Артиклҳо дар забони англисӣ

Дараҷаи муайянӣ ва номуайяни дар исмҳо (артиклҳо дар забони англисӣ)

Дар маводҳои гузашта мо аллакай бо мавзуи исм ошноӣ пайдо карда, оид ба ҷамъбандии исмҳо, исмҳои шумурдашаванда ва шумурданашаванда маълумот гирифта будем. Мавзуи дигаре, ки хоси исмҳо мебошад, ин дараҷаи муайянӣ ва номуайянии исмҳост. Дараҷаи муайянии исмҳо бо артикли “the” ва дараҷаи номуайянии онҳо бо артикли “а” ифода карда мешавад. Артиклҳои номбаршуда низ дар дарсҳои гузашта ба мо вохурда буданд. Дар ин мавод бошад, мо кушиш мекунем, ки дар бораи онҳо маълумоти ҳаматарафа диҳем.

Загрузка…

Артикли номуайянии “а” дар шакли аслии худ, яъне “а” пеш аз исмҳои танҳо ва номуайяне меояд, ки бо ҳамсадоҳо шуруъ шуда бошанд. Агар исмҳо бо садонокҳо cap шуда бошанд, артикли номуайянии “а” дар шакли “аn” меояд.

a dog, а car;

an apple – себ,

a cat – гурба,

an egg – тухм,

a boy – бача,

an animal — ҳайвон

Агар исмҳои номуайян бо садонокҳои “а”, “е”, “i”, “о” cap шуда бошанд, пеш аз онҳо ҳамеша артикли “а” дар шакли “аn” гузошта мешавад. Агар исмҳо бо садоноки “y” шуруъ шуда бошанд, қоидаи мазкур риоя намешавад ва артикл дар шакли “а” меояд. Агар исмҳо бо садоноки “u” cap шаванд ва садоноки мазкур дар ҳиҷоҳои кушода қарор дошта бошад, артикли номуайяни дар шакли “а” меояд. Лек агар исмҳо бо садоноки “u” cap шаванд ва он садонок дар ҳиҷои баста қарор дошта бошад, артикли номуайянӣ дар шакли “аn” меояд.

a union – иттиҳод, an umbreila — чатр

a university – донишгоҳ, an uncle — амак

Артикли номуайянӣ, ки дар ду шакл онро дидем, аз калимаи “one” ҳосил шудааст, яъне “а” ва “аn” ҳамчун артикл шаклҳои вайроншуда ё мухтасаршудаи ҳамон шумораи “one” -(як) мебошанд. Азбаски артикли номуайянӣ маънои “як”-ро дорад, он асосан пеш аз исми номуайяни танҳо гузошта мешавад, яъне пеш аз он исме, ки мо дар бораи он бори аввал гап мезанем. Акнун мебинем, ки исмҳо бо истифодаи артикли номуайянӣ ба тоҷикӣ чигуна тарчумаҳоро доро мебошанд.

a woman — зан, зане, як зан, ким-кадом зан,

a house — хона, хонае, як хона, ким-кадом хона.

Агар исмҳо дар шумораи ҷамъ қарор дошта бошанд, пеш аз онҳо артикли номуайянии “а” (аn) гузошта намешавад.

Муқоиса кунед:

а girl-духтар, girls-духтарҳо,

a bird — парранда, birds –паррандаҳо,

a stone — санг, stones — сангҳо

Артикли муайянии “the” бошад, шакли мухтасаршудаи ҷонишини ишоратии “that” мебошад. Аз ин рӯ, он маънои ҷонишини “that” — ро дар худ таҷассум карда, метавонад бо маънои “ин”, “он”, “ҳамин”, “ҳамон” фаҳмида шавад.

Таваҷҷуҳ намоед:

The dog — саг, ин caг, он caг, ҳамин caг, ҳамон саг

The boy — бача, ин бача, он бача, ҳамин бача, ҳамон бача.

Мо ҳангоми тарҷумаи исме, ки бо артикли “the” омадааст, метавонем, ки калимаҳои “ин”, “он”, “ҳамин”, ҳамон”-ро истифода накунем. Лекин бояд дар назар дошт, ки исми бо “the” омада, маҳз хамин ё ҳамон исмест, ки мо онро нағз медонем. Ду ҷумларо муқоиса мекунем:

  1. A dog runs in the garden. — Саге дар боғ медавад.
  2. The dog runs in the garden. — Саг дар боғ медавад.

Дар ҷумлаи якум сухан дар бораи он саге меравад, ки мо тасодуфан дар боғ дучор омадем, аз они кӣ будани он сагро намедонем. Саги ҷумлаи дуюм бошад, саги муайян аст, аниқтараш ё саги мост, ё саги ҳамсояи мост, ё худ сагест, ки мо онро нағз медонем.

Ҳоло бо истифода аз артикли номуайянии “а” (аn) порчаи матнеро бо тарҷума меорем ва шумо диққат диҳед, ки чи тавр исмҳои дохили он порчаи матн аз ҳолати номуайянӣ ба ҳолати муайянӣ мегузарад. Тасаввур кунед, ки шумо аз тирезаи ошёнаи баланде берунро тамошо доред. Ҳоло манзараи берунро қаламдод мекунем.

I see a woman in the yard. The woman is pretty and young. She has a dress and a hat. The dress is yellow and the hat is black. The woman has an umbrella too. The umbrella is green. There is a dog near the woman. The dog has a long tail and short ears. There is a girt near the dog. The girl has a ball. The ball is round and big.

Тарҷума:

Ман дар саҳнаи ҳавли зане (як зан)-ро мебинам. Зан (ҳамон зан) хушруӣ ва чавон аст. Ӯ курта (як курта) ва кулоҳ (як кулоҳ) дорад. Курта (ҳамон курта) зард ва кулоҳ (ҳамон кулоҳ) сиёҳ аст. Зан (ҳамон зан) чатр ҳам дорад. Чатр (ҳамон чатр) сабз аст. Дар назди зан (ҳамон зан) саге (як саг) ҳаст. Саг (ҳамон саг) думи дароз ва гушҳои кутоҳ дорад. Дар назди саг (хамон саг) духтаре (як духтар) ҳаст. Духтар (ҳамон духтар) тубе (як туб) дорад. Туб (ҳамон туб) доирашакл ва калон аст.

Мо зимни тарҷумаи матни боло дар даруни кавсҳо ибораҳои иловагиро додем, то ки дараҷаи номуайянӣ аа муайянии исмҳои матни мазкурро шумо ба осонӣ дарк намоед.

Ҳамин тариқ артикли номуайянии “а” (аn) пеш аз исмҳои шумурдашавандаи номуайяни танҳо кор фармуда шуда, артикли муайянии “the” бошад пеш аз исмҳои муайян ҳам дар шакли ҷамъ ва ҳам дар шакли танҳо меояд. Артикли муайянии “the” ғайр аз он ки пеш аз исмҳои муайян меояд, боз дар чандин лаҳзаҳои дигар низ истифода мешавад.

  1. Исмҳое, ки дар зоти худ ягона ҳастанд, ҳамеша бо “the” меоянд.

the Sun-офтоб,

the Earth — замин

the Moon — моҳтоб

the Sky — осмон

  1. Пеш аз номҳои ҷуғрофӣ “the” меояд.

The Volga — дарёи Волга,

the Pamirs — куҳои Помир,

the Black Sea — Баҳри сиёҳ.

  1. Пеш аз номи баъзе аз давлатҳо:

the United States — Иёлоти Мутаҳида,

the Soviet Union — Иттиҳоди Шуравӣ.

  1. Пеш аз дараҷаи олии сифатҳо:

the best friend — рафиқи беҳтарин,

the highest building — бинои баландтарин.

  1. Пеш аз шумораҳои тартибӣ:

the first time — дафъаи аввал,

the ninth house — хонаи нуҳум

  1. Пеш аз лаҳзаҳои рӯз:

in the morning — саҳарӣ

in the afternoon-рӯзона,

in the evening — бегоҳӣ

Дар боло мо якчанд ҳолатҳои дар ибораву ҷумлаҳо истифода шудани артикли муайянии “the”-po шарҳ додем.

Ҳамчунин лаҳзаҳое низ ҳастанд, ки артикли муайянии “the” пеш аз исмҳо намеояд.

  1. Пеш аз исмҳои хос, номи одамон, шаҳрҳо ва ҳайвонот.

Мисолҳо:

Anvar is my friend. Satimov is a good worker. Moscow is a beautiful city.

1. Пеш аз номи фаслҳо сол ва пеш аз номи моҳҳо низ артикли “the” истифода намешавад.

Summer is my favorite season. I must go to London in May. Monday is the second day of the week. We usually watch TV on Sundays.

955
Нет комментариев. Ваш будет первым!