Пешояндҳои “on”, “over”, “under”, “next to” дар забони англисӣ
Пешоянди “on”
Пешоянди “on” “дар болои”, “дар рӯи” тарҷума мешавад:
There is a beautiful bird on the tree. — Дар болои дарахт парандаи зебое ҳаст.
There is a mirror on the table. — Дар рӯи миз оина ҳаст.
Пешоянди “over”
Пешоянди “over” ҳам “дар болои”, “дар рӯи” тарҷума мешавад. Пас фарқ байни “on” ва “over” дар чист? Пешоянди “over” он вақт истифода мешавад, ки сухан дар бораи он чизе равад, ки дар болои ягон чиз овезон бошад. Ҷумлаҳои зеринро муқоиса кунед:
1.There is a lamp on the table — Дар болои миз чароғ ҳаст.
2.There is a lamp over the table. — Дар болои миз чароғ овезон аст.
Дар мавриди дарк намудани фарқи байни пешоянди “on” ва пешоянди “over” ба мо забони русӣ кӯмак мекунад. Дар забони русӣ пешоянди “on” — и англисӣ “на” ва пешоянди over” бошад, “над” тарҷума мешавад.
Пешоянди “under”
Пешоянди мазкур “дар зери”, “дар таги” тарҷума мешавад.
There is a long bench under the tree. — Дар таги дарахт хараки дарозе ҳаст.
There are funny puppies under the table. — Дар зери миз сагбачаҳои ғалатӣ ҳастанд.
Пешоянди “next to”
Ин пешоянд “дар паҳлӯи”, “дар бари”, “дар шафати” тарҷума мешавад:
There is a big chemist’s next to the shop. — Дар паҳлӯи дӯкон дорухонаи калоне ҳаст.
There are three shops next to the theatre. — Дар паҳлӯи театр се дӯкон ҳаст.
Боз якчанд мисолҳои дигар:
There is a round clock over the sofa.
There is a picture over the table.
There are interesting books on the chair.
There are five big dogs on the roof.
There is a ball under the car.
There are little girls under the tree.
There is a bakery next to the barber shop.
There are two hospitals next to the bus station.
Бо ибораҳои “there is” ва “there are” калимаи “some” низ истифода бурда мешавад. Калимаи “some” он вақт бо ибораи “there is” кор фармуда мешавад, ки сухан дар бораи исмҳои шумурданашаванда равад. Дар ин маврид калимаи “some” маъноҳои “каме”, “як миқдор”, “камтар”, “якандоза”-ро ифода мекунад:
There is some milk in the bottle. — Дар даруни шиша як миқдор шир ҳаст.
There is some bread on the table. — Дар рӯи миз каме нон ҳаст.
Агар калимаи “some” бо ибораи “there are” кор фармуда шавад маънои “якчандто” — ро ифода мекунад.
There are some red apples on the ice-box. — Дар болои яхдон якчандто себи сурх ҳаст.
Мисолҳои дигар:
There is some butter on the box.
There are some goats behind the wall.
There is some water in the glass.
There are some chickens under the trees.
Аз он мисолхое, ки то ин замон бо истифодаи ибораҳои “there is” ва “there are” овардем, ба шумо аён гашт, ки ибораи “there are” бо исмҳои ҷамъ меояд ва пас аз он артикли номуайянии “а”, ки хоси исмҳои танҳост, намеояд. Лекин чунин мавридҳое низ дучор меоянд, ки шумо пас аз ибораи “there are” артикли номуайянии “а”-ро дучор мешавед. Ҳолати зерин он гоҳ сурат мегирад, ки агар пас аз ибораи “there are” ибораҳои “great many” бо маънои “хеле зиёд”, “анбӯҳи зиёд”, “great number of бо маънои “шумори зиёд”, “миқдори зиёд”, “lot of” бо маънои “бисёр”, “зиёд”, “маҷмӯи зиёд” ва калимаи “few” бо маънои “якчандто”, “камтар” омада бошанд. Яъне ҳангоми истифодаи ибораи “there are” ва он ибораҳои номбаршуда дар байни иборахо артикли номуайянии “а” кор фармуда мешавад.
Ҷумлаҳои зеринро бо тарҷумаашон муқоиса кунед:
1.There are many trees in the yard. — Дар ҳавлӣ дарахтони зиёде ҳастанд.
2.There are a great many trees in the yard. — Дар ҳавлӣ анбӯҳи зиёди дарахтон ҳастанд.
1.There are many interesting places in pur Republic. — Дар ҷумҳурии мо ҷойҳои аҷоиби зиёде ҳастанд.
2.There are a great numbers of interesting places in our Republic. — Дар ҷумҳурии мо миқдори зиёди ҷойҳои аҷоиб мавҷуданд.
Ҳамин тариқ, мавридҳои гуногуни истифодаи ибораҳои “there is” ва “there are” дар саҳифаҳои гузашта матраҳ гардиданд. Ҳамаи мисолҳое, ки мо бо истифодаи ибораҳои мазкур дида баромадем, аслан дар шакли тасдиқӣ вуҷуд доштанд. Акнун ибораҳои “there is” ва “there are” — ро дар дохили ҷумлаҳои инкорӣ аз назар мегузаронем. Ибораҳои мазкур он гоҳ ба мо дар шакли инкорӣ лозим мешаванд, ки агар дар бораи дар маконе вуҷуд надоштани исмҳо сухан равад.
Ба ҷумлаҳои зерин таваҷҷӯҳ зоҳир намоед:
There is no book on the table. — Дар руи миз китоб нест.
There are no birds on the roof. — Дар болои бом паррандаҳо нестанд.
Мисолҳои дигар:
There are no gas stations in our neighbourhood.
There is no fire station in this part of city.
There is no red rose at the window.
There are no children in the garden.
Назаре ба сохти ҷумлаҳои инкории боло афканед ва огоҳ хоҳед шуд, ки ҳангоми дар шакли инкорӣ истифода шудани ибораи “there is” пеш аз исм артикли номуайянии “а” наомадааст. Нишонаи асосии ҷумлаҳои инкории боло бошад, ҳиссачаи инкории “nо” маҳсуб мешавад, ки дар байни ибораҳои “there is”, “there are” ва исмҳо қарор дорад. Бояд гуфт, ки дар чунин ҷумлаҳо ҳамчунин ҳиссачаи инкории “not” истифода мешавад. Ҳиссачаи “not” бо ибораи “there is” он вақт истифода мешавад, ки пеш аз исм калимаи “much” — “зиёд”, “бисёр” омада бошад. Дар чунин мавридҳо асосан сухан аз хусуси исмҳои шумурданашаванда меравад, зеро калимаи “much” хоси исмҳои шумурданашаванда мебошад.
Диққат кунед:
1.There is no milk in the bottle. — Дар шиша шир нест.
2.There is not much milk in the bottle. — Дар шиша шири зиёд нест.
Мисолҳои дигар:
There is not much tea in the teapot.
There is not much ink in the inkpot.
Бо ибораи “there are” он вақт ҳиссачаи инкории “not” кор фармуда мешавад, ки агар пеш аз исмҳо калимаҳои “many” — бисёр ва “any” — ягон истифода шуда бошанд.
Мисолҳо:
1.There are no girls in our classroom. — Дар синфи мо духтарон нестанд.
2.There are not many girls in our classroom. — Дар синфи мо духтарон бисёр нестанд.
1.There are no books in your bag. — Дар сумкаи шумо китобҳо нестанд.
2.There are not any books in your bag. — Дар сумкаи шумо ягон китоб нест.
Акнун ибораҳои “there is” ва “there are” -ро дар ҷумлаҳои саволӣ аз назар мегузаронем.
Саволҳои умумӣ
Is there a fireplace in his room? Дар хонаи ӯ оташдон ҳаст?
Ҷавобҳои пурраи саволи боло чунинанд:
Yes, there is a fireplace in his room. — Ҳа, дар хонаи ӯ оташдон ҳаст.
No, there is no fireplace in his room. — He, дар хонаи ӯ оташдон нест.
Ҷавобҳои мухтасари ҷумлаҳои болоӣ чунин аст:
Yes, there is. — Ҳа
No, there isn’t. — He
Мисолҳои дигар:
Are there high buildings in your city? Yes, there are high buildings in our city, Yes, there are.
Is there an egg behind the hen? No, there is no egg behind the hen No, there is not.
Are there bears in the forest? Yes, there are.
Are there snakes under the stones? No, there are not.
Хотиррасон менамоем, ки бо ибораҳои “there is” ва “there are” дар саволҳои умумӣ калимаи “any” ҳам кор фармуда мешавад:
Is there any milk in the bottle? Yes, there is. — Дар шиша ягон миқдор шир ҳаст? Ҳа
Are there any toys in the box? No, there are not. — Дар қутти ягонто (ягон хел) бозича ҳаст? Не
Саволҳои алтернативӣ
Is there a red or a black pencil on the shelf? There is a red pencil on the shelf.
Are there many or few persons in your family? There are many persons in our family.
Is there a rabbit or a hare in this box? There is a hare in this box.
Аге there three or four police stations in their neighbourhood?
There are four police stations in their neighbourhood.
Саволҳои махсус
What is there in front of the bank? There is a big supermarket in front of the bank.
What are there in your pockets? There are keys in our pockets.
What bread is there on the plate? There is brown bread on the plate.
What dishes are there in the sink? There are dirty dishes in the sink.
How many cars are there behind the house? There are six cars behind the house.
How much rice is there in this shop? There are 10 bags of rice in this shop.
How much bread is there on the table? There are two loaves of bread on the table.
Эзоҳ
Дар он ҷумлаи саволие, ки мо аз миқдори биринҷ пурсон шудем, ҳангоми саволдиҳӣ ибораи “there is” ва ҳангоми посухгӯӣ бошад, ибораи “there are” истифода шуд. Ин аз он хотир аст, ки ҳангоми ҷавоб гуфтан мо аз калимаи “bag”, яъне халта истифода кардем. Зеро калимаи “bag” исми шумурдашаванда буда, дар ҷумлаи мазкур дар шакли ҷамъ кор фармуда шудааст.
Ё худ, вақте ки аз миқдори нон пурсон шудем, зимни суол ибораи “there is” ва зимни посух гуфтан он ҷо низ ибораи “there are” кор фармуда шуд. Шарҳи он ҳолат ин аст, ки ҳангоми ҷавоб гуфтан мо аз калимаи “loaves” истифода кардем. Калимаи “loaves” шакли ҷамъи калимаи “loaf, яъне “дона”, “cap” мебошад ва зимни шумурдани нон истифода бурда мешавад.