Гурухи канданихои фоиданоки гайриматалли

Ба
гкркхи канданихои фоиданоки гайриметалли фосфорит, апатит, сулфури табии,
флюорит, охаксанг, мармар, гилу гилбутаву хок ва гайра дохил мешаванд.

Аз ин гурух фосфорит, апатит ва
намакхои калийро асосан гурухи канданихои фоиданоки аграноми меноманд.Сабаби
асосии ба ин гурух дохил шудани онхо аз он иборат аст, ки онхо барои саноати
истехсоли нурихои минерал ибо сифати ашёи хом истифода бурда мешаванд.Худи
нурихои минерали дар хочагии кишлок ба кор бурда мешаванд.Аз фосфорит ва апатит
нурихои минералии фосфордор (суперфосфат) тайёр карда шуда, аз намаки калий
нкрихои минералии калийдор тайёр карда мешавад.

Дар замони Хокимияти Шурави талаботи
Чумхкрии Точикистон аз ин нурихои минерали аз Россия ва дигар чумхурихои собик
СССР пурра таъмин карда мешуд.Бинобир он кофтуковхои хамаиарафаи геологи барои
кашф кардани ин захирахои ашёи хом дар Точикистон пурра гузаронида нашудааст ва
ин захирахо алхол дурра кашф карда нашудаанд. Аз хамин сабаб дар Точикистон корхонахои
истехсоли нурихои минералии фосфордор вакалийдор амал намекунанд. Холо хам чун
пештара талаботи хочигии кишлоки чумхури аз суперфосфат ва нурихои калийдар вз
давлатхои ИДМ ва берун аз худуди он таъмин карда мешавад.

Дигар захираи гайриметалл, ин сулфури
табии мебошад, ки аз он кислотаи сулфат ва дигар махсулотхо истехсол мекунанд,
ки он махсулотхо барои сароати кимиё ва дигар сохахо ба сифати ашёи хом
истифода бурда мешаванд.Дар чумхурии мо ашёи хоми сулфур, ки ахамияти сароати
дашта бошад, холо кашф када нашудааст.

Бояд
кайд намуд, ки сохаи асосии хочагии халки Чумхурии Точикистонро сохаи хочагии
кишлок ташкил мекунад. Хочагии кишлок бошад бе истифодаи нурихои минералй ва
захрхимикатхо истехсоли интенсивноки худро таъмин карда наметавонад.Аз хамин
сабаб дар оянда истехсоли нурихои минералй дар чумхури яке аз масъалахои
асосии халталаб мебошад.

Ин минерал шаффоф ва нимшаффоф буда, он кадар сахт нест. Дар табиат бо рангхои бунафш, гулобй, зард, сабз дида мешавад.Флюорит бо сангхои кимат монанд хаст, бинобар аз хамаи заргарон онро зуд шинохта метавонад.

Дар
охири асри XVIII химики
швед Шееле муайян кард, ки таркиби флюорит кисман аз калсий ва кисман аз унсури
номаълуми гайр иборат аст. Пас аз сад сол (соли 1889) олими фронсавй Муассон аз
гази зардчатоб – фтор иборат будани кисми гайри флюоритро муайян намуд.

Флюорит на танхо дар заргари ва саноати
оптики, балки дар металлургия, кимиё низ васеъ истифода мешавад.

Чумхурии Точикистон аз чихати захираи
флюорит дар байни давлатхои ИДМ чои памоёнро ишгол мекунад.

Конхои флюорит дар Каромазор
(Навгарзон, Кони Мансур, Кенгкутан) ва дар нишебии Чанубии каторкуххои Хисор
(Такоб, Кондара, Бегар, Магов, Калтуч, Ромит, Чурёз, Сурхтеппа) вокеанд, ки
аксари конхои флюорит чун рег дар байни хорасангхо вомехуранд.

Холо флюоритро аз конхои Навгарзон
дар нохияи Ашт, Бегар, (хавзаи дарёи Варзоб) ва Магов (хавзаи дарёи Кофарнихон)
истихроч мекунанд.

Тавсифи
сангхои киматбахо
. Сангхои киматбахои Точикистон-лаъл, лочвард, фируза ва
дигархо аз замонхои кадим машхуанд.

Алмос (бриллиант), ёкути кабуд
(сапфир), ёкути сурх (рубин), хризоберилл, алоксандрит (зумрад), лаъл (шпинели
асил) ба гурухи сангхои киматбахои худранги дарачаи якум дохил
мешаванд.Мутаасифона дар Точикистон аз чумлаи сангхои дарачаи якум то хол ба
чузъ лаъл дигар сангхои киматбахои дарачаи якум дарфт карда нашудааст.

Фируза, аметист (нилум), булури кухи,
халцедон, акик ба гурухи сангхои худранги дарачаи дуюм ва сеюм дохил мешаванд.

Сангхои рангин- лочвард, кварцхои
рангин, яшм, чазъ (оникс), мармар, газ, ба гурухи сангхои кандакори-резакори
дохил мешаванд.

 Сангхои кимматбахо на факат дар заргари,
балки дар сохахои гуногуни саноат ва техникаи навтарин истифода мешаванд.

Лаъли Бадахшон санги киматбахои
сурхранги дурахшон аст.Ин санг чихеле, ки аз номаш маълум аст дар Вилояти
Автономии Бадахшони Кухии республикаамон дида мешавад.Дехае, ки дар он чо кони
лаъл вокеъ аст бо номи дехаи Кухи Лаъл.Лаъли Бадахшон аз замонхои хеле кадим
машхуру маълум будааст. Лаъли Бадахшонро дар бозорхои Бухоро, Хиндустон ва
дигар мамлакатхои машрикзамин савдо мекарданд.

Заргарон точ, ангуштарин ва даспонахои
шохонро ба лаъл меоростанд.

Аввалин маълумоти муфассалро доир ба
лаъли Бадахшон олими машхур Абурайхони Беруни дар “Китоб-ул-чамохир фи
маърифат-ил-чавохир ” овардааст.

Дар бобби махсуси ин китоб, ки
“Ал-лаъл-ул-Бадахш ” ном дорад, Беруни менависад, ки “Лаъл байни табакоти
сангхои сафеди булурин ба хачми гуногун ба андози чормагз то ба андозаи харбуза
бихобад”.

Таркиби химиявии лаъл (шпинель) аз
алюмосиликати магнийдор иборат Буда, дар он омехтаи оксиди охан, хром ва манган
хам хаст.

Ранги сурх ва гулобии шпинели Кухи
Лаъл ба омехтахои хром вобаста аст.Шпинелро оксиди манган ранги бунафша дихад,
оксиди охан тобиши осмони медихад.Лал минерали басо сахт аст.Сахтии нисбии
алмос 10 бошад, аз лаъл 8 мебошад, вазни хоси он ба хисоби Беруни 3,5
аст.Аксарияти шпинелхои Кухи Лаъл сурху гулобиранганд.Баъзе булурхои
бунафшаранг ва сиёх хам вомехуранд.

Андозаи булурхо аз якчанд миллиметр то
2 х 3 см, баъзан ба андозаи 6 х 12 см мешаванд.

Солхои охир геологхо дар атрофи Кухи
Лаъл дар Горондара, Лочварддара, Абхарв, Сумчин, Ямчин чанд конхои нави лаълро
муайян кардаанд.

Холо лаъл нафакат чун чавохирот балки
дар сохахои гуногуни техникаи Навин, аллалхусус дар сохаи электроника истифода
карда мешавад.

Лочвард

Лочвард
санги киматбахо буда, аз замонхои кадим маълуму машхур будааст.Кони Лочвард дар
хавзаи дарёи Шохдара чойгир шудааст.

Дар замонхои кадим аз лочвардзарфхои
нафис метарошиданд ва дар лавхакорихоба кор мебурданд. Аз лочвард инчунин
нигини ангуштарину дастпонахо ва мухра мсохтанд. Лочвардро соида, хока карда,
барои наккоши ранги аълосифатиультрамарин (ранги кабуди баландхосил мекунанд. Лочвардро
бо забони илми Лазурит меноманд, вайро ба гурухи сангхои кошинкории дарачаи
якум дохил мекунанд.

Лочвард дар бозорхои аксари
мамлакатхои Шарк, Миср, Юнон ва Рим шухрат дошт.Лочварди Бадахшонро бо корвонхо
ба Бобулистон, Хиндустон мебурданд.Овозаи лочварди Шохдара аз кадим маълум
буд.Яке аз шохобхои дарёи Бодомдара, ки ба Шохдара мерезад бо номи Лочварддара
машхур аст.Якумин шуда мухандиси рус А.Серебренников соли 1894 мавчудияти
лочвардро дар мавзеи Шохдара ба харита кайд карда буд.Кони лочвард аз Хоруг 100
км дур бошад хам, аммо бо вучуди он то Шохдараю Бодомдара рохи мошингард кушода
шудааст.

Лочвард- минерали лазурит ё
Ляпись-Лазурь (санги нилгун) мебошад.

Таркиби кимиёвии вай аз
алюмосиликатхои натрию калсийдор ва оксидхои сулфур иборат аст.

Лазурит агар чи минерали шафоф нест,
бо ранги осмони, нилуфариву бунафши худ дилро ба тахсир меоварад, Лазурит
минерали хеле сахт, сахтии нисбиаш аз руи шкалаи дахбалла 5,5-6 мебошад.Онро ба
шиша бозури харошидан мумкин аст.

Тадкикот нишон додаст, Ки кони
Лочварди Шохдара камаш 3 миллиард сол мукаддам дар давраи архей ба вучуд
омадааст.Холо аз лочварди Бадахшон, дастмона, ангуштарин, медалион ва дигар
ороишхои занона месозанд.Лочвадро инчунин барои ороиши касрхои маданият
истифода мебаранд.Меъморону кандакорони кишварамон бо умеди калон орзу доранд,
Ки касрхои мухташами пойтахти Точикистон- шахри Душанберо бо лочварди Помир оро
диханд.

Фируза
сангт кимматбахои кабуд ё осмонранги гайри шаффоф мебошад, ба гурухи сангхои
гаронбахои рангаи дарачаи сеюм дохил мешавад.

 Фирузаро аз замонхои кадим чун санги зебои
нисбатан арзон барои зебу зинат а кор мебурданд.Истилохи байналхалкии ин санги
кимматбахо бирюза аст, Ки тахрифи фируза мебошад.

Фирузаро дарзаргари истифода мекунанд.

Фируза минералиест, ки чисми он аз
чихати физики ва кимиёви якхела Буда, дар натичаи реакцияхои табии дар кабатхои
кашри замин ба вучуд меояд.Ин минерал дар чойхои кафидаи замин, ки дар он
махлулхои мисс, мисс, ки сабаби асосии кабутчарангии фируза мебошад дар таркиби
он аз 8 то 3 фоиз мавчуд аст.Фируза, баъзан дар натичаи тагйир ёфтани устухон
ва дандонхои хайвонотимурда низ пайдо мешавад.

Ин навъ фирузаро фирузаи устухони
меноманд.

Сахтии нисбии фируза ба 5-6 баробар
аст, ки дар сатхи он ба шиша ё корд рах гузоштан мумкин аст. Ранги фируза бо
мурури замон дар натичаи фарсоиш, таъсири мухит ва моддахои органики хира ва
камчило мешавад.

Конхои фируза дар Эрон, ИМА ва Хитой
ва дар нимчазираи Синой вокеанд.Хусусан фирузаи нишопури (Эрони) фирузаи
дарачаи аъло мебошад.Холо дар худуди Точикистон дар як худи вилояти Сугд 6 кони
фируза маълум аст. Яке аз конхои шоёни диккат-фирузакон мебошад.Холо дар яке аз
конхои вилояти Сугд фирузаи осмонранг ва кабуд истехсол карда мешавад.Солхои
наздик захирахои хамаи конхои фируза бояд муайян карда шаванд.

Геологхо солхои охир дар Помири Шарки
якчанд минералхои хушранг дарёфт карданд.

Дар Помири Чанубу Гарби аломати ёкути
кабуд (сапфир), ёкути сурх (рубин) ва гранатхои хушранг муайян карда шуданд.
Дар баробари сангхои кимматбахои табии, олимони кимиё, физикхо ва минерологхо
булурхои гуногуни хушрангро ба таври сунъи хосил карда истодаанд.

Вале ягон санги сунъи чои офаридаи табиатро
гирифта наметавонад.

Геологхои Точикистон холо дар чустучуи
конхои нави сангхои кимматбахо мебошанд ва уме даст, ки конхои нави лаълу
лочвард, фирузаю ёкут ва дигар сангхои хушранг кашф карда хохад шуд.

Кварц
ин минерали сахт буда аз сабаби сахт буданаш дар вакти вайрон шудани чинсхои
кухии булур, кварц ба шакли гуруша мемонад. Кварцро хотто бо корди пулоди хам
харошидан мумкин нест.Кварц чун шиша чило медихад. Он сафед, дудранг, зардча,
гулоби, бунафш ва сиёх, вале аксар вакт беранг мебошанд.

Кварц дар чинсхои магмави дар шакли
булурхои гуногунхачм вомехурад.

Агар магма дар руи замин хунук шуда
бошад, оксиди силиций (яъне кварц), чун шиша сахт мешавад. Дар таркиби кварц
шиша аз 60 то 80 фоиз мавчуд аст. Холо аз кварц шишахои аълосифат тайёр
мекунанд, ки он хам ба гарми ва хам ба хунуки як хел тобовар аст.Дар
металлургия бе хиштхои оташбардори кварци маъданро гудохта намешавад. Аз кварц
барои асбобхои оптики линза месозанд.Лампахои кварци дар электроника ахамияти
калон доранд, реги кварци яке аз масолехи асосии бинокори аст.Регсангхои
кварцро барои сохтани сангхои осиёб, сутунхои сангин истифода мебарнд.

Булурхои шаффоф ва беранги кварцро
булури кухи меноманд, ки баъзеи онхо аз 100кг хам зиёд мешавад.Конхои булурхои
кухи дар каторкуххои Ванчу Язгуломи Помир чойгир шудаанд, ин намуд кварцхо дар
каторкуххои Хисор, Зарафшон ва дар Каромазор хам ёфта мешаванд, Булури кухи дар
радиоэлектроника, электроника, оптика ва тайёр кардани зарфхои кимматбахои
булури васеъ истифода мешавад.

Булурхои бунафши кварцро-аметист (нилум)
меноманд, онхо асосан дар Каромазор, Рашт, каторкуххои Хисор ва дар чанд
мавзеъхои Помир кашф шудаанд.

Аметистро
дар заргари васеъ истифода мебаранд.

 Охаксанг
ва мармарро- чун масолехи бинокорию хайкалтароши аз замонхои кадим истифода
мебурданд.Дар таркиби охаксанг ва мармар асосан калсий (карбонади калсий)
мавчуд аст.Таркибашон як хел бошад хам аммо мармар танхо ба сохти булуриаш аз
охаксанг фарк мекунад.

Калсий яке аз минералхои пахншудаи
кисми болоии кишри замин мебошад.Бисёр каторкуххо ва водихо ахаксангу мармар
бой мебошанд.

Дар давраи асрхо оби дарёхо
сохилхояшонро шуста заррахои карбонати калсийдорро ба бахру укёнусхо мебаранд.Олимон
муайян кардаанд, ки дар хар 15 хазор сол микдори карбонати оби укёнусхо ду
баробар зиёд мешудааст.Як кисми онхоро хайвонхои бахри чун гизо аз таркиби об
гирифта истеъмол менамоянд, ки аз он устухон ва склеташон ташкил меёбад.Ахолии
махали травертинро курутсанг хам меноманд.Масалан дар атрофи чашмахои
минераллии Гармчашма (Помир) ва Хочасангхои (Варзоб) аз ин чинс суфачахои басо
зебо пайдо шудаанд.

Мармар
охаксанг ва доломитхои кристалшуда мебошад.Мармархои сафед, гулоби, сурх,
хокистари, тира, сиёх, ало ва гайра мавчуданд.Сахтии мармар 3-3,5 мебошад ва
онро ба корд, бо арраи оханин ва шиша ба осони тарошидан мумкин аст.Дар таркиби
мармар багайр аз калсию доломит боз омехтахои охан (пирит, гематит, лимонит),
кварц, кочедан, гил ва моддахои органики мавчуданд.Омехтахои охан ранги
мармарро сурху гулоби, моддахои органики бошад, тира ва сиёх мекунанд.

 Мармархои махиндонаи садафсимо дар кони Каррара
(Италия) ва сафедии зардтоб дари кони Паррос (Юнон) мавчуд аст.Хайкалу иншооти
Юнони Рим аз ин мармархо бунёд ёфтаанд.

Кадимтарин охангсангхое, ки ба мармар
табдил ёфтаанд, дар каторкуххои Ишкошим ва Шохдараи Помир дар Шаркии Рашт
мавчуданд.Ин охаксангхои мармари камаш 3,5 миллиард сол пеш ба вучуд омадаанд.

Охаксанг ва доломитхои ола дар хачагии
халки кишварамон хамчун масолех барои сохтмон ва хамчун ашёи хом дар заводи
электрохимиявии Ёвон барои хосил кардани содаи каустики ва карбонати натрий
истифода бурда мешавад.

Аз конхои Сиома ва Кабути (хавзаи
дарёи Варзоб) тахтасангхои мармари сафедро истехсол мекунанд.Дар вилояти Сугд
накшу нигори гулсангхои мармарии кони Такали басо чолоби диккат аст.Онхоро
барои зебу зинати бинохои маъмуриву мадани истифода мебаранд.

Кони даштак (Ванч) мармари сафеди
аълосифат буда, аз он устохои сангтароши Москов намунаи мавзолеи В.И.Ленинро
сохта, ба музеи таърих ва кишваршиносии шахри Хоруг тухфа карданд.

Геологхои точик кушиш доранд, ки
конхои нави мармархои аълосифатро кашф намуда, онхоро барои истифодаи васеъ дар
сохахои мухталифи кишварамон пешкаш намоянд.

Намак– ин ба гурухи минералхои осон махлулшаванда, талху-шуртаъм дохил мешавад.Намак дар сохахои гуногуни хочагии халк, ва дар зиндаги ба таври васеъ истифода бурда мешавад.Таркиби намак, асосан аз галит, сильник, карпалит, мираблит, гипс, ангидрит иборат аст.

Асосан намдар шароити хозира дар сохахои
гуногуни хочагии халк, ба монанди саноати металлурги, саноати сабук, саноати
собунбарори, тиб ва гайра истифода бурда мешавад.Намак хамчун ашёи хоми
мухимтарин барои истехсоли шиша, тоза кардани махсулоти нефт ва гайра ба хмсоб
меравад.Натрий ва хлор, ки бокимондаи коркарди намак мебошанд, дар саноати кимиё
ба таври васеъ истифода карда мешавад.

Точикистон аз намак бой аст.Намаккухи
Хочамуъмин дар худуди нохияи Восеъ дар мачрои умумии дарёхои Яхсуву Кизилсу
чойгир аст.Хачми гунбази намак такрибан 55 киллометри куби мебошад.Гафсии
намаксанг ба 250метр мерасад.Намак 150 миллион сол мукаддам аз байни чинсхое,
ки аз регсанг, мергель (омехтаи гилу охак), гипс иборатаст, маълум мебошад.

Болои гунбази намак асосан бо минерали
гач ва гарду чанг пушида шудааст.Гач, ки дар об хал намешавад, намакро аз
халшави нигох медорад, Намаккухи Хочасартез дар сохили самти шахри Кулоб вокеъ
аст.Ин гунбази намак 11 км дарози ва 8 км бар дорад. Аз доманахои намаккух
якчанд чашмаи обаш Шур чори аст. Ба гайр аз намаккуххои азими Хочамуъмин ва
Хочасартез дар дар мамлакатамон камаш 10
кони калони намаки ошй маълум аст.

Масалан, дар чануби Точикистон конхои
намаки Норак, Кангурт, Шахртуз, Танобчи низ машхуранд.Дар шамоли кишварамон дар
худуди нохияи Ашт конхои намаки Камишкургон ва Бардамкул, дар атрофи нохияи
Мургоб Рангкул ва Шурбел маълуманд.

426
Нет комментариев. Ваш будет первым!