Усули муайян намудани арзиши гумруки дар асоси чамъи арзиш

ҳангоми истифодаи усули баҳодиҳӣ дар асоси ҷамъи арзиш асос барои муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи мол бо роҳи ҷамъ кардани арзишҳои зерин истифода мешавад:

1) арзиши масолеҳ ва хароҷоти истеҳсолкунанда ҳангоми истеҳсоли моли нархгузоришаванда;

2) маблағи даромад ва хароҷоти умумии ба нарх ҳамроҳшаванда ҳангоми фурӯши моли ҳамин навъ ва намуд, мисли моли нархгузоришавандае, ки дар кишвари истеҳсолкунанда барои содирот ба ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудааст;

3) арзиши хароҷоти дар бандҳои 1 ва 2 қисми 2 моддаи 355 КГҷТ зикргардида.

Усули эҳтиётии муайян намудани арзиши гумрукӣ

Агар арзиши гумрукии мол бо роҳи истифодаи пайдарҳами усулҳои дар боло пешбинигардидаи КГҷТ муайян карда нашуда бошад, дар ин ҳолат усули эҳтиётӣ истифода карда мешавад.

ҳангоми татбиқи усули эҳтиётӣ барои муайян кардани арзиши гумрукӣ истифода мешавад:

1) сарчашмаҳои иттилоотии муайяннамудаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) маълумоти оморӣ, андозаҳои аз тарафи умум қабулшудаи музди комиссионӣ, гузашту фоидаҳо, тарифҳои нақлиёт ва маълумоти дигар;

Дар айни ҳол тасҳеҳи дахлдори маълумот бо назардошти сатҳи тиҷоратӣ (яклухт, чакана) ва (ё) миқдори моли нархгузоришаванда ҳатмӣ мебошад.

ҳангоми татбиқи усули эҳтиётии муайян кардани арзиши гумрукии мол ҳамчунин маълумоти дар ихтиёри мақомоти гумрук мавҷударо низ истифода бурдан мумкин аст.

Мувофиқи муқаррароти ҳамин модда арзиши гумрукӣ тибқи усули эҳтиётӣ дар асоси инҳо муайян карда намешавад:

1) нархи мол дар бозори дохилии кишвари содиркунанда;

2) системае, ки барои мақсадҳои гумрукӣ истифода шудани арзишҳои аз ду арзиши алтернативӣ болотарро пешбинӣ менамояд;

3) нархи моле, ки аз кишвари содиркунанда ба кишварҳои сеюм таҳвил мешавад;

4) нархи мол дар бозори дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон барои моли истеҳсоли ватанӣ;

5) арзиши моли ихтиёран муқарраршуда ё аниқ тасдиқнашуда;

6) арзиши моли шабеҳ ё ҳамҷинсе, ки дар асоси ҳисоби хароҷоти дар моддаи 359 КГҷТ пешбининашуда муайян карда мешавад;

7) арзиши ҳадди ақали гумрукӣ.

539
Нет комментариев. Ваш будет первым!