амрии феъл ҳам бо шахси дуюм (биёед) ва ҳам бо шахси якум (тамошо кунем) нигаронида шудааст. Аммо вақте ки мо “Close the door” (“Дарро пушед”) мегуем, сиғаи амрӣ танҳо ба шахси дуюм равона мешавад. Мисоли дигар:
Let him go. — Бигзор ӯ биравад.
Дар ҷумлаи зикршуда бошад, сиғаи амрӣ ҳам ба шахси дуюм (бигузор) ва хам ба шахси сеюм (равад) нигаронида шудааст:
Let him tell us about his trip. — Бигзор ӯ ба мо дар бораи саёҳаташ наҳл кунад.
Let’s hurry. — Биёед шитоб кунем.
Let’s them speak Tajik. — Бигзор онҳо тоҷикӣ ҳарф зананд.
Let me show you my photoes. — Рухсат деҳ, ба ту суратҳоямро нишон диҳам.