Тавсифи биомҳои асосии хушкӣ. (давомаш)

Минтақаи бешадашт. Чун бешатундра, ботаник- географҳо ҳамчун қитъаи гузариш байни беша ва дашт меҳисобанд. Лекин аз нуқтаи назари умум биогеографӣ ӯ хеле ҳархела аст. Масалан, бешаҳои хурд дар қисми Аврупо, дар Сибири Щарбӣ бошад бешаи тӯс бо алафҳои даштӣ, ки барои мавҷудии ҷинсҳои ҳам барои дашт, ҳам барои беша характернок мусоидат мекунанд. Масалн қаралоқ, уқобҳои зиёд, кукушка ва щ., ки бешадашт барои онҳо хеле хуб.Тавсифи ҷамоаҳои минтақавии асосии кураи Замин: минтақаи бешадашт, минтақаи чӯл, нимсаҳро.
Минтақаи гарму хушки (ариди) субтропикӣ ва буттагӣ.
Тавсифи ҷамоаҳои минтақавии асосии кураи Замин: минтақаи бешадашт, минтақаи чӯл, нимсаҳро.
Минтақаи бешадашт. Чун бешатундра, ботаник- географҳо ҳамчун қитъаи гузариш байни беша ва дашт меҳисобанд. Лекин аз нуқтаи назари умум биогеографӣ ӯ хеле ҳархела аст. Масалан, бешаҳои хурд дар қисми Аврупо, дар Сибири Щарбӣ бошад бешаи тӯс бо алафҳои даштӣ, ки барои мавҷудии ҷинсҳои ҳам барои дашт, ҳам барои беша характернок мусоидат мекунанд. Масалн қаралоқ, уқобҳои зиёд, кукушка ва щ., ки бешадашт барои онҳо хеле хуб.
Минтақаи чӯл. – дар Евроосиё аз чӯлҳо дар Америкаи Шимолӣ аз перерияҳо, дар Америкаи Ҷанубӣ – пампасҳо, дар Зеландияи Нав азҷамоаҳои туссокҳо иборат аст. Ин минтақаи мӯътадил буда бо растаниҳои ксерофилӣ зиёд ё кам ишщол шуда мебошад. Аз нуқтаи назари шароити мавҷудии дунёи ҳайвонот бо аломатҳои зерин хос аст – назардиди хуб. Щизои расатнӣ хеле зиёд, дар тобистон нисбатан хушк, мавҷудӣ хомӯшии давраи тобистон ё, чӣ тавре, ки ҳозир меноманд, нимхомӯшӣ. Дар ин нисбат ҷамоаҳоичӯл аз бешагӣ, қатъӣ фарқ мекунад.
Барои чӯлҳо эфимерҳои яксола хос аст, дар баҳор гул мекунанд, баъд маҳв мешаванд ва бисёрсола, ки баъди маҳв шудани қисми болоии картошка, пиёз, решаҳои зеризамина боқӣ мемонад. Барии чӯл буттаҳо хос аст, ки гурӯҳ- гурӯҳ баъзан, якка месабзанд, инҳо спирея, олучаи чӯлӣ, бодоми чӯлӣ ва щ. меваҳои буттаҳоро ҳайвонҳо мехӯранд.
Дар сатҳи хок ушнаҳои ксерофилӣ, буттагӣ ва лишайникҳо, баъзан обсабзҳои сабзу кабуд месабзад. Дар вақти гармоонҳо хушк мешаванд, баъди борон зинда мешаванд ва ассимилятсия мекунанд. Барои чӯлҳо ивазёбии бисёрмаротиба хос аст, яъне симои берунаи чӯл вобаста аст аз гулкунии растаниҳо, ки ҳамдигарро иваз мекунанд тащир меёбад. Баъзан бо ҷамъшавии зиёди ҳайвонҳо- сумдорон ва баъзе хояндаҳо, суфтӯрщай аспект ҳосил мешавад.
Дар чӯл ҳайвонҳои хонасоз хеле бисёр, ки аз набудани ҷойҳои пинҳоншавӣ вобаста аст. Заминковҳо хеле зиёд. Баъзе онҳо хонаҳои хеле мураккаб (кӯрмушҳо), дигарҳо сущур хонаҳои чуқур мекобанд, ки дар тобистон хоб мераванд ва ба зимистони дурру-дароз мегузаранд, сеюмин гурӯҳ щорҳои на он қадар чуқур (30см) мекобанд. Баъзе ҳайвонҳо худашон хона насохта дар хонаҳои дигарҳо ҷой мегиранд. Масалан бемӯҳраҳо, аз он ҷумла қунщузи сиёҳтан, калтакалосҳо, морҳо, ҳатто баъзе паррандаҳо. Ҳайвонҳои хона намесозанд пода- пода шуда ҳаёт мебаранд. Аз онҳо сумдорон- сайгак дар биотсенози чӯл роли калонро мебозанд. Чӣ тавре, ки ботаники намоён И.К.Пагоский қайд мекунад, агар мӯътадил алафи хӯранда, нашавад онҳо бо суми худ растаниҳоро маҳв мекунанд ва ба ҷои онҳо алафҳои бегонаи як, дусола ба вуҷуд меояд. Агар чорворо зиёд поянд дар чӯлҳо растаниҳои бисёрсола нест мешаванд, чӯлҳо хароб мешаванд ва растаниҳои саҳро ва нимсаҳро, ки барои щизо корношоям пайдо мешаванд.
Сӯхторҳо то пайдоиши инсон ҳам аз раъду барқ ба вуҷуд меомад, бо пайдоиши инсон ин ҳодисаи одатӣ мебошад. Алафи хушк дармегирад ва зуд ба майдони калон бо суръати мошин паҳн мешавад. Дар ин вақт ҳайвонҳои зиёде маҳв мешаванд. Васегии қитъаи сӯхтор бо баландии 2-3м аз 1-1,5 зиёд не.ва баъди сӯхтор замини сиёҳ мемонад. Дар қисмҳои пастӣ сӯхтор як чанд соат давом мекунад. Дар натиҷаи сӯхтор тухми растаниҳо алафҳои чимӣ, дарахтҳо месӯзад, бинобар ин сӯхтор зер карда омадани бешаро ба чӯл бзмедорад. Баъди сӯхтор сифати озуқа хеле баланд мешавад. Биомассаи растаниҳоро чӯл аз рӯи ҳисоби Л.Е.Родин ва Н.И.Базилеевич: дар чӯлҳои алафӣ ИДМ 2500с/га (аз онҳо ба ҳиссаи органҳои зеризамина ∞ 1700с/га рост меояд), дар чӯлҳои мӯътадили хушк 2500с/га (аз онҳо қисми зеризамина 2050 с/га). Аз рӯи ҳисоби П.П.Второв ва Н.Н.Дроздов биомассаи чӯлҳои баланд алаф то 1500с/га, бо зиёдшавии хушкӣ захираи фитомасса кам мешавад то 100- 200 с\\га.
Маълумот дар бораи маҳсулоти ҷамоаҳои алафҳои ксерофил: аз рӯи ҳисоби Л.Е.Родин ва Н.И.Базилеевич аз 137с/га дар алафзорҳо то 42 дар чӯлҳои хушк: Аз рӯи ҳисоби П.П.Второв ва Н.Н.Дроздов – дар ҷамоаҳои баландалаф 100-200с/га, бо зиёдшавии хушкии маҳсулот то 50-10с/га кам мешавад.
Нимсаҳро – дар байни ботаник- географҳо дар бораи ҷудо кардани нимсаҳро ҳамчун минтақваи мустақил фикрҳои гуногун мавҷуд бошад, дар байни зоогеографҳо ҳалли ин масъала бешубҳа мебошад. Ин сабабҳо: ба ӯ комплекснокии растаниҳои хусусиятнок, ки ба чӯлҳо хос не ва ба мавҷудии ҳайвонҳои хусусияти экологӣ дошта имкон медиҳад. Нимсаҳро барои ҳайвонҳои гуногун шароити хуби зист мебошад, масалан барои юрмони хурд, суфтӯрщаи сиёҳ ва щ.
Саҳроҳо – саҳроҳо аз рӯи реҷими ҳарорат фарқ мекунад. Баъзеи аз онҳо (саҳрои минтақаи мӯътадил)- тобистони гарм ва зимистони хунук, ба дигараш (саҳрои минтақаи тропикӣ)- тамоми сол ҳарорати баланд хос аст. Боришоти солона аз 200мм зиёд не. Характери боришот гуногун. Дар саҳроҳои типи баҳримиёназамин боришоти зимистон, дар саҳроҳои типи континенталӣ дар тобистон зиёд. Бущшавӣ аз миқдори боришоти солона як чанд маротиба зиёд ва 900-1500мм-ро ташкил мекунад. Хоки асосии саҳро- хокистарӣ ва ҷигари равшан бо намакҳои зудҳалшаванда бисёр. Аз сабаби фарши наботот тунук будан характери хок аҳамияти калон дорад. Бинобарин саҳро на бо фарши растаниҳо ва нуфуси ҳайвонҳо, балки бо хоки ҳукмрон тақсим карда мешавад. Одатан 4-типи саҳро ҷудокарда мешавад: гилӣ, намакӣ (солончакҳо), регӣ вас ангин. Аз онҳо фақат гилӣ минтақавӣ ҳисоб мешавад.
Растаниҳои саҳро бо ксероморфии калон фарқ мекунад. Нимбуттаҳо зиёд, дар тобистон ором, баъзан аз тирамоҳ ба вегетатсия ощоз мекунанд. Усулҳои муобиқшавӣ ба шароити зисти гарму хушк (арид) гуногун аст. Дар байни бошандаҳои саҳро, хусусан саҳрои минтақаи тропикӣ суккулентҳо бисёр. Дар саҳрои минтақаи мӯътадил органҳои, ки дар вақти хунук мерезанд суккулент мебошанд, чунки онҳо дар ҳарорати паст зимистонро гузаронида наметавонад. Дарахтҳои суккулентӣ ҳастанд, масалан саксаулҳои баргдор бутаҳои бебарг-эремоспартан, каллигонум ва щ. растаниҳое вомехӯранд, ки дар давраи бе борон хушк мешаванд, баъд боз зинда мешаванд. Растаниҳои эфимер давраҳои сернамро истифода мебаранд. Барои саҳроҳои регӣ хусусиятҳои зерини фарши растаниҳо хос аст: ронда тавонистани решаҳои иловагӣ дар вақти гӯр шудани поёни тана бо рег, инчунин мавҳ нашудани сиситемаи решаҳо дар вақтикушода шудан дар натиҷаи рӯфташудани рег, растаниҳои бебарг бо танаи бисёрсола, мавҷудии растаниҳои бо решаи дароз (то18м), ки то сатҳи обҳои зеризамина мерасад, масалан хори янтоқ. Дар байни растаниҳои саҳрои регӣхӯшадорон зиёд.
Хонасозӣ хусусияти бошандаҳои саҳро мебошад. Бо хона вобаста аст на фақат созандаҳои онҳо, инчунин ҷинсҳои зиёде, ки дар онҳо ҳимоя меёбанд. Дар вақти гарми рӯз ба хона гамбускҳо, каҷдум, калтакалос, мор ва дигар ҳайвонҳо даромада мегиранд. Кам будани ҳимоя, озуқа хусусияти махсуси мавҷудии ҳайвонҳо дар саҳро мебошад. Фақат ҷинсҳои тез ҳаракаткунанда- щизол аз ширхӯрон ва парандаи чипор, аз ҳисоби гузашта тавонистани аз як мавзеъ ба дигар зиста метавонанд. Онҳо пода- пода ё гала- гала шуда ҳаёт мебаранд. Дигар ҳайвонҳо бо гурӯҳҳои на он қадар калон, ё ҷуфт ё якка ҳаёт мебаранд. Шароити мавҷудии ҳайвонҳо дар саҳроҳои регӣ ба худ хос аст. Мулоим будани рег васеъ шуданаш, панҷаҳои онҳоро талаб мекунад, ҳам барои ширхӯрон, ҳам барои ҳашаротҳои дар рег даванди баъзе олимон тахмин мекунанд, ки панҷаҳои васеъ на барои давидан, балки барои кофтани хона лозим аст. Таркиби ҷинсии растаниҳо ва ҳайвонҳои саҳро камбащал. Дар байни ҳайвонҳои аз ҳама зиёд паҳншуда термитҳои( )алафхӯрро хотиррасон кардан мумкин. Мӯрчаҳо дар саҳро тухмхӯр ва даранда мебошанд. Вақти тӯлонӣ бе щизо мавҷуд шуда тавонистан хусусияти хоси бошандаҳои зиёди саҳро, чун алафхӯр, чун даранда бошад.
Аз рӯи андозаи фитомассаи саҳро хеле гуногун. масалан барои саксаулҳои сиёҳ, яъне маҳрои дарахдор воҳиди фитомасса заз 500с/га, зиёд, дбарои саҳроҳои эфимерӣ- буттагӣ -125с/га. Дар як вақт биомасаи хушки саҳрои лишайникӣ- нимбуттагии Сурия 9с/га, дар тақирҳои саҳро, ки обсабзҳо ривоҷ ёфтааст ҳамагӣ 1,1с/га. Мутобиқи маҳсулотисолонаи ибтидоии аз 100 то 1,1 с/га тащир меёбад, дар типҳои зиёд аз рӯи ҳисобҳои П.П.Второв ва Н.Н.Дроздов 60-80с/га ташкил мекунад.
2. Минтақаи гарму хушки (ариди) субтропикӣ ва буттагӣ.
Минтақаи бешаҳои гарму хушки (ариди) субтропикӣ ва буттагӣ.Дар байни онҳо бешаҳои баҳримиёназамин ва ҷамоҳои буттагӣ ҷои аввалро ишщол мекунад. Бисёр вақт бешаҳои дарахти щор (лавровқй) ва буттагӣ ва бешаҳои сахтбарг ва фарқ мекунанд. Лекин фарқият байни ин ҷамоаҳо калон нест, ки ба формасияҳои алоҳида ҷудо кунанд. Ин як синф, ки ҷамоаҳои камтар ксерофил (дарахти щор) ва ксерофили зиёд (сахтбарг).
Вилояти паҳншавии дарахти щор ва сахтбарг- субтропикҳо.онҳо дар баҳримиёназаминӣ аврупою-африка, Африкаи Ҷанубӣ, Америкаи Шимолӣ, дар Чили байни 40 ва 50° арзҳои ҷанубӣ, дар майдони хеле калони Австралия паҳн шудаанд. Хусусияти хоси ин вилоят- номувофиқии давраи мӯътадил бо нам. Боришоти зиёд дар мавсими зимистон. Тобистон дар инҷо гарм (изотермаи июл 20°) ва хушк. Зимистон мӯътадил- ҳарорати миёнаи моҳона аз 0° баланд, изотермаи январ 4°, фақат 1-2рӯз ҳароратаз 0° як чанд дараҷа паст фаромаданаш мумкин. Миқдори боришоти миёнаи солона 500-700мм, лекин қисми зиёди онҳо ба давраи хушк рост меояд. Симои бешаҳо дар ин ноҳияҳогуногун. Дар ин маҳалҳо боришот зиёд, ҳавои мӯътадили наздикии баҳр, зиёд будани намӣ ба гузаштани шуои офтоб то рӯи зЗамин монеа мебошад ва растаниҳор намесӯзонад. Дарахтҳо дарахти щори канор баргҳои паҳндорад. Дар он маҳалҳо, ки намии ҳаво ва миқдори боришот кам, барои бешаҳо растаниҳои сахтбарг хос аст. Эпифитҳо- растаниҳои гулдор ва ушнамонандҳо тамоман намешаванд ё на он қадар баланд буда, дар баландиҳои (2-3м) ҷой мегиранд. Аз эпифитҳо мох ва лишайникҳо зиёд. Дарахт ва буттаҳои ин бешаҳо ҳамешасабз. Табақанокии ҳамин тавр аст: ду яруси дарахтҳо, баъзан якто, бисёр вақт дарахтҳо ва буттаҳо на он қадар баланд, дар зери онҳо табақаи алаф- буттагӣ ҷой мегирад. Фарши ушнаҳо ифода намешавад. Растаниҳои зиёд бо равщани эфир бой аст. Нуфуси ҳайвонҳо дар ин бешаҳо хеле гуногун аст. Дарахтҳо (булут, каштан ва щ.), чун ҷинсҳои сӯзанбарг барои озуқа меваи зиёди баландсифат ва тухм медиҳад. Бинобар ин дар ин ҷо ҷинсҳои санҷоб, бурундук ва щ. хеле зиёд. Аз хояндаҳои заминӣ ҷинсҳои бо тухм щизокунанда: муш, каломуш дар Евроосиё, мирмушон (хомяк) дар Америкаи Шимолӣ бисёр. Шумораи зиёди парандаҳои ҳашаротхӯр ва туххӯр мавҷуд. Парандаҳои зиёд муқимӣ. Зимистони ҳақиқӣ дар ин ҷо намешавад ва миқдори озуқа дар давоми сол барои ҳаёти ширхӯрон ва парандаҳо кифоя. Дар бешаҳои дарахтӣ щорӣ баҳримиёназаминӣ Аврупою-Африкабо дараз\\хти щори канар бой. Алафҳои ҷинсҳои калони ҳамешасабзи зери беша мавҷуд. Папоритникҳо ва ушнаҳои эпифитӣ ва рӯи хокӣ бисёр.
Бешаҳои сахтбарг дар ноҳияҳои ксеротермӣ ҷой гирифта Баҳримиёна-замин бо дарахти ҳамешасабз булут ҳосил шудааст. Ин тавр бешаҳо хеле рӯшноӣ ва растаниҳои зерибеша ва фарши алаф дорад. Дар онҳо дарахти қулфиной, мирт, ладанник, маслина вомехӯрад. Дар натиҷаи буридани бешаҳо ҷамоаҳои гуногуни буттагӣ пайдо шудаанд. Онҳо маквис номида мешавад, ки дар тамоми Батҳримиёназаминпаҳншуда мебошад. Ба таркиби маквис бутаҳои ҳамешасабзи гуногун дохил мешавад. Ҷамоаи маквис баланди 6-8м дорад.ба таркиби маквис писта, дарахти қулфной, ладанник ва щ. дохил мешавад.
Гарига- табақаи минбаъдаи нестшавии бешаҳо мебошад. Ин ҷамоаҳо пастқад, табақаи болои онҳо бо шумораи ками ҷинсҳо ҳосил мешавад. Ин булути буттагӣ, палмаи хурд (карлик) ё палмито шуданаш мумкин. Дар онҳо растаниҳои бӯдор зиёд (зира, розмарин, лаванда ва щ.) ва ба щизои чорво монеа мебошанд. Зиёди ин растаниҳо барои гирифтани моддаҳои бӯдор парвариш карда мешаванд. Дар Баҳримиёназаминӣ Шарқӣ дигар намуди гарига- фириган паҳн шудааст. Барои ин ҷамоаҳо растаниҳои хордор ва сӯзандор хос аст. Дар Баҳримиёназамини шимолӣ ва шарқӣ, дар ҷойҳои хунук ҷамоаҳои буттагӣ ҷинсҳои хазонрезаро дарбар мегирад. Ин тавр ҷамоаҳоро шибляк меноманд. Аз ин ҷо сирени васеъ паҳншуда пайдо шудааст. Дар Осиёи Шарқӣ (ноҳияҳои субтропикии Хитой, Япония) ҷамоаҳои ин синфи форматсия васеъ паҳн шудааст. Дар ин ҷо дар бешаҳои сахтбарг намояндаҳои гуногуниоилаи олаш (бук) ҳукмрон, ҳамешасабз, бо баҳрҳои сахти пӯстдор, инчунин дарахтҳои сӯзанбарги субтропикӣ (санавбари юнон (сосна), кетелеерия ва щ.). баъди буридани ин бешаҳо ҷамоаҳои ин бешаҳо ҷамоаҳои бутагӣ пайдо мешавад, ки маквиси хитоӣ меноманд. Хотррасон кардан лозим аст, ки Баҳримиёназамин ва Осиёи Шарқӣ субтропикии – мамлакатҳои маданияти қадима мебошанд, ки растаниҳои ибтидоии табии кам мондааст. Дар Америкаи Шимолӣ ҳам синфи ин формасия вомехӯрад, ки булути ҳамешасабз ҳукмрон. Буттаҳои дар ҷои ин беша пайдо мешавад номи чаппаралро гирифтааст.
Дар байни бешаҳои сахтбарг ва формасияи дарахти щор бешаҳои ҳамешасабз секвоя (дарахти хелекалони сӯзанбарги ёбоӣ), ки дар нишебиҳои Серра – Невада ва қаторкӯҳи соҳили илоёти Калифорния ривоҷ ёфтааст ба худ хос мебошад. Секвоя дар синни 500-800 сола мепазад, зиёдааз 3000 сол ҳаёт мебарад. Тухмаш кам месабзад, лекин бешаҳои ӯ хуб зиёд мешаванд. Дар Австралия бешаҳои сахтбаргро ҷинсҳои эвкалиптҳоҳосил мекунад. Баландии онҳо ба 60-70м мерасад. Онҳо омехтагии кам доранд. Ин бешаҳо равшан, чунки баргҳои онҳо ба шуои офтоб бо қирраи худ нигаронида шудааст. Бинобарин зерибеша ҳамешасабз ва бо ҷинсҳои зиёд ҳосил шуда, хеле бошукӯҳ аст. Хусусан лӯбиёгиҳозиёд. Сахтбарги бутагии субтропикҳои Австралия номи скарбро дорад. Фарши растаниҳо базербешаи эвкалиптҳо наздик. Дар скарб ҷинсҳои лӯбиёгӣ, мӯрдиҳо ҳукмрон. Баргҳо сахт, бо қирра меистад, хокистарӣ- кабуд, тира, растаниҳои хордор бисёр. Шукуфтани аз ҳама бошукуҳ тирамоҳ дар май, баҳор- август мушоҳида мешавад. Дар Африкаи ҷанубӣ растаниҳои сахтбарг асосан аз буттаҳои баргҳои сӯзанмонанд дошта ва аз оилаи халанҷҳо (вересковқх- буттаи майдабарги ҳамешасабз), лӯбиёгӣ, хулан (крушина) ва щ. иборат аст. Аз рӯи ҳисоби Л.Е.Родин ва Н.И.Базилеевич биомассаи бешаи субтропикӣ баргдор 410 с/га, аз рӯи ҳисоби П.П.Второв ва Н.Н.Дроздов дар бешаҳои ва буттаҳои субтропикӣ вобаста аз шароити мавҷудӣ аз 500 то 5000с/га дар маквисҳо наздик 500с/га. Маҳсулоти ибтидоии тозаи моддаи хушк аз 50 то 150 с/га, дар ҷамоаҳои ба маквис наздик 80-100с/га-ро ташкил мекунад.

513
Нет комментариев. Ваш будет первым!