АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ МУАССИСАҲОИ ҚАРЗИ

Нақша:

Таъмини бехатарии бонк Таҷдид ва барҳамдиҳии бонкҳо Сохшори идоракунии бонкҳо Усулҳои асосии ташкили идоракунии бонкҳо 3.1 Таъмини бехатарии бонк

Сифати хуби қонунҳои бонкиро чигунагии таъминоти бехатарии бонк муайян мекунад. Ба ҳар як бонк бехатарии меъёрҳои иқтисодӣ — молӣ зарур аст. Ҳар як бонк бояд дар вақти фаъолияташ қоидаҳои ҷойдоштаро риоя намояд ва аз болои кафолатҳои бонкӣ назорат барад

Низоми бехатарии бонкӣ инҳоро дарбар мегирад:

қоидаи корхона ва пӯшидани бонк — саршавӣ ва ба охиррасии фаъолияти бонкй;

дар асоси тартиб додани меъёрҳои иқтисодӣ бурдани фаъолияти бонкй;

риоя кардани тартиботи ҳисобу китоб ва нашри он; тарзи бурдани назорат аз болои фаъолияти бонкй;

-низоми огоҳӣ кардани бӯҳрони бонкӣ ва пешгирии он;

дида баромадани чораҳои муҳофизати пасандозҳо Асоси саршавӣ ва қать кардани фаъолияти бонкро Иҷо- затнома оиди бурдани амалиётҳои бонкӣ ташкил мекунад. Ҳуқуқи додан ва бозхондани онро танҳо Бонки миллӣ дорад. Ҳар як бонки навтаъсис бояд пеш аз ҳама дар Китоби ба- қайдгирии давлатии муассисаҳои қарзӣ ба қайд гирифта шавад ва дар Рӯйхати махсус дар «Ахбори Бонки миллӣ» чоп карда шавад.

Дар қонун омадааст, ки мақсади асосии танзими ва назорати бонк аз таъмини низоми бехтарии он, муҳофизати манфиатҳои қарзгирандагон ва амонатгузорон иборат аст.

Дар шароити бозоргонӣ фаъолияти бонкҳо ба хавфҳои ҳархела дучор мешавад. Ин аз кормандони бонк маҳорати кории баландро талаб мекунад. Онҳо бояд ҳамарӯза тактика ва стратегияи бонкиро омӯзанд ва нисбати беҳтар шудани вазъи молии бонк чорабиниҳо тартиб диҳанд. Дар ҳоли иҷро накардани ин талаботҳо бонк метавонад муфлис эълон карда шавад ё таҳдид гардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тачдиди муассисаҳои қарзӣ мувофиқи Кодекси шаҳрвандй, қонунҳо «Дар бораи ҷамъ- иятҳои саҳомӣ», «Оид ба бақайдгирии шахсони ҳуқуқй», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва Низомномаю Дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Дар низоми бонкӣ таҷцид — ин дигар сохтани сохтори ташкилӣ ва мақоми бонки тиҷоратӣ дар сурати нигоҳ дош- тани вазифаю амалиётҳои пештара ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи қонунгузорӣ бонк дар ҳолатҳои иҷро накардани ӯхдадориҳояш дар назди қарзгирандагон ва амонат- гузорон чун қоида метавонанд барҳам дода шавад.

Барҳамдмҳӣ — ин яъне боз доштани фаъолияти шахси ҳу- қуқӣ бе гузаштани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо ба шахси ҳуқуқй ё воқеии дигар мебошад.

Мувофиқи қонунгузориҳои бонкӣ бонк метавонад дар асоси қарори муассисони он ё мувофиқи қарори додгоҳ барҳам дода шавад.

Муфлисшавии бонк — ин яъне аз тарафи додгоҳи ҳа- камият эълон кардани ҳолати қобилияти қонеъ кардани та- лаботи кредиторҳоро нисбати ӯхдадориҳои пулӣ ва пар- дохтҳои ҳатмӣ надоштани бонк ба ҳисоб меравад.

Дар низоми бонкй хелҳои гуногуни бонкҳо вуҷуд до- ранд. Ҳамаи онҳо новобаста ба фаъолияташон блоки яго- наи идоракуниро доранд, ки аз инҳо иборат аст:

шӯрои бонк (шӯрои директорон); раёсати бонк;

масъалаҳои умумии идоракунӣ; фаъолияти тиҷоратӣ; молия;

худкорсозӣ (автоматизация); маъмурият; ҳайати тафтишотӣ; кумитаи қарздиҳй

Ба Шӯрои бонк саҳмдорони бонк дохи л мешаванд. Шӯро ҳисоботи солонаи бонкро тасдиқ мекунад, маҷлисҳои со- лонаи саҳомонро ташкил мекунад, дар иҷрои қарорҳои стратегии фаъолияти бонкӣ иштирок меварзад

Раёсати бонк масъалаҳои роҳбарии умумии бонкро ба ӯҳца дошта, равақди фаъолияти стратегии бонкро тасдиқ мекунад. Ба аъзогии раёсат роҳбарони сохторҳои болоии бонк, раиси раёсат, муовинони раиси раёсат дохил мешаванд.

Ба масъалаҳои умумии идоракунй дохил мешаванд: таш- кили банақшагирии фаъолияти бонкӣ, тайёр кардани методология, хизматҳои ҳуқуқӣ ва бехатарй

Фаъолияти тиҷоратӣ — ин ташкили хизматҳои бонкӣ аз қабили қарздиҳй, маблағгузорӣ, амалиётҳои асъорӣ, ва ди- гар амалиётҳои активиро дарбар мегирад

Молия — хароҷотҳои дохилибонкиро таъмин мекунад.

Худкорсозӣ — элементи ҳатмии сохтори бонк буда, тамо- ми амалиётҳои бонкиро дар мӯҳлатҳо кӯҳтотарин иҷро мекунад

Маъмурият — ба ҳайяти он шӯъбаи кадрҳо, котибот, даф- тардор ва шӯъбаи хоҷагидорӣ дохил мешавад.

Ҳайати тафтишотӣ — аз болом кори бонк (риояи харҷно- маи бонкӣ) назорат мебарад.

Кумитаи қарздиҳй — сиёсати қарзиро мебарад

Бонк, чун дигар корхонаҳо дастгоҳи идоракунии худро дорад. Ба сохтори дастгоҳи идоракунӣ характери фаъолияти бонкй таъсир мерасонад. Ғайр аз он, ки бонк чун дигар муас- сисаҳо дастгоҳи идоракуниро дорад, вай ҳамчун муассисаи махсуси қарзӣ бояд мувофиқи фаъолияташ сохтори идоракуниро дошта бошад.

Ба сабабе, ки бонк ҳамчун муассисаи калони қарзй фаъ- олият мекунад, дар дастгоҳи идоракунии он бояд кадрҳои махсуси соҳаи қарз дохил шаванд ва ба сабабе, ки бонк ба ҳисобу китоб машғул аст, дар дастгоҳи идоракуниаш бояд сохторҳои ҳисобу китобӣ вуҷуд дошта бошад.

Мақсади асосии бонк аз таъмини бевоситаи тараққиёти он, бозоргирӣ ва даромаднокии он иборат аст. Аз ин ҷост, ки дар бонк бояд сохторҳое вуҷуд дошта бошанд, ки бево- сита талаботи бозорро омӯзанд.

Асосҳои зерини ташкили идоракунӣ дар бонкҳо вуҷуд доранд: ташкили кори бонк; амалисозии мақсадҳои дар пеш истода; зинаи болоӣ ва поёнии идоракунӣ; таъмини корҳои муштарак; навовариҳо дар идоракунӣ; таъмин кардани назорат; таъмини иттилоотҳои пурра ва аниқ;

Ба омилҳои асосие, ки ба сохтори идоркунии бонкҳо таъсир мерасонанд инҳо дохил мешаванд:

андозаи бонк ва шумораи кормандони бонк;

ихтисоси кормандон;

меъёри умумӣ ва махсусгардонии бонк;

сарфаи хароҷотҳо ва самаранок истифодабарии кори кормандони бонк.

370
Нет комментариев. Ваш будет первым!