Муайян кардани арзиши гумрукии моли содироти
Дар ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши гумрукии моле, ки аз қаламрави гумрукӣ содир мешавад, дар асоси нархи муомилотие, ки воқеан пардохта шудааст ва ё ҳангоми фурӯши он барои содирот бояд пардохта шавад, муайян карда мешавад.
Дар раванди муайян кардани арзиши гумрукии мол хароҷоти зерин ба нархи муомилот дохил карда мешавад, ба шарте агар он қаблан дохил карда нашуда бошад:
1) хароҷоти расондани мол то фурӯдгоҳ, бандар ё маҳали дигари содироти мол аз қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон:
— арзиши ҳамлу нақл;
— хароҷоти борбардорӣ ва борфарорӣ, аз нав бор кардан ва аз ҷое ба ҷое кашондани мол;
2) арзиши суғурта;
3) хароҷоти фурӯшанда:
— музди комиссионӣ ва брокерӣ;
— арзиши контейнер ё зарфҳои дигари серистифода, ба шарте, агар мутобиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ он ҳамчун воҳиди тому ягона бо моли арзёбишаванда баррасӣ гардад;
— арзиши бастабандӣ, аз ҷумла арзиши масолеҳи бастабандӣ ва корҳои вобаста ба бастабандӣ;
4) роялти ва хироҷи додани иҷозатнома барои моли арзёбишавандае, ки бояд фурӯшанда мустақиман ва ё ғайримустақим ҳамчун шарти фурӯши моли арзёбишаванда супорад, ба шарте, агар чунин роялти ва хироҷ ба нархе, ки воқеан супурда шудааст ё бояд супорида шавад, дохил нашуда бошад;
5) қисми даромад аз фурӯши минбаъда, ки мустақиман ва ё ғайримустақим фурӯшанда мегирад;
6) андозҳое, ки дар қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд, ба шарте ки мутобиқи қонунгузории андози ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ба фурӯшанда вобаста ба баровардани мол аз қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда намешаванд.
Ба ғайр аз ин ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол аз нархи муомилотӣ пардохту хароҷоти зерин хориҷ карда мешаванд, ба шарте агар онҳо қаблан ба нархи муомила дохил шуда, бо ҳуҷҷат тасдиқ карда шуда бошанд:
1) хароҷоти насб, васл, танзими таҷҳизот ё расонидани кӯмаки техникии баъди содир кардани чунин таҷҳизот аз қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) хароҷоти расондани мол баъди содир кардани он аз қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) арзиши суғуртаи расондани мол баъди содироти он аз қаламрави гумрукии ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки дар давлати воридкунанда пардохта мешаванд.
Дар сурати вуҷуд надоштани нархи муомилотӣ арзиши гумрукии моли содиротӣ дар асоси нусхаи ҳуҷҷати муҳосибавии фурӯшандаи содиркунанда дар бораи хароҷоти вобаста ба истеҳсол ё харид, нигоҳдорӣ ва интиқоли моли содиротӣ, ки аз тарафи декларант пешниҳод мешавад, муайян карда мешавад. Дар баробари ин хароҷоти дар қисми 2 ин қисм зикршуда низ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Инчунин дар сурати мавҷуд набудани маълумоти тасдиқкунандаи арзиши гумрукии арзшудаи моли содиротӣ арзиши гумрукии чунин мол тибқи маълумот дар бораи моли шабеҳ ва ё ҳамҷинс, ки мақоми гумрук дар ихтиёр дорад, аз ҷумла тибқи маълумоте, ки бо истифода аз натиҷаи экспертизаи мустақил пешниҳод шудаааст, муайян мегардад.