Озодкунии молхои алохида аз пардохти бочхои гумруки

Намудҳои зерини моли воридотӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад:

1) воридоти асъори миллӣ ва (ё) хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;

2) воридоти тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин воридоти тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосҳои табиӣ (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфир, зумуррад, рубин, александрит, гавҳар, шпинел аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;

3) воридоти мол ба сифати кӯмаки башардӯстона ва воридоти моле, ки ба мақомоти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дода мешавад;

4) воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ имконнопазир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда ба шарте ки ин амвол мустақиман дар истеҳсоли мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисотии корхона истифода гардад ва ба категорияи моли таҳти аксиз қарор нагирад, инчунин амволи шахсие, ки кормандони хориҷии корхонаҳои дорои инвеститсияҳои хориҷӣ мустақиман барои эҳтиёҷоти худ ба ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамоянд. Дар сурате, ки агар чунин корхона барҳам дода шавад, ё таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, ки ба ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, дар ҷараёни чор сол аз лаҳзаи воридот ба ҷумҳурӣ истифода бурда нашаванд ё аз ҷониби ин корхона ба дигар шахс фурӯхта шаванд, боҷҳои гумрукӣ, ки мутобиқи ҳамин банд пардохта нашудаанд, бояд ба буҷет ситонида шаванд. Фароҳам овардани ин имтиёзот ва ба таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ мансуб намудани таҷҳизот тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад;

5) воридоти техникаи кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётии он, инчунин дорувории тиббӣ аз рӯи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мутобиқи рӯйхати муайяннамудаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) воридоти моле, ки барои татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки маъқулдонистаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби (дар доираи) маблағи грантҳо ва (ё) кредитҳое (қарзҳое), ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, давлатҳои хориҷӣ, ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ фароҳам овардаанд, амалӣ гардонда мешаванд;

7) воридоти мол барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим. Номгӯи чунин мол ва объектҳои махсусан муҳимро ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Бояд қайд намоем, ки таҳти мафҳуми имтиёзҳои тарифӣ чунин имтиёзе фаҳмида мешавад, ки ҳангоми татбиқи сиёсати тиҷоратии ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби яктарафа шартҳои муносибатҳои мутақобила ё нисбати моли аз сарҳади гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда, баргардонидани боҷи қаблан пардохташуда, озод кардан аз пардохти боҷи гумрукӣ, кам кардани ставкаи боҷи гумрукӣ, муқаррар намудани квотаҳои тарифӣ барои воридоти (содироти) имтиёзноки мол пешниҳод карда мешавад.

Имтиёзҳои тарифӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

779
Нет комментариев. Ваш будет первым!