Пардохтхои гумруки ва намудхои онхо

Дар асоси омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва асосҳои қонунгузории гумрукӣ дар Тоҷикистон муайян намудем, ки ба пардохтҳои гумрукӣ:

1) боҷи гумрукӣ;

2) андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми воридоти мол ба қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад;

3) аксиз, ки ҳангоми воридоти мол ба қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад, дохил мешаванд.

Мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳои гумрукӣ ситонида мешаванд. Инчунин боҷҳои махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ низ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, тибқи қоидаҳои пешбининамудаи КГҷТ нисбати ситонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ пардохт карда мешаванд.

Бояд қайд намоем, ки пардохткунанда, тартиби ҳисоб ва пардохти андозро қонунгузории андози ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Акнун ба дида баромадани қисмҳои ҷудогонаи онҳо мегузарем:

Боҷҳои гумрукӣ

Боҷҳои гумрукӣ ҳангоми декларатсия кардани мол дар низомҳои гумрукие, ки шартҳои таҳти ин низом ҷойгиркунонӣ супурдани боҷҳои гумрукиро таъмин мекунанд, мувофиқи КГҷТ пардохта мешаванд.

Ставкаҳои боҷҳои гумрукиро ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва мувофиқи моддаи 4 КГҷТ эътибор пайдо мекунад. Ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд:

1) адвалорӣ – ба арзиши гумрукии моли мавриди андозбандӣ қароргирифта бо фоиз ҳисоб карда мешаванд;

2) махсус – тибқи ҳаҷми муқарраршудаи воҳиди моли мавриди андозбандӣ қароргирифта ҳисоб карда мешаванд;

3) омехта – ҳар ду навъи зикршудаи ставкаҳои пардохти гумрукиро дар бар мегиранд.

Боҷҳои гумрукии мавсимӣ

Дар ин раванд ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад боҷҳои гумрукии мавсимиро барои танзими фаъолияти тиҷорати хориҷӣ муқаррар намояд. Дар ин ҳолат ставкаҳои боҷҳои гумрукии муқаррарнамудаи тарифи гумрукӣ истифода карда намешаванд. Мӯҳлати амали боҷҳои гумрукии мавсимӣ дар як сол набояд аз шаш моҳ зиёд бошад.

Намудҳои хоси боҷҳо

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати моли воридотӣ боҷҳои хоси гумрукӣ метавонанд муваққатан истифода карда шаванд (махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ):

1) боҷҳои махсус ин тариқ истифода мегарданд:

— ба сифати тадбири муҳофизатӣ, агар мол ба қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин миқдор ё шартҳое ворид шавад, ки он тавонад ба истеҳсолкунандагони ватании моли шабеҳ ва ё моли бевосита рақобаткунанда зарар расонад ё таҳдиди зарар расонидан намояд;

— ҳамчун тадбири ҷавобӣ ба амалҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ) ва амалҳои дигари баъзе кишварҳо ё иттиҳодияҳои онҳо, ки манфиати ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор менамоянд.

2) боҷҳои зиддидемпингӣ дар сурати ворид намудани мол ба қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархи нисбат ба нархи гумрукии миёнаи омории дар кишвари содиркунанда дар лаҳзаи воридот ниҳоят пасттар, агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони дохилии моли шабеҳ зарари моддӣ расонад ё таҳдиди зарар расонидан намояд ё ба ташкил ва ё ба бештар истеҳсол намудани чунин мол дар ҷумҳурии Тоҷикистон мамониат кунад, истифода мегарданд.

3) боҷҳои ҷубронӣ, ҳангоми ба қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани моле, ки ҳангоми истеҳсол ё содир кардани он бевосита ё бавосита аз субсидия истифода шудааст ва агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони ватании моли шабеҳ зарари моддӣ расонад ё таҳдиди зарар расонидан намояд ё ба ташкил ва ё ба истеҳсоли бештари моли шабеҳ дар ҷумҳурии Тоҷикистон мамониат кунад, истифода бурда мешаванд.

3.61K
Нет комментариев. Ваш будет первым!