Пешояндҳои самт дар забони англисӣ

Аз матлабҳои гузашта мо бо пешояндҳои макон (in, on, under, behind…) нағз ошно ҳастем. Ҳоло бошад, замони ҳозира-ояндаи феълро бо истифодаи пешояндҳои самт аз назар мегузаронем.

Пешоянди “to”

Пешоянди “to” ҳаммаъно бо пешоянди “ба”-и тоҷикӣ мебошад. Мисолҳо:

I go to the garden. — Ман ба боғ меравам.

She goes to the park. — Ӯ ба парк меравад.

Дар ҳамаи мисолҳои боло ҳангоми ифода намудани самти ҳаракат пас аз пешоянди “to” артикли муайянии “the” омадааст. Лекин ҳолатҳое низ дучор меоянд, ки пас аз пешоянди “to” артикли “the” намеояд. Мисолҳо:

I go to school. — Ман ба мактаб меравам.

She goes to work. — Ӯ ба кор меравад.

Ҳамчунин пеш аз калимаҳои “church”-(калисо), “college” (донишгоҳ), “bed” — (кат, рахти хоб) низ пешоянди “to” бе артикли “the” истифода мешавад.

Ба ҷумлаи зерин нигаред:

I go home. Ман ба хона меравам. Яъне пеш аз калимаи “home” на пешоянди “to” ва на артикли “the” омадааст. Ҳолатҳои зикршударо дар хотир нағз нигаҳ доред.


Пешоянди “into” [инту]

Пешоянди мазкур бо пешоянодои тоҷикии “ба даруни”, “ба дохили” ҳаммаъно мебошад.

Мисолҳо:

She puts her pencils into the pencil-box. — Ӯ қаламҳояшро ба даруни қаламдон мегузорад.

The workers go into the plant. — Коргарон ба дохили корхона мераванд.


Пешоянди “from” [фром]

Ин пешоянд бо пешоянди тоҷикии “аз” ҳаммаъно мебошад.

The children come from the kinder-garten. — Кудакон аз боғчаи бачагон меоянд.

Rustam comes from the shop. — Рустам аз мағоза меояд.

443
Нет комментариев. Ваш будет первым!