Қоидаҳои имлои бандаки “ing”

Дар замони ҳозираи давомдор, вақте, ки ба асоси феълӣ бандаки “ing” ҳамроҳ мешавад, баъзе аз феълҳо дучори тағйирот мегарданд.

Қоидаи 1.

Дар феълҳое, ки дар охирашон садоноки “е” доранд ва он садонок хонда намешавад, пеш аз ҳамроҳ кардани бандаки “ing” садоноки “е” аз байн меравад.

take — taking;

have — having;

give — giving;

live — living,

shine — shining.

Мисолҳо:

He is taking my pencil. — Ӯ қалами маро гирифта истодааст.

The sun is shining. — Офтоб дурахшида истодааст.

They are living in London. — Онҳо дар Лондон зиндагӣ карда истодаанд.


Қоидаи 2.

Агар феълҳо бо ҳамсадо тамом шуда бошанд ва ҳарфи пеш аз охиринашон садоноки кутоҳ бошад, пеш аз ҳамроҳ шудани бандаки “ing” ҳамсадои охирин ду бор навишта мешавад.

sit — sitting,

swim — swimming,

put — putting,

shut — shutting,

cut — cutting,

dig — digging.

Мисолҳо:

The girls are swimming very quickly.

Духтарон хеле тез оббозӣ карда истодаанд.

I am cutting the paper.

Ман қоғазро бурида иситодаам.

The gardener is digging in the garden.

Боғбон дар боғ каланд карда истодааст (заминро гардонида истодааст).


Қоидаи 3.

Агар феъл бо садоноки “е” тамом шавад ва ҳарфи пеш аз охирин садоноки “i” бошад, ҳар дуи он садонокхо ба садоноки “y” иваз мешаванд ва пас бандаки “ing “ ҳамроҳ карда мешавад:

tie — tying,

lie — lying

Rustam is tying Anvar’s hands. — Рустам дастони Анварро баста истодааст.

Don’t believe him, he is lying. — Ба ӯ бовар накунед, ӯ дypӯғ гуфта истодааст.

Каме болотар мо шарҳ додем, ки замони хозираи давомдор амалеро ифода мекунад, ки худи ҳозир иҷро шуда истодааст. Ҳамчунин замони ҳозираи давомдор боз метавонад он амалеро ифода кунад, ки давомнокиаш дурудароз бошад.

Ҳоло дар замони ҳозираи давомдор ду ҷумларо муқоиса мекунем:

  1. Nargis is reading a book. — Наргис китоб хонда истодааст.
  2. Nargis is studying at school. Наргис дар мактаб таҳсил карда истодааст.

Дар ҷумлаи якум он амали давомноке ифода шудааст, ки шояд баъд аз панҷ дақиқа тамом шавад. Дар ҷумлаи дуюм бошад, он амали давомдоре ифода шудааст, ки шояд панҷ сол давом кунад.

Мисолҳои дигар:

My son is studying at the University.

Davron and Shabnam are living in Moscow.

Her husband is driving a new taxi.

Mansur and his wife are working at the plant.

258
Нет комментариев. Ваш будет первым!